ҶИНОЯТИ НОТАМОМ ВА ХОТИМАЁФТА | 1994
Моддаи 32. Тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят
1) Тайёрӣ ба ҷиноят ин аз тарафи шахс қасдан ҷустуҷӯ, тайёр ё мувофиқ кардани восита ё олоти содир намудани ҷиноят, ёфтани шарикони ҷиноят, забоняккунӣ барои содир кардани ҷиноят ё қасдан фароҳам овардани шароити дигар барои содир кардани ҷиноят мебошад, агар зимнан ҷиноят бо сабабҳои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Ҷавобгарии ҷиноятӣ танҳо барои тайёрӣ ба ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Сӯиқасди ҷиноят ҳаракати (беҳаракатии) қасдонаи шахс мебошад, ки бевосита ба содир кардани ҷиноят равона гардидааст, агар зимнан ҷиноят бо сабабҳои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад.
4) Ҷавобгарӣ барои тайёрӣ ба ҷиноят ё сӯиқасди ҷиноят бо ишора ба ҳамин модда мутобиқи ҳамон моддаи Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ фаро мерасад, ки барои ҷинояти хотимаёфта муқаррар шудааст.
Моддаи 33. Ҷинояти хотимаёфта
Ҷиноят хотимаёфта эътироф мешавад, агар кирдори содирнамудаи шахс тамоми аломатҳои таркиби ҷинояти дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дошта бошад.
Моддаи 34. Ихтиёрӣ даст кашидан аз ҷиноят
1) Бо ихтиёри худ даст кашидан аз ҷиноят он аст, ки агар шахс имконияти то охир расонидани ҷиноятро дарк карда, ихтиёран ва ба таври қатъӣ ҳаракатҳои тайёрӣ ё ҳаракати (беҳаракатии) бевосита ба содир намудани ҷиноят равонашударо қатъ кунад.
2) Агар шахс ҷиноятро ба охир нарасонида, бо ихтиёри худ ва ба таври қатъӣ аз он даст кашида бошад, ӯ барои ин ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
3) Шахсе, ки ихтиёран аз ба охир расонидани ҷиноят даст кашидааст, танҳо дар ҳолате ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки кирдори содирнамудаи ӯ таркиби ҷинояти дигар дошта бошад.
4) Агар ташкилкунандаи ҷиноят ва таҳриккунандаи ҷиноят бо роҳи саривақт хабар додан ба мақомоти ҳокимият ё чораҳои дигари андешидаашон аз ҷониби иҷрокунанда ба охир расонидани ҷиноятро пешгирӣ карда бошанд, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд. Агар ёрдамчӣ барои пешгирии содиршавии ҷиноят ҳамаи чораҳои аз ӯ вобастабударо андешида бошад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
5) Агар ҳаракатҳои дар қисми чоруми ҳамин модда зикргардидаи ташкилкунанда ва таҳриккунанда аз ҷониби иҷрокунанда содир кардани ҷиноятро пешгирӣ карда натавонанд, чораҳои андешидаи онҳоро ҳангоми таъин намудани ҷазо ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда ҳисоб кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
БОБИ 7. ШАРИКӢ ДАР ҶИНОЯТ
Моддаи 35. Мафҳуми шарикӣ дар ҷиноят
Иштироки якҷояи қасдонаи ду ё зиёда шахсон дар содир намудани ҷинояти қасдона шарикӣ дар ҷиноят эътироф мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).
Моддаи 36. Шарикони ҷиноят
1) Ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчӣ дар баробари иҷрокунанда шарикони ҷиноят эътироф мешаванд.
2) Иҷрокунанда шахсе эътироф мешавад, ки бевосита ҷиноятро содир намудааст ё якҷоя бо шахсони дигар (ҳамиҷрокунандагон) бевосита дар содир намудани он иштирок кардааст, инчунин шахсе, ки бо роҳи истифодаи шахсони дигаре, ки мувофиқи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд, ҷиноят содир кардааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).
3) Ташкилкунанда шахсе эътироф мешавад, ки ҷиноятро ташкил ё ба иҷрои он роҳбарӣ карда бошад, инчунин шахсе, ки гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятиро (ташкилоти ҷиноятӣ) таъсис дода ё ба он роҳбарӣ кардааст.
4) Таҳриккунанда шахсе эътироф мешавад, ки шахси дигарро бо роҳи багапдарорӣ, порадиҳӣ (харидан), таҳдид ё ба тариқи дигар ба содир кардани ҷиноят моил кардааст.
