ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ | 1994

психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 20.04.2021 № 1776)

1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо ба миқдори кам (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1776),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳаракатҳои пешбннинамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори начандон калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ё дар дигар ҷойҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ, варзиши ё дигар чорабиниҳои ҷамъиятӣ истифода бурда мешаванд;

в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

г) ба миқдори калон;

д) дар ҳолати ретсидиви хафнок содир шуда бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) дар маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

г) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

д) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Эзоҳ:

1) Дар моддаҳои 200-205-уми ҳамин Кодекс ҳамон вақт ҷиноят такроран содиршуда эътироф карда мешавад, ки агар шахс қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин моддаҳоро содир карда бошад.

2) Мафҳумҳои миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калон, ки дар ҳамин модда ва моддаҳои дахлдори дигари Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мутобиқи номгӯй ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ки дар муомилот қарор доранд, инчунин растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё қисмҳои онҳо, ки дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд ва дар замимаи 1 ба Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1084).

3) Мафҳуми миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони дар моддаи 204 нишон дода шуда дар Номгӯ аз рӯи миқдори ниҳоли зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

4) Миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ба миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки маводи ҳаммонанди (аналоги) онҳо мебошанд, мувофиқанд (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1776).

Моддаи 201. Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 20.04.2021 № 1776)

1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр намудан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори кам (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1776),

бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори начандон калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) дар маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ;

г) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок;

е) ба миқдори калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 202. Тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 20.04.2021 № 1776)

1) Тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1776),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин ҳаракат агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) ба миқдори калон содир шуда бошад;

д) бо зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи он анҷом дода шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18 06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

3) Ҳаракати пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) ба миқдори махсусан калон;

в) бо истифодаи зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;

г) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 202(1). Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба соҳибияти каси дигар додан, интиқол ё фиристонидани прекурсорҳо

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 547)

1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба соҳибияти каси дигар додан, интиқол ё фиристодани прекурсорҳо бо мақсади истифода бурдани онҳо барои истеҳсол ё тайёр кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ба миқдори калон,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;

в) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 547, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 202(2). Тасарруфи прекурсорҳо

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Тасарруфи прекурсорҳо бо мақсади истеҳсол ё тайёр кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 547).

2) Ҳамин ҳаракат агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) такроран;

в) бо истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи он;

г) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

д) ба миқдори калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009  № 547).

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;

в) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 203. Моил кардан ба истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 20.04.2021 № 1776)

1) Моил кардан ба истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 20.04.2021 № 1776),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) нисбати шахсони баръало ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386);

б) нисбати ду ё зиёда шахсон (Қонуни ЧТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо роҳи фиреб;

г) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

д) такроран;

е) дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ;

ж) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракати пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё расонидани дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз17.05.2004 № 35).

Моддаи 204. Парвариши ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Парвариш, яъне кишт ё нигоҳубини ғайриқонунии зироатҳое, ки дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда мебошанд, ба миқдори кам содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори начандон калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) дар ҳолати ретсидиви хавфнок;

г) ба миқдори калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 205. Ташкил ё нигаҳдошти фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 20.04.2021 № 1776)

1) Ташкил ё нигаҳдории фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 20.04.2021 № 1776),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 206. Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳрнок бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 19.07.2022 №1895)

1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр намудан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани моддаҳои сахттаъсир ё заҳрнок, ки воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ намебошанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1895),

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар;

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) такроран содир гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) вобаста ба моддаҳои сахттаъсир ба миқдори калон содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 19.07.2022 № 1895),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Эзоҳ: Рӯйхатҳои моддаҳои сахттаъсир ва моддаҳои заҳрнок, инчунин миқдори калони моддаҳои сахттаъсир барои мақсадҳои ҳамин модда ва дигар моддаҳои дахлдори Кодекси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1895).

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 206(1). Вайрон намудани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳрнок

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 19.07.2022 № 1895)

1) Вайрон намудани қоидаҳои истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигаҳдошт, баҳисобгирӣ, додан, фурӯш, тақсимот, интиқол, фиристодан, соҳиб шудан, истифода, воридот, содирот ё нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, инчунин мавод, асбоб ё таҷҳизоте, ки барои тайёр кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо истифода бурда мешаванд ва таҳти назорати махсус қарор доранд, агар ин кирдор аз ҷониби шахсе анҷом дода шуда бошад, ки он вазифадор аст қоидаҳои зикргардидаро риоя кунад,

 бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35аз 6.10.2008 № 422).

2) Вайрон кардани қоидаҳои истеҳсол, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, баҳисобгирӣ, додан, интиқол ё фиристодани моддаҳои сахттаъсир ё заҳрнок, агар он боиси тасарруфи онҳо ё расонидани дигар зарари ҷиддӣ гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1895),

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 207. Вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1555)

1) Вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, агар дар шароити пайдоиш ва паҳншавии бемории барои инсон хавфнок ё ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ содир шуда бошад, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон гардидааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1701.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва ё мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ё марги як ё зиёда шахсон гардида бошанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1701).

Моддаи 208. Ниҳон доштани иттилоот оид ба ҳолатҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии одамон хавфнок мебошанд

1) Ниҳон доштан ё таҳриф кардани иттилоот дар мавриди ҳодисаҳо, воқеаҳо ё рӯйдодҳое, ки барои ҳаёт ё саломатии одамон ё муҳити атроф хавфнок мебошанд, аз ҷониби шахсе, ки вазифадор аст аҳолиро бо чунин иттилоот таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ;

б) аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарар расонида бошад ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

 бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 209. Истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ва маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Истеҳсол, нигоҳ доштан ё интиқол додан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ё ин ки ба соҳибияти каси дигар додани мол ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ки ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ё саломатии истеъмолкунандагон ҷавоб намедиҳад, ҳамчунин ғайриқонунӣ додани санади расмӣ ё истифодаи чунин санад, ки мутобиқати ин мол, кор ё хизматрасониро ба талаботи бехатарӣ тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамон мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) вобаста ба мол ё маҳсулот, кор ё хизматрасоние, ки ба кӯдакони то синни шашсола тааллуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

б) аз беэҳтиётӣ ба саломатии ду ё бештар ҷабрдидагон зарар расонида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

в) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шуда бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми моддаи мазкур, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар ҷабрдидагон гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 210. Ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ва фаъолияти хусусии фармасевтӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ё фаъолияти хусусии фармасевтӣ аз ҷониби шахсе, ки барои ин фаъолияти интихобнамудааш иҷозатнома (литсензия) надорад, агар ин аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарар ба саломатии инсон гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ё марги инсон гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1555).

Моддаи 210(1). Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгуйнабуда,инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451)

1) Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯйнабуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта ба миқдори калон,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1555).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазор то чор ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1555).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) ба миқдори махсусан калон;

в) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966, аз 2.01.2019 № 1555).

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯйнабуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузаштаи дар ҳамин модда пешбинишуда ба миқдори калон арзиши маводҳои дорувории аз сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд ва ба миқдори махсусан калон аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451)