ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АСОСҲОИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТ | 1994

Моддаи 305. Хиёнат ба давлат

1) Хиёнат ба давлат, яъне ҷосусӣ, додани сирри давлатӣ, ё расонидани дигар хел ёрӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ё ба намояндагони онҳо дар фаъолияти душманонаашон ба зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ва ё амнияти берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ;

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг;

д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё якумра аз озодӣ махрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359).

Эзоҳ: Шахсе, ки ҷинояти пешбининамудаи ҳамин модда, инчунин моддаҳои 306 ва 308 Кодекси мазкурро содир кардааст, агар ихтиёрӣ ва бо сари вақт огоҳонидани мақомоти ҳокимият ё дигар усул ба пешгирии зарари расонидашаванда мусоидат карда бошад ва дар кирдорҳои ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 306. Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият

1) Ҳаракате, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ба ғасб кардани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият бар хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст, ҳамчунин ба мақсади бо зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо зӯроварӣ тағйир додани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст (Қонуни ҶТ аз17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 45, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ;

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг;

д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359).

Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба содиркунии чунин кирдорҳо (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

г) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 301);

д) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 89).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар мутобиқи супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 89, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 307(1). Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359)

1) Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва (ё) сафедкунии оммавии экстремизм,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар;

а) такроран;

б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии экстремизм тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи экстремизм, таклифи тақлид ва дастгирии он, ба истиснои маъқул донистан (гузоштани «лайк» ё дигар аломат)  фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359, аз 14.05.2025 № 2169).

Моддаи 307(2). Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Ташкили иттиҳоди экстремистӣ, яъне гурӯҳи муташаккили шахсон барои тайёр ё содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 237(1), 242, 243 (ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта) пешбининамудаи ҳамин Кодекс аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурӯҳи иҷтимоӣ, инчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳоди экстремистӣ, ба ҷузъ ё томҳои ба чунин иттиҳод дохилшаванда, ҳамчунин ташкили иттиҳоди ташкилкунандагон, роҳбарон ё дигар намояндагони ҷузъ ё томҳои чунин иттиҳод бо мақсади таҳияи нақшаҳо ва (ё) шароит барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1261).

2) Иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 25.12.2015 № 1261).

3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки такроран ё бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1261).

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 307(3). Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1261).

2) Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1261)

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 307(4). Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 750)

1. Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966, аз 25.12.2015 № 1261).

2. Ҳамин кирдор, агар:

- бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад;

- бо маблағгузорӣ намудани чунин гурӯҳҳо алоқаманд бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 750, аз 13.06.2013 № 966, аз 25.12.2015 № 1261).

Моддаи 308. Ҷосусӣ

Супоридани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ё намояндагони онҳо, инчунин ҷамъоварӣ, тасарруф кардан ё нигаҳдоштани чунин маълумотҳо бо мақсади супоридан ба онҳо ҳамчунин супоридан ё ҷамъоварии дигар маълумотҳо мутобиқи супориши кашфи (разведкаи) хориҷӣ барои истифода бурдани онҳо бар зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ё амнияти берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ин кирдор аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 309. Таҳрибкорӣ (Диверсия)

1) Бо мақсади ноустувор сохтани амнияти иқтисодӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содир намудани таркиш, сӯхтор ё дигар кирдорҳое, ки барои нобуд ё вайрон кардани корхонаю иншоот, роҳ ва воситаҳои нақлиёт, воситаҳои алоқа, объектҳои таъминоти зиндагии аҳолӣ равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 310. Таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади суст кардани асосҳои сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардонидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият (акти террористӣ) (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 45).

Моддаи 311. Ифшои сирри давлатӣ

1) Ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ӯ бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ӯ маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар шахсон шуда, дар ин кирдори ӯ нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 312. Гум кардани асноди дорои сирри давлатӣ

Аз ҷониби шахсе, ки ба сирри давлатӣ иҷозат дорад, вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи муносибат бо аснодҳои дорои сирри давлатӣ дошта, ҳамчунин бо предметҳое, ки маълумот дар бораи онҳо сирри давлатӣ мебошанд, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ боиси гум шудани онҳо ё фаро расидани оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 313. Исёни мусаллаҳона

Ташкили исёни мусаллаҳона ё иштироки фаъолона дар он бо мақсади аз байн бурдан ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё вайрон намудани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).