ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТ | 1994
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Моддаи 220. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии экологӣ ҳангоми иҷрои кор
Вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист ҳангоми лоиҳакашӣ, ҷойгирсозӣ, сохтмон, ба истифода додан ё истифодаи иншоотҳои саноатӣ, кишоварзӣ, илмӣ ё дигар объектҳо аз ҷониби шахсоне, ки барои риояи он масъул мебошанд, агар чунин кирдор аз беэҳтиётӣ боиси тағйироти муҳими манзари (фони) радиоактивӣ, марги як ё чанд шахсон, бемории оммавии одамон ё саросар мурдани ҳайвонот ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 221. Қасдан ниҳон доштан ё таҳриф кардани маълумот оид ба олудагии муҳити зист
1) Дидаю дониста аз ҷониби шахси мансабдор аз аҳолӣ ниҳон доштани маълумот дар бораи олудагии радиоактивӣ, химиявӣ, бактериологӣ ё дигар олудагиҳои барои ҳаёт ё саломатии одамон ё муҳити зист хавфнок, ҳамчунин ба онҳо бараъло додани иттилооти таҳрифшуда оид ба чунин олудагиҳо (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, агар;
а) аз беэҳтиётӣ боиси марги як ё зиёда шахсон шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
б) сабаби бемории оммавии одамон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 222. Наандешидани тадбир ҷиҳати рафъи оқибати олудагии экологӣ
Саркашӣ аз гузаронидани корҳо ё номатлуб анҷом додани тадбирҳои дезактивӣ ва барқарорсозӣ дар маҳалҳое, ки бо олудагии экологӣ фаро гирифта шудаанд, аз ҷониби шахсе, ки вазифадор шудааст ин тадбирҳоро андешад, агар он аз беэҳтиетӣ боиси марги як ё чанд шахсон, бемории оммавии одамон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 223. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо моддаҳо ва партовҳои аз нигоҳи экологӣ хавфнок
1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истеҳсол, интиқол, нигаҳдошт, гӯр кардан, истифода ё дигар муносибат бо моддаҳо ё партовҳои радиоактивӣ, бактериологӣ, химиявӣ, агар он ба расонидани зарари ҷиддӣ ба саломатии инсон ё муҳити зист таҳдид кунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) боиси олудагӣ, сироят ё заҳролудшавии муҳити табиати зист гашта бошад, ба саломатии инсон зараровар ва ё боиси саросар мурдани ҳайвонот гардида бошад;
б) дар минтақаҳои офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемориҳои оммавии инсон ё марги инсон гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 224. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо омилҳои микробиологӣ ё дигар омилҳои биологӣ ё токсинҳо (моддаҳои заҳрнок)
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1895)
1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо омилҳои микробиологӣ ё дигар омилҳои биологӣ ё токсинҳо, агар он аз беэҳтиётӣ ба саломатии одамон зарар расонида, боиси паҳн гардидани эпидемия (касалиҳои сирояткунанда) ё эпизоотия (муромурии ҳайвонот) ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 225. Вайрон кардани қоидаҳои байторӣ (ветеринарӣ) ва қоидаҳои барои мубориза ба муқобили касалӣ ва ҳашароти зараррасони растанӣ муқарраршуда
1) Вайрон кардани қоидаҳои байторӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси паҳн гардидани эпидемия (касалиҳои сирояткунанда), эпизоотия (муромурии ҳайвонот) ё дигар оқибатҳои вазнин шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
2) Вайрон кардани қоидаҳои барои мубориза ба муқобили касалӣ бар зидди ҳашароти зараррасони растанӣ муқарраршуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гаштааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 226. Ифлос кардани об
1) Ифлос ё олуда кардани обҳои рӯизаминӣ ё зеризаминӣ, манбаъҳои оби нӯшиданӣ, мунтазам кам кардани захираҳои об ё бад кардани сифати он ё шакли дигари тағйири хусусиятҳои табиии он, агар чунин кирдор дар давоми соли баъд аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду чил то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) боиси расондани зарари ҷиддӣ ба олами ҳайвонот ё наботот, захираҳои моҳӣ, хоҷагии ҷангал ё соҳаи кишоварзӣ, гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
