ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ СУЛҲУ АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ | 1994

Моддаи 395. Ҷанги таҷовузкорона

1) Ба нақша гирифтан ё тайёр кардани ҷанги таҷовузкорона,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

2) Оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 45, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 396. Даъвати оммавӣ барои сар кардани ҷанги таҷовузкорона

1) Даъвати оммавӣ барои сар кардани ҷанги таҷовузкорона (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет ё аз ҷониби шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 301, аз 18.06.2008 № 386, аз 6.10.2008 № 422),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то  даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё  машғул шудан бо фаъолияги муайян ба  мӯҳлати то  панҷ  сол  ҷазо  дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
 

Эзоҳ: Рӯйхати шахсоне, ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунанд, бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).

Моддаи 397. Муомилоти ғайриқонунӣ ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1515)

1) Ғайриқонунӣ сохтан, истеҳсол кардан ё соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол, ирсол ва ё ба соҳибияти каси дигар додани силоҳи зарравӣ (ядроӣ), нейтронӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ, инчунин, намуди дигари силоҳи қатли оми бо шартномаҳои байналмилалӣ манъшуда, ҳамчунин, ба ҳар давлати дорои силоҳи зарравӣ набуда додани маводи ибтидоӣ ё махсуси таҷзияшаванда ё технологияе, ки баръало метавонад барои бунёди силоҳи қатли ом истифода гардад ва ё ба ягон шахс додани намудҳои дигари силоҳи қатли ом ё қисматҳои зарурии истеҳсоли он, ки бо шартномаҳои байналмилалӣ манъ гардидаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

2) Бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он ки ин воситаҳо барои ғайриқонунӣ сохтан, истеҳсол кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол, ирсол ва ё ба соҳибияти каси дигар додани силоҳи зарравӣ (ядроӣ), нейтронӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ, инчунин, намуди дигари силоҳи қатли оми бо шартномаҳои байналмилалӣ манъшуда, ҳамчунин, ба ҳар давлати дорои силоҳи зарравӣ набуда додани маводи ибтидоӣ ё махсуси таҷзияшаванда ё технологияе, ки баръало метавонад барои бунёди силоҳи қатли ом истифода гардад ва ё ба ягон шахс додани намудҳои дигари силоҳи қатли ом ё қисматҳои зарурии истеҳсоли он, ки бо шартномаҳои байналмилалӣ манъ гардидаанд, истифода мегарданд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳое, ки дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) бо истифодаи қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда содир шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд.

4) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешаванд.

Эзоҳ: Зери мафҳуми "воситаҳо" дар моддаи мазкур ҳар навъ дороиҳои ламсшаванда ё ламснашаванда, манқул ё ғайриманқул, новобаста аз тарзи ба даст овардани онҳо, ҳамчунин, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ё санадҳо дар ҳар шакл, аз он ҷумла электронӣ ва рақамӣ, ки ҳуқуқ ба чунин дороиҳо ва ё иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, инчунин, кредитҳои бонкӣ, чекҳои сафарӣ ва бонкӣ, интиқолоти почтавӣ, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок, вомбаргҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва ғайраҳо фаҳмида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1515).

Моддаи 398. Генотсид

Кирдорҳое, ки ба пурра ё қисман маҳв сохтани гурӯҳи миллӣ, этникӣ, нажодӣ ё динӣ бо роҳи пурра ё қисман қир кардани онҳо, зӯроварона монеъ шудан ба таваллуди кӯдак равона гардидаанд, ё аз як гурӯҳи одамон ба дигаре додани кӯдакон, расонидани зарари вазнин ба саломатии онҳо ё фароҳам овардани чунин шароити зиндагие, ки ба нобудкунии ҷисмонии аъзои ин гурӯҳ нигаронида шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 46, аз 1.03.2005 № 86).

Моддаи 399. Биотсид

Истифодаи силоҳи зарравӣ, нейтронӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ ё силоҳи дигари қатли ом бо мақсади нобуд кардани мардум ва муҳити зист (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 46, аз 1.03.2005 № 86).

Моддаи 400. Экотсид

Маҳви оммавии олами наботот ё ҳайвонот, заҳролудкунии атмосфера ё захираҳои об, инчунин анҷоми кирдорҳои дигаре, ки фалокати экологиро ба вуҷуд оварда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 401. Зархаридӣ

1) Ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё нисбати ноболиғ содир намудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

3) Иштироки зархарид дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки махсус ҷалб гардида, бо мақсади гирифтани подоши моддӣ амал мекунад, шаҳрванди давлате намебошад, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ иштирок мекунад, дар ҳудуди он сукунати доимӣ надорад, ба ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи давлате, ки дар ҳолати ҷанг қарор дорад, шомил намебошад ва барои иҷрои вазифаҳои расмӣ дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлати дигар фиристода нашудааст (Конуни ЧТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 401(1). Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1088, аз 2.01.2018 № 1472)

Ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1088).

- "Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1176).

