ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ОЗОДӢ, ОБРӯ ВА ЭЪТИБОРИ ШАХСИЯТ | 1994
Моддаи 130. Одамрабоӣ
1) Одамрабоӣ, яъне пинҳонӣ, ошкоро, бо роҳи фиреб ё суиистифодаи боварӣ ё бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, зиддиҳуқуқӣ ба даст овардани шахс ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти дар моддаи 181 ҳамин Кодекс пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
б) такроран ё аз ҷониби шахсе, ки қаблан ҷинояти пешбининамудаи моддаи 130(1), 131 ва 181 ҳамин Кодексро содир кардааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
в) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
г) бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966);
д) нисбати шахси баръало ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
е) нисбати зане, ки гунаҳгор баръало аз ҳомиладор будани ӯ огоҳ буд (Конуни ЧТ аз 17.05.2004 № 35);
ж) нисбати ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
з) бо ғарази шахсӣ содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар онҳо:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) бо мақсади шаҳвонӣ ё усули дигар истисмор намудани шахси дуздидашуда;
в) бо мақсади гирифтани аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида барои пайвандсозӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 2.01.2019 № 1554);
г) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок:
д) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Эзоҳ: Шахсе, ки одами рабудаашро ё ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардаашро ихтиёрӣ озод мекунад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷиноятҳои дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 130(1). Савдои одамон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554)
1. Хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин, новобаста аз розигии қурбонӣ, бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан, ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 339, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).
2. Кирдорҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
в) нисбати ду ё зиёда шахс;
г) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554);
д) бо мақсади аз ҷабрдида гирифтани узв ё бофтаҳои бадан барои пайвандсозӣ, ҳамчунин ғайриқонунӣ истифода намудани ӯ бо мақсадҳои репродуктивӣ ё таҳқиқоти биотиббӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554);
е) аз тарафи шахси мансабдор ё намояндаи ҳокимият бо истифодаи вазифаҳои хизматӣ, ё дигар шахсе, ки дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилотҳо вазифаи идоракуниро иҷро мекунад;
ё) бо ҷойивазкунии ҷабрдида тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).
3. Кирдорҳое, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554):
а) боиси марги ҷабрдидаи савдои одамон ва ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554);
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
в) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).
Эзоҳ: Шахси содирнамудаи кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки ихтиёран ба мақомоти дахлдор хабар дода, қурбонии савдои одамонро озод карда бошад, ба шарте дар кирдорҳои ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554).
Моддаи 130(2).
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554)
Моддаи 131. Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ, ки ба одамрабоӣ ё ғасби гаравгон алоқаманд намебошад
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
б) такроран ё аз ҷониби шахсе, ки қаблан ҷинояти пешбининамудаи моддаи 130, 130 (1) ва 181 ҳамин Кодексро содир кардааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
в) ба истифодаи усули барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок;
г) ба истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966);
д) нисбати шахси баръало ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
е) нисбати зане, ки гунаҳгор баръало аз ҳомиладор будани ӯ огоҳ буд;
ж) нисбати ду ё зиёда шахсон содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386)-,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) бо мақсади шаҳвонӣ ё усули дигар истисмор намудани шахси ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрумшуда;
в) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 132.
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554)
Моддаи 133. Ғайриқонунӣ ҷойгир намудан дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ
1) Ғайриқонунӣ дар шифохонаҳои бемориҳои рӯҳӣ ҷойгир намудани шахсе, ки мӯҳтоҷи чунин шакли муолиҷа намебошад ё ғайриқонунӣ нигоҳ доштани ӯ дар ин шифохона,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо ғарази шахсӣ;
б) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ;
в) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 134. Маҷбуркунӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Маҷбур намудани шахс барои иҷро кардан ё иҷро накардани ягон ҳаракат, ки бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбати ӯ ё нисбати дигар шахсони ба ӯ наздик, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки онҳо, паҳн кардани маълумоти тӯҳматангез ё ифшо намудани дигар маълумоте, ки онҳо онро ниҳон доштан мехоҳанд ва ё бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ин шахсон, бидуни аломатҳои ҷиноятҳои нисбатан вазнин содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386),
ба корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 135. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №844)
Моддаи 136. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №844)
Моддаи 137. Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ
1) Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ,
бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор бо истифодаи матбуот, дигар воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 301),
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 137(1). Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ё тӯҳмат кардан ба ӯ
(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1358)
1) Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ё тӯҳмат кардан ба ӯ,
бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар бо истифодаи матбуот, дигар воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад,-
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1358).