б) бо сабаби беэҳтиётӣ ба саломатии одамон зарар расонида бошад;
в) боиси муромурии саросари ҳайвонот гашта бошад;
г) дар минтақаҳои мамнӯъгоҳи давлатӣ ё парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда бошад,
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 227. Олуда сохтани фазо
1) Олуда сохтан ё ба тарзи дигар тағйир додани хосиятҳои табиии ҳаво бо баланд кардани меъёрҳои муайяншуда дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳо, иншоот ё дигар объектҳо, агар ин кирдор ба муҳити табиати зист зарари ҷиддӣ ворид карда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад ((Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарар расонида бошад,
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 228. Хароб кардани замин
1) Заҳролуд ё ифлос кардани замин бо маҳсулоти зиёновари хоҷагӣ ё бо дигар навъи фаъолият дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои муносибат бо доруҳои заҳрдор, пору, нумӯяи авҷи растанӣ ё дигар моддаҳои хавфноки химиявӣ ё биологӣ ҳангоми нигаҳдошт, истифода, интиқоли онҳо ҳамчунин дигар усули хароб кардани замин, ки ба саломатии инсон ё ба муҳити табиати зист зарари ҷиддӣ ворид кардааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, ки дар минтақаи офати экологӣ ё вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шудааст ё аз беэҳтиётӣ ба саломатии одамон зарар расонидааст,
бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 229. Вайрон кардани қоидаҳои ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Вайрон кардани қоидаҳои ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, ҷойгир намудан, сохтмон, ба истифода додан ва истифодаи корхонаҳои саноатии истихроҷи маъдан ё иншооти зеризаминӣ, ки ба истихроҷи канданиҳои фоиданок алоқаманд нестанд, ҳамчунин худсарона сохтани иншоот дар минтақаҳои ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок, агар чунин кирдор зарари ҷиддӣ ворид намуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 230. Сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ
1) Сайди ғайриқонунии моҳӣ ё дигар намуди ҳайвоноти обӣ, агар ин кирдор:
а) ба миқдори калон зарар оварда бошад;
б) бо истифода аз усули маҳви оммавӣ анҷом дода шуда бошад;
в) дар ҷойҳои тухмгузорӣ ё роҳҳои ҳаракат ба он ҷойҳо содир шуда бошад;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки:
а) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
в) такроран;
г) дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 231. Вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи захираи моҳӣ
Салронӣ, сохтмони пул, сарбанд, анҷом додани корҳои таркиш ва дигар корҳо, ҳамчунин истифодаи иншоотҳои обгирӣ ва таҷҳизоти обкашӣ бо вайрон намудани қоидаҳои ҳифзи захираи моҳӣ, агар ин кирдор боиси талафоти саросари моҳӣ ё дигар ҳайвоноти обӣ ҳамчунин боиси расонидани зарари ҷиддӣ аз маҳв гардидани захираи хӯрока ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ЧТ аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 232. Шикори ғайриқонунӣ
1) Шикори ғайриқонунӣ, агар ин кирдор:
а) ба миқдори калон зарар оварда бошад;
б) бо истифода аз воситаҳои нақлиёти механикӣ ё киштии ҳавоӣ, моддаҳои тарканда, газҳо ё дигар усулҳои маҳви саросари паррандагон ва ҳайвонот содир шуда бошад;
в) бо шикори паррандагон ва ҳайвонот, ки шикори онҳо пурра манъ шудааст, алоқаманд бошад;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
б) бо намоиши оммавӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи Интернет;
в) такроран (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2205);
г) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386);
д) дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 17.12.2025 № 2205),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
3) Кирдорҳои дар қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинигардида, агар боиси расонидани зарар ба миқдори махсусан калон гардида бошанд,-
бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2205).
