ҶАВОБГАРИИ МАЪМУРӢ | 1994

Моддаи 22. Мафҳуми ҷавобгарии маъмурӣ
1. Ҷавобгарии маъмурӣ як намуди ҷавобгарии ҳуқуқӣ буда, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахсони мансабдор ва ҳуқуқӣ аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877, аз 28.12.2012 № 910).
2. Намудҳои гуногуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боиси татбиқи намудҳои гуногуни ҷазоҳои маъмурӣ мегарданд.
3. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар сурате мунтазам содиршуда эътироф мегардад, ки аз ҷониби шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар давоми як сол ду маротиба ё бештар аз он содир шуда бошад.
Моддаи 23. Асоси ҷавобгарии маъмурӣ
Асоси ҷавобгарии маъмурӣ аз ҷониби шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ содир шудани кирдорест, ки тамоми аломатҳои таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмурии пешбиникардаи Кодекси мазкурро дар бар гирад.
Моддаи 23(1). Шарикӣ дар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1068)
1. Иштироки якҷояи қасдонаи ду ё зиёда шахсони воқеӣ ё мансабдор дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии қасдона шарикӣ дар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф мешавад.
2. Ташкилкунанда ва ёрдамчӣ дар баробари иҷрокунанда шарикони ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф мешаванд.
3. Иҷрокунанда шахсе эътироф мешавад, ки бевосита ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир намудааст ё якҷоя бо шахсони дигар (ҳамиҷрокунандагон) бевосита дар содир намудани он иштирок кардааст, инчунин шахсе, ки бо роҳи истифодаи шахсони дигаре, ки мувофиқи Кодекси мазкур ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст.
4. Ташкилкунанда шахсе эътироф мешавад, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ташкил ё ба иҷрои он роҳбарӣ кардааст.
5. Ёрдамчӣ шахсе эътироф мешавад, ки бо маслиҳату дастур, додани маълумот, восита ё олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё рафъи монеаҳо ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат кардааст, инчунин шахсе, ки пинҳон кардани ҳуқуқвайронкунанда, восита ё олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, осори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ашёи бо роҳи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба даст омадаро пешакӣ ваъда додааст, ҳамчунин шахсе, ки дар хусуси соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ашёро пешакӣ ваъда додааст.
6. Ҷавобгарии ташкилкунанда ва ёрдамчӣ бо ишора ба ҳамин модда мутобиқи моддаи Қисми махсуси Кодекси мазкур муқаррар мегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо дар як вақт ҳамиҷрокунандагони ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бошанд.
7. Ҳангоми таъини ҷазои маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар шарикӣ содиршуда хусусият ва дараҷаи иштироки воқеии ҳар як шарики ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба инобат гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1068, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 24. Синну соле, ки ҷавобгарии маъмурии шахси воқеӣ фаро мерасад
Ба ҷавобгарии маъмурӣ шахси воқеие кашида мешавад, ки ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ синни ӯ ба шонздаҳ расида бошад.
Моддаи 25. Имкони озод шудан аз ҷавобгарии маъмурӣ
1. Агар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ камаҳамият бошад, судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамоянд, метавонанд шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намуда, бо таъини огоҳии шифоҳӣ маҳдуд гарданд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Мутобиқи Кодекси мазкур ҳамон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ камаҳамият дониста мешавад, ки дар натиҷаи он ба шахси воқеӣ ба андозаи то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахси ҳуқуқӣ ба андозаи то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зарари моддӣ расонида шуда бошад.
Моддаи 26. Номукаллафӣ
Шахси воқеие, ки ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолати номукаллафӣ қарор дошт, яъне бар асари бемории рӯҳии доимӣ, парешонии муваққатии рӯҳӣ, заъфи ақл ва ё ҳолати дигари бемории рӯҳӣ хусусияти воқеӣ ва зиддиҳуқуқии кирдори (амал ё беамалии) худро дарк ё онро идора карда наметавонад, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад.
Моддаи 27. Ҷавобгарии маъмурии шахси воқеӣ
1. Барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси воқеӣ тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, ба шарте, ки дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
2. Таҳти мафҳуми шахси воқеӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд фаҳмида мешавад.
