ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ТАРТИБИ ИДОРАКУНӣ | 1994
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Моддаи 328. Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият
1) Истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, ҳамчунин таҳдиди несту нобуд кардани молу мулк нисбат ба намояндаи ҳокимият ё наздиконаш вобаста ба иҷрои вазифаашон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386),
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахсони дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, ки ба ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Дар моддаи мазкур ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс таҳти мафҳуми намояндаи ҳокимият шахсе дар назар дошта шудааст, ки дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ хизмат карда ва мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун нисбат ба шахсони таҳти тобеъияти хизматиаш қарорнадошта ваколати амрдиҳиро дорад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).
Моддаи 329. Таҳдид нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Таҳдиди куштан, расонидани зарар ба саломатӣ, вайрон ё несту нобуд сохтани молу мулк нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамчунин нисбати шахсони наздики онҳо бо мақсади монеъ шудан ба фаъолияти қонунии ин шахсон оиди муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ё таъмини бехатарии ҷамъият ё аз рӯи интиқом барои чунин фаъолияташон содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 330. Таҳқири намояндаи ҳокимият
1) Таҳқири оммавии намояндаи ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё вобаста ба иҷрои онҳо, бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз ду моҳ то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Таҳқири намояндаи ҳокимият дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда, воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 301),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 331. Монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои татбиқкунандаи ҷазо ва муассисаҳои ҳабси пешакӣ
1) Таҳдиди зӯроварӣ нисбати кормандони муассисаҳои татбиқкунандаи ҷазо, нисбати кормандони муассисаҳои ҳабси пешакӣ бо мақсади монеъ шудан ба фаъолияти мӯътадили ин муассисаҳо,
бо маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Бо ҳамин мақсад истифода бурдани зӯроварӣ нисбати шахсони дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, ки ба ҳаёт ё саломатии шахс хавфнок намебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) бо зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатии шахс хавфнок аст;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил:
в) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 332. Кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд
1) Кирдорҳое, ки шахси адокунандаи ҷазо дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ содир намуда, дар:
а) таҳқиру шиканҷаи маҳкумшудагон;
б) ҳамла овардан ба намояндагони маъмурияти ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ;
в) ташкил намудани гурӯҳҳо бо ин мақсад ё дар амали онҳо фаъолона иштирок намудан ифода ёфтааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар аз ҷониби шахси барои ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин маҳкумшуда содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 333. Истифодаи ғайриқонунии аломату нишонаҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар
Истифодаи ғайриқонунии аломату нишонаҳои тафриқаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин номи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 334. Худсарӣ
1) Худсарӣ, яъне худсарона бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонун ё санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба амал баровардани ҳуқуқи воқеӣ ё эҳтимолӣ, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандон ё манфиатҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ зарари ҷиддӣ расонидааст,
бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, агар бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 31.12.2008 № 451).
Моддаи 334(1). Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1809)
Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва дар давоми сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад,-
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1809).
Моддаи 334(2). Вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2050)
Барои вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, муассис ё роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ, сархатиб, имомхатиб, имоми масҷиди панҷвақта, ходими ғайрирасмии динӣ, раиси маҳалла ва дигар роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, инчунин аз ҷониби шахсони дигар ба таври дағалона ё дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта содир шудани ҳамин кирдорҳо дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ,-
бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазору дусад то ду ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин муҳлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2050).
Моддаи 335. Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Ғайриқонунӣ, бидуни ҳуҷҷати муайяншуда ва иҷозати зарурӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451).
2) Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ, бо маслиҳати пешакӣ гузаштани гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи муташаккил ё бо истифодаи зӯроварӣ ё бо таҳдиди истифодаи он (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, агар онҳо дар алоқамандӣ бо савдои одамон содир шуда бошанд,
- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554).
Эзоҳ: Кирдори пешбининамудаи ҳамин модда нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки бо вайрон кардани қоидаи гузаштан аз Сарҳади давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи ҳуқуқи паноҳгоҳи сиёсӣ мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштаанд, паҳн намегардад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 2.01.2018 № 1472).
