ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ОЗОДИИ ҶИНСӢ ВА ДАХЛНОПАЗИРИИ ҶИНСӢ | 1994
Моддаи 138. Таҷовуз ба номус
1) Таҷовуз ба номус, яъне алоқаи ҷинсӣ бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати зан ё нисбати дигар шахсони ба ӯ наздик ё бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зан ((Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
2) Таҷовуз ба номусе, ки (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):
а) такроран ё аз ҷониби шахсе, ки қаблан ҷинояти пешбининамудаи моддаи 139 ҳамин Кодексро содир кардааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
б) аз тарафи гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
в) бо бераҳмии махсус нисбат ба ҷабрдида ё дигар шахсони ба ӯ наздик (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
г) боиси ба касалии зӯҳравӣ мубтало гардидании ҷабрдида шудааст;
д) нисбат ба духтари баръало ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
е) нисбати ду ё зиёда шахсон содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 19.07.2022 №1896).
3) Таҷовуз ба номусе, ки (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):
а) нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик;
б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
г) боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шудааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554);
д) бо истифода аз вазъияти бадбахтии умумӣ ё дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ ё ба оқибатҳои вазнин оварда расонда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
е) бо истифодаи силоҳ ё таҳдиди истифодаи он ё предмете, ки ба сифати силоҳ хизмат мекунад, содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бисту панҷ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 15.07.2004 № 46, аз 1.03.2005 № 86, аз 19.07.2022 №1896).
Моддаи 139. Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Бачабозӣ, ҷимои зан бо зан (лесбиянство) ё дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, ки бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати ҷабрдида ё дигар шахсони ба ӯ наздик ё истифодаи вазъияти оҷизонаи ҷабрдида анҷом дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):
а) такроран ё аз ҷониби шахси қаблан таҷовуз ба номусро содиркарда;
б) аз тарафи гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
в) бо бераҳмии махсус нисбат ба ҷабрдида ё дигар шахсони ба ӯ наздик содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
г) боиси ба касалии зӯҳравӣ гирифтор шудани ҷабрдида гардидааст;
д) нисбат ба шахси баръало ноболиғ анҷом дода шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1896).
3) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):
а) нисбати ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
б) боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шудааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554);
в) нисбат ба хеши наздик содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1896).
4) Ҳаракате, ки дар қисмҳои 1), 2) ё 3) ҳамин модда пешбинӣ шудааст, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 13.11.2023 № 1084):
а) нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида;
б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
г) бо истифода аз вазъияти бадбахтии умумӣ ё дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз бист то бисту панҷ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ва ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1896).
Моддаи 140. Маҷбур намудан ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Маҷбур намудани шахс ба алоқаи ҷинсӣ, бачабозӣ, ҷимои зан бо зан ё анҷом додани дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо роҳи иръоб (шантаж) ё таҳдиди несту нобуд, вайрон кардан ё кашида гирифтани молу мулк ё бо истифода аз тобеияти хизматӣ, молу мулкӣ ё дигар шакли вобастагии ҷабрдида (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 141. Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Алоқаи ҷинсӣ, бачабозӣ, ҷимои зан бо зан ё дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки баръало ба синни шондаҳсолагӣ нарасидааст, ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти дар моддаҳои 138 ва 139 ҳамин Кодекс пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 19.07.2022 № 1896).
2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):
а) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
б) боиси ба касалии зӯҳравӣ гирифтор шудани ҷабрдида гардидааст(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554);
в) такроран (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1084);
г) аз ҷониби падару модар, омӯзгор ё дигар шахси вазифаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ ба зиммааш гузошташуда содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 19.07.2022 № 1896).
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1896).
3) Ҳамин ҳаракат, агар боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554, аз 19.07.2022 № 1896).
Моддаи 142. Ҳаракати бадахлоқона
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Анҷом додани ҳаракати бадахлоқона нисбат ба шахсе, ки баръало ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти пешбининамудаи моддаи 138, 139 ва 140 ҳамин Кодекс (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 19.07.2022 № 1896).
2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):
а) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
б) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
в) аз ҷониби падару модар, омӯзгор ё дигар шахси вазифаи таълимӣ ва тарбиявӣ ба зиммаашон гузошташуда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 19.07.2022 № 1896);
г) нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1896).
3) Ҳаракатҳое, ки дар қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар нисбати ду ё зиёда шахсони баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1084).
Моддаи 142(1). Алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274)
1) Алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона, ки бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ҷабрдида ё дар раванди таълими динӣ содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин ҳаракат, агар нисбат ба шахси ноболиғ содир шуда бошад ё боиси ба касалии зӯҳравӣ гирифтор шудани ҷабрдида гардида бошад,(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1662),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274, аз 19.07.2022 № 1896).
3) Ҳаракатҳое, ки дар қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то даҳ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1662, аз 19.07.2022 № 1896).
Эзоҳ: Ҷазои якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба шахсе татбиқ карда мешавад, ки ҷиноятро нисбат ба ноболиғ содир кардааст ва он дар санксияи моддаҳои боби мазкур пешбинӣ шудааст - аз манъ кардани ишғоли мансаб ва ё фаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии соҳаҳои маориф, тарбия, инкишофи ноболиғон, ташкил намудани истироҳат ва солимгардонӣ, таъминоти тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, дар соҳаи варзиши кӯдакону наврасон, фарҳанг ва санъат бо иштироки ноболиғон, инчунин машғул шудан ба чунин фаъолият дар асоси инфиродӣ ё фаъолияти дигаре, ки кор бо ноболиғонро дар бар гирифтааст, иборат аст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1896).