ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД | 1994

Моддаи 143. Вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон

1) Қасдан бевосита ё бавосита вайрон намудан ё маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳо ё ин ки бевосита ё бавосита муқаррар намудани бартарии шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, мавқеи шахсӣ, молу мулкӣ ё мансабӣ, маҳалли истиқомат, муносибат бо дин, ақида, марбут будан ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонидааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс:

а) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи мақоми хизматиаш содир шудааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 143(1). Шиканҷа

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 808)

1) Қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) рӯҳӣ, ки аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо таҳрики онҳо ё розигии хомӯшонаи онҳо ё бо огоҳӣ доштани онҳо аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ё ҷазо додани ӯ барои ҳаракате, ки ки ӯ ё шахси сеюм содир намудааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маҷбур кардани ӯ ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст, содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661),-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад  (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) нисбати зане, ки ҳомиладории ӯ барои гунаҳгор аён аст ё шахси баръало ноболиғ ё нисбати маъюб;

г) бо расонидани зарари миёна ба саломатӣ содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад  (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар:

а) бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ содир шуда бошанд;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 808, аз 2.01.2020 № 1661).

Моддаи 144. Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ

1) Ғайриқонунӣ ҷамъ кардан ё паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад бидуни иҷозати ӯ, ё паҳн кардани чунин маълумот дар баромадҳои оммавӣ, асар, воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет, агар чунин кирдор бо ғарази шахсӣ ё ҳавасмандии шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 30.07.2007 № 301),

бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш анҷом дода шудаааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 145. Ошкор намудани сирри тиббӣ

1) Ошкор намудани маълумот оид ба беморӣ ё дигар натиҷаҳои таҳқиқи тиббии бемор аз ҷониби корманди соҳаи тиб, дорусозӣ ё дигар корманд бидуни зарурати касбӣ ё хизматӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, ки дар фош кардани маълумот оид ба гирифтории шахс ба бемории вируси норасоии масунияти одам ифода меёбад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1330),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якум ё дуюми ҳамин модда, агар онҳо боиси оқибатҳои вазнин шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешаванд.

Моддаи 146. Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти телеграфӣ ё дигар мухобирот

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти телеграфӣ ё дигар мухобироти шаҳрвандон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз сад то яксаду шаст соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш ё воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ ба даст овардани маълумот пешбинӣ гардидаанд, содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум намудан аз ҳуқуқҳои ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

3) Ғайриқонунӣ истеҳсол кардан, ба соҳибияти каси дигар додан ё соҳиб шудан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ ба даст овардани маълумот пешбинӣ шудаанд,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 147. Вайрон намудани дахлнопазирии манзил

1) Ғайриқонунӣ даромадан ба манзил бар хилофи хоҳиши шахси дар он истиқоматкунанда ё касеро аз манзилаш маҳрум кардан,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

в) бо ғайриқонунӣ васл намудани воситаҳои гӯшандозӣ ё дигар воситаҳои махсус дар манзили истиқоматӣ содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Эзоҳ: Дар зери мафҳуми манзил дар ҳамин ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс хонаи истиқоматии фардӣ бо биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ба он дохилшаванда, бинои истиқоматӣ новобаста аз шакли моликият ба фонди манзил дохилшаванда, ки барои истиқомати доимӣ ё муваққатӣ мувофиқ аст, ҳамчунин дигар бино ё сохтмони ба фонди манзил дохилнашаванда, вале барои истиқомати муваққатӣ таъин гардидааст, фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 148. Радди додани маълумот ба шаҳрванд

Аз ҷониби шахси мансабдор радди ғайриқонунӣ ба шаҳрванд додани санад ё ҳуҷҷатҳое, ки бевосита ба ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дахл доранд ва мутобиқи тартиби муқарраршуда ҷамъоварӣ гардидаанд, инчунин додани маълумоти нопурра ё қасдан додани чунин маълумоти барғалат, агар он ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамин шаҳрванд зарар расонида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 149. Ғайриқонунӣ маҳдуд кардани тағйири макон, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ кардан ва бозгаштани шаҳрванд ба он

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Ғайриқонунӣ маҳдуд намудани тағйири макон, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ кардан ва бозгаштани шаҳрванд ба он (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз хуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад;

б) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 150. Монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқҳои интихоботӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ

1) Монеъ шудан ба шаҳрванд ҷиҳати татбиқи ҳуқуқҳои интихоботиаш ё ҳуқуқи иштирок дар райъпурсӣ, инчунин монеъ шудан бо фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ё комиссия оид ба гузаронидани райъпурсӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор агар:

а) дар алоқамандӣ бо ришвадиҳӣ, фиреб, зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 151. Сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ ё ҳисоби нодурусти овоз

Сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ, дидаю дониста нодуруст ҳисоб кардани овоз, дидаю дониста нодуруст муайян кардани натиҷаҳои интихобот, раъйпурсӣ, ҳамчунин вайрон намудани овоздиҳии пинҳонӣ, ки аз ҷониби узви комиссияи интихоботӣ, гурӯҳи ташаббускор ё комиссия оид ба гузаронидани раъйпурсӣ содир шудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то чор сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 152. Маҷбур намудан барои иштирок дар корпартоӣ ва ё рад кардани иштирок дар корпартоӣ

Бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он маҷбур намудан ба иштирок дар корпартоӣ ё рад кардани иштирок дар корпартоӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 152(1). Роҳбарӣ ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавқулодда

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1088)

Барои роҳбарӣ ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавқулодда, ҳамчунин барои монеъ шудан ба кори корхона, муассиса ва дигар ташкилот дар шароити вазъияти фавқулодда, -

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то нӯҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1088).

