ҶАВОБГАРИИ МОДДИИ ТАРАФҲОИ ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӢ | 1994

Моддаи 183. Ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми ҷуброни зарари расонидашуда
1. Тарафи шартномаи меҳнатӣ, ки ба тарафи дигар зарар расонидааст, ин зарарро мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамояд.
2. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мумкин аст ҷавобгарии моддии корфармо ва корманд мушаххас карда шавад.
3. Қатъи шартномаи меҳнатӣ баъд аз расонидани зарар тарафи шартномаи меҳнатиро аз ҷавобгарии моддӣ нисбат ба пардохти ҷуброни зарари тарафи дигар озод намекунад.
Моддаи 184. Шартҳои ба вуҷуд омадани ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми расонидани зарар
1. Ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми расонидани зарар ба тарафи дигари шартнома дар натиҷаи кирдори (ҳаракат, беҳаракатии) ғайриқонунии гунаҳгорона ба вуҷуд меояд, агар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
2. Корфармо дар назди корманд ҷавобгарии моддӣ дорад:
- барои зараре, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳрум намудани ӯ аз имкониятҳои меҳнат кардан расонидааст;
- барои зараре, ки ба молу мулки корманд расонидааст;
- барои зараре, ки ба ҳаёт ё саломатии корманд расонидааст.
3. Корманд дар назди корфармо ҷавобгарии моддӣ дорад:
- барои зарари расонидашуда бо сабаби гум кардан ё хароб намудани молу мулки корфармо;
- барои зарари расонидашуда ба корфармо дар натиҷаи ҳаракат (беҳаракатӣ)-и корманд.
4. Корфармо ва корманд дар ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ҷавобгарии моддии баробар доранд.
Моддаи 185. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳрум намудани ӯ аз имкониятҳои меҳнат кардан расонидааст
1. Корфармо уҳдадор аст ба корманд маоши нагирифта ва дигар пардохтҳоро дар ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидан, роҳ надодан ба ҷойи кор, яктарафа тағйир додани шартҳои шартномаи меҳнатӣ, дур кардан аз кор ва беасос бекор кардани шартномаи меҳнатӣ ҷуброн намояд.
2. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо дар мувофиқа бо намояндагони кормандон мумкин аст ҳолатҳои дигари аз ҷониби корфармо ҷуброни зараре, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ аз имкониятҳои меҳнат кардан маҳрум намудани ӯ расонида шудааст, муқаррар карда шавад.
Моддаи 186. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба молу мулки корманд расонидааст
Корфармо уҳдадор аст, зарари ба молу мулки корманд расонидаашро мувофиқи шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пурра ҷуброн намояд.
Моддаи 187. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба ҳаёт ва ё саломатии корманд расонидааст
1. Ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ корфармо барои зараре, ки ба ҳаёт ва ё саломатии корманд расонидааст уҳдадор аст, зарари расонидаро дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд.
2. Зарари муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур ҳангоми мавҷуд набудани пардохтҳои суғуртавӣ ба корманд дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда мешавад. Дар ҳолати мавҷудияти пардохти суғуртавӣ корфармо уҳдадор аст фарқияти маблағи суғуртавӣ ва ҳаҷми зарари воқеиро ба корманд ҷуброн намояд.
3. Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн кардани зараре, ки ба ҳаёт ва ё саломатии корманд расонида шудааст бо қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 188. Ҷавобгарии моддии корманд барои зараре, ки ба корфармо расонидааст
1. Ҳолатҳо ва ҳаҷми ҷавобгарии моддии кормандро барои зараре, ки ба корфармо расонидааст, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
2. Корманд уҳдадор аст, зарари бевоситаи воқеии ба корфармо расонидаашро ҷуброн намояд.
3. Корманд аз ҷавобгарии моддӣ ҳангоми расонидани зарар ба корфармо озод мегардад, агар зарар дар натиҷаи қувваҳои бартарафнашаванда ё зарурияти ниҳоӣ ба амал омада бошад, инчунин аз ҷониби корфармо уҳдадориҳо оид ба таъмини шароити зарурӣ барои муҳофизати молу мулки дар ихтиёрдоштаи корманд иҷро нагардида бошад.
4. Ба корманд вогузор намудани ҷавобгарӣ барои зараре, ки ба таваккали муқаррарии истеҳсолӣ - хоҷагӣ алоқамандӣ дорад, роҳ дода намешавад.
