ҶИНОЯТҲО ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ | 1994

Моддаи 258. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии соҳибкорӣ

1) Радди ғайриқонунии бақайдгирии соҳибкории инфиродӣ ё корхона ё корхонаи тиҷоратӣ ё саркашӣ аз бақайдгирии онҳо, радди ғайриқонунии додани иҷозати махсус (литсензия) барои татбиқи фаъолияти муайян ё саркашӣ аз додани чунин иҷозатнома, ғайриқонунӣ маҳдуд сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкории инфиродӣ ё корхона ё корхонаи тиҷоратӣ, ҳамчунин дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти онҳо, ки аз ҷониби шахси мансабдор бо сӯиистифодаи мақоми хизматӣ содир шудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо риоя накардани қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд;

б) ба миқдори калон зарар расондааст содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ бо мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Моддаи 259. Соҳибкории ғайриқонунӣ

1) Татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ ё бидуни иҷозатномаи махсус (литсензия) дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозат (литсензия) ҳатмӣ мебошад ё бо вайрон кардани шартҳои литсензиякунонӣ ва (ё) бо роҳи истифода бурдани шахсони дигар, инчунин машғул шудан ба намудҳои манъшудаи фаъолияти соҳибкорӣ, ки бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон ё расонидани зарар ба миқдори калон ба манфиати шаҳрвандон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ ё ба давлат содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 14.05.2016 № 1305),

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил:

б) бо ба даст овардани даромад ба миқдори махсусан калон;

в) аз ҷониби шахси қаблан барои соҳибкории ғайриқонунӣ ё фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ судшуда содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Эзоҳ: 1) Дар моддаҳои 258 ва 259 Кодекси мазкур таҳти мафҳуми даромад ё зарар ба миқдори калон, даромад ё зараре фаҳмида мешавад, ки он аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад ва таҳти мафҳуми даромад ба миқдори махсусан калон, даромаде фаҳмида мешавад, ки андозаи он аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад;

2) Таҳти мафҳуми даромад, ки дар боби мазкур пешбинӣ шудааст, фоида аз фарқи байни маблағи сарфшуда ва дохилшуда фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1924).

Моддаи 259(1). Истеҳсол ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда ва ё бе рамзгузории электронӣ

(Қонуни ҶТ аз 25.07.2005 № 97, аз 17.12.2025 № 2206)

1. Истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл бо мақсади муомилот ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда ё бе рамзгузории электронӣ ки ҳатман бояд бо маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқатии аз сохтакори муҳофизатшаванда ё бо рамзгузории электронӣ тамға карда шаванд, агар он ба миқдори калон содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2206),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

2. Ҳамин кирдор агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.07.2005 № 97, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур агар арзиши мол ва маҳсулоти тамғаношуда ва ё бе рамзгузории электронӣ аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошадмиқдори калон ва аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошадмиқдори махсусан калон эътироф мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1924, аз 17.12.2025 № 2206).

Моддаи 260. Ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) ғайриқонунии шахси ҳуқуқӣ

(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1066)

1) Ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) ғайриқонунии шахси ҳуқуқӣ ба воситаи шахсони дигар ва ё истифода бурдани чунин шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони дигар (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1305),

бо ҷарима ба андозаи то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдорҳо ки:

а) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шудаанд,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур таҳти мафҳуми шахсони дигар шахсоне фаҳмида мешаванд, ки муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ ё мақомоти идоракунии шахси ҳуқуқӣ буда, бо роҳи гумроҳ намудани онҳо шахси ҳуқуқӣ ташкил (таъсис, азнавташкилдиҳӣ) шуда буд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1066).

Моддаи 260(1). Истифодаи ғайриқонунии ҳуҷҷатҳо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ

(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1066)

1) Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ё додани ваколатнома, агар ин ҳаракатҳо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ бо мақсади содир намудани як ё якчанд ҷиноятҳо вобаста ба амалиёти молиявӣ ва ё аҳдҳо бо маблағи пулӣ ё дигар молу мулк содир шуда бошанд,

бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то як сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешаванд.

2) Соҳиб шудан ба ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ё истифодаи маълумоти шахсӣ, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, агар ин кирдорҳо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ бо мақсади содир намудани як ё якчанд ҷиноятҳо вобаста ба амалиёти молиявӣ ё аҳдҳо бо маблағи пулӣ ё дигар молу мулк содир шуда бошанд,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсаду чилу ҳашт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешаванд.

