ҶАМЪОВАРӢ, КОРКАРД ВА ҲИФЗИ МАЪЛУМОТҲОИ ШАХСИИ КОРМАНД | 1994
Моддаи 57. Уҳдадории корфармо вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии корманд
1. Корфармо уҳдадораст:
- ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии кормандро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- бо мақсади таъмини риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат барои ба кор таъмин намудан, омӯзиш ва пешравӣ дар кор, таъмини амнияти шахсӣ, ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии кормандро амалӣ намояд;
- ҳангоми муайян намудани ҳаҷм ва мазмуни маълумотҳои шахсии корманд талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирад;
- маълумотҳои шахсии аз ҷониби корманд шахсан ё аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳодшударо бо огоҳкунии пешакӣ ва гирифтани розигии ӯ коркард намояд;
- бо талаби корманд тағйирот ва иловаҳоро ба маълумотҳои шахсии корманд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд;
- тартиби нигоҳдории маълумотҳои шахсии кормандро бо риояи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои корфармо шинос намудани кормандро таъмин намояд;
- бе розигии хаттии корманд дар бораи маълумотҳои шахсии ӯ ба шахсони сеюм хабар надиҳад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;
- дастрасиро ба маълумотҳои шахсии корманд танҳо ба шахсони барои ин кор ваколатдор иҷозат диҳад. Дар чунин ҳолат шахсони мазкур ҳуқуқи гирифтани танҳо ҳамон маълумотҳои шахсии кормандро доранд, ки барои иҷрои амалҳои мушаххас ва бо риояи реҷаи махфӣ заруранд;
- паҳнкунии маълумотҳои шахсии кормандро дар ҳудуди ташкилот тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;
- шахсонеро, ки ба онҳо иҷозати дастрасӣ ба маълумотҳои шахсии корманд дода шудааст, дар бораи чунин маълумотҳоро бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурдан ва ба шахсони сеюм надодани онҳо, ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, огоҳ намояд.
2. Корфармо ҳуқуқ надорад:
- аз корманд дар бораи ақидаҳои сиёси, динӣ ва дигар ақидаҳо, инчунин дар бораи ҳаёти шахсиаш маълумот талаб намояд;
- аз корманд дар бораи аъзогӣ ё фаъолияташ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар иттифоқҳои касаба маълумот талаб намояд.
3. Ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии корманд ба зиммаи роҳбари ташкилот гузошта мешавад.
Бо мақсади таъмини ҳифзи маълумотҳои шахсӣ, ки корфармо нигоҳ медорад, корманд ҳуқуқ дорад:
- ба дастрасӣ ба маълумотҳои шахсии худ, ҳамчунин ҳуқуқ барои гирифтани нусхаи қайдҳое, ки дорои маълумотҳои шахсии ӯ мебошанд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
- ба талаби ворид намудани тағйироту иловаҳо, нобудсозии маълумотҳои шахсие, ки ҷамъоварӣ ва коркарди онҳо бо вайрон намудани талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидаанд;
- оид ба амали (беамалии) корфармо, ки ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии ӯ алоқамандӣ дорад, ба суд шикоят намояд.