5. Корфармо уҳдадор аст, ба корманд шароити зарурии муътадилро барои нигоҳдории молу мулки боваркардашуда муҳайё намояд.
6. Воқеан кам кардани молу мулки нақди корфармо ё бад кардани ҳолати молу мулки мазкур (аз ҷумла, молу мулки шахси сеюми дар назди корфармо қарордошта, агар корфармо барои нигоҳубини молу мулки мазкур масъулият дошта бошад), ҳамчунин барои корфармо зарурати харҷ ё пардохти маблағи иловагӣ барои харидан, барқарор кардани молу мулк ё ҷуброни зараре, ки аз ҷониби корманд ба шахсони сеюм расонида шудааст, зарари бевоситаи воқеӣ ба ҳисоб меравад.
Моддаи 189. Ҳадди ҷавобгарии моддии корманд
Корманд барои зарари расонидашуда дар доираи музди миёнаи моҳонаи худ ҷавобгарии моддӣ дорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур.
Моддаи 190. Ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба корфармо
1. Ба зиммаи корманд ҷавобгарии пурраи моддӣ барои зарари ба корфармо расонидашуда дар ҳолатҳои зерин вогузор карда мешавад:
- таъмин накардани ҳифзи молу мулк ва дигар дороиҳои дар асоси шартномаи хаттӣ оид ба ҷавобгарии пурраи моддии ба корманд супоридашуда;
- таъмин накардани ҳифзи молу мулк ва дигар дороиҳои дар асоси ҳуҷҷатҳои якдафъагӣ ҳамчун зерҳисоб қабулкардаи корманд;
- расонидани зарар дар ҳолати мастӣ, бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда;
- камомад, қасдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми тайёр кардани онҳо, инчунин асбобу анҷом, либосҳои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додашуда;
- расонидани зарар аз ҷониби корманд бо кирдорҳои ғайриқонунии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- расонидани зарар ҳангоми иҷро накардани уҳдадориҳои меҳнатӣ;
- қасдона фош намудани сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ, агар шартҳои маҳфуз нигоҳ доштани он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шуда бошанд;
- дар ҳолатҳое, ки ҷавобгарии пурраи зарари ҳангоми иҷрои вазифа расонидашуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи корманд гузошта шуда бошад.
2. Ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои зарари ҳангоми иҷрои вазифа расондашуда дар шартномаи меҳнатӣ, ки бо роҳбари ташкилот, муовинони ӯ ва сармуҳосиб баста шудааст, муқаррар карда мешавад.
3. Ҷавобгарии моддии корманд ҳамон вақт имконпазир аст, ки агар зарар бо гуноҳи ӯ ба корфармо расонида шуда бошад.
Моддаи 191. Ҷавобгарии моддии коллективӣ барои расонидани зарар
1. Ҳангоми аз ҷониби кормандон дастаҷамъона анҷом додани намудҳои алоҳидаи кор вобаста ба нигоҳдорӣ, коркард, фурӯш (интиқол), боркашонӣ, қабул ё дигар истифодабарии дороиҳо, дар мавриди расонидани зарар муайян карда натавонистани ҷавобгарии ҳар яки онҳо ва бо онҳо бастани шартнома оид ба ҷуброни пурраи зарар, мумкин аст ҷавобгарии моддии коллективӣ ба расмият дароварда шавад.
2. Байни корфармо ва ҳамаи аъзои коллектив дар бораи ҷавобгарии моддии коллективӣ шартномаи хаттӣ баста мешавад.
3. Ҳангоми ихтиёран ҷуброн намудани зарар дараҷаи гуноҳи ҳар як аъзо бо розигии ҳамаи аъзои коллектив ва корфармо муайян карда мешавад.
4. Ҳангоми ба тариқи судӣ ситонидани зарар дараҷаи гуноҳи аъзои коллектив аз ҷониби суд муайян карда мешавад.
Моддаи 192. Муайян кардани андозаи зарар
1. Андозаи зарари ба корфармо расонидашуда аз рӯи талафоти воқеӣ дар асоси маълумоти ҳисобу китоби муҳосибӣ муайян карда мешавад.
2. Ҳангоми камомад, қасдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми тайёр кардани онҳо, ҳамчунин асбобу анҷом, либосҳои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додашудаи корфармо, ки ба фондҳои (воситаҳои) асосӣ мансубанд, андозаи зарар аз рӯи нархи бозории маҳалли мазкур дар рӯзи расонидани зарар (аммо на камтар аз арзиши тавозунӣ бо назардошти дараҷаи фарсудагии молу мулк) ҳисоб карда мешавад.
