ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ | 1994

Моддаи 215. Риоя накардани қоидаҳои пешбурди кадастрҳои захираҳои табиӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои пешбурди кадастрҳои захираҳои табиӣ (кадастрҳои замин, об, ҷангал, конҳо, олами ҳайвонот, объектҳои мамнӯъгоҳҳои табиӣ),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 216. Монеъ шудан ба назорати давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ
Барои монеъ шудан ба назорати давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 217. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати объектҳои табиӣ, низоми мамнӯъгоҳҳои давлатӣ ва боғҳои табиии миллӣ, минтақаҳои ҳифзи санитарии истироҳатгоҳҳо
Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати объектҳои нодир ва объектҳои тамомшобоби зинда ва ғайризиндаи табиат (дарахтҳои бисёрсола, харсанг ва ғайра), ки аз нигоҳи илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва солимгардонӣ аҳамияти калон доранд, инчунин риоя накардани низоми мамнӯъгоҳҳои давлатӣ ва боғҳои табиии миллӣ, минтақаҳои ҳифзи санитарии истироҳатгоҳҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 218. Пешниҳод накардан, пинҳон доштан ё таҳриф намудани маълумот вобаста ба ҳолати муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ
Барои пешниҳод накардан, пинҳон доштан ё таҳриф намудани маълумот вобаста ба ҳолати муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ, инчунин дар бораи сарчашмаҳо ва ҳаҷми заҳролудкунӣ, пинҳон доштани ҳолатҳои гӯронидани партовҳо, аз меъёр зиёд ба ҳаво партофтани моддаҳои заҳролудкунанда ё таҳриф намудани маълумот вобаста ба садамаҳои дорои оқибати манфии экологӣ ва дараҷаи заҳролудкунии муҳити зист,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 219. Аз гузаштани экспертизаи экологии давлатӣ саркашӣ кардан ё иҷро накардани талаботи он
Барои саркашӣ аз гузаштани экспертизаи экологии давлатӣ, риоя ё иҷро накардани шарт ва талаботи экспертизаи экологии давлатӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 220. Иҷро накардани амрномаю қарорҳои мақомоти назорати ҳифзи муҳити зист ва истифодаи муҳити табиӣ
Барои иҷро накардани амрномаю қарорҳои мақомоти назорати ҳифзи муҳити зист ва истифодаи муҳити табиӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 221. Барои барқарор намудани муҳити табиии зист наандешидани чораҳо
Барои наандешидани чораҳо барои барқарор намудани муҳити табиии зист, аз нав барқарор кардани захираҳои табиӣ ва бартараф намудани оқибатҳои таъсири зараровар ба муҳити зист,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 222. Ба таъхир гузоштани сохтмони иншоот ва объектҳои таъйиноти ҳифзи табиат
Барои ба таъхир гузоштани сохтмони иншоот ва объектҳои таъйиноти ҳифзи табиат ба мӯҳлати зиёда аз шаш моҳ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 223. Риоя накардани стандартҳо, қоидаҳо, меъёрҳо, дастурамалҳою дигар талаботи экологии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477)
Барои риоя накардани стандартҳо, қоидаҳо, меъёрҳо, дастурамалҳою дигар талаботи экологии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 224. Зиёда аз меъёр ё беиҷозат партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, гӯронидани партовҳо дар муҳити зист, расонидани таъсири зарарноки табиӣ ва дигар гуна зарар ба он
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087) 
Барои зиёда аз меъёри ҳадди ҷоиз ё зиёда аз микдори тибқи созиши муваққатӣ мувофиқашуда партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, барои зиёда аз меъёри ҳадди ҷоиз ба муҳити зист расонидани таъсири зарарноки табиӣ, бе иҷозати мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ ба муҳити зист партофтани моддаҳои ифлоскунанда, гӯронидани партовҳо дар муҳити зист, бе иҷозати мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ ба муҳити зист расонидани таъсири зарарноки табиӣ ва дигар гуна таъсири зарарнок, ҳамчунин ба таври пурра иҷро накардани тадбирҳои ҳифзи муҳити зист ва тадбирҳои кам кардани партови моддаҳои ифлоскунанда, ки дар шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани дараҷаи ифлосшавии муҳити зист мегарданд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 225. Бе риояи талаботи ҳифзи ҳавои атмосфера ба истифода додани корхонаҳо
