ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲАЁТ ВА САЛОМАТӢ | 1994

Моддаи 104. Одамкушӣ

1) Одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Куштани:

а) ду шахс ё бештар аз он;

б) шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро кардани ӯ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

в) баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

г) марбут ба одамрабоӣ ё гаравгонгирӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

д) зане, ки ҳомилагии ӯ барои гунаҳгор аён аст;

е) одам бо бераҳмии махсус;

ж) одам бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок;

з) одам аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

и) одам бо нияти ғаразнок ё кирояи зархаридон, инчунин марбут ба роҳзанӣ, тамаъҷӯӣ ё бандитизм (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

к) одам аз ҳиссиёти авбошӣ;

л) одам бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти дигар ё осон кардани содир намудани он, инчунин марбут бо таҷовуз ба номус ё кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ;

м) одам бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ;

н) одам бо мақсади истифодаи аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида;

о) одам дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 403 ҳамин Кодекс (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 45);

п) одам дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ё такроран ба истиснои кирдорҳои пешбининамудаи моддаҳои 105, 106 ва 107 ҳамин Кодекс (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 46, аз 1.03.2005 № 86, аз 18.06.2008 № 386, аз 31.12.2008 № 451, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 105. Кӯдаки навзоди худро куштани модар

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

Кӯдаки навзоди худро куштани модар ҳангоми таваллуд ё бевосита пас аз он дар ҳолати харобии асаб, ки бо сабаби таваллуд ба вуҷуд омадааст ё дар ҳолати харобии рӯҳие, ки мукаллафиро истисно намекунад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 106. Одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ

1) Одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ (ҷунун), ки ногаҳон бо сабаби зӯроварӣ, таҳқир, ё дашноми қабеҳ ё рафтори дигари зиддиҳуқуқӣ ё бадахлоқонаи ҷабрдида, инчунин дар ҳолати давомдори харобкунандаи асаб бо сабаби рафтори мунтазами зиддиҳуқуқӣ ё рафтории бадахлоқонаи ҷабрдида ба вуҷуд омадааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Дар ҳолати ҷунун куштани ду ё бештар шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 107. Одамкуши дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан ё дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир намудани шахси ҷиноят содиркарда заруранд

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Одамкушӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда заруранд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 108. Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан

1) Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан дар натиҷаи вазифаи касбии худро ба таври дахлдор иҷро накардани шахс, инчунин аз беэҳтиётӣ ба марг расондани ду ва ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ва ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 109. Ба худкушӣ расондан

1) Бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида ба худкушӣ ё сӯиқасди худкушӣ расонидани шахс,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор нисбати шахсе,ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар тобеи гунаҳгор мебошад ё ин ки дар ҳаққи ноболиғ содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 110. Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

1) Қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад ё боиси нобино, гунг, кар шудан ё талаф додани ягон узви бадан гардидааст ё аз кор мондани ин узв, қатъ гардидани ҳомиладорӣ ё дар бадсуратии ислоҳнопазири рӯй ифода ёфтааст, инчунин расонидани зарари дигар ба саломатӣ, ки барои ҳаёт хавфнок мебошад ё боиси харобшавии зиёди саломатии марбут бо аз даст додани на камтар аз сеяки қобилияти умумии меҳнатӣ гардидаст ё гунаҳгор баръало медонист, ки он боиси пурра аз даст додани қобилияти меҳнатии касбӣ ё бемории рӯҳӣ, нашъамандӣ ва ё токсикомания мегардад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, агар он:

а) нисбати ду ва ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) нисбати шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро намудани ӯ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

в) нисбати шахси баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

г) нисбати шахси рабудашуда ё гаравгон;

д) бо бераҳмии махсус;

е) бо усули хатари умумидошта (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

ж) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

з) дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ;

и) бо нияти ғаразнок ё бо кирояи зархаридон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

к) бо ҳиссиёти авбошона;

л) бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти дигар ё осон кардани содир намудани он, инчунин марбут бо таҷовуз ба номус ё кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ;

м) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқом (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

н) бо мақсади истифодаи аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида;

