ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МАНФИАТҲОИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ | 1994

Моддаи 314. Сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ

1) Аз ҷониби шахси мансабдор истифода намудани ваколатҳои хизмати худ бархилофи манфиатҳои хизматӣ, агар ин кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ содир шуда, ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилотҳо ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлатро поймол карда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

2) Ҳамин кирдор агар аз ҷониби шахсе, ки мансабҳои давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ё роҳбарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ишғол мекунад, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то як ҳазору наваду ду. нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору наваду ду то як ҳазору ҳаштсаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми шахси мансабдор дар Кодекси мазкур шахси таъин ё интихобшуда фаҳмида мешавад, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои амрдиҳӣ нисбат ба шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ӯ қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1380).

2) Таҳти мафҳуми шахсе, ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунад, дар моддаҳои боби мазкур ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс шахсоне дар назар дошта шудаанд, ки мансабҳои барои иҷрои бевоситаи салоҳияти мақомоти давлатӣ муайнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

3) Хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба шумули шахсони мансабдор дохил намешаванд, мутобиқи моддаҳои ҳамин боб дар ҳолатҳои махсус пешбининамудаи моддаҳои дахлдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 24.02.2017 № 1380).

4) Вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ - ваколатҳо оид ба амалӣ намудани роҳбарии коллективи меҳнатӣ, доираи муайяни кор, кормандони алоҳида, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ташкили меҳнати кормандони тобеъ, назорат ва санҷиши риояи интизоми меҳнат, татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозоти интизомӣ (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1380).

5) Вазифаҳои маъмурию хоҷагидорӣ - ваколатҳо оид ба идора ва ихтиёрдории молу мулк (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1380).

Моддаи 315. Беамалӣ дар иҷрои вазифа

Аз тарафи хизматчии давлатӣ, ки шахси мансабдор намебошад бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ иҷро накардани вазифаҳои хеш, агар ин кирдор ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилотҳо, ҷамъият ё давлатро поймол карда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Моддаи 316. Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ

1) Аз ҷониби шахси мансабдор анҷом додани ҳаракате, ки аз ҳадди ваколатҳои ӯ баръало берун мебарояд ва боиси ба таври ҷиддӣ поймол гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд ё ташкилот ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлат гаштааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то ҳафтсаду сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

2) Ҳамин ҳаракатро агар шахсе содир карда бошад, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё роҳбарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ишғол мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 2.01.2018 № 1472),

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсаду сӣ то як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35,  аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи силоҳ ё воситаҳои махсус (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965);

в) бо расонидани оқибатҳои вазнин содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору ҳаштсаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).

Моддаи 317. Соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор

Аз ҷониби хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки шахси мансабдор намебошад, соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор ва вобаста ба он содир намудани ҳаракате, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилотҳоро ба таври ҷиддӣ поймол мекунанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 2.01.2018 № 1472),

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 318. Иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ

Аз ҷониби шахси мансабдор таъсис додани ташкилоте, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳад ё шахсан иштирок дар идораи чунин ташкилот ё ба воситаи шахси боваринок хилофи манъи муқаррарнамудаи қонун, агар ин кирдор аз фароҳам овардани имтиёз ва бартарӣ ё бо дигар шакли пуштибонӣ ба чунин ташкилот алоқаманд бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

Моддаи 319. Гирифтани пора

1) Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ дохил бошанд ё онҳо вобаста ба қудрати мавқеи мансабиашон ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонанд, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 12.11.2013 № 1028),-

бо ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274).

2) Аз ҷониби шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ гирифтани пора барои ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 12.11.2013 № 1028),-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷ ҳазору чорсаду ҳафтоду панҷ то дувоздаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё шахсе содир шуда бошад, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё роҳбарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ишғол мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472,  аз 3.08.2018 № 1538),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274, аз 3.08.2018 № 1538)

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 3.08.2018 № 1538);

в) бо тамаъҷӯии пора;

г) ба миқдори калон,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274).

Эзоҳ: 1) Дар моддаи 319 Кодекси мазкур зери мафҳуми миқдори калон, миқдори пул, арзиши қоғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои хусусияти молу мулкӣ доштае фаҳмида мешавад, ки арзиши онҳо аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 6.10.2008 № 422).

2) Таҳти мафҳуми такроран (такрорӣ) дар моддаҳои 319, 320, 324 ва 325-и ҳамин Кодекс ҷинояте дар назар дошта шудааст, ки агар қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои пешбинӣ намудаи ҳамин моддаҳо содир шуда бошад.

3) Таҳти мафҳуми шахси мансабдори давлати хориҷӣ дар моддаҳои 319-321 Кодекси мазкур шахси дар мақомоти қонунгузор, иҷроия, маъмурӣ ё судии давлати хориҷӣ ягон мансабро ишғолнамуда (интихобгардида ё таъингардида) ва дигар шахсе, ки барои ин мақомоти давлати хориҷӣ ягон функсияи давлатиро иҷро менамояд, фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013 № 1028).