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми соҳиб шудан ба ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар моддаи мазкур дар асоси музднок ё ройгон ба даст овардани он, азонихудкунии ҳуҷҷати ёфтшуда ё тасарруфшудаи тасдиқкунаидаи шахсият, инчунин бо роҳи фиреб ё сӯиистифода аз боварӣ соҳиб шудан ба он фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1066).

Моддаи 261. Бақайдгирии аҳди ғайриқонунӣ бо замин

Дидаю дониста ба қайд гирифтани аҳди ғайриқонунӣ бо замин, таҳриф намудани маълумотҳои баҳисобгирии Кадастри давлатии замин, ҳамчунин қасдан кам кардани андозаи пардохтҳо барои замин, агар ин кирдорҳо бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ аз ҷониби шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ анҷом дода шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул щудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 262. Қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 808)

1) Анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд, бо мақсади рӯйпӯш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк ва ё мусоидат намудан ба ҳар гуна шахсе, ки дар содир намудани ҷинояти асосӣ иштирок намудааст, то ки ӯ тавонад аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳои содирнамудааш саркашӣ намояд, инчунин рӯйпӯш ё пинҳон кардани хусусияти аслӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубияти он, ҳамчунин ба даст овардан, соҳибӣ кардан, истифода бурдан ё ихтиёрдории чунин молу мулк (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966, аз 12.11.2013 № 1028),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) ба миқдори калон содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966).

Эзоҳ: 1) Шахсе, ки дар қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда иштирок кардааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҳамин кирдор озод карда мешавад, агар ӯ пас аз содир намудани ҷиноят ихтиёрӣ омада, ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат кунад ва (ё) ихтиёран даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаашро супорида бошад.

2) Таҳти мафҳуми ба миқдори калон дар моддаи мазкур андозаи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардае дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ба миқдори махсусан калон андозаи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардае фаҳмида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо панҷ ҳазор маротиба зиёдтар мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966).

3) Даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда - ҳама гуна молу мулке, ки бевосита ё бавосита дар натиҷаи содир намудани ҷиноят ба даст оварда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966).

4) Агар даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда қисман ё пурра ба дигар молу мулк табдил дода шуда бошанд ё ба шакли дигар гардонида шуда бошанд, он гоҳ чунин молу мулк мусодира карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966)

5) Агар даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ба молу мулки аз сарчашмаҳои қонуни гирифташуда ҳамроҳ карда шуда бошанд, он гоҳ бе расонидани зарар ба ҳар гуна ваколатҳои марбут ба манъ ё ҳабси он қисми молу мулк, ки ба арзиши даромадҳои ҳамроҳшуда мувофиқ меояд, мусодира карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966).

6) Нисбат ба фоида ё дигар манфиатҳое, ки аз даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда аз молу мулке, ки даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ба он табдил дода шудаанд ё ба шакли дигар гардонида шудаанд ё аз молу мулке, ки ба он даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ҳамроҳ карда шудаанд, гирифта шудаанд, чораҳои дар моддаи мазкур зикршуда бо ҳамон тарз ва дараҷае, ки нисбат ба даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966).

7) Маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва дигар молу мулке, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд, инчунин фоида ё дигар манфиатҳое, ки аз ин даромадҳо ба даст оварда шудаанд, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 78 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966).

8) Ҷавобгарии ҷиноятӣ бо моддаи мазкур новобаста аз ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани шахс аз рӯи ҷиноятҳои асосӣ, ки дар натиҷаи онҳо даромадҳо бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд, фаро мерасад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965).

9) Ҷиноятҳои асосӣ - ҷиноятҳои дар банди а) қисми 1) моддаи 57 Кодекси мазкур пешбинишуда, ки пеш аз қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда содир гардида, дар натиҷаи онҳо даромадҳо ба даст оварда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965, аз 17.05.2018 № 1515).

Моддаи 263. Фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ

1) Татбиқи фаъолияти бонкӣ (амалиёти бонкӣ) бидуни бақайдгирӣ ё иҷозатномаи махсус (лицензия) дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебошад, ё бо вайрон кардани шартҳои лицензиякунонӣ, агар ин кирдор бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон вобаста бошад ё ба манфиати шаҳрванд, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ ё давлат ба миқдори калон зарар расонида бошад;

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо ба даст овардани даромад ба миқдори махсусан калон;

в) аз ҷониби шахсе, ки қаблан барои фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ ё соҳибкории ғайриқонунӣ судшуда содир гардида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Эзоҳ: Даромад ё зарар ба миқдори калон чунин даромад ё зарарест, ки маблағи он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба ва даромади махсусан калон аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо се ҳазор маротиба зиёдтар мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 264. Ғайриқонунӣ гирифтани кредит

