ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ | 1994

Моддаи 179. Терроризм

1) Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966, аз 14.11.2016 № 1359),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) такроран содир шуда бошад;

в) аз ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359);

г) аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359);

д) аз ҷониби шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359);

е) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359), -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966).

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюми ҳамин модда, агар он (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) дар алоқамандӣ бо таҳдиди истифодаи силоҳи қатли ом, маводи радиоактивӣ ё иҷрои дигар кирдоре, ки ба ҳалокати оммавии одамон оварда мерасонад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966);

в) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад;

г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё ин ки дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.05.2004 № 46, аз 1.03.2005 № 86, аз 18.06.2008 № 386, аз 31.12.2008 № 451, аз 13.06.2013 № 966).

Эзоҳ: Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори террористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Такрорӣ дар моддаи мазкур пештар содир шудани як ё якчанд ҷинояти пешбинишудаи ҳамин модда, инчунин моддаҳои 179(1), 180, 181, 185, 310 ва 402 ҳамин Кодекс эътироф карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 179(1). Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Ҷалб кардани шахсон барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(2), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс ё моил намудани шахс барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ, мусаллаҳ намудан ё таълими шахсон бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои номбаршуда, инчунин мусоидат кардан ба тарзи дигар (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359).

3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошанд, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359).

Эзоҳ: Шахсе, ки ҷинояти дар моддаи мазкур пешбинишударо содир намуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар ӯ ихтиёран ва сари вақт бо роҳи ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ хабар додан ё бо дигар тарзҳо барои пешгирӣ содир шудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта мусоидат намояд, агар дар ҳаракатҳояш таркиби ҷинояти дигар набошад (Қонуни ЧТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 179(2). Маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

1) Бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он аз ҷониби террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ё, ки ин воситаҳо барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(1), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310, 401(1) ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс истифода мегарданд, ҳамчунин агар воситаҳои мазкур воқеан дар ҷиноятҳои зикршуда истифода нагарданд, инчунин маблағгузории террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ, ҳатто агар он бо акти (актҳои) террористии мушаххас алоқаманд набошад ё барои маблағгузории сафари шахсони воқеӣ ба давлате, ки дар он ҷо истиқомат намекунанд ва ё шаҳрванди он нестанд, бо мақсади содир кардан, банақшагирӣ, тайёр кардан ё иштирок дар содир намудани акти (актҳои) террористӣ ва ё барои тайёр намудани террористон ё гузаштан аз чунин тайёрӣ (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965, аз 13.06.2013 № 966, аз 12.11.2013 № 1028)аз 17.05.2018 № 1515)-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 808, аз 13.06.2013 № 966).

2) Кирдорҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) бо истифодаи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаи қонунигардонидашуда (расмикунонидашуда) содир шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 808),-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 808, аз 13.06.2013 № 966).

3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 808, аз 13.06.2013 № 966).

Эзоҳ: Зери мафҳуми "воситаҳо" дар моддаи мазкур активҳои ҳама навъ, ламсшаванда ё ламснашаванда, манқул ё ғайриманқул, новобаста ба тарзи ба даст овардани онҳо, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва ё санадҳо дар ҳама гуна шакл, аз он ҷумла электронӣ ва рақамӣ, ки ҳуқуқро ба чунин активҳо ва ё иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, инчунин кредитҳои бонкӣ, чекҳои сафарӣ, чекҳои бонкӣ, интиқолоти почтавӣ, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок, облигатсияҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва ғайраҳо фаҳмида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

Моддаи 179(3). Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 14.11.2016 № 1359)

1) Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(1), 179(2), 181, 182, 184, 184(1), 184(2) 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс, инчунин сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдорҳо, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1538),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он, ба истиснои маъқул донистан (гузоштани «лайк» ё дигар аломат) фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359аз 14.05.2025 № 2169).

