ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА АХЛОҚ | 1994

Моддаи 237. Авбошӣ

1) Авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, ҳамчунин несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр алоқаманд мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) боиси ворид намудани зарари миёна ба саломатӣ гардида бошад;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил ё такроран (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386);

в) бо нишон додани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба ӯҳда дорад ё ба шахсе, ки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ монеъ шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

г) бо бешармии хоса, ки дар беэътиноии ошкоро нисбати меъёрҳои қабулшудаи одобу ахлоқ ифода ёфтаанд,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

3) Авбошие, ки бо:

а) истифодаи силоҳ ё предмети ба сифати силоҳ истифодашаванда (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966);

б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудааст,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 237(1). Вандализм

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

Вандализм, яъне зишту касиф намудани бино ва дигар иншоотҳо, расонидани зиён ба молу мулк дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз шаст то яксаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 238. Ба фоҳишагӣ ҷалб намудан

1) Ҷалб намудан ба фоҳишагӣ бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он, истифодаи вазъи тобеият, иръоб (шантаж), таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк ё бо роҳи фиреб (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

 бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар такроран ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 239. Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ

1. Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар такроран ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554).

Моддаи 240. Ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.03.2009 № 487)

Ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.03.2009 № 487, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 240(1). Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ

(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2050)

Барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2050).

Моддаи 241. Ғайриқонунӣ тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ

(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1066)

1) Ғайриқонунӣ тайёр кардан ва (ё) гузаронидан тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё реклама кардан ва ё паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё рекламаи мавод ё предметҳои порнографӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз чорсад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1084).

2) Паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё рекламаи мавод ё предметҳои порнографӣ дар байни ноболиғон ва ё ҷалб намудани ноболиғ ба муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ, ки аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳ расида содир шудаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1084).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1) ё 2) ҳамин модда, ки (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1084):

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;

б) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ (инчунин шабакаи Интернет);

в) бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон содир шудаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд  (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1084).

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми даромад ба миқдори калон дар моддаи мазкур, инчунин дар моддаи 241(1) ҳамин Кодекс даромад ба андозаи бештар аз дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1066).

Моддаи 241(1). Тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ бо акси ноболиғон

(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1066)

1) Тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва (ё) гузаронидан тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё реклама кардан ва ё паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё рекламаи мавод ё предметҳои порнографӣ бо акси ноболиғон,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.

2) Ҳамин кирдорҳо, ки:

а) аз ҷониби падару модар ё дигар шахси қонунан ба зиммааш тарбияи ноболиғ гузошташуда, ҳамчунин омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ, тарбиявӣ ё муолиҷавӣ;

б) нисбати шахси баръало ба синни чордаҳ нарасида;

в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;

г) бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон;

д) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ (инчунин шабакаи Интернет) содир шудаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1066).

Моддаи 241(2). Истифодаи ноболиғ бо мақсади истеҳсол намудани мавод ё предметҳои порнографӣ

(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1066)

1) Суратгирӣ, наворбардории кино ё видеоии ноболиғ бо мақсади истеҳсол ва (ё) паҳн намудани мавод ё предметҳои порнографӣ ва ё ҷалб намудани ноболиғ ба сифати иҷрокунанда барои иштирок дар чорабиниҳои намоишии хусусияти порнографӣ, ки аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳ расида содир шудаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.

2) Ҳамин кирдорҳо, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;

в) нисбати шахси баръало ба синни чордаҳ нарасида;

г) бо истифодаи шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ (инчунин шабакаи Интернет) содир шудаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1066).

Моддаи 242. Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърих ва фарҳанг

1) Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърих, фарҳанг, комплексҳои табиӣ ё объектҳое, ки таҳти ҳифзи давлат қарор доранд, ҳамчунин предмет ё аснод, ки дорои арзиши таърихӣ ё фарҳангӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, ки вобаста ба объект ё ёдгориҳои махсусан арзишнок содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 243. Таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо

1) Таҳқири ҷасади фавтидагон ё несту нобуд ё вайрон намудан ё касиф сохтани гӯри онҳо, сохтмонҳои рӯи қабр ё бинои қабристон, ки барои маросими дафн ё ёдбуди гузаштагон пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

 бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) аз рӯи ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ;

в) ба муқобили ҳайкалу пайкара ё иншооти меъморӣ, ки ба муборизаи зидди фашизм ё ба қурбониёни фашизм, ё қабристони иштирокчиёни мубориза бар зидди фашизм бахшида шудаанд;

г) бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

ФАСЛИ XI. ҶИНОЯТҲО ДАР СОҲАИ ИҚТИСОДИЁТ