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Аз ҷониби шаҳрванд, соҳибкори инфиродӣ ё роҳбари ташкилот гирифтани кредит, иловапулӣ (дотатсия) ё дигар шароити имтиёзноки кредитгузорӣ бо роҳи ба бонк ё дигар муассисаи кредити бараъло пешниҳод кардани маълумоти таҳрифшуда оид ба вазъи хоҷагидорӣ ё молиявии шаҳрванд, соҳибкории инфиродӣ ё ташкилот ё оид ба дигар ҳолатҳое, ки барои гирифтани кредит, иловапулӣ ё шароити имтиёзноки кредитгузорӣ заруранд, (ҳангоми мавҷуд набудани нишонаҳои тасарруфи молу мулки ғайр) (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то ҳафтсаду сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

2) Ғайриқонунӣ гирифтани кредити мақсадноки давлатӣ ё кредите, ки дар зери кафолати давлатӣ дода мешавад, ҳамчунин бар хилофи мақсад истифода бурдани онҳо, агар ин кирдор ба шаҳрванд, ташкилот ё давлат ба миқдори калон зарар расонида бошад (ҳангоми мавҷуд набудани нишонаҳои тасарруфи молу мулки ғайр) (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Эзоҳ: Зарар ба миқдори калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёд мебошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 265. Ғайриқонунӣ додани кредит

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

Ғайриқонунӣ додани ҳама гуна кредит ё ба ин мусоидат кардани шахсоне, ки бо истифода бурдани вазифаи хизматиаш мебоист ё метавонист ин кирдорҳоро ба ҷо оварад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз21.07.2010 № 617).

Моддаи 266. Саркашии бадқасдона аз адои қарзи кредиторӣ

Саркашии бадқасдонаи роҳбари ташкилот, соҳибкори инфиродӣ ё шаҳрванд аз адои қарзи кредиторӣ ба миқдори калон ё аз пардохти коғазҳои қиматнок пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми қарзи кредиторӣ ба миқдори калон - қарзи шаҳрванд ба андозаи бештар аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва қарзи корхона ба андозаи бештар аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар назар дошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 267. Маҷбур кардан ба бастани аҳд ё ба саркашӣ кардан аз бастани он

1) Маҷбур кардан ба бастани аҳд ё ба саркашӣ кардан аз бастани он бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр, ҳамчунин паҳн намудани маълумотҳое, ки ҷабрдида мехоҳад онро ниҳон дорад (дар ҳолати набудани аломатҳои тамаъҷӯӣ) (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) бо истифодаи зӯроварӣ;

в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

г) ба ҷабрдида ба миқдори калон зарар расонида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 268. Ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағ

1) Кирдори бадқасдонаи роҳбари муассисаи кредитӣ ё корхона, сарфи назар аз шакли моликият, ки бо мақсади ғараз ё манфиатдории шахсӣ маблағи пулии дар суратҳисоби худ бударо ба суратҳисоби ташкилоти дигар ғайриқонунӣ гузаронидааст, ҳамчунин тартиботи муқарраршударо вайрон карда, маблағи пулиро ба тарзи дигар истифода бурдааст ё дигар маблағи буҷетиро ғайримақсад истифода бурдааст, агар ин кирдор ба манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, корхона ё давлат ба миқдори калон зарар расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

2). Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба миқдори махсусан калон зарар расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

Эзоҳ: 1) Дар таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон чунин зарарест, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо панҷсад маротиба ва зарар ба миқдори махсусан калон аз ду ҳазор маротиба зиёд мебошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳангоми муайян намудани андозаи (миқдори) зарари расонидашуда ғайр аз зиёни бевосита ҳамчунин фоидаи аз даст рафтаро ба ҳисоб гирифтан зарур аст.

Моддаи 269. Ҳаракати ғайриқонунӣ ҳангоми муфлисшавӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Пинҳон кардани молу мулк ё ӯҳдадориҳои молу мулкӣ, маълумот дар бораи молу мулк, миқдори он, маҳалли ҷойгиршавӣ ё дигар маълумот оид ба молу мулк, ба ихтиёри дигар кас вогузоштани молу мулк, бегона кардан ё несту нобуд кардани молу мулк, ҳамчунин пинҳон, несту нобуд ё таҳриф кардани асноди муҳосибавӣ ё дигар асноди баҳисобгирии бухгалтерӣ, ки фаъолияти иқтисодиро дар бар мегиранд, агар ин кирдор аз ҷониби роҳбар ё молики ташкилоти қарздор ё соҳибкори инфиродӣ ҳангоми муфлисшавӣ ё ҳангоми пешбинии муфлисшавӣ содир шуда, ки ба миқдори калон зарар расонида бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Дидаю дониста бар зарари кредиторони дигар ғайриқонунӣ қонеъ намудани талаботи молу мулкии кредиторони алоҳида аз ҷониби роҳбар ё молики ташкилоти қарздор ё соҳибкори инфиродӣ, ки аз вазъияти воқеии нодории худ (муфлисӣ) огоҳанд, ҳамчунин қабул намудани чунин шакли қонеъгардонӣ аз ҷониби кредиторе, ки бар зарари дигар кредиторон аз бартарии ба ӯ фароҳам овардаи қарздор (нодор) огоҳ аст, агар ин кирдор ба миқдори калон зарар расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 270. Муфлисии бадқасдона

Бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар вонамуд сохтан ё зиёд кардани андозаи ғайри қобили пардохт будани корхонаи тиҷоратӣ аз ҷониби молик ё роҳбари он, ҳамчунин аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, агар он ба миқдори калон зарар расонида бошад, ё ба дигар оқибатҳои вазнин оварда расонад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Моддаи 271. Муфлисии сохта

Муфлисии сохта, яъне дидаю дониста аз ҷониби роҳбар ё молики корхонаи тиҷоратӣ, ҳамчунин соҳибкори инфиродӣ эълон кардани муфлисӣ бо мақсади ба таҳлука андохтани кредиторон барои дароз кардани мӯҳлат (отсрочка) ё қисм ба қисм додани (рассрочка) пардохти маблағ ба кредиторон ё тахфифи қарзҳо, ҳамчунин барои надодани қарзҳо, ки ба миқдори калон зарар расонидааст,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Эзоҳ: Дар моддаҳои 269, 270 ва 271-и Кодекси мазкур зарар ба миқдори калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки агар он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз як ҳазор маротиба зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 272. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

Моддаи 273. Кирдори инҳисорӣ (монополистӣ) ва маҳдуд кардани рақобат

1) Кирдори инҳисорӣ (монополистӣ), ки бо роҳи муқаррар намудани нархҳои баланди инҳисорӣ ё нархҳои пасти инҳисорӣ содир шудаанд, ҳамчунин маҳдуд кардани рақобат бо роҳи тақсим кардани бозор, маҳдуд кардани дохилшавӣ ба бозор, аз он танг карда баровардани дигар субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ, муқаррар намудан ё нигоҳ доштани нархи ягона,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳти пешакӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

 бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр ё таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр бидуни нишонаҳои тамаъҷӯӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо сӯиистифодаи мақоми хизматӣ;

г) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору ҳаштсаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 21.07.2010 № 617, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 274. Барқасдона вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, баргузории савдои оммавӣ ё тендер ё музоядаҳо (ауксион)

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 23.07.2016 № 1330, аз 07.08.2020 № 1717)

1. Барқасдона вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, баргузории савдои оммавӣ ё тендер ё музоядаҳо, ки ба молики молу мулк, созмондиҳандаи савдо ё тендер ё музояда, харидор ё дигар субъекти хоҷагидорӣ ба миқдори калон зарар расонидааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 23.07.2016 № 1330, аз 07.08.2020 № 1717),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон зараре фаҳмида мешавад, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо панҷсад маротиба ва зарар ба миқдори махсусан калон аз ду ҳазор маротиба зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

Моддаи 275. Истифодаи ғайриқонунии воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №844)

1) Истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ, ҳамчунин номи маҳалли истеҳсоли мол, тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонии ғайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабеҳ, агар ин кирдорҳо такроран пас аз додани ҷазои маъмурӣ содир гардида ё ба миқдори калон зарар расонида бошанд,-

бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешаванд.

2) Истифодаи ғайриқонунии тамғагузории оғоҳкунанда нисбат ба номи маҳалли истеҳсоли мол ё тамғаи молие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, агар ин кирдор такроран пас аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда ё ба миқдори калон зарар расонида бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №844).

Моддаи 276. Дидаю дониста додани рекламаи бардурӯғ

1) Аз ҷониби рекламадиҳанда дидаю дониста додани маълумоти бардурӯғ оид ба мол, кор ё хизматрасонӣ, инчунин таҳиякунандагон ё фурӯшандагони онҳо, ки бо нияти ғаразнок содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма сурат гирифта бошад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 301);

б) ба миқдори калон зарар расонида бошад,

 бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).

Эзоҳ: Дар моддаҳои 275 ва 276-и Кодекси мазкур зарар ба миқдори калон чунин зарар ҳисобида мешавад, ки агар аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 07.08.2020 № 1717).