Моддаи 180. Иттилооти баръало бардурӯғ оид ба кирдори террористӣ

1) Иттилооти баръало бардурӯғ оид ба рух додани таркиш, сӯхтор ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддии ба молу мулк ё ба рух додани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок оварда мерасонад ё ба амнияти ҳавопаймо ва шиноварии бехатари киштии обӣ таҳдид мекунад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013, № 965№ 966)

бо корҳои ислоҳӣ ба муддати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарар ба саломатӣ ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 181. Ғасби гаравгон

1) Ғасби гаравгон ё нигоҳ доштани шахс ба сифати гаравгон марбут бо таҳдиди куштан ё расондани зарар ба саломатии ӯ ё минбаъд нигоҳ доштани ҳамин шахс бо мақсади маҷбур намудани давлат, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ ё гурӯҳи шахсон ба иҷро ё худдорӣ намудан аз иҷрои ин ё он ҳаракат ҳамчун шарти озод кардани гаравгон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ё саломатии инсон хавфнок мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

г) бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966);

д) нисбат ба шахси баръало ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

е) нисбат ба зане, ки гунаҳгор баръало ҳомиладор буданашро медонад;

ж) нисбат ба шахсе, ки гунаҳгор баръало аз дар вазъияти оҷизона қарор доштани ӯ огоҳ буд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

з) бо нияти ғаразнок ё кирояи зархаридон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

и) нисбати ду ва ё зиёда шахсон анҷом дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386);

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Ҳаракати пешбинишудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

в)дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 45).

Эзоҳ: Шахсе, ки бо ихтиёри худ ё талаби мақомоти ҳокимият гаравгонро озод мекунад, агар дар ҳаракати ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 182. Ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа

1) Ғасби бино, иншоот, роҳҳо ё воситаҳои иттилоот ё алоқа, дигар иншооти коммуникатсионӣ ё ин ки нигоҳ доштани онҳо, марбут бо таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани онҳо ё бо таҳдиди куштори шаҳрвандон ё расондани зарар ба саломатии онҳо бо мақсади маҷбур кардани давлат ё дигар мақомот, шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ ё гурӯҳи шахсон ба иҷро ё худдорӣ кардан аз иҷрои ягон ҳаракат ҳамчун шарти иҷро накардани таҳдид (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ё саломатии инсон хавфнок мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

г) бо истифода аз силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 13.06.2013 № 966),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) аз ҷониби гурӯҳи муташакил анҷом дода шуда бошад:

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин шуда бошад;

в) дар ҳолати ретсидивӣ махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 183. Роҳзании обӣ

1) Ҳуҷум ба киштии обӣ бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр, ки бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;

в) такроран ё бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 184. Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби ҳавопаймо, киштӣ ё қатори роҳи оҳан

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

1) Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби ҳавопаймо, киштӣ ё қатори роҳи оҳан, ҳамчунин ғасби чунин киштӣ ё қатор бо мақсади ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё  ин ки амалӣ намудани назорати ғайриқонунӣ дар дигар шакл (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ бо мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои содир намудани ягон ҳаракат ё ин ки худдорӣ намудан аз он, агар чунин кирдорҳо тавонанд воқеан ба бехатарии ҳавопаймо, киштӣ ё қатораи роҳи оҳан таҳдид намоянд,

бо маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386):

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;

г) бо истифодаи силоҳ, ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386):

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибати вазнин гашта бошад;

в) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 45, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 184(1). Ғасб, вайрон кардан, содир намудани амалҳои зӯроварӣ дар платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

1) Ғасби платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ ё дигар шаклҳои назорати ғайриқонунӣ аз болои он ё қасдона вайрон кардани он ва ё расонидани зарар ба он, ки ба бехатарии платформа таҳдид менамояд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Содир намудани амали зӯроварӣ нисбати шахс дар платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ, ки ба бехатарии он таҳдид менамояд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

3) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, агар чунин кирдорҳо тавонанд воқеан ба бехатарии платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ таҳдид намоянд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Дар платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ бо ҳар тарз ҷойгир кардан ё содир намудани ҳаракатҳо бо мақсади ҷойгир кардани восита ё моддае, ки метавонад платформаи стасионариро вайрон намоя№ 2169  бехатарии он таҳдид кунад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

5) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм, сеюм ё чоруми ҳамин модда, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 184(2). Кирдорҳои қасдона ба муқобили бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