о) такроран ё аз ҷониби шахсони қаблан барои одамкушӣ маҳкумшуда содир гардидааст, ба истиснои кирдорҳои пешбининамудаи моддаҳои 105, 106 ва 107 ҳамин Кодекс (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар онҳо:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир гардида бошанд;

в) аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 31.12.2008 № 451, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 111. Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ

1) Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ, ки барои ҳаёт хавфнок набуда ва оқибатҳои дар моддаи 110 ҳамин Кодекс пешбинишударо ба миён наовардааст, вале боиси харобшавии тӯлонии саломатӣ ё ба таври устувору назаррас аз даст додани камтар аз сеяки қобилияти умумии меҳнатӣ шудааст,

бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдоре, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) нисбати шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ё қарзи ҷамъиятиро иҷро намудани ӯ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

г) бо бераҳмии махсус;

д) дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ;

е) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқом (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

ж) такроран ё аз ҷониби шахси қаблан содирнамудаи ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё одамкушии пешбининамудаи моддаҳоии 104 ва 110 ҳамин Кодекс содир гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 112. Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ

Расонидани зарари сабук ба саломатӣ, ки боиси ба мӯҳлати кӯтоҳ хароб шудани саломатӣ ё андаке ба таври устувор аз даст додани қобилияти меҳнат гардидааст,

бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз ҳаштод то яксаду шаст соат ё бо ҷарима ба андозаи то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 113. Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ

1) Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ (ҷунун), ки ногаҳон дар асари зӯроварӣ, таҳқир ё дашноми қабеҳ ё рафтори дигари зиддиҳуқуқӣ ё бадахлоқонаи ҷабрдида, инчунин дар ҳолати давомдори харобкунандаи асаб бо сабаби кирдори мунтазами зиддиҳуқуқӣ ё рафтори бадахлоқонаи ҷабрдида ба вуҷуд омадааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз сад то яксаду ҳаштод соат ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки дар ҳолатҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида содир шудааст,

бо маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 114. Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди мудофиаи зарурӣ

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди мудофиаи зарурӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 115. Қасдан расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳои зарурӣ ҳангоми дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатии шахси содирнамудаи ҷиноят дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир кардани ӯ заруранд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати то яксаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси содирнамудаи ҷиноят дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир кардани ӯ заруранд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 116. Лату кӯб

Лату кӯб ё содир намудани ҳаракати дигари зӯроварӣ,  ки дарди ҷисмонӣ расонидаанд,  вале боиси оқибатҳои дар  моддаи 112 ҳамин Кодекс зикршуда нагардидаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати то яксаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 117. Азобу уқубат

1) Азобу уқубати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ бо роҳи лату кӯби мунтазам ё бо усули дигари зӯроварӣ, агар он боиси оқибатҳои дар моддаҳои 110 ва 111 ҳамин Кодекс зикршуда нагардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) нисбати шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро намудани ӯ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

в) нисбати баръало ноболиғ ё шахсе, ки нотавон будани ӯ барои гунаҳгор аён аст, ё шахсе, ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар вобастаи гунаҳгор аст, инчунин шахси рабудашуда ё гаравгон гирифташуда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

г) нисбати зане, ки ҳомила будани ӯ барои гунаҳгор аён аст;

д) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ва гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

е) аз рӯи кирояи зархаридон;

ж) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқом содир шудааст (Қонуни ЧТ аз 17.05.2004 № 35, аз 16.04.2012 № 808),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз17.05.2004 № 35).

Эзоҳ: Хориҷ карда шуд  (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 808).

Моддаи 118. Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

1) Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ба саломатӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдоре, ки дар натиҷаи ӯҳдадориҳои касбии худро ба таври лозимӣ иҷро накардани шахс содир шудааст ё аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ба саломатии ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 119. Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари миёна ба саломатӣ

1) Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари миёна ба саломатӣ,

бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз як саду бист то дусад соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдоре, ки дар натиҷаи ӯҳдадориҳои касбии худро ба таври лозимӣ иҷро накардани шахс содир шудааст ё аз беэҳтиётӣ расонидани зарари миёна ба саломатии ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

 бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 120. Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, агар барои амалӣ гаштани ин таҳдид асоси тарсу ҳарос мавҷуд бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 121. Вайрон кардани қоидаҳои ҷарроҳии пайвандсозӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554)

1) Вайрон кардани шарту тартиби бурида гирифтани аъзо ё бофтаҳои бадани инсон ё шарту тартиби дар қонун пешбинигардидаи пайвандсозӣ, ки боиси аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатии донор ё ретсипиент гардидааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 122. Маҷбур кардан барои гирифтани узвҳо ё бофтаҳои бадани инсон барои пайвандсозӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 2.01.2019 № 1554)

1) Маҷбур кардан барои гирифтани узвҳо ё бофтаҳои бадани ҷабрдида барои пайвандсозӣ, ки бо роҳи истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати ӯ ё наздиконаш ё бо роҳи таҳдиди несту нобуд кардани молу мулки ӯ содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 2.01.2019 № 1554), 

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) нисбати шахсе, ки нотавонии ӯ барои гунаҳгор аён аст ё шахси таҳти вобастагии моддӣ ё тобеияти дигари гунаҳгор қарордошта;

б) нисбати шахси баръало ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

в) нисбати ду ё зиёда шахсон содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Кирдори дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардидае, ки аз ҷониби:

а) гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) гурӯҳи муташаккил содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 123. Исқоти ғайриқонунии ҳамл (аборт)

1) Исқоти ғайриқонунии ҳамл аз ҷониби шахси дорои маълумоти олии тиббии риштаи дахлдор,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Исқоти ҳамл аз ҷониби шахсе, ки маълумоти олии тиббии риштаи дахлдор надорад ё шахси қаблан барои исқоти ғайриқонунии ҳамл судшуда содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

3) Ҳаракатҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, агар онҳо аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё расонидани зарари вазнин ба саломатии ӯ гардида бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 124. Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан

Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан, агар дар натиҷа исқоти ҳамл ба амал бароварда шавад, бо корҳои ислоҳӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 125. Сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1330)

1) Дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо вируси норасоии масунияти одам гузоштани шахси дигар (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1330),

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Бо вируси норасоии масунияти одам сироят кардани шахси дигар аз ҷониби шахсе, ки мубталои ин беморӣ будани худро медонист (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1330),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Кирдори пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) нисбати шахси баръало ноболиғ содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 126. Сироят кардан бо касалии зӯҳравӣ

1) Бо касалии зӯҳравӣ сироят кардани шахси дигар аз ҷониби шахсе, ки мубталои ин беморӣ будани худро медонист,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) нисбати шахси баръало ноболиғ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 127. Дар хатар монондан

1) Дидаю дониста нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад ва аз сабаби хурдсолӣ, пиронсолӣ, беморӣ ё аз сабаби оҷизии худ имконияти андешидани чораҳои худмуҳофизатиро надорад, ҳангоме, ки шахси гунаҳгор метавонист ба ин шахс ёрӣ расонад ва вазифадор буд нисбати ӯ ғамхорӣ зоҳир намояд ё худаш ӯро дар ҳолати барои ҳаёт ё саломатиаш хатарнок гузоштааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),-

бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду чил то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардида бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ:

а) боиси марги одамон;

б) боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 128. Ёрӣ нарасонидан ба бемор

1) Бидуни сабабҳои узрнок ёрӣ нарасондан ба бемор аз ҷониби шахсе, ки вазифадор буд мутобиқи қонун ё қоидаҳои махсус ёрӣ расонад ва он аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии бемор расонидани зарари миёна гардидааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги бемор шуда бошад ё ба саломатӣ зарари вазнин расонда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 129. Аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ

1) Иҷро накардан ё номатлуб ба ҷо овардани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби корманди тиб бинобар муносибати бепарвоёна ё беинсофона, ки аз сабаби чунин беэҳтиётӣ ба саломатии бемор зарари миёна расонида шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422);

2) Ҳамин кирдор, агар он бинобар беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё марги бемор ё мубталои вируси норасоии масунияти одам гардидани бемор шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 23.07.2016 № 1330),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1555).

3) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ:

а) боиси марги одамон;

б) дигар оқибатҳои вазнин гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 2.01.2019 № 1555).