5) Ёрдамчӣ шахсе эътироф мешавад, ки бо маслиҳату дастур, додани маълумот, восита ё олоти содир кардани ҷиноят ё рафъи монеаҳо ба содир намудани ҷиноят мусоидат кардааст, инчунин шахсе, ки пинҳон кардани ҷинояткор, восита ё олоти содир намудани ҷиноят, осори ҷиноят ё ашёи бо роҳи ҷиноят ба даст омадаро пешакӣ ваъда додааст, ҳамчунин шахсе, ки дар хусуси соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ашёро пешакӣ ваъда додааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 37. Ҷавобгарии шарикони ҷиноят
1) Ҷавобгарии шарикони ҷиноят вобаста ба хусусият ва дараҷаи иштироки воқеии ҳар яки онҳо дар содир намудани ҷиноят муайян карда мешавад.
2) Ҳамиҷрокунандагон барои ҷинояти якҷоя содирнамудаашон бо моддаи Қисми махсуси ҳамин Кодекс бе ишора ба моддаи 36 ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Ҷавобгарии ҷиноятии ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчӣ бо ишора ба моддаи 36 ҳамин Кодекс мутобиқи моддаи Қисми махсуси Кодекси мазкур муқаррар мегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо дар як вақт ҳамиҷрокунандагони ҷиноят бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
4) Шахсе, ки субъекти ҷинояти дар моддаи Қисми махсуси ҳамин Кодекс махсус зикргардида набуда, дар содир намудани ҷинояти пешбининамудаи ҳамин модда иштирок кардааст, барои ин ҷиноят метавонад танҳо ба сифати ташкилкунанда, таҳриккунанда ё ёрдамчӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
5) Агар иҷрокунанда бо сабабҳои аз ӯ новобаста ҷиноятро то ба охир расонида натавонад, шарикони дигари ҷиноят барои шарикӣ дар тайёрӣ ба содир намудани ҷиноят ё сӯиқасди содир намудани ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
6) Агар кирдорҳои ташкилкунанда, таҳриккунанда ё ёрдамчӣ бо сабабҳои аз онҳо новобаста барор нагиранд, онҳо барои тайёрӣ ба ҷинояти дахлдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 38. Ифроти (экссесс) иҷрокунандаи ҷиноят
Аз ҷониби иҷрокунанда содир гардидани ҷинояте, ки шарикони дигар қасди онро надоштанд, ифроти иҷрокунанда эътироф мешавад. Барои ифроти иҷрокунанда дигар шарикони ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.
Моддаи 39. Ҷиноят содир намудани гурӯҳи шахсон, гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
1) Ҷиноят бе маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон содиршуда эътироф мешавад, агар дар он иҷрокунандагоне иштирок карда бошанд, ки дар хусуси якҷоя содир намудани он пешакӣ маслиҳат накардаанд.
2) Ҷиноят бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон содиршуда эътироф мешавад, агар дар он шахсоне иштирок карда бошанд, ки дар хусуси якҷоя содир намудани он пешакӣ маслиҳат кардаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).
3) Ҷиноят аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содиршуда эътироф мешавад, агар он аз ҷониби гурӯҳи устувори шахсоне, ки пешакӣ барои содир кардани як ё якчанд ҷиноят муттаҳид шудаанд, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).
4) Иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) муттаҳидшавии ду ё якчанд гурӯҳи мутташаккил эътироф мешавад, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин ба ташкилоти устувор таъсис ёфта, фаъолияти он ба тақсимоти вазифаи идоракунӣ, таъмин ва иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи иттиҳод дар байни аъзои иттиҳод ва сохторҳои он асос меёбад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
5) Ҷиноят дар ҳолате аз ҷониби иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содиршуда эътироф мешавад, ки агар онро узви (аъзои) чунин иттиҳод ҷиҳати иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи он, инчунин бо супориши иттиҳоди ҷиноятӣ шахсе содир карда бошад, ки узви иттиҳоди ҷиноятӣ нест.
6) Шахсе, ки гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) таъсис додааст ё ба он роҳбарӣ кардааст, дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои ташкил ва роҳбарии онҳо, инчунин барои тамоми ҷиноятҳои содирнамудаи гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), агар қасди ӯ содир намудани онҳоро дар бар гирифта бошад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Дигар иштирокчиёни гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) барои иштирок дар онҳо дар ҳолати пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс, инчунин барои ҷиноятҳое, ки дар тайёрӣ ё содир кардани онҳо ширкат варзидаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
7) Таъсиси гурӯҳи муташаккил дар ҳолатҳое, ки дар моддаҳои Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ нашудааст, боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тайёрӣ ба он ҷиноятҳое мегардад, ки барои содир кардани онҳо ин гурӯҳ таъсис ёфтааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
8) Ҷавобгарии ҷиноятии шахсоне дар ҳамин модда номбаршуда бе ишора ба моддаи 36 Қисми умумии ҳамин Кодекс фаро мерасад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).
9) Иштирокчии гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), ки ихтиёран ба мақомоти ҳокимият ҳозир шуда, то содир гардидани ҷиноят дар ошкор намудани нияти ҷинояткорона фаъолона мусоидат намудааст, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.