1) Содир намудани амали зӯроварӣ нисбати шахсе, ки дар ҳавопаймо ё киштӣ қарор дорад, агар чунин амал тавонад ба бехатарии ин ҳавопаймо ё киштӣ таҳдид намояд,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Вайрон кардани ҳавопаймо ё киштӣ ва ё расонидани зарар ба ин ҳавопаймо ё киштӣ ё ин ки ба бори он, аз ҷумла вайрон намудани таҷҳизоти навигатсионӣ ё ба вуҷуд овардани монеаҳои ҷиддӣ дар истифодабарии он, ки онро аз кор мебарорад ё метавонад ба бехатарии он таҳдид намояд, ҷойгир кардан ё содир намудани ҳаракатҳое, ки дар ҳавопаймо ё киштӣ бо ҳар тарз ҷойгир намудани восита ё моддае оварда расонад, ки метавонад чунин ҳавопаймо ё киштӣ ва ё бори онро вайрон намояд ё ба он зараре расонад, ки метавонад ба бехатарии он таҳдид намояд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, агар чунин кирдорҳо тавонанд воқеан ба бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ таҳдид намоянд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966);

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966);

д) бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 184(3). Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии фурудгоҳҳое, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонанд

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

1) Содир намудани амали зӯроварӣ дар фурудгоҳ нисбати шахсе, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонад, агар чунин амал ба бехатарӣ дар ин фурудгоҳ таҳдид мекунад ё метавонад таҳдид кунад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Вайрон намудан ё расонидани зарари ҷиддӣ ба таҷҳизот ё иншооти фурудгоҳе, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонад ё ин ки ба ҳавопаймоҳои воқеи фурудгоҳ, ки дар истифодабарӣ қарор надоранд, ё халал расондан ба кори хадамоти фурудгоҳ, агар чунин амал ба бехатарӣ дар ин фурудгоҳ таҳдид кунад ё метавонад таҳдид кунад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ кардан аз он, агар чунин кирдорҳо ба бехатарӣ дар фурудгоҳе, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонад, таҳдид мекунанд ё метавонанд таҳдид кунанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965);

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965);

д) бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 184(4). Интиқоли ғайриқонунии шахси содирнамудаи ҷинояти хусусияти террористидошта дар нақлиёт

Интиқоли ғайриқонунии шахс дар нақлиёт бо дарки он, ки ин шахс ҳаракате содир намудааст, ки бо моддаҳои 179, 179(1), 179(2), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҷиноят мебошад, бо мақсади ёрӣ расонидан ба чунин шахс барои гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 185. Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ

1) Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ (иттиҳодия, отряд, дастаҳо ё дигар гурӯҳҳо), ҳамчунин роҳбарӣ ба ин гуна воҳидҳо ё иштирок дар онҳо,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ анҷом дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ даст кашида ва силоҳашро супурдааст, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 186. Бандитизм

1) Ташкили гурӯҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор бо мақсади ҳуҷум ба шаҳрвандон ё ташкилот, ҳамчунин роҳбарӣ ба чунин гурӯҳ (даста),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 45, аз 13.06.2013 № 966).

2) Иштирок дар гурӯҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор ё дар ҳуҷумҳои анҷоммедодаи он,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок анҷом дода шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муддати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 45, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 187. Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)

1) Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё ҷиноятҳои махсусан вазнин, ҳамчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳод (ташкилот) ё ба ҷузъу томи таркибии онҳо, инчунин ташкили иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ё дигар намояндагони гурӯҳҳои муташаккил бо мақсади таҳияи нақша ва фароҳамоварии шароит барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

2) Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурӯҳҳои мутташакил (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок анҷом дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран ба мақомоти ҳокимият оид ба иштирокаш дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) иттилоъ дода ва барои пешгирии фаъолияти он мусоидат мекунад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 188. Бетартибиҳои оммавӣ

1) Ташкили бетартибиҳои оммавӣ, ки бо зӯроварӣ нисбат ба шахсият, харобкорӣ, сӯхтор, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк, истифодаи силоҳи оташфишон, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё моддаҳои оташзананда алоқаманд аст, инчунин муқобилият нишон додан ба ҳокимият, ки бо истифодаи силоҳ ё дигар предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда содир шудааст, ҳамчунин иштирок дар ин амал (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966, аз 26.07.2014 № 1089),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Даъват ҷиҳати фаъолона итоат накардан ба талаботи қонунии намояндагони ҳокимият ё ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбат ба шаҳрвандон,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 189. Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)

(Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1730)

1) Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет, дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1730) .

