ҲУҚУҚИ КӮДАКОНИ НОБОЛИҒ | 1994
Моддаи 55. Ҳуқуқи кӯдак барои зиндагӣ ва тарбия дар оила
- Кӯдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (ба синни балоғат) нарасидааст.
- Ҳар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад. Кӯдак ба ғамхории падару модар, таъмини манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъни инсонии худ ҳуқуқ дорад.
Дар сурати набудани падару модар, аз ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани онҳо ва дар ҳолатҳои дигари аз даст додани васояти падару модар, ҳуқуқи кӯдак барои тарбия дар оила мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи боби 18 ҳамин Кодекс аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ таъмин карда мешавад.
Моддаи 56. Ҳуқуқи кӯдак барои муошират бо падару модар ва дигар хешу ақрабо
- Кӯдак ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо дорад. Бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби падару модар, беэътибор донистани он ё зиндагии ҷудогонаи падару модар ба ҳуқуқи кӯдак таъсир намерасонад.
Дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад. Кӯдак инчунин ҳуқуқ дорад дар сурати дар давлатҳои мухталиф зиндагӣ кардани падару модар ва баъди бекор кардани ақди никоҳ низ бо онҳо муошират кунад.
- Фарзанде, ки дар ҳолати фавқулодда қарор дорад (ҳангоми дастгир кардан, ба ҳабс гирифтан, дар маҳбас нигоҳ доштан, дар муассисаи тиббӣ будан ва ғайра) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун барои муошират бо падару модар ва дигар хешу ақрабои худ ҳуқуқ дорад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)
Моддаи 57. Ҳуқуқи кӯдак ба ҳимоя
- Кӯдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ дорад.
Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, мақомоти васояту парасторӣ, прокурор ва суд ҳимоя мекунанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)
- Кӯдак ҳуқуқ дорад аз сӯиистифодаи падару модар (шахсони ивазкунандаи онҳо) ҳифз карда шавад.
Ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, аз ҷумла иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро намудани ӯҳдадориҳо аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) оид ба тарбияю таълими кӯдак ё суиистифода аз ҳуқуқҳои падару модарӣ кӯдак ҳуқуқ дорад ба мақоми васоят ва парасторӣ ва пас аз расидан ба синни чордаҳсолагӣ ҷиҳати ҳимоя аз ҷониби онҳо ба суд муроҷиат кунад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)
- Шахсони мансабдори ташкилотҳо ва дигар шаҳрвандоне, ки аз таҳдид ба ҳаёт ё саломатии кӯдак ё поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак дар оила огоҳӣ пайдо мекунанд, вазифадоранд дар ин хусус ба мақоми васояту парастори маҳали воқеии истиқомати кӯдак маълумот диҳанд. Ҳангоми гирифтани чунин маълумот мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак чораҳои зарурӣ андешад.
Мақоми васояту парасторӣ ҳуқуқ доранд, дар ҳолатҳои зарурӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ба оилаҳое, ки дар онҳо зиндагӣ кардани кӯдакон ба ҳаёту саломатии онҳо хатарнок аст, бемонеа ворид шаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
Моддаи 571. Ҳуқуқи кўдак барои озодона изҳор намудани фикри худ
(ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
- Кўдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гунна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ў дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад. Ба инобат гирифтани фикри кўдаки аз сини даҳсола боло ҳатмӣ мебошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кўдаки аз синни даҳсола боло қарор қабул намояд.
- Муассисаҳои таълимии томактабӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва падару модар бояд барои озодона изҳор намудани фикри кўдак дар ҷомеа ва оила шароит фароҳам оваранд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
Моддаи 58. Ҳуқуқи кӯдак ба доштани насаб, ном ва номи падар
- Кӯдак ба доштани насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад.
- Тартиби номгузорӣ ва сабти насаб, ном ва номи падари кӯдак дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 26.11.15 с., №1239)
Моддаи 59. Бо ҚҶТ аз 29. 04. 06с., №183 хориҷ карда шуд
Моддаи 60. Ҳуқуқи молумулкии кӯдак
- Кӯдак мувофиқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс аз падару модари худ ва аъзои дигари оила ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад.
- Кӯдак ба даромади бадастоварда, молу мулки ҳадя ё меросгирифта ва ҳама гуна молу мулки дигаре, ки тибқи қонун ба ӯ тааллуқ дорад, дорои ҳуқуқи моликият мебошад.
Ҳуқуқи кӯдак барои ихтиёрдории молу мулки таҳти моликияташ қарордошта тибқи меъёрҳои дахлдори қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Дар сурати ваколати идоракунии молу мулки кӯдакони ноболиғро анҷом додани падару модар нисбат ба онҳо қоидаҳое татбиқ мегарданд, ки дар қонунҳои гражданӣ қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ихтиёрдории молу мулки шахси таҳти парасторӣ гирифташуда пешбинӣ шудаанд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)
- Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани падару модар, кӯдак ҳуқуқи моликият ба молу мулки онҳо ва падар ё модар ҳуқуқи моликият ба молу мулки кӯдакро надоранд. Фарзандон ва падару модар, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, молу мулки ҳамдигарро бо мувофиқаи муштарак соҳибӣ мекунанд ва истифода мебаранд.
- Дар сурати ба миён омадани ҳуқуқи моликияти умумии падару модар ва кӯдак ҳуқуқи онҳо дар мавриди соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулки умумӣ тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)