Моддаи 402. Ҳамла ба шахсон ва муассисаҳои таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 23.05.2016 № 1330)

1) Ҳамлаи қасдона ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмилалии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти шахсоне, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бинобар мақоми расмии онҳо ё бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ содир шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

2) Таҳдиди бо ҳамлаи дар қисми якуми ҳамин модда пешбинигардида,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966):

а) бо ҳуҷуми мусаллаҳона;

б) аз тарафи гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад;

в) боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 403. Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ки дар ҷараёни низои мусаллаҳона содир шудааст

(Қонуни ҶТ аз 23.05.2016 № 1330)

1) Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои байналхалмилалии ҳуқуқи башар, ки дар вақти низои мусаллаҳонаи байналхалқӣ ё дохилӣ содир шудааст, яъне ҳамла ба аҳолии мулкӣ ё шахсони алоҳидаи мулкӣ, ҳуҷуми дорои хусусияти интихобнагардида, ки ба манфиати аҳолии мулкӣ, ё иншооти мулкӣ дахолат мекунад, ҳуҷум ба дастгоҳҳо ё иншооте, ки дорои нерӯи хавфнок мебошад, ҳуҷум ба шахсе, ки иштироки худро дар амалиёти ҷангӣ қатъ кардааст, ба манбаи ҳуҷум қарор додани маҳалли муҳофизатнашаванда ва минтақаҳои ғайринизомӣ гардонидашуда, аз байн бурдан ё осеб расонидан ба ёдгориҳои таърихӣ, асарҳои санъат ё маҳалҳои адои расму русуми динӣ, ки ёдгории фарҳангӣ ё маънавии халқҳо мебошад, аҳдшиканона истифода бурдани нишонаҳои фарқкунандаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва дигар нишонаҳои ҳимоявӣ ва бонгҳое (ишоратҳое), ки мутобиқи ҳуқуқи байналхалқии башар эътироф шудааст, аз ҷониби давлати забткунанда аз як ҷо ба ҷои дигар интиқол додани қисми аҳолии мулкӣ ба ҳудуде, ки аз ҷониби он забт шудааст ё депортатсияи он ё интиқол додани як қисм ё тамоми аҳолии ҳудуди забтшуда дар доираи ҳамин минтақа ё берун аз ҳудуди он, беасос дароз кардани мӯҳлати репатриатсияи асирони ҳарбӣ ё шахсони мулкӣ, истифодаи амалияи апартеит ё дигар кирдорҳои ғайрибашардӯстона ё пастзананда, ки шаъни шахсиятро таҳқир мекунад ва ба дискриминатсияи наҷодӣ асос ёфта ва боиси марг гардидааст ё зарари назаррас ба ҳолати ҷисмонӣ ё рӯҳии ҳама гуна шахс зарари ҷиддӣ расонидааст ё зиёни калон ворид намудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 23.05.2016 № 1330),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 2)  Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии башар,  ки дар  вақти мухолифати мусаллаҳонаи байналмилалӣ ё  дохилӣ содир шуда,  ба муқобили  шахсоне  равона  гардидааст,  ки  дар  амалиёти ҳарбӣ  иштирок намекунад ё дорои воситаи ҳимоя намебошанд, инчунин ба муқобили захмиён, беморон, ҳамчунин ба муқобили ҳайати шахсии табибон ва рӯҳониён, қисмҳои санитарӣ ё  воситаи нақлиёти санитарӣ,  муқобили асирони ҳарбӣ,  шахсони мулкӣ,  аҳолии  мулкӣ,  ки  дар  минтақаҳои забтшуда  ё  дар  минтақаҳои амалиёти ҳарбӣ қарор доранд, ба муқобили гурезаҳо ва апатритҳо, ҳамчунин ба  муқобили дигар шахсоне,  ки ҳангоми амалиёти ҳарбӣ аз ҳимоя истифода мебаранд ва он дар кирдорҳои зайл ифода ёфтааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 23.05.2016 № 1330):

а) қину азоб додан ё муомилаи ғайриинсонӣ, ки таҷрибаҳои биологии ба одамон татбиқ карда шударо дар бар мегирад;

б) расонидани азобу шиканҷаи вазнин ё амале, ки ба ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ таҳдид мекунад;

в) маҷбур намудани асири ҳарбӣ ё пуштибонро ба хизмат ба қувваҳои мусаллаҳи рақиб (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

г) маҳрум кардани асири ҳарбӣ ё шахси дигари пуштибонро аз ҳуқуқи мурофиаи судии беғараз ва мӯътадил;

д) депортатсия ё бадарғаи ғайриқонунӣ ё дастгир кардани шахсони таҳти пуштибон қароргиранда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386);

е) гаравгонгирӣ;

ж) худсарона расонидани харобкориҳо ба миқьёси калон ё аз худ кардани молу мулке, ки аз нуқтаи назари ҳарбӣ зарур нестанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 45).

