ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ | 1994
Моддаи 298. Ғайриқонунӣ даромадан ба иттилооти компютерӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Ғайриқонунӣ даромадан ба иттилооте, ки дар система ё шабакаи компьютерӣ, ё дар махзани мошинҳо мавҷуданд, бо вайрон кардани системаи муҳофизати онҳо (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси тағйир додан, нест кардан ё муҳосираи (блокировкаи) иттилоот, ҳамчунин аз кор баровардани таҷҳизоти компютерӣ гардида бошад ё зарари ҷиддӣ расонида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз чорсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 299. Тағйир додани иттилооти компютерӣ
1) Тағйири иттилоот, ки дар системаи ё шабакаи компютерӣ, ё дар махзани мошинҳо нигоҳ дошта шудааст, ҳамчунин дидаю дониста ба онҳо дохил намудани иттилооти бараъло бардурӯғ, ки зарари ҷиддӣ расонидааст ё таҳдиди расонидани чунин зарарро пеш овардааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба системаи ё шабакаи компютерӣ алоқаманд бошад;
б) аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 300. Тахриби компютерӣ
1) Несту нобуд, муҳосира ё корношоям сохтани иттилооти компютерӣ ё барнома, аз кор баровардани таҷҳизоти компютерӣ, ҳамчунин вайрон кардани системаи ё шабакаи компютерӣ ё махзани мошинҳо,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба системаи ё шабакаи компютерӣ алоқаманд бошад;
б) аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 301. Ғайриқонунӣ ба даст овардани иттилооти компютерӣ
1) Нусхабардории ғайриқонунӣ ё бо дигар усули ғайриқонунӣ ба даст овардани иттилоот, ки дар система ё шабакаи компютерӣ ё дар махзани мошинҳо мавҷуданд, ҳамчунин дошта гирифтани иттилооте, ки ба воситаи алоқаи компютерӣ фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
2) Маҷбур кардан барои додани иттилооте, ки дар системаи ё шабакаи компютерӣ ё дар махзани мошинҳо мавҷуданд, бо таҳдиди ифшо кардани маълумотҳои беобрӯкунанда нисбати шахс ё наздикони ӯ, ошкор кардани чунин маълумотҳо оид ба ҳолатҳое, ки ҷабрдида мехоҳад онҳоро ниҳон дорад, ҳамчунин бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахс ё наздикони ӯ ё бо таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки шахс, наздикони ӯ ва шахсони дигар, ки чунин иттилоот ба онҳо бовар карда супорида шудааст ё таҳти муҳофизати онҳо қарор дорад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то чор сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) бо истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахс ё наздикони ӯ алоқаманд бошад;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
в) ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ расонида бошад;
г) бо мақсади ба даст овардани иттилооти ниҳоят арзишнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад;
в) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 302. Тайёр кардан ва ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсус барои ғайриқонунӣ даромадан ба системаи ё шабакаи компьютерӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Тайёр кардан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсуси барномавӣ ё таҷҳизотӣ барои ғайриқонунӣ даромадан ба системаи ё шабакаи компютерии муҳофизатдор (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 303. Таҳия, истифода ва паҳн кардани барномаҳои зараровар
1) Таҳияи барномаҳои компютерӣ ё даровардани тағйирот ба барномаҳои мавҷуда бо мақсади бе иҷозат нобуд ё муҳосира кардан ё тағйир додан ё нусхабардории иттилоот, ки дар системаи ё шабакаи компютерӣ ё дар махзани мошинҳо маҳфуз аст, инчунин таҳияи барномаҳои махсуси вирусдор, дидаю дониста истифода бурдани онҳо ё паҳн кардани махзанҳои дорои чунин барномаҳо,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 304. Вайрон кардани қоидаҳои истифодаи система ё шабакаи компютерӣ
1) Вайрон кардани қоидаҳои истифодаи системаи ё шабакаи компютерӣ аз ҷониби шахсе, ки ба ин система ё шабака ҳуқуқи даромаданро дорад, агар ин амал аз беэҳтиётӣ боиси нобуд ё муҳосира шудан ё тағйир ёфтани иттилооти компютерӣ, вайрон шудани кори таҷҳизоти компютерӣ ё расонидани дигар зарари ҷиддӣ гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, агар ҳангоми истифодаи система ё шабакаи компьютерӣ, ки иттилооти ниҳоят арзишнок дорад, содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошанд,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
ФАСЛИ XIII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