ӮҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ ЗАНУ ШАВҲАР ВА ЗАНУ ШАВҲАРИ СОБИҚ | 1994
Моддаи 90. Вазифаи зану шавҳар дар бобати таъминоти якдигар
- Зану шавҳар вазифадоранд якдигарро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намоянд.
- Дар сурати саркашӣ намудан аз чунин дастгирӣ ва набудани созишнома оид ба пардохти алимент дар байни зану шавҳар инҳо ҳуқуқ доранд аз ҳамсари худ, ки барои ин мақсад маблaғи зарурӣ дорад, ба тартиби судӣ пардохти алиментро талаб кунанд:
- зан ё шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд;
- зан дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;
- зан ё шавҳари мӯҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ҳаждаҳсола ё фарзанди умумии маъюби модарзоди гурӯҳи якумро нигоҳубин мекунад.
Моддаи 91. Ҳуқуқи зан ё шавҳари собиқ барои гирифтани алимент пас аз бекор кардани ақди никоҳ
- Шахсони зерин ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз зан ё шавҳари собиқи худ, ки маблағи заруриро доранд алимент талаб кунанд:
- зани собиқ дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;
- зан ё шавҳари собиқи мӯҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ба синни ҳаждаҳсолаги расидан ва фарзанди умумии маъюби модарзоди гурӯҳи якумро нигоҳубин мекунад;
- зан ё шавҳари собиқи ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷе, ки қобилияти меҳнатро то бекор кардани ақди никоҳ ё дар давоми як соли пас аз бекор кардани ақди никоҳ аз даст додааст;
- зан ё шавҳари мӯҳтоҷе, ки на дертар аз панҷ соли пас аз лаҳзаи бекор кардани ақди никоҳ ба синни нафақа расидааст, агар зану шавҳар дар муддати панҷ сол дар ақди никоҳ буда бошанд.
- Андозаи алимент ва тартиби ба ҳамсари собиқ пардохтани онро пас аз лахзаи бекор кардани ақди никоҳ тибқи созишномаи байни зан ва шавҳари собиқ муайян кардан мумкин аст
Моддаи 92. Андозаи алименте, ки тибқи тартиби судӣ барои таъминоти зану шавҳар ва зану шавҳари собиқ ситонида мешавад
Дар сурати мавҷуд набудани созишнома байни зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) оиди пардохти алимент андозаи алименте, ки ба тартиби судӣ ҳар моҳ барои таъминоти зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ситонида мешавад, аз тарафи суд дар шакли маблағи устувор бо назардошти вазъи моддию оилавии зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян мегардад.
Моддаи 93. Аз ӯҳдадории таъмини ҳамсари худ озод намудани зан (шавҳар) ё маҳдуд кардани мӯҳлати ӯҳдадорӣ
Суд метавонад зан ё шавҳарро ҳам дар давраи ақди никоҳ ва ҳам пас аз бекор кардани он дар ҳолатҳои зерин аз ӯҳдадории таъмини ҳамсари худ озод кунад ё мӯҳлати ин ӯҳдадориро ба таври муайян маҳдуд созад:
– суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
- агар хонадории зану шавҳар камтар аз панҷ сол давом карда бошад;
- агар зан ё шавҳаре, ки пардохти алиментро талаб мекунад дар оила рафтори ношоиста дошта бошад.
Моддаи 94. Қатъ гардидани ҳуқуқи таъминоти ҳамдигарии зан ё шавҳар
Ҳуқуқи зан ё шавҳар барои гирифтани таъминот (алимент) аз ҳамсари худ дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
- агар зан ё шавҳари мӯҳтоҷи корношоям вафот кунад;
- агар шартҳое, ки мутобиқи моддаҳои 90 ва 91 ҳамин Кодекс барои гирифтани алимент асос буданд, аз миён бардошта шаванд;
- агар зан ё шавҳари мӯҳтоҷи корношоям аз нав хонадор шуда бошад.