Моддаи 277. Ғайриқонунӣ ба даст овардани маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ

Ҷамъоварии маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ бо роҳи тасарруфи аснод, ришвадиҳӣ ё таҳдид нисбати шахсоне, ки сирри тиҷоратӣ ё бонкиро медонанд ё бо наздикони онҳо, дошта гирифтани мавҷи воситаҳои алоқа ё ғайриқонунӣ тамос гирифтан ба системаи ё шабакаи компютерӣ ё истифодаи воситаҳои махсуси техникӣ, ҳамчунин бо роҳи дигари ғайриқонунӣ бо мақсади ифшо ё истифодаи ғайриқонунии ин маълумотҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Моддаи 278. Ифшои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ

Ифшои ғайриқонунӣ ё истифодаи сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ бидуни розигии молики он аз ҷониби шахсе, ки ин сир вобаста ба фаъолияти касбӣ ё хизматиаш маълум буд ва ин кирдор бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиати шахсӣ содир гардида, ба корхонаи тиҷоратӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба миқдори калон зарар расондааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Эзоҳ: Таъқиби ҷиноят барои содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи ҳамин модда мутобиқи аризаи корхонаи тиҷоратӣ ё соҳибкори инфиродии зарардида оғоз меёбад.

Моддаи 278(1). Ифшо намудани иттилоот дар бораи чораҳои аз ҷониби мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешидашаванда

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1515)

Аз ҷониби кормандони ташкилотҳое, ки бо маблағи пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, ифшо намудани иттилоот ба муштариёни худ ё дигар шахсон дар бораи ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом додани иттилоот оид ба чораҳое, ки барои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида мешаванд, агар чунин кирдор дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба маблағи аз чорсад то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1515).

Моддаи 279. Ришвадиҳии тиҷоратӣ

1) Ғайриқонунӣ додани пул, коғазҳои қиматнок ё дигар молу мулк ба шахсе, ки дар корхонаи тиҷоратӣ ё дигар корхона вазифаи идоракуниро ба ҷо меорад, ҳамчунин вобаста ба мақоми ишғолнамудаи ин шахс ғайриқонунӣ расонидани хизмати дорои хусусияти молу мулкӣ ба ӯ барои амали анҷомдодааш (беамалиаш) ба манфиати ришвадиҳанда (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

 бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

3) Аз ҷониби шахсе, ки вазифаи идоракуниро дар корхонаи тиҷоратӣ ё дигар корхона анҷом медиҳад, ғайриқонунӣ гирифтани пул, коғазҳои қиматнок ё дигар молу мулк, ҳамчунин аз ҷониби ӯ ғайриқонунӣ вобаста ба мақоми ишғол намудаи хизматӣ истифода бурдани хизматрасонии дорои хусусияти молу мулкӣ барои амали анҷомдода (беамалӣ) ба манфиати ришвадиҳанда (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми сеюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) дар алоқамандӣ бо тамаъҷӯӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86, аз 6.10.2008 № 422).

Эзоҳ: Агар нисбат ба шахси кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин моддаро содирнамуда тамаъҷӯӣ ҷой дошта бошад ва ӯ ихтиёрӣ ба мақоме, ки ҳуқуқ дорад парвандаи ҷиноятӣ кушояд, оид ба ришвадиҳӣ иттилоъ диҳад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472).

Моддаи 280. Ришвадиҳӣ ба иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои касбии варзишӣ ва озмунҳои намоишии тиҷоратӣ

1) Ришвадиҳӣ ба варзишгарон, доварони варзиш, устодон, роҳбарони дастаҳо ё дигар иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои варзишии касбӣ, ҳамчунин ришвадиҳӣ ба ташкилотчиён ё аъзои доварони (жюрии) озмунҳои намоиши тиҷоратӣ бо мақсади расонидани таъсир ба натиҷаҳои мусобиқа ё озмунҳо (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз сад то як саду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86).

3) Ғайриқонунӣ гирифтани арзишҳои моддӣ ё истифода аз хизматрасонии дорои хусусияти молу мулкӣ аз ҷониби варзишгарон, доварони варзиш, устодон, роҳбарони дастаҳо ё дигар иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои варзиши касбӣ, ҳамчунин аз ҷониби ташкилотчиён ё аъзои доварони (жюрӣ) озмунҳои намоиши тиҷоратӣ, ки бараъло барои таъсир расонидан ба натиҷаҳои мусобиқа ё озмунҳо дода шудаанд ё истифода гардидаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ва ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз1.03.2005 № 86).

