ӮҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ ДИГАРИ ОИЛА | 1994

Моддаи 95. Ӯҳдадории бародарону хоҳарон оиди  таъминоти бародарону хоҳарони ноболиғ ва болиғи корношоями худ

 

Бародарону хоҳарони ноболиғи мӯҳтоҷи ёрӣ  дар сурати аз падару модари худ  гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд, ба тартиби судӣ  аз бародарону хоҳарони болиғи қобили меҳнати худ, ки маблағи заруриро  доранд, алимент  гиранд. Чунин ҳуқуқ  инчунин ба бародарону хоҳарони корношоями болиғи мӯҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз фарзандони болиғи худ зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ё падару модарашон таъминотпулӣ гирифта натавонанд.

 

Моддаи 96. Ӯҳдадории бобою бибӣ (модаркалон) оид ба таъминоти набераҳои худ

 

Набераҳои ноболиғи мӯҳтоҷи ёрӣ дар сурати аз падару модари худ гирифта натавонистани таъминот  ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз бобою бибии (модаркалони) худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд, алимент гиранд.

Чунин ҳуқуқ  инчунин ба наберагони корношоями болиғи мӯҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз ҳамсар (ҳамсари собиқ) ё падару модарашон таъминот  гирифта натавонанд.

 

Моддаи 97. Ӯҳдадориҳои набера оид ба  таъминоти  бобою бибӣ (модаркалон)

 

Бобою бибии (модаркалони) мӯҳтоҷи корношоям дар сурати  аз фарзандони  болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз наберагони болиғи қобили меҳнати  худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд,  алимент  талаб кунанд. 

 

Моддаи 98. Ӯҳдадории писарандар ва духтарандар оиди таъминоти  падарандар ва  модарандар

 

  1. Падарандар ва модарандари корношоями мӯҳтоҷе, ки писарандар ва духтарандари худро тарбия ва нигоҳубин кардаанд, агар онҳо аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ таъминот гирифта натавонанд, ҳуқуқ доранд аз писарандар ё духтарандари болиғи қобили меҳнат,  ки маблағи зарурӣ доранд, ба тартиби судӣ  таъминот  талаб намоянд.
  2. Суд ҳуқуқ дорад писарандар ва духтарандарро аз вазифаи таъмин кардани падарандар ё модарандар озод кунад, агар падарандар ё модарандар онҳоро на камтар аз се сол тарбия ва таъмин карда бошанд, инчунин агар онҳо ӯҳдадориҳои худро вобаста ба тарбияи писарандар ва духтарандар номатлуб анҷом дода бошанд.

 

Моддаи 99.  Андозаи алименте, ки барои аъзои дигари оила ба тартиби судӣ ситонида мешавад

 

  1. Андоза ва тартиби пардохти алимент барои шахсоне, ки дар моддаҳои 95-98 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешаванд.
  2. Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи тарафҳо андозаи алимент, ки барои таъмини аъзои оилаи дар ҳамин боб зикргардида ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи суд  бо назардошти вазъи моддию оилавии пардохткунанда ва гирандаи алимент ва манфиатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо дар шакли маблағи устувори  ҳар моҳ пардохтшаванда муқаррар карда мешавад.
  3. Агар барои таъмини аъзои оила, ки алимент талаб мекунад, ҳамзамон якчанд нафар ӯҳдадор бошанд, он гоҳ суд бо назардошти вазъи  моддию оилавии онҳо андозаи иштироки ҳар яки онҳоро дар иҷрои ӯҳдадории алиментдиҳӣ муайян менамояд. Бо талаби  ҷавобгар суд вазифадор аст, ки ҳамаи шахсонеро ки барои пардохтани алимент ӯҳдадоранд, ба ҳисоб гирад, сарфи назар аз он ки даъво нисбати ҳамаи ин шахсон ё фақат як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод шудааст.