ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ВА ИСТИФОДАИ НАҚЛИЁТ | 1994
Моддаи 211. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё обӣ
1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ё истифодаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё обӣ аз ҷониби шахсе, ки вобаста ба корҳои иҷронамуда ё вазифаҳои ишғолнамудааш ӯҳдадор шудааст ин қоидаҳоро риоя кунад, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст ё зарар ба миқдори калон ворид намудааст,
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гаштааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум намудан аз ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми моддаи мазкур, агар:
а) аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахс;
б) боиси дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 212. Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт
1) Аз ҷониби шахси идоракунандаи автомобил ё дигар воситаи нақлиёти механикӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ё истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари миёна ба саломатии инсон гаштааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз тарафи шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта ё шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надорад, содир карда шуда, аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1467).
5) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз тарафи шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта ё шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надорад, содир карда шуда, аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва ё зиёда шахсон гардидааст,
бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1467).
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми дигар воситаҳои нақлиёти механикӣ дар моддаи мазкур трактор, дигар мошинҳои худгард, троллейбус, инчунин мототсикл ва дигар воситаҳои нақлиёти механикӣ дар назар дошта шудааст.
Моддаи 212(1). Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, муомилоти ғайриқонунии рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт
(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1331, аз 13.11.2023 № 1084)
1. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1084),
бо ҷарима ба андозаи аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2. Тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, истифода бурдан ё ба соҳибияти каси дигар додани рақами қалбакии қайди воситаи нақлиёт,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1084)
3. Кирдорҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, агар бо мақсади содир ё рӯйпӯш намудани ҷиноят содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1084).
Моддаи 212(2). Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад
(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1331)
Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати масти қарор дорад, инчунин аз тарафи ин шахс барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад -
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1467).
Моддаи 213. Таъмири бадсифати роҳҳо, воситаҳои нақлиёт ва ба истифода баровардани онҳо бо норасоиҳои техникӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Таъмири бадсифати воситаҳои нақлиёт, роҳҳо, воситаҳои огоҳонӣ ё алоқа ё дигар таҷҳизоти нақлиёт, ҳамчунин барои истифодабарӣ иҷозат додани нақлиёти аз ҷиҳати техникӣ носоз аз ҷониби шахси масъули ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии ҷабрдида зарари вазнин ё миёна, ё зарар ба миқдори калон расонида бошад,
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Ҳамин кирдор, агар аз бсэҳтиётӣ боиси марги инсон шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар:
а) аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
б) боиси оқибатҳои дигари вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 214. Корношоям сохтани воситаҳои нақлиёт ё роҳҳо
1) Хароб кардан, осеб расонидан ё бо усулу воситаҳои дигар барои истифода корношоям гардонидани воситаҳои нақлиёт, роҳҳо, воситаҳои огоҳонӣ ё алоқа ё дигар таҷҳизоти нақлиёт, ҳамчунин муҳосираи роҳҳои нақлиёт, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна ё зарари калон расонида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гашта бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон гаштааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 215. Ғайриқонунӣ дар нақлиёти ҳавоӣ бо худ бурдани моддаҳои тарканда ё зуддаргиранда
1) Ғайриқонунӣ дар киштии ҳавоӣ бо худ бурдани моддаҳои тарканда ё зуддаргиранда,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, ки боиси рӯй додани оқибатҳои вазнин гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 216. Вайрон кардани қоидаҳое, ки кори бехатарии нақлиётро таъмин менамояд
1) Аз ҷониби мусофир, пиёдагард ё дигар иштироккунандаи ҳаракат (ба ғайр аз шахсони дар моддаҳои 211 ва 212 ҳамин Кодекс зикр гардида) вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ё истифодаи воситаҳои нақлиёт, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонида бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гашта бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда агар,
а) аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
б) сабаби садама;
в) боиси оқибатҳои дигари вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 217. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сохтмон, истифодабарӣ ва таъмири хатҳои қубури магистралӣ
1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сохтмон, истифода ё таъмири хатҳои қубури магистралӣ, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна ё зарар ба миқдори калон расонида бошад,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то чор сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон гашгааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 218. Вайрон кардани қоидаҳои парвози байналмилалӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Риоя накардани хати парвози муайяншуда, ҷои фуруд, дарвозаҳои фазоӣ, баландии парвоз ё вайрон кардани дигар қоидаҳои парвози байналмилалӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 219. Худсарона, бидуни зарурат боздоштани поезд
Худсарона, бидуни зарурат боздоштани поезд бо асбоби боздорӣ (стопкран) бо роҳи ҷудо кардани магистрали ҳавоии тормозӣ ё бо воситаи дигар, агар он аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон, чаппашавӣ, осеб дидани қатори поезд ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
ФАСЛИ IX. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)