Моддаи 404. Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башар, ки дар вақти мухолифати мусаллаҳонаи байналмилалӣ ё дохилӣ бо таҳдид ба саломатӣ содир шудаст ё боиси осеби ҷисмонӣ гардидааст

(Қонуни ҶТ аз 23.05.2016 № 1330)

Нисбати шахсоне, ки дар таҳти ҳокимияти тарафи муқобил қарор доранд, шахсони дастгиршуда ё бо ин ё он сабаб аз озодӣ маҳрум шуда, истифода бурдани ҳама гуна навъи амалиёти тиббӣ, ки мутобиқи вазъи саломатӣ шахсони зикргардида ба он зарурат надоранд ва он ба меъёрҳои умумиқабулгардидаи тиббӣ, ки ҳангоми ҳолатҳои аз ҷиҳати тиббӣ шабеҳ нисбат ба шаҳрвандони давлате, ки чунин амалро анҷом медиҳанд истифода бурда мешаванд, мувофиқ нестанд, аз ҷумла ҳатто бо розигии онҳо нисбат ба чунин шахсони истифода бурдани амале, ки боиси осеби ҷисмонӣ гардидааст, гузаронидани таҷрибаҳои тиббӣ ё илмӣ, амалиёт оид ба ҷудо карда гирифтани бофтаҳо ё узв барои ба дигар кас шинонидани онҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 23.05.2016 № 1330),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 405. Дигар қонуншиканиҳои меъёри байналмилалии ҳуқуқи башар

(Қонуни ҶТ аз 23.05.2016 № 1330)

Ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 403 ва 404 ҳамин Кодекс, толонгарӣ, яъне дар вазъияти ҷанг соҳиб шудан ба молу мулки шахсони фавтида ё захмиён, ҳамчунин молу мулки шаҳрвандон, ки дар минтақаҳои амалиёти ҳарбӣ мононда шудаанд, истифодаи шахсони зикргардида барои ҳимояи қӯшуни худ ё иншоот аз амалиёти ҳарбӣ, дар амалиёти ҳарбӣ ё мухолифати мусаллаҳона истифода бурдани восита ва маводе, ки тибқи шартномаҳои байналмилалӣ манъ шудаанд, истифодаи силоҳи қатли ом, ки мутобиқи шартномаи байналхалқӣ манъ шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 965, аз 23.05.2016 № 1330),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Замимаи 1 дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1984)

Замимаи 1

ба Кодекси ҷиноятии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номгӯй ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ки дар муомилот қарор доранд, инчунин растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё қисмҳои онҳо, ки дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд

  ниг. ба замима (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1984)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабули Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

2. Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1961 "Дар бораи тасдиқ кардани Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, инчунин ҳамаи қонунҳое, ки дар давраи аз 17 августи соли 1961 то 21 маи соли 1998 ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид кардаанд, аз рӯзи амалӣ гардидани Кодекси нав беэътибор дониста шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 21 маи соли 1998 № 574

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди мавриди амал қарор додани Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расман нашр шуданаш аз 1 сентябри соли 1998 мавриди амал қарор дода шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қарор мӯҳлати дигари мавриди амал қарор доданро муқаррар кардааст.

2. Минбаъд то ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ кардани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар қисме, ки онҳо ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, истифода карда мешаванд.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳ:

а) таклифҳояшро доир ба мутобиқ намудани қонунгузории амалкунандаи ҷорӣ бо Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

б) қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонад.

4. Бинобар он, ки дар асоси моддаи 13 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо қонуне, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, ҷазоро сабук месозад, инчунин ба тариқи дигар вазъи шахси ҷиноят содиркардаро беҳтар мекунад, қувваи бозгашт дорад, ҳукми судҳо ва дигар санадҳое, ки чораҳои хусусияти ҳуқуқии ҷиноиро доранду то рӯзи амалӣ гардидани ҳамин Кодекс бароварда шудаанд, бо мақсади мутобиқ сохтани онҳо ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромада шаванд.

Аз нав дида баромадани ҳукмҳои судҳо ва дигар санадҳои судии қаблан бароварда шуда, аз ҷониби судяи суде, ки ҳукмро баровардааст ё суде, ки дар ҷои адои ҷазои маҳкумшуда ҷойгир аст, ба амал бароварда мешавад.

Ҳамаи парвандаҳои ҷиноятии оғозшуда оиди кирдорҳое, ки мутобиқи Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят эътироф нашудаанд, қатъ карда шаванд.

5. Ҳолатҳои ҳамин Кодекс оиди намудҳои ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ё ҳабс баъд аз ба мавриди амал қарор додани Кодекси иҷроияи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода мешаванд, ҳангоми ба вуҷуд овардани шароитҳои зарурӣ оиди иҷрои ин намуди ҷазоҳо, вале на дертар аз 1 январи соли 2000.

6. Шахсоне, ки мутобиқи моддаи 24 Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон реседивисти махсусан хавфнок эътироф шудаанд, ҷазоро дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ дар калонияҳои ислоҳии низомашон махсус адо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).