ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ АНДОЗСУПОРАНДА. АНДОЗСУПОРАНДАИ БЕМАСЪУЛИЯТ | 1994

Моддаи 33. Ҳуқуқҳои андозсупоранда
1. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад:
1) аз мақомоти андоз ва мақомоти давлатии дигар, ки дар муносибатҳои ҳуқуқии андоз иштирок менамоянд, вобаста ба истифодаи қонунгузории андоз, аз ҷумла оид ба қоидаҳо, тартиб, муқаррарот ва дастурамалҳои дигаре, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия мешаванд, ба тариқи ройгон машварат ва маълумот гирад;
2) манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои андозӣ шахсан ё тавассути намояндаи ваколатдори худ намояндагӣ ва ҳифз намояд;
3) барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ нисбат ба амал ё беамалии корманди мақомоти андоз ба мақомоти андоз, мақомоти соҳавии дастгирии соҳибкорӣ ва Шӯрои ҳалли пешазсудии баҳсҳо муроҷиат намояд;
4) дар муҳлатҳои дар Кодекси мазкур муқарраргардида аз мақомоти андоз натиҷаҳои назорат ва санҷиши андозии анҷомдодашударо гирад;
5) дар сурати дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод нагардидани огоҳинома гузаронидани санҷиши андозро рад намояд;
6) дар раванди назорат ва санҷиши андоз иштирок намояд;
7) бланкҳои аризаҳои андоз ва шаклҳои ҳисоботро аз мақомоти андоз дар шакли электронӣ гирифта бо тартиби муқарраргардида ҳисоботи андозиро пешниҳод намояд;
8) аз рӯи натиҷаҳои назорат ва санҷиши андоз ба мақомоти андоз тавзеҳот пешниҳод намояд;
9) аз мақомоти андоз санади муқоисавии тасдиқшударо оид ба ҳисоб ва пардохти андозҳо дар шакли электронӣ гирад;
10) аз мақомоти андоз маълумотномаро дар бораи мавҷуд будан ё набудани қарзи андоз, дар бораи маблағҳои даромади аз ҷониби ғайрирезидент аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда ва дар бораи андозҳои нигоҳдошташуда (пардохтшуда) дар шакли электронӣ гирад;
11) бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз мақомоти андоз маълумоти дахлдор оид ба мушаххасоти пардохти андоз (суратҳисоб, таъиноти пардохт, намуди андоз, ҳиссаҷудокунӣ ба буҷетҳои дахлдор ва ғайра), ки барои пур кардани ҳуҷҷати дахлдор зарур аст, инчунин иттилоотро оид ба усули пардохт гирад;
12) аз корманди мақомоти андоз риояи қатъии қонунгузории андозро дар муносибатҳои андозӣ талаб намояд;
13) тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои назорати андоз, қарорҳо, огоҳиномаҳо, амрҳо, дастурҳо, фармоишҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин амал ва беамалии шахси мансабдори мақомоти андоз шикоят намояд;
14) аз ҷониби мақомоти андоз риоя гардидани ҳифзи сирри амалиётҳои тиҷоратии худро талаб намояд;
15) тамдиди (ба таъхир гузоштан ё ба муҳлатҳо тақсим кардани) пардохти андозҳоро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дархост намояд;
16) баҳисобгирӣ ё баргардонидани саривақтии маблағҳои андозҳои барзиёд супоридашуда ё барзиёд ситонидашударо талаб намояд;
17) бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти андоз ҷуброни зарареро, ки дар натиҷаи қабули қарори ғайриқонунӣ, амал ва ё беамалии шахси мансабдори он расонида шудааст, талаб намояд;
18) талаби шахсони масъули мақомоти ваколатдори муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ, ки дар Кодекси мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ нашудааст, иҷро накунад;
19) хатоҳоеро, ки ҳангоми ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо роҳ додааст, мустақилона ислоҳ намояд;
20) оид ба натиҷаи санҷиши андоз, назорати андоз, амал ва беамалии шахси мансабдори мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва риояи тартиби ҳалли пешазсудии баҳсҳо ба суд шикоят намояд;
21) андозсупоранда инчунин дорои дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
2. Ба андозсупорандагон ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон кафолат дода мешавад.
3. Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои андозсупоранда боиси ҷавобгарии шахсони мансабдори мақомоти давлатии дар муносибатҳои ҳуқуқии андоз иштироккунанда мегардад.