3. Дар ҳолатҳои дигар андозаи зарар бо нархи бозорӣ, ки дар маҳалли мазкур дар рӯзи расонида шудани зарар мавҷуд аст, ҳисоб карда мешавад.
4. Тартиби махсуси муайян намудани андозаи ҷуброни зарари ба корфармо расонидашуда бо роҳи камомад, қасдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми тайёр кардани онҳо, ҳамчунин асбобу анҷом, либосҳои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додашуда бо татбиқи карат ба онҳо, инчунин дар ҳолатҳое, ки андозаи воқеии зарар аз андозаи аслии он зиёд аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 193. Уҳдадории корфармо ҳангоми муқаррар намудани андозаи зарар ва сабаби сар задани он
1. Корфармо уҳдадор аст, то қабул гардидани қарор дар бораи барқарор кардани ҷуброни зарар аз ҷониби корманди мушаххас ҷиҳати муқаррар намудани андозаи зарар ва сабабҳои сар задани он санҷиш гузаронад.
2. Барои чунин санҷиш корфармо ҳуқуқ дорад, бо иштироки мутахассисони дахлдор комиссия таъсис диҳад.
3. Аз корманд талаб кардани баёноти хаттӣ барои муқаррар намудани сабаби сар задани зарар ҳатмӣ мебошад.
4. Корманд ҳуқуқ дорад, ки дар санҷиш иштарок намояд ва. бо тамоми маводи санҷиш шинос шавад.
Моддаи 194. Ҷуброни зарарро ихтиёран додани корманд
1. Корманде, ки ба корфармо зарар расонидааст, метавонад ҷуброни онро ихтиёран пурра ё қисман диҳад.
2. Ҷуброни ихтиёрии зарар дар доираи пешбиникардаи Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
3. Бо мувофиқаи корманд ва корфармо ҷуброни зарарро дертар додан мумкин аст. Дар ин ҳолат корманд дар бораи ҷуброни зарар бо зикри муҳлати мушаххаси пардохт ба корфармо уҳдадории хаттӣ пешниҳод мекунад.
4. Агар корманде, ки дар бораи ҷуброни ихтиёрии зарар уҳдадории хаттӣ додааст, бо сабаби қатъ шудани муносибатҳои меҳнатӣ зарарро ҷуброн накунад, дар ин сурат ҷуброни зарар ба тариқи судӣ ситонида мешавад.
5. Корманд метавонад бо ризоияти корфармо барои ҷуброни зарар ба у молу «мулкй баробарарзиш диҳад ё молу мулки харобшударо барқарор намояд.
Моддаи 195. Тартиби ситонидани ҷуброни зарар
1. Маблағи зараре, ки аз маоши якмоҳаи корманди гунаҳгор зиёд нест, бо фармоиши корфармо ситонида мешавад. Фармоиш на дертар аз ду ҳафтаи ошкор шудани зарар қабул карда мешавад.
2. Дар сурати розӣ набудани корманд аз маблағи ситонидашудаи зарар, ӯ ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.
3. Агар маблағи зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад, аз моҳонаи миёнаи ӯ зиёд бошад ё аз рӯзи ошкор шудани зарар ду ҳафта гузашта бошад, корфармо зарарро ба тариқи судӣ меситонад.
Моддаи 196. Ҷуброни зараре, ки роҳбар ба ташкилоти давлатӣ расонидааст
1. Ҷуброни зараре, ки ба ташкилоти давлатӣ бо гуноҳи роҳбари он расидааст, бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
2. Қарори аз роҳбари ташкилоти давлатӣ ситонидани ҷуброни зарарро мақоме, ки ҳуқуқи моликро дорад, қабул мекунад. Ин мақом ҳамчунин ҳуқуқ дорад, ки ҷуброни зарарро аз роҳбар бо тариқи судӣ ситонад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
Моддаи 197. Кам кардани андозаи зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад
1. Бо назардошти муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи ҷуброни зарареро, ки бояд аз корманд ситонида шавад, мумкин аст кам карда шавад.
2. Агар зарар дар натиҷаи ҷиноятӣ бо мақсади ғаразнок содиршуда расонида шуда бошад, ба кам кардани ҷуброни зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад, роҳ дода намешавад.