ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ МОЛИКИЯТ | 1994

Моддаи 244. Дуздӣ

1) Дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Дуздие, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) ба шаҳрванд зарари ҷиддӣ расонидааст;

г) бо роҳи ғайриқонунӣ дохил шудан ба манзил, бино ё дигар амборхонаҳо содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

3) Дуздие,ки:

а) ба миқдори калон;

б) бо истифода аз шароити офати табиӣ ё ҷамъиятӣ:

в) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

4) Дуздие,ки:

а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми тасарруф дар моддаҳои Кодекси мазкур ғайриқонунӣ, боғараз, ройгон гирифтан ва (ё) ситонидани молу мулки ғайр ба фоидаи гунаҳгор ё дигар шахсон дар назар дошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

2) Таҳти мафҳуми ба миқдори калон дар моддаҳои ҳамин боб андозаи арзиши молу мулке дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ба миқдори махсусан калон арзиши молу мулке фаҳмида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Андозаи зарари ба моликияти шахсӣ расонидашуда (ҷиддӣ, калон ва махсусан калон) аз рӯи аҳволи моддии ҷабрдида муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 6.10.2008 № 422).

3) Таҳти мафҳуми такроран (такрорӣ) дар моддаҳои 244-251, 254 ва 257 ҳамин Кодекс ҷинояте дар назар дошта шудааст, ки агар қабл аз он як ё якчанд ҷинояти пешбининамудаи ҳамин моддаҳо, ҳамчунин дар моддаҳои 186, 194, 199, 202 ҳамин Кодекс пешбинишуда, содир шуда бошад.

4) Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тасарруфи молу мулки давлатӣ ё дастаҷамъӣ (ғайр аз ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва тамаъҷӯӣ) дар ҳолатҳое ба миён меояд, ки агар арзиши молу мулки тасарруфшуда аз даҳ андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тасарруфи молу мулки шахсӣ новобаста аз арзиши он ба миён меояд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 245. Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

1) Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ки ба гунаҳгор бовар карда супурда шудааст ё дар ихтиёри ӯ мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;

г) бо истифодаи ваколати мансабдорӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то як ҳазору наваду ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) ба миқдори калон;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору наваду ду то як ҳазору ҳаштсаду бисту чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то чор сол ҷазо дода мешаванд  (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору ҳаштсаду бисту чор то ду ҳазору ҳафсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

Моддаи 246. Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда

1) Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) ба миқдори калон содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 21.07.2010 № 617, аз 13.06.2013 № 966).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон;

в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 21.07.2010 № 617, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 247. Қаллобӣ

1) Қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулкии ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

2) Қаллобие, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;

г) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).

3) Қаллобие, ки;

а) ба миқдори калон;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

в) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шудааст,

 бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 21.07.2010 № 617, аз 13.06.2013 № 966).

4) Қаллобие, ки:

а) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон содир шудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 21.07.2010 № 617, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 248. Ғоратгарӣ

1) Ғоратгарӣ, яъне ошкоро тасарруф кардани молу мулки ғайр (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 1.03.2005 № 86).

2) Ғоратгарие, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;

г) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ва ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

д) бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба манзил, бино ё дигар анборхонаҳо содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

3) Ғоратгарие, ки:

а) бо истифода аз шароити офати табиӣ ё ҷамъиятӣ;

б) ба миқдори калон;

в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

г) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шудааст,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

4) Ғоратгарие, ки:

а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 249. Роҳзанӣ

1) Роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

2) Роҳзание, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба манзил, бино ё дигар анборхонаҳо содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

3) Роҳзание, ки;

а) бо мақсади ба миқдори калон ба даст овардани молу мукл (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

в) бо истифода аз шароити офати табиӣ ё ҷамъиятӣ;

г) бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ;

д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

4) Роҳзание, ки;

а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани молу мулк (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо истифодаи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ё моддаҳои тарканда содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 45, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 250. Тамаъҷӯӣ