Моддаи 335(1). Ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451, аз 2.01.2018 № 1472)
1) Ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунии чунин шахсон ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472),
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;
в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;
г) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
д) бо мақсади машғул шудан бо фаъолияти ғайриқонунӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451).
3) Кирдорҳои дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, агар онҳо дар алоқамандӣ бо савдои одамон содир шуда бошанд,
- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554).
Моддаи 335(2). Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451)
1) Ташкили ғайриқонунӣ фиристонидан ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Бо кор таъмин намудани муҳоҷирон аз ҷониби шахсе, ки барои амалӣ намудани чунин намуди фаъолият иҷозатнома надорад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451).
Моддаи 336. Вайрон кардани низоми Сарҳади давлатӣ
Вайрон кардани низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ, ки дар давоми сол пас аз додани ҷазои маъмурӣ барои ҳамин гуна вайронкуниҳо содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 337. Тасарруфи мукофоти давлатӣ
Тасарруфи мукофоти давлатӣ,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 338. Худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он
(Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 694)
1) Худсарона ишғол намудани қитъаи замин, агар дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкунӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Ҷиноятҳои дар моддаҳои 338 ва 338(1) Кодекси мазкур пешбинигардида дар ҳамон вақт такроран содиршуда эътироф карда мешаванд, ки агар шахс қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои дар ҳамин моддаҳо пешбинигардидаро содир намуда бошад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 694).
Моддаи 338(1). Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин
(Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 694)
1) Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) бо истифода аз ваколати мансабӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 694, аз 13.06.2013 № 966).
Моддаи 339. Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, мӯҳр
1) Тасарруфи шиноснома (паспорт) ё дигар ҳуҷҷати муҳими шахсии шаҳрванд,
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз ҳаштод то яксаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Бо мақсади ғаразнок ё манфиати дигари шахсӣ тасарруф, нобуд, вайрон ё пинҳон кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ, штамп ё мӯҳр,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисоб ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, ки бо мақсади савдои одамон содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 33, аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 340. Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ
1) Сохтакории шиноснома (паспорт), шаҳодатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз ӯҳдадорӣ озодкунанда бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ҳуҷҷат, ба ҳамин мақсад тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС, штампу мӯҳр ё бланкаҳои қалбакӣ, инчунин истифодаи ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакӣ (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 33),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 694).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
в) бо истифодаи техникаи компютерӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 694).
3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинигардида, ки бо мақсади савдои одамон содир шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 33).
Моддаи 340(1). Сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқат ва ё истифодаи онҳо
(Қонуни ҶТ аз 25.07.2005 № 97)
1. Сохтакорона тайёр кардан бо мақсади муомилот ё ба муомилот баровардани маркаҳои аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқати муҳофизатшаванда ва ё истифодаи онҳо,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).
2. Ҳамин кирдор, агар бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон ва ё гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.07.2005 № 97, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).
Моддаи 341. Соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷатҳои расмӣ ва мукофоти давлатӣ
Ғайриқонунӣ соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз ӯҳдадорӣ озодкунанда, инчунин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС,
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 341(1). Вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ва ба соҳибияти каси дигар додани он
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1609)
1. Вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ чунин кирдор содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз шашсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2. Ғайриқонунӣ пайваст кардани симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ё аз ҷониби истифодабаранда ба соҳибияти каси дигар додани симкорт, агар симкорт дар содиркунии ҷинояти хусусияти террористӣ ё экстремистидошта, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин истифода гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1084),
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то якуним ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1609).
Моддаи 342. Таҳқир кардани рамзҳои давлатӣ
Таҳқир кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 343. Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ
1) Саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳамчунин саркашӣ кардани шахси ӯҳдадори ҳарбӣ аз ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷиши ҳарбӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод намудан,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
2) Саркашии шахсони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда аз адои хизмати алтернативӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
3) Саркашӣ аз даъвати хизмати ҳарбии ҳатмӣ ё алтернативӣ бо роҳи:
а) ба худ расонидани зарар ба саломатӣ;
б) бо сохтакории ҳуҷҷатҳо ё фиреби дигар,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Агар даъватшаванда то ба суд супурдани парванда ба даъватгоҳ ҳозир шавад, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Моддаи 344. Саркашӣ аз даъвати сафарбарӣ
Саркашӣ аз даъвати сафарбарӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.