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087) 
Барои ба истифода додани корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои наву таҷдидгардида, ки ба талаботи ҳифзи ҳавои атмосфера ҷавобгӯ нестанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087),
ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 226. Иҷро накардани ӯҳдадории бақайдгирии амалиёт бо моддаҳо ва омехтаҳои зараровар дар ҳуҷҷатҳои киштӣ
Барои аз тарафи капитани киштӣ ё шахсони дигари ҳайати роҳбарии он ё дигар воситаҳои шинокунанда иҷро накардани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қонун ҷиҳати бақайдгирии амалиёт бо моддаҳои барои саломатии одамон ё мавҷудоти зинда ва объектҳои об зарарнок ва ё амалиёт бо омехтаҳои дорои аз меъёри муқарраршуда зиёди чунин моддаҳо аз ҷониби шахсони зикршуда, дар ҳуҷҷатҳои киштӣ қайд намудани маълумоти нодуруст дар бораи ин гуна амалиёт ё ғайриқонунӣ рад кардани пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо ба шахсони мансабдори дахлдор,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 227. Риоя накардани қоидаҳои ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва истифодаи объектҳои олами ҳайвоноту наботот худсарона нест кардани воситаҳои ҳифз ва рушди наботот, нуриҳои маъданӣ ва дигар доруҳое, ки боиси ифлосшавии муҳити атроф (обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, ҳавои атмосфера) ё боиси нест шудани ягон навъи олами набототу ҳайвонот ва дигар организмҳои обӣ гардидаанд ё метавонанд гарданд ва ё ба олами наботот ва ҳайвонот зарар расондаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 228. Риоя накардани қоидаҳои истифода бурдан ё истифода набурдани иншоот, дастгоҳу таҷҳизоти таъйиноти ҳифзи табиат
Барои риоя накардани қоидаҳои истифода бурдан, инчунин истифода набурдани иншоот, дастгоҳ ва дигар таҷҳизоти таъйиноти ҳифзи табиат, ки барои тоза кардани партов ва назорати он пешбинӣ гардида, ки боиси зарар дидан ва ғайриқаноатбахш амал кардан ва дигар оқибатҳои зарарнок гардидааст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 229. Ба истифода додани воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои ҳаракаткунанда, ки дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда аз меъёр зиёд аст
Барои ба истифода додани воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои ҳаракаткунанда, ки дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда аз меъёр зиёд буда, садояшон ҳангоми кор аз меъёри муқарраршуда баланд аст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 230. Истифода бурдани воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои ҳаракаткунанда, ки дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда аз меъёр зиёд аст
Барои аз тарафи шахсони воқеӣ истифода бурдани воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои ҳаракаткунанда, ки дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда аз меъёр зиёд аст,
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 231. Риоя накардани талаботи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми ҷамъоварӣ ва сӯзонидани партовҳо
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087) 
Барои риоя накардани қоидаҳои ҷамъоварӣ ва сӯзонидани партовҳо, риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми дар ҳавои кушод сӯзонидани маводди сӯзанда ва масолеҳи бинокорӣ зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ ва дигар корҳо,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чилу панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 232. Риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гӯронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо
Барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гӯронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 233. Фурӯхтани маводи сӯзанда, ки ба талаботи стандартҳо ва шароити техникӣ ҷавобгӯ нест
Барои фурӯхтан ва истифода намудани маводи сӯзанда, ки ба талаботи стандартҳо ва шароити техникӣ ҷавобгӯ набуда, боиси зиёд хориҷ шудани гази зараровар мегардад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 234. Ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, тасдиқ ва ҷойгир намудан, сохтмон, таҷдид, ба истифода додан, истифода бурдан ё барҳам додани корхонаҳо, иншоот, воситаҳои ҳаракаткунанда ва дигар объектҳо, воридоту содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ хавфнок риоя накардани талаботи экологӣ