Моддаи 28. Ҷавобгарии маъмурии ноболиғон
1. Ноболиғон тибқи тартиби муқарраркардаи Кодекси мазкур ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
2. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) метавонанд ҳолатҳои мушаххаси дар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда ва маълумоти марбут ба ноболиғро, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар синни аз шонздаҳ то ҳаждаҳ содир кардааст, ба назар гирифта, он шахсро аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намоянд.
3. Баъди аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдори ваколатдор қабул гардидани қарори аз ҷавобгарии маъмурӣ озод кардани ноболиғ парванда дар ҳаққи ӯ барои татбиқ намудани чораҳои таъсиррасонӣ ба Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011№ 717).
Моддаи 29. Ҷавобгарии маъмурии шахси мансабдор, шахси ба ӯ баробаркардашуда ва соҳибкори инфиродӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910)
1. Шахси мансабдор барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо сабаби иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳои хизматиаш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани ин ҳолатҳо шахси мансабдоре, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор аст, тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
2. Таҳти мафҳуми шахси мансабдор дар Кодекеи мазкур шахси таъин ё интихобшуда фаҳмида мешавад, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои амрдиҳӣ нисбат ба шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ӯ қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1382).
3. Роҳбарон ва кормандони ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, ки дар робита ба иҷрои вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ ва маъмурию хоҷагӣ ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, ҳамчун шахсони мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1382).
4. Соҳибкорони инфиродӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар сабаби иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
5. Таҳти мафҳуми соҳибкори инфиродӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси воқеие фаҳмида мешавад, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910).
Моддаи 30. Ҷавобгарии маъмурии хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки дар ҳаққи онҳо оинномаҳои интизомӣ татбиқ мегарданд
1. Хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд, барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутобиқи оинномаҳои интизомӣ ва ё қоидаҳои махсус ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
2. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти гумрук ва дигар мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби адои хизматро дар мақомоти зикршуда танзим мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
3. Шахсоне, ки нисбат ба онҳо амали оинномаҳои интизомӣ ё қоидаҳои махсуси интизом татбиқ мегарданд, барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, дар бораи инҳисороти табиӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, талаботи бехатарӣ аз сӯхтор берун аз ҷойи хизмат, қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист,дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, қоидаҳои гумрук ва қоидаҳои низоми муқарраргардидаи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи андоз, боҷ ва дигар пардохтҳои молиявии давлатӣ ва маҳаллӣ, вобаста ба коррупсия, иҷро накардани талаботи қонунии суд, прокурор, муфаттиш, шахси таҳқиқкунанда ё шахси мансабдори ваколатдори баррасикунандаи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Нисбат ба шахсони зикршуда татбиқ кардани ҷазои маъмурӣ ба тариқи ҳабси маъмурӣ ва нисбат ба хизматчиёни ҳарбие, ки тибқи даъват хизмат мекунанд (аскарон ва сержантҳо), ҳамчунин татбиқи ҷазои маъмурӣ ба тарзи ҷаримаи маъмурӣ иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1382, 20.06.2019 № 1610, аз 25.06.2021 № 1785).
Моддаи 31. Ҷавобгарии маъмурии шахси ҳуқуқӣ
1. Шахси ҳуқуқӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танҳо дар ҳолатҳое, ки бевосита дар моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477).
2. Шахси ҳуқуқӣ ҳамчунин метавонад барои кирдори (амал ё беамалии) шахси воқеие, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор дониста шудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбати онҳо ҷазои маъмурӣ татбиқ гардад, ба шарте, ки муқаррар карда шавад, ки ин шахси воқеӣ ҳамчун намояндаи (узв, роҳбар) шахси ҳуқуқӣ кирдори ғайриқонуниро ба манфиати онҳо содир кардааст (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877).
3. Агар дар моддаҳои дахлдори қисмҳои умумӣ ва махсуси Кодекси мазкур зикр нагардида бошад, ки меъёрҳои муқаррарнамудаи ин моддаҳо танҳо нисбат ба шахси воқеӣ ё танҳо нисбат ба шахси ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, дар ин сурат меъёрҳои мазкур ҳам нисбат ба шахси воқеӣ ва ҳам нисбат ба шахси ҳуқуқӣ татбиқ карда мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин меъёрҳо мазмунан метавонанд танҳо нисбат ба шахси воқеӣ ё танҳо нисбат ба шахси ҳуқуқӣ татбиқ карда шаванд.