4) Таҳти мафҳуми шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ хизматчии ташкилоти байналмилалӣ ё дигар шахсе, ки ваколатдор аст аз номи ин ташкилот фаъолият намояд, фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013 № 1028).

Моддаи 320. Додани пора

1) Додани пора шахсан ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ ё аз тариқи миёнарав (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013 № 1028),

бо ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274).

2) Додани пора ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ барои аз ҷониби онҳо дидаю дониста анҷом додани ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ ё такроран додани пора (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013 № 1028),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274, аз 3.08.2018 № 1538);

Эзоҳ: 1) Агар аз ҷониби шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ тамаъҷӯии пора ба амал омада бошад ё агар шахси порадода ихтиёран ба мақоме, ки ба оғози парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад хабар диҳад, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 12.11.2013 № 1028).

2) Таҳти мафҳуми тамаъҷӯе, ки дар моддаи 319 ва 320 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, талаботи шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ оид ба додани пора зери таҳдиди содир кардани чунин амалҳои вобаста ба фаъолияти хизматие, ки метавонад ба манфиатҳои қонунии порадиҳанда зарар расонад, ё инчунин қасдона гузоштани шаҳрванд ба чунин ҳолате, ки ӯ маҷбур аст барои бартараф кардани оқибатҳои зарарнок ба манфиатҳои қонунии худ пора диҳад, фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 12.11.2013 № 1028).

Моддаи 321. Иғвои порадиҳӣ

Кӯшиши ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё  шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ додани пул, коғазҳои иматнок, дигар молу мулк ё хизматрасонии дорои хусусияти молу мулкӣ бе розигии онҳо бо мақсади сохтани далелҳои сунъӣ оид ба гирифтани пора (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386) аз 12.11.2013 № 1028, аз 3.08.2018 № 1538);

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274).

Моддаи 322. Хунукназарӣ

1) Хунукназарӣ, яъне иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои худ аз ҷониби шахси мансабдор дар натиҷаи муносибати беинсофона ё бепарвоёна ба хизмат, агар ин боиси ба таври ҷиддӣ поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд ё ташкилот ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлат гашта бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гаштааст,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).

Моддаи 323. Сохтакории хизматӣ

Сохтакории хизматӣ, яъне аз ҷониби шахси мансабдор, ҳамчунин хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки шахси мансабдор намебошад, ба асноди расмӣ дидаю дониста дохил намудани маълумотҳои бардурӯғ, ҳамчунин ба асноди зикршуда ворид намудани ислоҳоте, ки мазмуни аслии онро таҳриф мекунад ё дидаю дониста додани ҳуҷҷатҳои бардурӯғ ё қалбакӣ, агар ин кирдор бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиатдории шахсӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Моддаи 323(1). Ғайриқонунӣ додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошанд, ворид намудани маълумотҳои баръало бардурӯғ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451)

1) Аз ҷониби шахси мансабдор ё хизматчии давлатӣ ғайриқонунӣ додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ҳамчунин аз ҷониби шахси мансабдор, хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки шахси мансабдор намебошад, ворид намудани маълумотҳои баръало бардурӯғ ба ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегарданд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Аз ҷониби шахси мансабдор ё хизматчии давлатӣ ба таври дахлдор иҷро накардан ё хунукназарона иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ, ки боиси ғайриқонунӣ додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ё ғайриқонунӣ ба даст овардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451).

Моддаи 324. Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ

1) Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне талаб кардани мукофоти молӣ ё фоидаи молу мулкӣ аз ҷониби хизматчии корхона сарфи назар аз шакли моликият, ғайр аз шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, барои иҷрои кори муайян ё расонидани хизмат, ки ба доираи вазифаи хизматии чунин корманд дохил мешавад, ҳамчунин қасдан гузоштани шаҳрванд дар чунин шароите, ки ӯ барои пешгирӣ кардани вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандааш маҷбур аст чунин мукофотро барояш муҳайё созад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба миқдори калон содир шуда бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 325. Додани мукофот ба хизматчӣ

1) Додани мукофот ба хизматчӣ, яъне додани мукофоти молӣ ё фоидаи молу мулкӣ ба хизматчии корхона, сарфи назар аз шакли моликият, ғайр аз шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, барои ба манфиати шахси мукофотдиҳанда иҷро кардани амали ғайриқонунӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) ба миқдори калон;

г) ба манфиати гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар моддаҳои 324 ва 325-и Кодекси мазкур зери мафҳуми миқдори калон, миқдори пул, арзиши қоғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои хусусияти молу мулкӣ доштае фаҳмида мешавад, ки арзиши онҳо аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 326. Ғайриқонуни иҷозат додан ба гирифта гаштан ва нигоҳдории силоҳи оташфишон

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965)

Ғайриқонунӣ иҷозат додан ба гирифта гаштан ва нигоҳдории силоҳи оташфишон (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 327. Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани муҳофизони шахсӣ ва истифодаи техникаи ҷангӣ бо ҳамин мақсад

Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани муҳофизони шахсӣ, инчунин истифодаи техникаи ҷангӣ бо ҳамин мақсад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад