ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ | 1994

Моддаи 366. Мафҳуми ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ

1) Ҷиноятҳои муқобили хизмати ҳарбӣ - он ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин боб эътироф карда мешаванд, ки ба муқобили тартиботи муқарраргардидаи адои хизмати ҳарбӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар асоси даъват ё бо тартиби иттиёрӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, содир шудаанд, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандони дар эҳтиётбуда, ҳангоми гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ё шахсоне, ки мутобиқи қонунҳои ҷорӣ мақоми хизматии ҳарбӣ доранд, содир шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).

2) Шахсоне, ки дар ҳамин модда зикр нашудаанд, барои шарикӣ дар ҷиноятҳои муқобили хизмати ҳарбӣ аз рӯи моддаҳои дахлдори ҳамин Кодекс ба сифати ташкилкунанда, таҳриқкунанда ва ёрдамчӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).

Моддаи 367. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

Моддаи 368. Иҷро накардани фармон

1) Аз ҷониби зердаст иҷро накардани фармони мутобиқи тартиби муқарраршуда додаи сардор, ки ба манфиати хизмат зарари ҷиддӣ расонидааст, ба истиснои ҳолатҳои иҷро накардани фармони баръало ҷиноятӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, ки дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 369. Муқобилият ба сардор ё маҷбур кардани ӯ ба вайрон кардани вазифаҳои хизматӣ

1) Муқобилият нишон додан ба сардор ё ба шахси дигаре, ки иҷрои вазифаи сардор ба ӯҳдааш гузошта шудааст, ҳамчунин барои вайрон кардани ин вазифаҳо маҷбур сохтани ӯ, ки бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он алоқаманд аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) бо истифодаи силоҳ техникаи ҷангӣ ё моддаҳои тарканда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 13.06.2013 № 965);

в) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ содир шудааст ва ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдор, ки дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 370. Истифодаи зӯроварӣ дар ҳаққи сардор

1) Лату кӯб ё истифодаи шакли дигари зӯроварӣ ба сардор вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбии ӯ ё ҳангоми иҷрои ин вазифаҳо,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) бо истифодаи силоҳ (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965);

в) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ содир шудааст ва ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 371. Таҳдид ба сардор

1) Таҳдиди куштан, расонидани зарар ба саломатӣ ё таҳдиди лату кӯби сардор дар ҳолати мавҷудияти асосҳои кофӣ, барои амалӣ шудани ин таҳдид бинобар вазифаҳои хизмати ҳарбиро иҷро кардани вай (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, агар дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 372. Таҳқири хизматчии ҳарбӣ

1) Аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ таҳқир намудани хизматчии ҳарбии дигар ҳангоми иҷрои вазифа ва ё вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то шаш моҳ ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Сардорро таҳқир кардани зердаст, ҳамчунин таҳқири зердаст аз ҷониби сардор ҳангоми иҷрои вазифа ё вобаста ба иҷрои вазифаи хизмати ҳарбӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳдуд кардани хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то як сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 373. Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо

1) Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо, ки дар таҳқири мунтазам, паст задани шаъну эътибор, шиканҷа, расонидани зарари сабук ба саломатӣ, ки боиси бад шудани саломатӣ гардидааст ё дар ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ зоҳир мегардад,

бо нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) нисбати ду ва зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

г) бо истифодаи силоҳ (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965);

д) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ содир шудааст ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 374. Худсарона тарк кардании қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмат

1) Худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмат, ҳамчунин бидуни сабабҳои узрнок сари вақт барнагаштан ба хизмат пас аз рухсатӣ аз қисми ҳарбӣ, рухсати меҳнатӣ, ҳангоми таъин кардан ё гузаронидан ба дигар ҷой ба хизмат, ё ба дигар хизмат гузаронидан, ё аз сафари хизматӣ барнагаштан, ё аз муассисаҳои табобатӣ, ки зиёда аз се шабонарӯз, вале на зиёда аз даҳ шабонарӯзро дар бар мегирад аз ҷониби хизматчиёни ҳарбие, ки тибқи даъват хизмат мекунанд, инчунин саркашӣ кардан аз хизмат ба ҳамин мӯҳлат бо роҳи пешкаш намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё шаклҳои дигари фиреб (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, агар аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ мӯҳлати ҷазоро адо мекунад, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

3) Худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ ё ҷои хизмат аз ҷониби хизматчии хизмати ҳатмии ҳарбӣ, шахси ҳайати афсарӣ, прапорщик, ё хизматчие, ки бо тартиби ихтиёрӣ хизмат мекунад, инчунин барнагаштан ба хизмати ҳарбӣ дар вақти муайяншуда бе сабабҳои узрнок, зиёда аз даҳ шабонарӯз, вале на бештар аз як моҳ инчунин саркашӣ кардан аз хизмати ҳарбӣ ба ҳамин мӯҳлат бо роҳи пешкаш намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё шаклҳои дигари фиреб (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

4) Худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ ё маҳали хизмат, ё бе сабабҳои узрнок сари вақт барнагаштан ба маҳали хизмат зиёда аз даҳ шабонарӯз, инчунин саркашӣ кардан аз хизмат бо мӯҳлати зикргардида бо роҳи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё шаклҳои дигари фиреб, аз ҷониби хизматчии ҳарбие, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ мӯҳлати ҷазоро адо менамояд, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то чор сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 12).

5) Худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ ё маҳали хизмат, инчунин бе сабабҳои узрнок барнагаштан ба маҳали хизмат зиёда аз як моҳ аз чониби шахсони дар қисмҳои якум ва сеюми ҳамин модда зикргардида,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 12, аз 17.05.2004 № 35).

6) Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти ҷанг ё замони ҷанг, сарфи назар аз давомнокии он содир шуда бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 12).

Эзоҳ: Хизматчии ҳарбии кирдори дар қисми якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи мазкур пешбинишударо бори аввал содир карда, агар худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ бо сабаби пеш омадани шароитҳои вазнин содир шуда бошад, метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 12).

Моддаи 375. Фирор

1) Фирор, яъне худсарона аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат баромада рафтани хизматчии ҳарбии дар асоси даъват адои хизмат кардаистода бо мақсади саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ, инчунин бо ҳамин мақсад барнагаштан дар вақти муайяншуда,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар аз ҷониби шахси ҳайати афсарӣ, прапорщик, ё хизматчии ҳарбие, ки бо тартиби ихтиёрӣ адои хизмат мекунад содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 125),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

3) Фирор бо силоҳе, ки дар ҷои хизмат бовар карда супурда шудааст, инчунин фирор аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 965),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Фироре, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Эзоҳ: Хизматчии ҳарбие, ки мутобиқи кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бори аввал фирор кардааст, агар ихтиёран дар мӯҳлати се рӯз омада ба гуноҳаш иқрор шавад ва ё фирор аз сабаби ба миён омадани шароитҳои вазнин содир шуда бошад, метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 10.12.1999 № 877).

Моддаи 376. Саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар

1) Саркашии хизматчии ҳарбӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи расонидани зарар ба худ (узвмаибкунӣ), ё саркашӣ бо роҳи бемории сохта ва ё фиреби дигар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

 бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, ки бо мақсади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 10.12.1999 № 877, аз 17.05.2004 № 35).

3) Ҳамин кирдор, ки дар вазъияти ҷанг ё дар замони ҷангӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 10.12.1999 № 877).

Моддаи 377. Вайронкунии қоидаҳои баҷооварии навбатдории ҷангӣ

1) Вайронкунии қоидаҳои баҷооварии навбатдории ҷангӣ (хизмати ҷангӣ) оид ба сари вақт ошкор намудан ва зада гардонидани ҳуҷуми ногаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё оид ба таъмини амнияти он, агар ин кирдор ба манфиатҳои амнияти давлат зарар расонидааст ё метавонист зарар расонад,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст ё дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 10.12.1999 № 877).

3) Вайрон кардани қоидаҳои ба ҷо овардани навбатдории ҷангӣ (хизмати ҷангӣ) дар натиҷаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба хизмат, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст,

бо маҳдуд кардани дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 378. Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмати сарҳадӣ

1) Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмати сарҳадӣ, аз ҷониби шахси дар хизмати наряди сарҳадӣ буда ё иҷрокунандаи дигар вазифаҳои хизмати сарҳадӣ, агар ин кирдор ба манфиатҳои амнияти давлат зарар расонидааст ё метавонист зарар оварад,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, ки боиси рӯй додани оқибатҳои вазнин гардидааст ё дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмати сарҳадӣ дар натиҷаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба онҳо, ки сабаби оқибатхои вазнин шудааст,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 379. Вайронкунии қоидаҳои оинномавии хизмати қаровулӣ

1) Вайронкунии қоидаҳои оинномавии хизмати қаровулӣ (посбонӣ) аз ҷониби шахси ба ҳайати қаровулӣ (посбонӣ) дахилшуда, агар ин кирдор боиси ба объектҳои аз ҷониби қаровул (посбон) муҳофизатшаванда расонидани зарар гардидааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, ки боиси рӯй додани оқибатҳои вазнин гардидааст ё дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Вайронкунии хизмати оинномавии қаровулӣ (посбонӣ), дар натиҷаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба онҳо, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 380. Вайронкунии қоидаҳои оинномавии ба ҷо овардани хизмати дохилӣ ва гардиши посбонон дар гарнизон

Вайронкунии қоидаҳои оинномавии хизмати дохилӣ аз ҷониби шахси ба ҳайати наряди шабонарӯза дохилбуда, ҳамчунин вайронкунии қоидаҳои оинномавии гардиши посбон дар гарнизон аз ҷониби шахси ба ҳайати наряди посбонон дохил буда, агар ин кирдор боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 381. Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмат оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ

1) Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмат оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ё таъмини амнияти ҷамъиятӣ, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарар расонида бошад,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 382. Ихтиёран додани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ва техникаи ҷангӣ аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965)

Ихтиёран ба шахси дигар додани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё техникаи ҷангӣ аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ, ки ба ӯ ин чизҳо барои истифодаи хизматӣ бовар карда супурда шудааст ва агар он боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965),

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 383. Воситаҳои бурдани ҷангро ба душман таслим намудан ё он воситаҳоро партофта рафтан

Қувваҳои ҳарбии ба ӯ бовар карда супоридашударо ба душман таслим намудани сардор, инчунин бе зарурияти вазъияти ҷанг истеҳком, техникаи ҷангӣ ё дигар воситаҳои бурдани ҷангро ба ихтиёри душман партофта рафтани сардор, ки вай ин ҳаракатҳоро бе мақсади ба душман ерӣ расондан содир карда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 10.12.1999 № 877).

Моддаи 384. Худсарона баромада рафтан аз майдони ҷанг ё саркашӣ кардан аз кор фармудани  силоҳ

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965)

Дар вақти ҷанг худсарона баромада рафтан аз майдони ҷанг ё ки дар вақти ҷанг саркашӣ кардан аз кор фармудани силоҳ (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 385. Бо ихтиёри худ таслим шудан ба асирӣ

Аз сабаби тарсончакӣ ё беҷуръатӣ бо ихтиёри худ таслим шудан ба асирӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 386. Несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ҳарбӣ

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

1) Несту нобуд ё вайрон кардани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ё предметҳои техникаи ҳарбӣ дар натиҷаи беэҳтиётӣ, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965),

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ё предметҳои техникаи ҳарбӣ (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965),

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

3) Кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 387. Вайронкунии қоидаҳои муносибат бо силоҳ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965)

1) Вайронкунии қоидаҳои муносибат бо силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи радиоактивӣ, моддаҳои тарканда ё дигар маводу асбобу анҷоме, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расидани зарари вазнин ё миёна ба саломатии ҷабрдида, нобуд шудани техникаи ҳарбӣ ё ба дигар оқибатҳои вазнин оварда расонида бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965),

 бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда ҷабрдидагон гашта бошад,

 бо  маҳрум сохтан аз озодӣ ба  мӯҳлати аз  панҷ то  даҳ  сол ҷазо дода мешавад  (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 388. Барбод додан ё гум кардани молу мулки ҳарбӣ

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

1) Барбод додан, яъне аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ фурӯхтан, ба истифода додан, ба шахси дигар ё ба гарав мондани сарулибос ё асбобу анҷомҳои ҳарбие, ки ба ӯ барои истифодабарии шахсӣ дода шудаанд, инчунин дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои сариштакунӣ гум ё вайрон кардани чизҳои мазкур,

 бо ҷарима ба андозаи дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35,аз6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

2) Вайронкунии қоидаҳои нигоҳдории симлоҳ, лавозимоти ҷангӣ ё предметҳои техникаи ҷангӣ, ки барои истифодаи хизматӣ бовар карда супорида шудааст, агар ин сабаби гум шудани онҳо гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

3) Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинӣ шуда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 389. Вайронкунии қоидаҳои ронандагӣ ё истифодабарии мошинҳо

1) Вайронкунии қоидаҳои ронандагӣ ё истифодабарии мошинҳои ҷангӣ, махсус ё дигар нақлиёте, ки аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии ҷабрдида расонидани зарари вазнин ё миёна гашта бошад,

бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори дар банди якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда ҷабрдидагон гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 390. Вайронкунии қоидаҳои парвоз ё тайёрӣ ба он

Вайронкунии қоидаҳои парвоз ё ин ки тайёрӣ ба он, инчунин вайронкунии қоидаҳои истифодабарии аппаратҳои парвозкунанда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибаҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 391. Сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият

1) Сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).

2) Ҳамин кирдорҳо, агар боиси расонидани зарари миёна ё вазнин ба саломати инсон гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдорҳо, агар:

а) аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон;

б) боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

4) Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 392. Муносибати хунукназарона ба хизмат

1) Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои хизматии худ аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор дар натиҷаи муносибатҳои беэҳтиётона ё беинсофона ба онҳо, ки боиси расондани зарар ба миқдори калон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 10.12.1999 № 877, аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, агар дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 393. Тасарруфи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҷангӣ

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965)

1) Тасарруфи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё дигар молу мулки ҷангӣ, ки дар анборҳои ҳарбӣ ё дигар анборҳо, дар истифодаи хизматӣ ё дар дасти дигар хизматчиён маҳфузанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 965),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Тасарруфе, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо истифодаи зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ва саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир гардидааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

г) ба миқдори калон ё боиси оқибатҳои вазнин гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

3) Тасарруфе, ки:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) ба миқдори махсусан калон;

в) бо истифодаи зӯроварии ба ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 394. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 64)

ФАСЛИ XV. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ СУЛҲУ АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