Моддаи 153. Вайрон кардани қонунҳои меҳнат

Дидаю дониста ғайриқонунӣ аз кор озод кардани шахс, иҷро накардани қарори суд дар хусуси ба ҷои кори пештара барқарор кардан, ҳамчунин дигар ҳаракатҳои қасдан ва моҳиятан вайронкунии қонунҳои меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 153(1). Напардохтани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампулӣ ё дигар пардохтҳо

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

Аз ҷониби корфармо, роҳбари корхона, муассиса ё ташкилот новобаста аз шакли моликияташон зиёда аз ду моҳ напардохтани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампулӣ ё дигар пардохтҳои бо қонун муқарраргардида, агар ин кирдор бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 422).

Моддаи 154. Вайрон кардани қоидаҳои муҳофизати меҳнат

1) Вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ё дигар қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби шахсе, ки ба риоя кардани он масъул мебошад, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ ё бемории касбӣ гашта бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст ё ба саломатии чанд нафар зарари вазнин ворид намудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиёти боиси марги ду ё зиёда шахсон гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 155. Беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдӯш намудани зани синни кӯдакаш то сесола

Беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдӯш намудани зан бинобар ҳомиладорӣ, ҳамчунин беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдӯш намудани зане, ки кӯдаки то сесола дорад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то паҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 156. Вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он

(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №844)

1) Азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), ҳамчунин ба ҳаммуаллифӣ маҷбур кардан, агар ин кирдорҳо ба муаллиф ё дигар соҳибҳуқуқ ба миқдори калон зарар расонида бошанд,-

бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Истифодаи ғайриқонунии объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ё ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳамчунин ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фиристодани нусхаҳои ғайриқонунии асар ё фонограммаҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, агар ин кирдорҳо ба миқдори калон зарар расонида бошанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешаванд.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.

Эзоҳ: Дар моддаҳои 156 ва 156(1) Кодекси мазкур таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо панҷсад маротиба зиёд мебошад ва зарар ба миқдори махсусан калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёд мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №844).

Моддаи 156(1). Вайрон кардани ҳуқуқҳо ба ихтироот, намунаҳои саноатӣ ва моделҳои муфид

(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №844)

1) Истифодаи ғайриқонунии ихтироот, намунаҳои саноатӣ ё моделҳои муфид, бидуни розигии муаллиф ё арзномадеҳ фош намудани моҳияти ихтироот, намунаи саноатӣ ё модели муфид то интишори расмии маълумот дар бораи онҳо, азхудкунии муаллифӣ ё ба ҳаммуаллифӣ маҷбур кардан, агар ин кирдорҳо ба миқдори калон зарар расонида бошанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешаванд.

2) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №844).

Моддаи 157. Монеъ шудан ба фаъолияти иттиҳодияи динӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472)

Монеъ шудан ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки ба қонун зид намебошанд ё ба амали ба ҷо овардани маросимҳои динӣ, агар онҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд ва ба ҳуқуқи шаҳрвандон таҷовуз нанамоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472),

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 158. Монеъ шудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин дахолат ба фаъолияти қонуниашон, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои умумии онҳоро ба таври назаррас вайрон кардааст,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 159. Ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияи диние, ки ба шахсият ва ҳуқуқи шаҳрвандон таҷовуз мекунанд

Ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё  иттиҳодияи диние, ки фаолияташон бо расонидани зарар ба саломатии шаҳрвандон ё дигар таҷовуз ба шахсият ё ҳуқуқи шаҳрвандон алоқаманд мебошад, ҳамчунин роҳбарӣ ба онҳо (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472),

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 160. Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 750)

1. Вайрон кардани тартиби ташкил ва (ё) гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ё роҳпаймоиҳо аз тарафи шахси ташкилкунанда ё иштирокчии фаъоли ҳамин чорабиниҳо, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2. Ҳамин кирдор, агар бо истифода аз мақоми хизматӣ ё истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ содир шуда бошад ё боиси вайрон ё несту нобуд шудани молу мулк ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 750).

Моддаи 161. Монеъ шудан ба гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоӣ, пикетгузорӣ ё иштирок дар онҳо

1)Ғайриқонунӣ монеъ шудан ба гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоӣ, пикетгузорӣ ё иштирок дар онҳо ё ин ки маҷбур кардан дар иштирок дар онҳо, агар ин кирдор бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як хазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озод ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 162. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон

1) Дар ҳар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ӯ барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зӯроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурӯғи бофтае ё фош намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдида мехоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2)Ҳамин кирдор, агар:

а) бо зӯроварӣ;

б) несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 163. Вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон

1) Радди ғайриқонунии баррасии муроҷиати шаҳрвандон, бидуни сабабҳои узрнок вайрон намудани мӯҳлати баррасии арзу шикояти онҳо, қабули қарори беасос ва хилофи қонун, инчунин вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи шаҳрвандон, ҷамъият ё давлат зарари ҷиддӣ ворид намудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардани аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Таъқиби шаҳрванд аз ҷониби шахси мансабдор вобаста ба муроҷиати ӯ ба мақоми давлатӣ, корхона, ташкилоту муассиса ё иттиҳоди ҷамъиятӣ ё барои танқиди дар муроҷиаташ инъикосёфта, инчунин барои дар шакли дигар бо танқид баромад карданаш,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 164. Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ

(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2050)

Ба ҳар тарзе монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз як саду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2050)