2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) такроран;

б) бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

г) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракати пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

в) ба зӯран пеш кардани шаҳрванд аз маҳалли сукунати доимӣ оварда расонад;

г) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 190. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ, сохтмон ва дигар корҳо

1) Вайрон кардани коидаҳои бехатарӣ ҳангоми корҳои кӯҳӣ, сохтмон ва дигар корҳо, агар ин аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии инсон расонидани зарари вазнин ва ё миёна гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 191. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар объектҳое, ки хавфи таркиш доранд

1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар объектҳо ё сехҳое, ки хавфи таркиш доранд агар ин аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии инсон расонидани зарари вазнин ё миёна гашта бошад,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 192. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1473)

1) Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз ҷониби шахсе, ки ба зиммааш ӯҳдадорӣ оид ба риоя намудани ин қоидаҳо вогузор шудааст, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари миёна ё вазнин ба саломатӣ гардида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатии ду ва зиёда шахсон ё боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда шахсон гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1473).

Моддаи 193. Муносибати ғайриқонунӣ бо маводи радиоактивӣ

1) Ғайриқонунӣ соҳибӣ кардан, истифода бурдан, ба даст овардан, фурӯхтан, нигоҳ доштан, интиқол, ба дигарон додан ё вайрон кардани маводи радиоактивӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

2) Содир намудани ҳаракате, ки аз талабот бо таҳдиди зӯрӣ ё истифодаи он ё ин ки бо ягон шакли дигари тарсонидан барои додани маводи радиоактивӣ иборат мебошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 194. Тасарруфи маводи радиоактивӣ

1) Тасарруфи маводи радиоактивӣ ҳамчунин таҳдиди тасарруфи онҳо бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) бо истифодаи зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ё саломатии шахс хавфнок намебошад ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ анҷом дода шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол бо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ё саломатии инсон хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

в) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966).

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур, инчунин дар моддаҳои 199 ва 202-и ҳамин Кодекс ҳамон вақт ҷиноят такроран содиршуда эътироф карда мешавад, агар шахс пештар як ё бештар ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин моддаҳо, инчунин ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 186, 244-251-и ҳамин Кодексро содир карда бошад.

Моддаи 194(1). Истифодабарии ғайриқонунии мавод, воситаи радиоактивӣ ё объекти ядроӣ

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

Истифодабарии ғайриқонунии мавод, воситаи радиоактивӣ ё объекти ядроӣ бо тарзе, ки раҳоиёбӣ ва ё хатари раҳоиёбии маводи радиоактивӣ ба вуҷуд омада, боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари ҷиддӣ ба моликият, ба муҳити зист мегардад, бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, ҳамчунин таҳдиди содир намудани чунин кирдор бо ҳамин мақсад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур зери мафҳуми "маводи радиоактивӣ" маводи ядроӣ ва дигар моддаҳои радиоактивии нуклиддоре фаҳмида мешавад, ки худ аз худ таҷзия меёбанд (ҷараёне, ки зимни он афканишоти ионии як ё якчанд намуд, масалан, алфа-афканишот, бета-афканишот, афканишоти нейтронӣ ва гамма-афканишот сурат мегирад) ва онҳо вобаста ба хусусиятҳои радиологӣ ва ё таҷзияи худ метавонанд боиси марг, зарари вазнин ба саломатӣ ва ё зарари ҷиддӣ ба моликият ва муҳити зист шаванд.

"Маводи ядроӣ" - плутоний, ба истиснои плутонийи дорои ҷамъи изотопҳо, ки зиёда аз 80 фоизаш плутоний-238 аст; уран-233; урани бо изотопҳои уран-235 ё уран-233 ғанигардонидашуда; урани дорои омехтаи изотопҳое, ки дар табиат дар шакле вомехӯранд, ки аз маъдан ё пасмондаҳои маъданӣ фарқ мекунанд; ва ҳар гуна маводи дорои як ё якчанд элементҳои зикргардидае мебошад, ки дар ин ҳолат "урани бо изотопҳои уран-235 ё уран-233 ғанигардонидашуда" урани дорои изотопҳои уран-235 ё уран-233 номида мешавад ва ё дорои ҳар ду изотопест ба андозае, ки фоизи барзиёди маҷмӯи ин изотопҳо дар муқоиса бо изотопи уран-238 нисбат ба фоизи изотопи уран-235 дар муқоиса бо изотопи уран-238, ки дар табиат вомехӯрад, зиёдтар аст.

