ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ | 1994
Моддаи 345. Монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274)
1) Дар ҳар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо мақсади монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Дар ҳар шакле дахолат кардан ба фаъолияти прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда бо мақсади монеъ шудан ба ҳамаҷониба, пурра ва объективии таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакии парванда (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
3) Кирдорҳои дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, ки аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматии худ содир шудаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Моддаи 346. Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ
1) Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ оиди содир шудани ҷиноят,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, агар вобаста:
а) бо гунаҳгор кардан ба содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин;
б) бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ;
в) аз нияти ғаразнок (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
г) ба манфиати гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида агар:
а) нисбати судя, прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда содир шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274);
б) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз17.05.2004 № 35).
Моддаи 347. Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он
1) Хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин ё махсусан вазнини аниқ маълуми тайёршудаистода ё содиршуда, ҳамчунин хабар надодан дар бораи шахси аниқ маълуми содирнамудаи ин ҷиноят ё бошишгоҳи ӯ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
2) Пинҳон доштани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнини пешакӣ ваъданашуда,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: 1) Ҳамсар ва хешовандони наздики шахси содирнамудаи ҷиноят барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ва пинҳон доштани ҷинояти пешакӣ ваъданашудаи он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд. Ҳамчунин қурбонии савдои одамон барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ва пинҳон доштани ҷинояти пешакӣ ваъданашуда, ки бо қарор доштани ӯ ба сифати қурбонӣ дар савдои одамон алоқаманд аст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554).
2) Инчунин ходими калисо барои хабар надодан дар бораи ҷинояте, ки ба ӯ ҳангоми омӯзиш маълум гардидааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад.
Моддаи 348. Дидаю дониста ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси бегуноҳ
1) Дидаю дониста шахси бегуноҳро ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 15.03.2016 № 1274),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) вобаста бо айбдоркунӣ дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин;
б) вобаста бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ содир шуда бошад;
в) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 349. Дидаю дониста ғайриқонунӣ баровардани ҳукм, ҳалнома ё дигар актҳои судӣ
1) Дидаю дониста аз тарафи судя (судяҳо) ғайриқонунӣ баровардани ҳукм, ҳалнома ё дигар актҳои судӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) вобаста бо баровардани ҳукми аз озодӣ маҳрум сохтан;
б) вобаста бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ содир шуда бошад;
в) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 350. Монеъ шудан ба ҳозиршавии шоҳид ё ҷабрдида ба суд, мақомоти таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274)
Монеъ шудан ба ҳозиршавии шоҳид ё ҷабрдида ба суд, мақомоти таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274),
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 351. Гувоҳии бардурӯғ
1) Дидаю дониста нишондоди бардурӯғ додани шоҳид, ҷабрдида ё хулосаи ғалат додани коршинос (эксперт), ҳамчунин ҳангоми таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё дар суд дидаю дониста нодуруст тарҷума кардани тарҷумон (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар вобаста:
а) ба айбдоркунӣ дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин:
б) ба тайёр кардани далелҳои сунъии айбдоркунӣ;
в) бо мақсади ғаразнок;
г) ба манфиати гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Эзоҳ: 1. Агар шоҳид, ҷабрдида, коршинос ё тарҷумон дар ҷараёни таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ё мурофиаи судӣ то баровардани ҳукм ё ҳалномаи суд дар хусуси бардурӯғ будани баёнот, хулосаҳо ё дидаю дониста нодуруст тарҷума карданашон ихтиёрӣ арз намоянд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
2) Қурбонии савдои одамон барои додани нишондоди бардурӯғ, ки бо қарор доштани ӯ ба сифати қурбонӣ дар савдои одамон алоқаманд аст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554).
Моддаи 352. Саркашӣ аз ҳозир шудан ё нахостани додани нишондод, хулоса ё тарҷума кардан
1) Саркашӣ кардани шоҳид ё ҷабрдида аз ҳозир шудан ба даъвати мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё ба суд ё нахостани додани нишондод (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Саркашӣ кардани коршинос (эксперт), мутахассис тарҷумон ё шахси холис аз ҳозир шудан ба даъвати худи ҳамон мақомот ё саркашӣ кардан аз иҷрои вазифаҳои худ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Эзоҳ: 1. Шахс барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ба муқобили худ ва хешовандони наздикаш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274).
2) Қурбонии савдои одамон барои саркашӣ кардан аз ҳозир шудан ба даъвати мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё ба суд, ё нахостани додани нишондод нисбат ба ҷиноятҳое, ки бо қарор доштани ӯ ба сифати қурбонӣ дар савдои одамон алоқаманданд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554).
Моддаи 353. Ришвадиҳӣ ё маҷбур кардан барои додани баёноти бардурӯғ, хулосаи бардурӯғ ё тарҷумаи нодуруст
1) Ришвадиҳӣ ба шоҳид, ҷабрдида бо мақсади аз ҷониби онҳо додани баёноти бардурӯғ ё ба коршинос бо мақсади пешкаш намудани хулосаи бардурӯғ ё додани нишондоди бардурӯғ, ҳамчунин ба тарҷумон бо мақсади нодуруст тарҷума карданаш,
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Маҷбур сохтани шоҳид, ҷабрдида барои додани нишондоди бардурӯғ, коршинос барои пешниҳоди хулосаи бардурӯғ ё тарҷумон ҷиҳати нодуруст тарҷума кардан, ҳамчунин маҷбур сохтани шахсони мазкур барои саркашӣ намудан аз додани нишондод вобаста бо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386):
а) иръоб (шантаж);
б) таҳдиди куштан;
в) таҳдиди зарар ба саломатӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
г) нобуд сохтани молу мулки ин шахсон ё наздикони онҳо содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинигардида, бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатии шахсони мазкур хавфнок набуда содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
4) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардидае,ки:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатии шахсони зикргардида хавфнок содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 354. Аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё суд маҷбур сохтан ба додани нишондод
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274)
1) Бо роҳи таҳдид, иръоб ё кирдорҳои дигари ғайриқонунӣ гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ё шоҳидро маҷбур намудан ба додани нишондод, инчунин коршиносро барои пешниҳоди хулоса маҷбур кардан аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё суд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 15.03.2016 № 1274),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 808).