Моддаи 281. Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта)

1) Тайёр кардан бо мақсади ба муомилот баровардан ё ба муомилот баровардани билетҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон, танга ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъори хориҷӣ ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори хориҷӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386,  аз 13.06.2013 № 966).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) ба миқдори калон;

в) такроран,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 282. Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани картаҳои сохтаи (қалбакии) кредитӣ ё ҳисоббаробаркунӣ ё дигар асноди пардохт

1) Тайёр кардан бо мақсади ба муомилот баровардан ё ба муомилот баровардани картаҳои сохтаи кредитӣ ё картаҳои ҳисоббаробаркунӣ ё дигар асноди пардохт ё дигар ҳуҷҷатҳо, ки асъор ё дигар коғазҳои қиматнок ба шумор намераванд, вале асноди тасдиқкунанда, муқарраркунанда ё диҳандаи ҳуқуқ ё ӯҳдадориҳои молу мулкӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) ба миқдори калон;

в) аз ҷониби шахси қаблан барои ҳамин ҷиноят ё барои тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ судшуда;

г) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 283. Сӯиистифода ҳангоми баровардани коғазҳои қиматнок (эмиссия)

1) Баровардани коғазҳои қиматнок (эмиссия) ва ба таври оммавӣ тақсим (паҳн) кардани онҳо бидуни бақайдгирӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида ё дидаю дониста истифода бурдани асноди сохта (қалбакӣ) барои бақайдгирии коғазҳои қиматнок (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ба тарҳи эмиссияи коғазҳои қиматнок дидаю дониста дохил намудани маълумоти нодуруст, ҳамчунин тасдиқи тарҳи эммиссия, ки бараъло маълумоти нодуруст дорад ё дидаю дониста тасдиқ кардани натиҷаҳои таҳрифшудаи эмиссия, агар ин кирдор ба миқдори калон зарар расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Эзоҳ: Дар моддаҳои 281, 282 ва 283 ҳамин Кодекс таҳти мафҳуми миқдори калон ё зарар ба миқдори калон чунин миқдор ё зараре ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 284. Бастани аҳди ғайриқонунӣ бо металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қимматбаҳои табиӣ ё марворид

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Додугирифти металлҳои қимматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид бар хилофи қоидаҳои муқарраргардидаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, интиқол додан ё кашондани металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид дар ҳар намуду ҳолат, ба истиснои маснуоти заргарӣ (ҷавоҳирот) ва маишӣ ва пораҳои чунин маснуот (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба миқдори калон;

в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Эзоҳ: Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинишуда ҳамон вақт ба миқдори калон содиршуда эътироф карда мешаванд, ки агар арзиши металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид, ки мавриди муомилоти ғайриқонунӣ гардидаанд, аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёдтар бошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 285. Вайрон кардани қоидаҳои ба давлат супоридани фулузот ва сангҳои қиматбаҳо

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

Саркашӣ кардан аз ҳатман ба аффинаж супоридан ё ҳатман ба давлат фурӯхтани металлҳои қиматбаҳо ё сангҳои қиматбаҳои аз қаъри замин истихроҷшуда ё аз ашёи хоми муштақ ба даст овардашуда, ҳамчунин бардошташуда ё ёфташуда, агар ин кирдор ба миқдори калон содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Эзоҳ: Вайрон кардани қоидаҳои супоридан ё фурӯши фулузот ва сангҳои қимматбаҳо ба давлат вақте ба миқдори калон содиршуда шуморида мешавад, ки агар арзиши молу маҳсулоти дар ҳамин модда зикргардидаи ба давлат насупорида ё фурӯхтанашуда аз андозаи як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 286. Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 6)

1) Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харид, фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, агар дар давоми сол баъд аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617, аз 14.05.2016 № 1304).

2) Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харид, фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422),

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсаду сӣ то як ҳазору наваду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то шаш сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617, аз 14.05.2016 № 1304).

3) Кирдори пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) ба миқдори калон содир шуда бошанд,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт то як ҳазору шашсаду чилу ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то нуҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617, аз 14.05.2016 № 1304).

Эзоҳ: Кирдорҳои дар ҳамин модда номбаршуда ҳамон вақт ба миқдори калон ҳисобида мешаванд, ки агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёдтар бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 6, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 287. Аз хориҷа барнагардонидани воситаҳо ба асъори хориҷӣ

Аз хориҷа ба миқдори калон барнагардондани воситаҳо ба асъори хориҷӣ аз ҷониби роҳбарони корхона, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ҳисобномаи бонки ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман гузаронида шавад,

 бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур кирдорҳо ҳангоме ба миқдори калон содиршуда шуморида мешавад, ки агар воситаҳои ба асъори хориҷӣ баргардониданашуда аз андозаи панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 288. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

Моддаи 289. Қочоқ

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1379)

1) Қочоқ - интиқоли мол ва (ё) ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ё бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо ё воситаҳои ҳаммонандкунии (идентификатсионии) гумрукӣ, ё декларатсия накардан, ё декларатсиякунонии носаҳеҳи онҳо, ба истиснои ашёҳое, ки дар қисми 3) моддаи мазкур нишон дода шудаанд, агар дар давоми сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад  (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

2) Ҳамин кирдор, агар ба миқдори калон содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз нуҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду панҷоҳу шаш нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад  (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

3) Интиқоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар моддаҳои сахттаъсир, заҳрнок, заҳролудкунанда, радиоактивӣ, тарканда, аслиҳа, воситаҳои таркиш, силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ё муҳимоти ҳарбӣ, силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ ё дигар намуди силоҳи қатли ом, мавод ва таҷҳизоте, ки барои сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст, ҳамчунин ашёи хоми аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, осори бадеӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ё арзишҳои дигари фарҳангӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба онҳо қоидаҳои махсуси интиқол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, агар ин кирдор бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, ё бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо, ё воситаҳои ҳаммонандкунии (идентификатсионии) гумрукӣ, ё декларатсия накардан ё декларатсиякунонии носаҳеҳ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1776, аз 19.07.2022 № 1895),-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми моддаи мазкур агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби шахси мансабдор бо истифодаи мақоми хизматӣ;

в) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди он нисбат ба шахсе, ки назорати гумрукиро анҷом медиҳад;

г) бо роҳи рахна кардани сарҳади гумрукӣ содир шуда бошанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

5) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм, сеюм ё чоруми ҳамин модда, агар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.

Эзоҳ: Кирдори пешбининамудаи қисми дуюми моддаи мазкур ҳангоме ба миқдори калон содиршуда ҳисобида мешавад, агар арзиши мол ё воситаи нақлиёти интиқолшуда аз дую ним ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1379).

Моддаи 290. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барнагардонидани сарватҳои бадеӣ, таърихӣ ё бостоншиносии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

Дар мӯҳлати муқарраршуда ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барнагардонидани сарватҳои бадеӣ, таърихӣ ё бостоншиносии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мамлакатҳои хориҷие, ки берун аз хоки он бурда шуда буд, ба шарте, ки баргардонидани он, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ бошад,

бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 291. Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ

1) Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ба миқдори калон,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳ бо маслиҳати пешакӣ;

б) бо истифода аз мақоми хизматӣ;

в) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 292 ё 293 пешбинишуда судшуда;

г) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359).

Моддаи 292. Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ, ки қонун муқаррар намудааст, бо роҳи дидаю дониста ба асноди муҳосибавӣ (бухгалтерӣ) ё декларатсияи андоз дохил намудани маълумоти таҳрифшуда оид ба даромад ва хароҷот ё бо роҳи дигар пинҳон доштани объектҳои андозбандишаванда, ки ба миқдори калон содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

2. Ҳамин кирдор, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 291 ё 293 пешбинишуда, судшуда;

б) ба миқдори махсусан калон содиршуда бошад,

 бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

Эзоҳ: 1) Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо, ки дар моддаҳои 291, 292 ва 293 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, танҳо дар ҳолате ба миён меояд, ки агар шахс бори аввал ин кирдорҳоро содир намуда, дар давоми чилу ҳашт рӯзи бонкӣ аз рӯзи қабули қарори дахлдори мақомоти гумрук, андоз ва (ё) дигар мақомоти дахлдор, маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра насупорад, инчунин кирдорҳои мазкурро такроран содир намуда, дар давоми бисту чор рӯзи бонкӣ аз рӯзи қабули қарори дахлдори мақомоти гумрук, андоз ва (ё) дигар мақомоти дахлдор маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра насупорида бошад.

2) Агар нисбати шахс бо моддаҳои 291, 292 ё 293 Кодекси мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шӯда, ҳангоми тафтиши пешакӣ ва ё баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ шахс маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардбхтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра супорад, дар асоси моддаи 72 ҳамин Кодекс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

3) Дар мавриди пас аз баровардани ҳукми суд мақкумшуда маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра супорад, бо қарори суде, ки ҳукм баровардааст, ё суди маҳаллӣ иҷрои ҷазо ва ё суди болоӣ, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешавад.

4) Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо, ки дар моддаҳои 291, 292 ва 293 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, ҳангоме ба миқдори калон содиршуда ҳисобида мешавад, ки агар маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳои супориданашуда аз бист ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба миқдори махсусан калон, аз сию қафт ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359).

Моддаи 293. Саркашии шахси воқеӣ аз пардохти андозҳо ва (ё) пардохтҳо

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 11.03.2010 № 600)

1) Саркашии шахси воқеӣ аз пардохти андозҳо ва (ё) пардохтҳо бо роҳи пешниҳод накардани эъломия ва (ё) дигар ҳисоботи андоз дар ҳолате, ки пешниҳоди чунин эъломия ва (ё) дигар ҳисоботи андоз ҳатмӣ мебошад ё ба эъломия ва (ё) дигар ҳисоботи андоз дидаю дониста дохил кардани маълумоти таҳрифшуда, ки боиси ба миқдори калон пардохт нагардидани андозҳо ва (ё) пардохтҳо гаштааст,

бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 600, аз 21.07.2010 № 617).

2) Ҳамин кирдор, агар;

а) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 291 ё 292 пешбинишуда, судшуда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359).

Моддаи 294. Фиреби истеъмолкунандагон

1) Камтар чен кардан, кам баркашидан, кам додани бақияи пул, гумроҳ кардани истеъмолкунандагон дар мавриди хосияти истеъмолкунӣ ё сифати маҳсулот (хизматрасонӣ) ё дигар навъи фиреб додани истеъмолкунандагон дар корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият, ки ба фурӯши молу маҳсулот ё хизматрасонӣ ба аҳолӣ машғуланд, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандон ба миқдори назаррас содир шуда бошанд;

бо ҷарима ба андозаи то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) ба миқдори калон;

в) аз ҷониби шахсе, ки қаблан барои фиреби истеъмолкунандагон суд шудааст, содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар:

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

а) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Фиреби истеъмолкунандагон ҳангоме ба миқдори назаррас содиршуда шумурда мешавад, ки агар зарари ба истеъмолкунандагон расонидашуда аз даҳяки нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар, ба миқдори калон - аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад, ба миқдори махсусан калон аз панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 295. Сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо истифода намудани ваколатҳои фармонфармоӣ ё дигар ваколатҳои идоравӣ бар хилофи манфиатҳои ин ташкилотҳо ва бо мақсади ба даст овардани фоида ва бартарӣ барои худ ё барои дигарон ё расонидани зарар ба шахсони дигар, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, корхона, ҷамъият ё давлат зарари ҷиддӣ расонда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

2. Ҳамин кирдор агар боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилотҳо дар моддаи мазкур шахсоне дар назар дошта шудаанд, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё мутобиқи ваколати махсус вазифаи фармонфармоӣ ё дигар вазифаи идоравиро дар ташкилотҳои тиҷоратӣ сарфи назар аз шакли моликият ва инчунин дар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки мақоми ҳокимияти давлатӣ намебошанд, анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).

2) Агар кирдорҳои пешбининамудаи ҳамин модда танҳо ба ташкилоти тиҷоратӣ, ки ташкилоти давлатӣ намебошад, зарар расонида бошад, таъқиби ҷиноятӣ аз рӯи аризаи ҳамин ташкилот ё бо розигии он оғоз карда мешавад. Ҳангоми расонидани зарар ба дигар ташкилот, инчунин ба манфиати шаҳрвандон, ҷамъият ё давлат - таъқиби ҷиноятӣ дар асосҳои умумӣ ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 296. Сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби аудиторҳо, судяҳои ҳакамӣ, ё арбитрҳои арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ 

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 23.05.2016 № 1330)

1) Аз ҷониби аудитор, судяи ҳакамӣ, ё арбитри арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, истифода намудани ваколаташон бар хилофи вазифаҳои фаъолияти ба зиммаашон гузошташуда ва ба мақсади ба даст овардани фоида ва бартариҳо барои худ ё дигар шахсон ё расонидани зарар ба дигарон, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилот ҷамъият ё давлат зарари ҷиддӣ расонда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 23.05.2016 № 1330),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар такроран содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 297. Аз ҳадди ваколат гузаштани кормандони хадамоти муҳофизати хусусӣ ва детективӣ

1) Аз ҷониби роҳбарон ё хизматчиёни хадамоти муҳофизати хусусӣ ё детективӣ, бар хилофи вазифаҳои фаъолияти худ гузаштан аз ҳадди ваколат, ки мутобиқи литсензия ба онҳо дода шудааст, агар ин кирдор бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад,

бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо истифодаи силоҳ ё воситаҳои махсус содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965);

б) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

ФАСЛИ ХII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