  Моддаи 34. Уҳдадориҳои андозсупоранда
1. Андозсупоранда уҳдадор аст:
1) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти андоз ба сифати андозсупоранда аз қайд гузарад;
2) бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шавад;
3) баҳисобгирии даромаду хароҷот ва объектҳои андозбандиро мутобиқи қонунгузории андоз ба роҳ монад;
4) уҳдадориҳои андозии худро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур иҷро намояд;
5) қонунвайронкунии ошкоршудаи андозиро бартараф намояд ва барои фаъолияти қонунии кормандони мақомоти андоз монеъ нашавад;
6) дар асоси фармоиш ба шахсони мансабдори мақомоти андоз барои азназаргузаронии молу мулке, ки объекти андозбандӣ мебошанд, иҷозат диҳад;
7) ҳисоботи андозӣ ва ҳуҷҷатҳои дар Кодекси мазкур муқарраршударо ба мақомоти андози дахлдор пешниҳод намояд;
8) истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ ва таҷҳизоти дигари нуқтаҳои савдоро таъмин намояд;
9) ҳуҷҷатҳои (маълумоти) баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозро дар давоми муҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дар шакли электронӣ ва ё коғазӣ нигоҳ дорад;
10) то муҳлати дар огоҳинома оид ба таъин намудани санҷиши андоз пешбинишуда ҳуҷҷатҳои дахлдорро барои санҷиш омода намояд;
11) барӯйхатгирии (инвентаризатсияи) молу мулк ва уҳдадориҳои худро мутобиқи қонунгузорӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ гузаронад;
12) дар давоми 5 рӯзи корӣ ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ итттилооти зеринро пешниҳод намояд:
а) дар бораи таъсис додан ё қатъ намудани фаъолияти воҳидҳои алоҳидаи худ;
б) дар бораи қабули қарор оид ба азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ (қатъи фаъолият) ё муфлисшавӣ;
в) дар бораи тағйир ёфтани низоми истифодашавандаи андозбандӣ, тартиби баҳисобгирӣ, маҳалли фаъолият (ҷойи истиқомат), иттилоот барои тамос;
13) ҳангоми анҷом додани ҳар амале, ки уҳдадориҳои андозиро ба миён меорад, аз контрагент ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қайди давлатиро дар мақомоти андоз ба сифати андозсупоранда талаб намояд;
14) андозсупоранда уҳдадориҳои дигари муқаррарнамудаи Кодекси мазкурро иҷро менамояд.
2. Андозсупоранда уҳдадор аст бо мақомоти андоз дар муҳлатҳои зерин санади муқоисавиро дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ тартиб диҳад:
1) хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ - як маротиба аз натиҷаҳои соли ҳисоботӣ;
2) андозсупорандае, ки дар низоми содакардашудаи андозбандӣ фаъолият мекунад, ба истиснои андосупорандагони дар асоси патент фаъолияткунанда - як маротиба ҳар нимсолаи ҳисоботӣ;
3) андозсупорандаи дар асоси патент фаъолияткунанда - як маротиба аз рӯи натиҷаҳои соли ҳисоботӣ;
4) андозсупорандагоне, ки дар низоми умумии андозбандӣ фаъолият мекунанд - як маротиба ҳар семоҳаи ҳисоботӣ.
3. Масъулият барои напардохтан ё пардохти нопурраи маблағҳои андоз дар натиҷаи дохил накардани даромади андозбандишаванда аз амалиёт ба манбаи андоз ба зиммаи андозсупоранда вогузор карда мешавад.
4. Рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси қарори расмӣ тартиб дода шуда, дар сомонаи электронии он ҷойгир карда мешавад. Номи андозсупорандаи бемасъулият пас аз ислоҳи қонунвайронкунӣ ва (ё) пешниҳод шудани далелҳои асоснок аз ин рӯйхат хориҷ карда мешавад.
5. Андозсупоранда дар ҳолатҳои зерин бемасъулият эътироф карда мешавад, агар:
а) дар давоми зиёда аз 3 моҳи пайдарпай пешниҳоди ҳисоботи андоз ва (ё) пардохти маблағи андоз ва (ё) қарзи эътирофшудаи андозиро таъмин нанамояд;
б) бе амалан анҷом додани амалиёт ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашударо пешниҳод намояд;
в) амалҳои (беамалии) дигарро анҷом дода бошад, ки номгӯи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ муқаррар карда мешавад.