Моддаи 355. Беэҳтиромӣ нисбати суд
1) Беэҳтиромӣ нисбати суд, ки дар таҳқири иштирокчиёни мурофиаи судӣ ифода ёфтааст,
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Таҳқири судя, машваратчӣ ё шахси дигаре, ки дар татбиқи адолати судӣ иштирок менамояд,
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 356. Таҳдид ё зӯроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ ", таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274)
1) Таҳдиди куштан, расонидани зарар ба саломатӣ, вайрон ё несту нобуд кардани молу мулк нисбати судя, машваратчии халқӣ, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, адвокат, эксперт, тарҷумон, пристави суд ё котиби суд, иҷрочии суд, ҳамчунин наздикони онҳо вобаста ба гузаронидани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, баррасии парванда ё мавод дар суд ё иҷрои ҳукм, ҳалномаи суд ё санади дигари судӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 15.03.2016 № 1274),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Бо сабаби гузаронидани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, баррасии парванда ё мавод дар суд ё иҷрои ҳукм, ҳалномаи суд ё санади дигари судӣ нисбати шахсони дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, истифода намудани зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатиашон хавфнок нест (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 15.03.2016 № 1274),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда бо истифода намудани зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 357. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Моддаи 358. Ғайриқонунӣ дасггир ё ҳабс намудан
1) Дидаю дониста ғайриқонунӣ дастгир намудан,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Дидаю дониста ғайриқонунӣ ҳабс кардан ё дар ҳабс нигоҳ доштан,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардидае, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 359. Сохтакории далелҳо
1) Сохтакории далелҳои парвандаи гражданӣ аз ҷониби шахси дар парванда иштирокдошта ё намояндаи ӯ,
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду шаст то дусаду чил соат ё ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Сохтакории далелҳои парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё ҳимоятгар (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
3) Сохтакории далелҳои парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби шахсони дар қисми дуюми ҳамин модда зикргардида, агар (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386):
а) дар хусуси ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин бошад;
б) аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 360. Ғайриқонунӣ озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ
Шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбар ё айбдоршавандаро ғайриқонунӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 361. Фош кардани маълумоти таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274)
Бе иҷозати таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор маълумоти таҳқиқ ё тафтиши пешакиро фош кардани шахсе, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз фош накардани онҳо огоҳонида шуда буд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274),
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 362. Ҳаракати ғайриқонунӣ нисбати молу мулке, ки рӯйхат шудааст, ё ба вай ҳабс гузошта шудааст, ё ин ки мусодира карда мешавад
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
1) Молу мулки рӯйхат шуда ё ба он ҳабс гузошташударо исроф намудан, бегона ё пинҳон кардани шахсе, ки молу мулки мазкур ба вай бовар карда супурда шуда буд, ҳамчунин аз тарафи хизматчиёни ташкилотҳои кредитӣ ба амал баровардани амалиётҳои бонкӣ ба воситаҳои пулӣ (пасандозҳо), ки ба онҳо ҳабс гузошта шуда буд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2) Пинҳон ё азони худ кардани молу мулке, ки бо ҳукми суд мусодира карда мешавад, ҳамчунин бо тарзи дигар саркашӣ кардан аз иҷрои эътибори қонунӣ пайдокардаи ҳукми суд оиди таъмини мусодираи молу мулк (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 2.01.2018 № 1472),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 363. Иҷро накардани ҳукми суд, ҳалномаи суд ё санади дигари судӣ
Ҳукм, ҳалнома ё санади дигари эътибори қонунӣ пайдонамудаи судро қасдан иҷро накардани намояндаи ҳокимият, хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин хизматчии муассисаи давлатӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилот, инчунин ба иҷрои онҳо монеъ шудан (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472),
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
Моддаи 364. Саркашӣ аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ
Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ саркашӣ кардани шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае, ки ба ӯ барои аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати кӯтоҳ сафар кардан иҷозат дода шудааст ё иҷрои ҳукм дар мавриди татбиқи ҷазо мавқуф гузошта шудааст баъд аз ба охир расидани мӯҳлати иҷозати сафар кардан ё мӯҳлати мавқуф гузошта шуда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 365. Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабси пешакӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабси пешакӣ гурехтани шахсе, ки ҷазоро адо мекунад ё дар ҳабси пешакӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
б) бо зӯроварии барои ҳаёт ё саломатии шахсони дигар хавфнок ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
в) бо истифодаи силоҳ ё предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Эзоҳ: Шахсе, ки дар мӯҳлати се рӯз ихтиёрӣ ба ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё ба ҳабси пешакӣ бармегардад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гурехтан озод карда мешавад, агар дар ҳаракатҳои ин шахс таркиби ҷиноятҳои дигар набошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
ФАСЛИ XIV. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