Моддаи 2321. Шикор, қасдан нобуд кардан, инчунин ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фурӯхтани бабри барфӣ ё бабри осиёимиёнагӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2205)
1) Шикор, қасдан нобуд кардан, инчунин ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фурӯхтани бабри барфӣ ё бабри осиёимиёнагӣ,-
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору дусад то як ҳазору ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2205).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
в) дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулодаи экологӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз якуним то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1925).
3) Кирдорҳои дар қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинигардида, агар такроран содир шуда бошанд,-
бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз чор то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2205).
Моддаи 233. Нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок қарордоштаи зисти организмҳо, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд
Нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок қарордоштаи зисти организмҳо, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд ва сабаби маҳви паҳншавии ин организмҳо гардидаанд,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 234. Ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо
1) Ғайриқонунӣ буридани дарахт, буттаҳо ё изғичи печон ё ҳамчунин расонидани зараре, ки ба сабзиши ояндаи онҳо дар ҷангалзори гурӯҳи якум ё қитъаҳои махсус ҳифзшавандаи ҳамаи гурӯҳи ҷангалзорҳо имконнопазир гардидааст, инчунин дарахту бутта ва изғичи печон, ки ба фонди ҷангал дохил нашудааст ё буридани онҳо манъ шудааст, агар бо ин кирдор зарари ҷиддӣ расонида шуда бошад,
бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду шаст то дусаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Ғайриқонунӣ буридан ё расонидани зараре, ки сабзиши чунин дарахту бутта ва изғичи печон, дигар намуди ниҳолу буттаҳои ба фонди ҷангал дохилшударо дар ҳама гурӯҳҳои ҷангал имконнопазир гардонидааст, агар ин кирдор:
а) такроран;
б) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
в) боиси расонидани зарар ба миқдори калон гардида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 234(1). Муомилоти ғайриқонунии шираи камол
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 457)
1) Ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардан, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани шираи камол ба миқдори начандон калон,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи зӯроварӣ;
д) ба миқдори калон содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ба миқдори начандон калон дар моддаи мазкур зиёда аз ду килограмм шираи камол ё нест кардани зиёда аз 20 бехи буттаи камол ва ба миқдори калон зиёда аз даҳ килограмм шираи камол ё нест кардани зиёда аз 100 бехи буттаи камол фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 457).
Моддаи 235. Несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба ҷангал
1) Несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба ҷангал, инчунин ба дарахтзоре, ки ба фонди ҷангал дохил нашудааст, дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона бо оташ, моддаҳои тарканда ё дигар манбаи ниҳоят хатарнок,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Несту нобуд кардан ё расонидани осеб ба ҷангал, ҳамчунин ба дарахтзоре, ки ба фонди ҷангал дохил нашудааст, бо роҳи оташ задан ё дигар усули хатарноки умумидошта ё дар натиҷаи ифлоскунии он бо моддаҳои зарарнок, партов, оби ифлос ё дигар мавод (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
3) Ҳамин кирдор, агар ба миқдори калон зарар расонда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 236. Вайрон кардани низоми ҳудудҳо ва объектҳои табиии махсус ҳифзшаванда
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Вайрон кардани низоми мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ, ёдгориҳои табиат ё дигар ҳудудҳои табиии аз ҷониби давлат махсус ҳифзшаванда, ки боиси расонидани зарари ҷиддӣ гардидааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35,
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Эзоҳ: Дар ин боб таҳти мафҳуми зарари ҷиддӣ ҳисобу китобе дар назар дошта шудааст, ки мутобиқи таксаҳои муайяншуда зарар аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар лаҳзаи содир гардидани ҷиноят сӣ маротиба бештар мебошад, таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон бошад бештар аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва таҳти мафҳуми зарар ба миқдори махсусан калон бештар аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар назар дошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 17.12.2025 № 2205).
ФАСЛИ Х. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА АХЛОҚ