4. Ҳангоми якҷояшавии якчанд шахси ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси ҳуқуқии навтаъсис кашида мешавад.
5. Ҳангоми ба дигар шахси ҳуқуқӣ ҳамроҳ шудани шахси ҳуқуқии содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси ҳуқуқие, ки онро ба худ ҳамроҳ кардааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
6. Ҳангоми ҷудо шудани шахси ҳуқуқӣ ё аз ҳайати шахси ҳуқуқӣ баромадани як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутобиқи тавозуни (баланси) тақсимот шахси ҳуқуқии навтаъсис ва ё ҳар як шахси ҳуқуқие, ки аз ҳайати шахси ҳуқуқӣ баромадааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
7. Ҳангоми табдил додани шахси ҳуқуқии як намуд ба шахси ҳуқуқии намуди дигар барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
8. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои чорум-ҳафтуми моддаи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба он шахси ҳуқуқӣ низ татбиқ мешавад, ки вай дар бораи воқеияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ то анҷоми аз нав ташкил додан огоҳ буд ё набуд.
9. Ҷазоҳои маъмурие, ки мутобиқи сархатҳои дуюм, сеюм, чорум, шашум, ҳафтум ва ҳаштуми қисми якуми моддаи 36 Кодекси мазкур барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шахси ҳуқуқӣ то анҷоми аз нав ташкил додани шахси ҳуқуқӣ таъин гардидаанд, тибқи муқаррароти қисмҳои дуюм - ҳафтуми ҳамин модда татбиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 32. Ҷавобгарии маъмурии шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ва шахси ҳуқуқии хориҷӣ
1. Шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ва шахси ҳуқуқии хориҷии (намояндагию филиалҳои онҳо ва ғайра) воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шаҳрванди хориҷии ҳуқуқи дахлнопазирии (масунияти) дипломатӣ дошта, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
2. Ҷавобгарии маъмурӣ нисбати шаҳрванди хориҷии дахлнопазирии (масунияти) дипломатӣ дошта, тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877).
Моддаи 33. Мӯҳлати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан
1. Шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад, ба шарте ки аз рӯзи содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ се моҳ гузашта бошад ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717).
2. Агар аз рӯзи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии зерин шаш моҳ гузашта бошад, шахе ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад:
- вобаста ба ҳифзи саломатӣ, вазъи санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- дар соҳаи истифодаи замин;
- дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;
- вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ (хуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудаанд ё боиси расонидани зарари сабук ба саломатии ҷабрдида гардидаанд) (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1262);
- дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;
- дар соҳаи энергетика ва истифодаи захираҳои энергетикӣ;
- дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1517);
- дар соҳаи саноат, фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон;
- дар соҳаи қонунгузории бонкӣ;
- дар соҳаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;
- дар соҳаи қонунгузории гумрук;
- дар соҳаи қонунгузории андоз;
- вобаста ба танзими анъана ва ҷашну маросим (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1785);
- вобаста ба коррупсия (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717).
3. Дар сурати давомнок будани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳисоби мӯҳлатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда аз рӯзи ошкор шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз мегардад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717).
4. Ҳангоми рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, агар дар ҳаракатҳои шахс аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуд бошад, дар ин ҳолат ҳисоби мӯҳлати пешбинамудаи қисми якуми ҳамин модда аз рӯзи қабули қарор дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ оғоз меёбад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717).
5. Дар сурати қонеъ гардонидани хоҳишномаи шахсе, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ӯ баррасӣ мешавад, дар хусуси баррасии парванда дар ҷойи зисти ӯ мӯҳлати давом ёфтани ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахс аз лаҳзаи қонеъ намудани хоҳишнома то лаҳзаи воридшавии маводи парванда ба судя, мақомоти давлатӣ ва ё шахси мансабдоре, ки барои баррасии парванда дар ҷойи зисти он шахс ваколатдор мебошанд, боздошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717, аз 01.08.2012 № 877).