1) Тасарруф бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне талаби додани молу мулки ғайр ё ҳуқуқ ба молу мулк ё содир намудани дигар кирдори дорои хусусияти амволӣ бо таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда (бадномкунанда) нисбати ҷабрдида ё наздикони ӯ, ошкор кардани чунин маълумотҳо оид ба ҳолатҳое, ки вай мехоҳад онро ниҳон дорад, ҳамчунин бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба ӯ ё наздикони ӯ ё бо таҳдиди несту нобуд, вайрон кардани молу мулки ғайр (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

2) Тамаъҷӯие, ки:

а) такроран;

б) бо истифодаи зӯроварӣ;

в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содиршуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

3) Тамаъҷӯие, ки:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил

б) бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ;

в) дар ҳолати ретсициви хавфнок;

г) бо мақсади ба миқдори калон ба даст овардани молу мулк содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

4. Тамаъҷӯие, ки:

а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани молу мулк (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо истифодаи силоҳ, лавозимоти ҳарбӣ ё моддаҳои тарканда содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 251. Тасарруфи ашё ё асноди дорои арзиши махсус

1) Тасарруфи ашё ё асноди дорои арзиши махсуси таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ё фарҳангӣ, сарфи назар аз тарзи тасарруфи он,

 бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 21.07.2010 № 617, аз 13.06.2013 № 966).

2) Ҳамин кирдорҳо, агар:

а) такроран;

б) гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) боиси несту нобуд, хароб ё вайрон кардани ашё ё асноди дар қисми якуми ҳамин модда нишондодашуда гардида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 21.07.2010 № 617, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 252. Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобиль ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф

1) Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобиль ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф (рабудан),

ба ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар;

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ё саломатии ҷабрдида хавфнок намебошад ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) бо расонидани зарар ба миқдори калон;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

в) бо истифодаи зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ё саломатии ҷабрдида хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 253. Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ

1) Расонидани зарари молу мулкӣ ба молик ё дигар соҳиби молу мулк бо роҳи фиреб ё сӯиистифода аз боварӣ ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои тасарруф (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то ҳафтсаду сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то чор сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо расонидани зарар ба миқдори калон содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

Моддаи 253(1). Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ

(Қонуни ҶТ аз 15.04.2025 № 2163)

1. Аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2. Ҳамин кирдор, агар:

а) ба миқдори калон;

б) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад,–

бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3. Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) ба миқдори махсусан калон;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд,–

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.04.2025 № 2163).

Моддаи 253(2). Ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ барои истеҳсоли дороии маҷозӣ

 (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2206)

1) Ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ барои истеҳсоли дороии маҷозӣ, -

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2)Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) ба миқдори калон содир шуда бошад, -

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои бо қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинишуда, агар:

а) ба миқдори махсусан калон;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошанд, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2206).

Моддаи 254. Соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани молу мулке, ки бараъло бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

1) Соҳиб шудан, нигоҳ доштан ё ба соҳибияти каси дигар додани молу мулки қаблан ваъдадоданашудае, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба миқдори калон;

в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 255. Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

1) Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк ғайр, ки зарари ҷиддӣ расонидааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

 бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо роҳи оташ задан, таркиш ё дигар усули хавфи умумидошта содир шуда бошад;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;

в) зарар ба миқдори калон расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).

Моддаи 256. Аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

Несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр, ки аз сабаби муносибати беэҳтиётона бо оташ ё манбаи хатари умумидошта содир шудааст ё ба миқдори калон зарар расонидааст ё ба дигар оқибатҳои вазнин оварда расонидааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Моддаи 257. Тасарруфи воситаи фондҳои кӯмаки хориҷӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Тасарруфи воситаи фондҳои кӯмаки хориҷӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

2) Ҳамин кирдорҳо, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) ба миқдори калон;

г) бо истифодаи зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

 бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

3) Кирдорҳои пешбинишудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо роҳи роҳзанӣ ё тамаҷъӯӣ;

в) дар миқдори махсусан калон содиршуда бошад,

 бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617, аз 13.06.2013 № 966).

Эзоҳ: Дар ҳолати нарх надоштани воситаҳои фондҳои кӯмаки хориҷӣ арзиши он аз рӯи нархи бозорӣ, ки дар рӯзи содиршавии ҷиноят ҷой дорад, ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).