ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ ВА НАБОТОТ | 1994

Моддаи 203. Риоя накардани ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба олами ҳайвоноту наботот
Барои худсарона ба дигарон додани ҳуқуқи истифодаи объектҳои олами ҳайвоноту наботот, инчунин содир намудани кирдорҳои дигаре, ки ҳуқуқи моликияти давлатиро ба олами ҳайвонот ва наботот вайрон мекунад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 204. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати муҳити зисти ҳайвонот, қоидаҳои ташкили коллексияҳои зоологӣ ва фурӯши онҳо, ҳамчунин худсарона ба ҷойҳои нави зист кӯчонидан, мутобиқ сохтан ба муҳит ва дурага кардани ҳайвонот
Барои риоя накардани қоидаҳои муҳити зист ва усулҳои кӯчонидани ҳайвонот, қоидаҳои ташкил, пурра кардан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ва ба ҳисоб гирифтани коллексияи зоологӣ, инчунин қоидаҳои ба хориҷа бурдан ва интиқол додани объектҳои олами ҳайвонот ва коллексияҳои зоологӣ, худсарона ба ҷойҳои нави зист кӯчонидан, мутобиқ сохтан ба муҳит ва дурага кардани ҳайвонот,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 205. Бе иҷозат аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ё ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани объектҳои олами ҳайвонот ва наботот
1. Барои бе иҷозат аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ё ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани объектҳои олами ҳайвоноту наботот ва маҳсулоти онҳо, ба шарте ки гирифтани чунин иҷозат дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки нисбат ба ҳайвоноти нодир ва рӯ ба камшавӣ оварда ва растаниҳои ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё номгӯйи махсуси конвенсияи байналмилалӣ дохил шуда, ҳамчунин нисбат ба ҷойи тухмгузорӣ, тухм, самара ва дигар ҷузъҳои онҳо содир шудааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 206. Риоя накардани тартиби истифодаи олами ҳайвонот ва наботот
Барои риоя накардани тартиби истифодаи олами ҳайвоноти парваришгоҳҳо ва ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда, инчунин барои ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани ҳайвоноту набототе, ки барои эҳтиёт кардани хелҳои ҳайвонот ва набототи ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда, ки таҳти хатари нестшавӣ қарор доранд, зарар мерасонанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 207. Нобуд кардани ҳайвоноту набототи нодир
1. Барои нобуд кардани ҳайвоноту набототи нодири ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда, ки таҳти хатари нестшавӣ қарор доранд ё нобуд кардани ҷойи тухмгузорӣ, тухм, лона ва иншооти дигар ё содир намудани кирдорҳои дигаре, ки метавонанд боиси несту нобуд, ҳалокат, камшумор шудан ё халалдор шудани муҳити зисти ҳайвонот ва наботот гарданд ё кирдорҳое, ки бо сабаби риоя накардани шартҳои шикору истифодаи чунин ҳайвонот ва наботот содир шудаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Кирдорҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки нисбат ба бабри барфӣ содир шуда бошанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1928аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 208. Риоя накардани қоидаҳои шикори ҳайвонот ва моҳигирӣ
1. Барои риоя накардани қоидаҳои шикори ҳайвонот, моҳигирӣ ва муҳофизати захираҳои моҳӣ, инчунин қоидаҳои дигари истифодаи олами ҳайвонот,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дағалона риоя накардани қоидаҳои шикор (шикори беиҷозат ё шикор дар ҷойҳо ё дар мавридҳои мамнӯъ ё бо тарзу усулҳои манъшуда) ва ё мунтазам риоя накардани дигар қоидаҳои шикор, инчунин дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани чунин кирдор,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор худсарона бо мақсади шикор ва моҳигирӣ, доштани паррандаю ҳайвонот бо истифодаи воситаҳои нақлиёт содир кардаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи шикор ба мӯҳлати то ду сол бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 209. Несту нобуд кардани растаниҳои худруй, поймол кардани алафзор ва киштзор ё расонидани зарар ба онҳо
1. Барои бо роҳи заҳролудкунӣ ва бар асари обҳои партов, моддаҳои кимиёвӣ ва радиоактивӣ, маҳсулоти нафтӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва дигар партовҳо нобуд кардани растаниҳои худрӯй ё расонидани зарар ба онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои бо воситаҳои нақлиёт поймол кардани алафзор ва киштзори қитъаҳое, ки барои ҳаракат ва истгоҳи нақлиёт пешбинӣ нашудаанд,
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 210. Риоя накардани тартиботи муқарраргардидаи ҷамъоварӣ, харид, интиқол, қабул ва фурӯши объектҳои олами ҳайвоноту наботот ва маҳсулоти онҳо
Барои риоя накардани тартиботи муқарраргардидаи ҷамъоварӣ, харид, интиқол, қабул ва фурӯши объектҳои олами ҳайвоноту наботот ва маҳсулати онҳо, мева, қисмҳо ва маҳсулоти онҳо, нигоҳдорӣ ва истифодаи воситаҳои ҳифзи растанӣ, моддаҳои афзоишдиҳандаи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва дигар моддаҳо, ки ба объектҳои олами ҳайвоноту наботот зарар мерасонанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 211. Харидуфурӯш ва коркарди пӯсти даббоғишуда ва даббоғинашудаи ҳайвоноти мӯйинадори ваҳшӣ
Барои харидуфурӯш ва коркарди пӯсти даббоғишуда ва даббоғинашудаи ҳайвоноти мӯйинадори ваҳшӣ, ки объекти шикор буда, тамғаи махсус надоранд, инчунин маҳсулоти аз пӯсти чунин ҳайвонот тайёркардашуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 212. Риоя накардани тартиби муқарраршудаи ҷамъоварии пӯсти гаронбаҳои ҳайвоноти мӯйинадор ва маҳсулоти онҳо
Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи ҷамъоварӣ, харид, ба даст овардан, иваз кардан, коркард, нигаҳдошт, фурӯш, содироту воридоти пӯсти гаронбаҳои ҳайвоноти мӯйинадор, дӯхтан ва фурӯхтани маҳсулот аз пӯсти онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 213. Ғайриқонунӣ истифода бурдани объектҳои олами ҳайвонот ва худсарона тайёру ҷамъоварӣ намудани қисмҳо ва маҳсулоти ҳайвоноти ваҳшӣ
Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани объектҳои олами ҳайвонот ва худсарона тайёру ҷамъоварӣ намудани қисмҳо ва маҳсулоти ҳайвоноти ваҳшӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 214. Риоя накардани тартиби муқарраршудаи ба вуҷуд овардани зоти махсуси ҳайвонот
Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи ба вуҷуд овардани зоти махсуси ҳайвонот, фурӯш, нигоҳдорӣ, афзун гардонидани саршумор, истифода кардан ва сар додани онҳо ба муҳити табиат,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).