"Объекти ядроӣ" аз инҳо иборат аст:

а) ҳама гуна реактори ядроӣ, аз он ҷумла реакторҳое, ки дар киштиҳои баҳрӣ, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда ё объектҳои кайҳонӣ барои истифодабарӣ ба сифати манбаи барқ барои ба ҳаракат овардани чунин киштиҳо, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда ё объектҳои кайҳонӣ ва ё ҳама гуна дигар мақсад насб карда шудаанд;

б) ҳама гуна иншоот ё воситаи ҳамлу нақл, ки барои истеҳсол, нигоҳдорӣ, азнавкоркардабароӣ ё интиқоли маводи радиоактивӣ истифода мегардад.

"Восита" аз инҳо иборат аст:

а) ҳама гуна воситаи таркандаи ядроӣ; ё

б) ҳама гуна воситаи паҳнкунандаи маводи радиоактивӣ ё афканандаи радиатсия, ки метавонад вобаста ба хусусиятҳои радиологии худ боиси марг, зарари вазнин ба саломатӣ ё зарари воқеӣ ба моликият ё муҳити зист гардад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

Моддаи 194(2). Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии дастгоҳи ядроӣ

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

1) Содир намудани ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии дастгоҳи ядроӣ, инчунин ҳаракатҳои ба истифодабарии дастгоҳи ядроӣ халалрасонанда, ки таъсиррасонии шуоъи радиоактивӣ ё партовҳои маводи радиоактивӣ боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари ҷиддӣ ба моликият ё ба муҳити зист мегардад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани ҳаракатҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он,

бо маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Зери мафҳуми "дастгоҳи ядроӣ" дар моддаи мазкур дастгоҳе (инчунин биноҳо ва таҷҳизоти бо вай алоқаманде) фаҳмида мешавад, ки дар он истеҳсол, азнавкоркардабароӣ, истифодабарӣ, коркард, нигоҳдорӣ ё гӯронидани маводи ядроӣ амалӣ карда мешавад, агар зарар ё дахолат ба истифодабарии чунин дастгоҳ метавонад ба шуоъхӯрии зиёди радиоактивӣ ё партови зиёди маводи радиоактивӣ оварда расонад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

Моддаи 194(3). Ғайриқонунӣ тайёр кардани воситаи таркандаи ядроӣ ё воситаи афканандаи радиатсия

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)

1) Ғайриқонунӣ тайёр кардани воситаи таркандаи ядроӣ ё воситаи паҳнкунандаи маводи радиоактивӣ ё афканандаи радиатсия, ки боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари ҷиддӣ ба моликият ё ба муҳити зист мегардад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудаанд,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки воситаҳои дар моддаи мазкур зикргардидаро бо ихтиёри худ месупорад, агар дар ҳаракати ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

Моддаи 194(4). Ҳамлу нақли ғайриқонунии моддаҳои тарканда, маводҳои радиоактивӣ, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ дар ҳавопаймо, киштӣ ё нақлиёти хушкигард

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966)

1) Ҳамлу нақли ғайриқонунӣ дар ҳавопаймо, киштӣ ё нақлиёти хушкигард:

а) ягон моддаи тарканда ё маводи радиоактивӣ, бо дарки он ки онҳо барои расонидан ё ба вуҷуд овардани таҳдиди расонидан ба марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё зарар бо мақсади тарсонидани аҳолӣ ё маҷбур намудани давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ аз он таъин гардидаанд;

б) ҳама гуна силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ бо дарки он ки он силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966);

в) ҳама гуна маводи ибтидоӣ, ки махсус таҷзия мешавад ё таҷҳизот ё маводе, ки махсус барои коркард, истифодабарӣ ва ё истеҳсоли маводи махсус таҷзияшаванда таъин ё тайёр карда шудаанд, бо дарки он ки онҳо барои истифода дар фаъолияти бо таркишҳои ядроӣ ё дигар фаъолияти ядроӣ алоқаманди бо кафолатҳои мувофиқи созишнома дар бораи кафолатҳои пурра бо Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ фаронагиранда, таъин гардидаанд; ва ё

г) ҳама гуна таҷҳизот, мавод ё таъминоти барномавӣ ё ин ки технологияи мувофиқ, ки саҳми назаррасро дар банақшагирӣ, истеҳсол ё расонидани силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ мегузорад, бо нияти истифодаи онҳо ба ин мақсад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966).

2) Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан ё расонидани зарари вазнин ба саломатии ягон шахс бинобар содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 194(5). Ғайриқонунӣ истифода бурдан ва ё партофтани моддаҳои тарканда, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ, моддаҳои хатарнок ва зараррасон аз киштӣ ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966)

1) Ба муқобили киштӣ ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ ғайриқонунӣ истифода бурдан ё ин ки аз кишти ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ партофтани моддаҳои тарканда, маводи радиоактивӣ ё силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ, ё ин ки нафт, гази моеи табиӣ ё дигар моддаи хатарнок ё зараррасон ба андоза ва ҳаҷме, ки он боиси марг ё зарари вазнин ба саломатӣ мегардад ё шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бо мақсади тарсонидани аҳолӣ ва ё маҷбур кардани давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои иҷрои ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

Моддаи 195. Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966)

1) Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, (ғайр аз силоҳи суфтамили шикорӣ), лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966, аз 26.07.2014 № 1089),-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) ба миқдори калон анҷом дода шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда агар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад, ҳамчунин ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё бо худ гирифта гаштани силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ) ё дигар намуди силоҳи қатли ом ё мавод ё таҷҳизоте, ки ҳангоми сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 13.06.2013 № 966),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

4) Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан ё гирифта гаштани силоҳи газӣ, ханҷар, корди дудама ё дигар силоҳи сард, аз ҷумла силоҳи ҳаводиҳанда, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 13.06.2013 № 966),

бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз як саду ҳаштод то ду саду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Эзоҳ: 1) Шахсе, ки ихтиёрӣ предметҳои дар моддаи мазкур номбурдашударо месупорад, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

2) Мутобиқи қисми якуми ҳамин модда ҷавобгарии ҷиноятӣ барои кирдорҳои ғайриқонунӣ бо тирҳо танҳо он гоҳ ба миён меоянд, ки агар шумораи тирҳо то даҳ дона бошад ва агар ин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад. Барои зиёда аз даҳ дона тир бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ новобаста аз ҷавобгарии маъмурӣ ба миён меояд (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86).

3) Силоҳи оташфишон (ду адад ва зиёда аз он), лавозимоти ҷангӣ (граната, снаряд ва ғайра ду адад ва зиёда аз он, тир 30 адад ва зиёда аз он),  миқдори калон ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965, аз 26.07.2014 № 1089).

Моддаи 195(1). Ғайриқонунӣ расонидан, ҷойгир намудан, ба кор андохтан ё таркондани воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар

Ғайриқонунӣ ва қасдона расонидан, ҷойгир намудан, ба кор андохтан ё таркондани воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар дар ҳудуди ҷойҳои истифодаи ҷамъиятӣ, объекти давлатӣ ё ҳукуматӣ, объекти системаи нақлиёти ҷамъиятӣ ё объекти инфрасохтор, инчунин ба тарзе, ки он ба муқобили онҳо равона шуда, боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон мегардад ё ин ки чунин ҷойҳо, объект ё системаро бағоят хароб сохта, зиёни калони иқтисодӣ мерасонад ё метавонад расонад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур "воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар" аз инҳо иборат аст:

а) силоҳи тарканда ё оташбор ё воситае, ки дорои таъиноти расонидан ё қобили расонидан ба марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё зарари ҷиддии моддӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965);

б) силоҳ ё воситае, ки бо усули раҳо, паҳн кардан ё таъсир расондан бо моддаҳои заҳрноки химиявӣ, агентҳои биологӣ ё заҳрҳо ва ё моддаҳои ба онҳо монанд ё ин ки радиатсия ё маводи радиоактивии дорои таъиноти расонидан ё қобили расонидан ба марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё зарари ҷиддии моддӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 965).

Моддаи 195(2). Муомилот ва истифодаи моддаҳои оташзананда

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1089)

1) Истеҳсол, тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, фиристодан, интиқол додан, бо худ гирифта гаштани моддаҳои оташзананда, ки барои ба сифати силоҳ истифода бурдан мувофиқ карда шудаанд,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Истифода бурдани моддаҳои оташзананда,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок;

в) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, мазҳабӣ, маҳалгароӣ ё интиқом;

г) ба миқдори калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1, 2 ва ё 3 ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

в) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми моддаҳои оташзананда дар ҳамин ва дигар моддаҳои Қисми махсуси Кодекси мазкур маҳлул, мавод ва моддаҳое фаҳмида мешаванд, ки новобаста аз тарзи омода намудан дорои қобилияти даргирандагӣ буда, барои истифода бурдан ба сифати силоҳ мувофиқ карда шуда, ҷиҳати расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ, молу мулк ва муҳити зист равона карда шудаанд.

2) Шахсе, ки ихтиёрӣ моддаҳои оташзанандаи дар ҳамин модда зикршударо месупорад, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, барои содир намудани ҷинояти мазкур ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

3) Моддаҳои оташзананда дар ҳаҷми аз 0,5 литр то 1 литр миқдори калон ва зиёда аз 1 литр миқдори махсусан калон ҳисобида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1089).

Моддаи 196. Ғайриқонунӣ сохтани силоҳ

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966)

1) Ғайриқонунӣ сохтан ё таъмир кардани силоҳи оташфишон, қисмҳои комплектии (пуркунандаи) онҳо, ҳамчунин ғайриқонунӣ сохтани лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 13.06.2013 № 966),

бо ҷарима ба андозаи аз як то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, ки такроран ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудааст,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

4) Ғайриқонунӣ сохтани силоҳи газӣ, ҳамчунин ханҷар, корди дудама ё дигар силоҳи сард, аз ҷумла силоҳи ҳаводиҳанда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35,  аз 13.06.2013 № 966),

бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз як саду ҳаштод то ду саду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ предметҳои дар ҳамин модда зикршударо месупорад, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Моддаи 197. Нигоҳдошти бепарвоёнаи силоҳ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 13.06.2013 № 966)

Нигоҳдошти бепарвоёнаи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш аз ҷониби дорандаи қонунии онҳо, ки барои онро истифода бурдани шахси дигар шароит фароҳам овардааст ва агар он аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966),

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).

Моддаи 198. Иҷрои номатлуби вазифаи ҳифзи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966)

1) Иҷрои номатлуби вазифаи хеш аз ҷониби шахсе, ки ба зиммааш ҳифзи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш гузошта шудааст, агар он сабаби тасарруф ё нобуд щудани онҳо ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966),

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Иҷрои номатлуби вазифа оид ба ҳифзи силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ) ё дигар намуди силоҳи қатли ом ё мавод ё таҷҳизоте, ки ҳангоми сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст, агар ин боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад ё хавфи ба миён омадани чунин оқибатҳоро пеш оварда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 13.06.2013 № 966),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 199. Тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966)

1) Тасарруфи силоҳи оташфишон, қисмҳои комплектии (пуркунандаи) он, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, 13.06.2013 № 966),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Тасарруфи силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ) ва дигар намуди силоҳи қатли ом, ҳамчунин мавод ё таҷҳизотҳое, ки ҳангоми сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 13.06.2013 № 966),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо истифодаи зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ва ё саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ анҷом дода шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

4) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил,

б) бо истифодаи зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 199(1). Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 389)

1) Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори на чандон калон ё дар давоми сол пас аз таъини ҷазои маъмурӣ барои содир намудани чунин кирдорҳо,

бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдорҳо, агар ба миқдори калон содир шуда бошанд,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ба миқдори начандон калон аз бист то сад адад маводи тарфгарии (пиротехникии) барои оташфаввораҳо истифодашаванда, аз панҷоҳ то дусад адад бозичаҳои оташбозӣ ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда), ба миқдори калон зиёда аз сад адад маводи тарфгарии (пиротехникии) барои оташфаввораҳо, зиёда аз дусад адад бозичаҳои оташбозӣ ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда) фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 389)