Барои ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, тасдиқ ва ҷойгир намудан, сохтмон, таҷдид, ба истифода додан, истифода бурдан ё барҳам додани корхонаҳо, иншоот, воситаҳои ҳаракаткунанда ва дигар объектҳо, ки бевосита ё бавосита ба ҳолати муҳити зист таъсир мерасонанд, инчунин ҳангоми воридоту содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ хавфнок риоя накардани талаботи экологӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чилу панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 235. Бе иҷозат иҷро кардани корҳои сохтмон, тарконӣ ва пармакунӣ, кушодани конҳо (карерҳо) ва амалӣ намудани дигар фаъолияти хоҷагӣ, ки ба муҳити зист ва захираҳои табиӣ таъсири зарарнок мерасонанд
Барои бе иҷозат иҷро кардани корҳои сохтмонӣ, тарконӣ ва пармакунӣ, кушодани конҳо (карерҳо) ва амалӣ намудани дигар фаъолияти хоҷагӣ, ки ба муҳити зист ва захираҳои табиӣ таъсири зарарнок мерасонанд, ба шарте, ки гирифтани иҷозат барои иҷро кардани чунин корҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чилу панҷ то панҷоҳу панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 236. Барҳам додани иншооти ҳифзи табиат дар таҷҳизот ва объектҳои амалкунандаи технологӣ
Барои барҳам додани иншооти ҳифзи табиат дар таҷҳизот ва объектҳои амалкунандаи технологӣ бе иҷозати мақомоти давлатии ҳифзи муҳит зист,
ба шахсони мансабдор аз чилу панҷ то панҷоҳу панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 237. Несту нобуд кардан ва расонидани осеб ба объектҳо ва ҳудудҳои ба таври махсус муҳофизатшаванда
Барои несту нобуд кардан ва расонидани осеб ба объектҳо ва ҳудудҳои ба таври махсус муҳофизатшавандаи комплексҳои табиии мамнӯъгоҳҳои давлатӣ, боғҳои миллии табиӣ, минтақаҳои табобатию солимгардонӣ ва истироҳатию осоишгоҳӣ, манзараҳо (ландшафтҳо) ва осорҳои муқаррарӣ ва нодири табиат, ки таҳти муҳофизати давлат қарор доранд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бисту панҷ, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чилу панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 238. Истифодаи захираҳои табиӣ бе иҷозати махсус
Барои бе иҷозати махсус истифода намудани захираҳои табиӣ, дар ҳолатҳое, ки гирифтани иҷозат барои чунин амал мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, инчунин ҷойгир намудани партовҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз бисту панҷ то сию панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 239. Риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми нигоҳ доштан, интиқол додан, истифода бурдан, безарар гардонидан ва гӯронидани партовҳои саноатии токсигенӣ ва партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ
Барои риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми нигоҳ доштан (ҷобаҷокунӣ), интиқол додан, истифода бурдан, безарар гардонидан ва гӯронидани партовҳои саноатии токсигенӣ ва партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чилу панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 240. Риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми дар хоҷагии халқ истифода бурдани маводи радиоактивӣ ва гӯронидани онҳо
Барои риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми дар хоҷагии халқ нигоҳ доштан (ҷобаҷокунӣ), истифода бурдани маводи радиоактивӣ, моддаҳои токсигении кимиёвӣ ва гӯронидани онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 241. Заҳролуд намудани муҳити зист ва дар натиҷаи он расонидани зарар ба саломатии инсон, олами ҳайвоноту наботот ва хоҷагии халқ
Барои заҳролуд намудани муҳити зист ва дар натиҷаи он расонидани зарар ба саломатии инсон, олами ҳайвоноту наботот ва хоҷагии халқ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 242. Худсарона буридани дарахти тут ва дигар дарахту буттаҳо, ки барои кабудизору ободонии шаҳрҳо ва дигар маҳалаҳои аҳолинишин таъин гардидаанд ё расонидани зарар ба онҳо
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051, аз 13.11.2024 № 2087)
Барои худсарона буридани дарахти тут ва дигар дарахту буттаҳои боғҳо, мамнӯъгоҳҳо, минтақаҳои кабудизори шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ниҳолзорҳои муҳофизатии минтақаҳо, ҳудудҳои дарахтзори ҳамшафати роҳҳои мошингард ва оҳан, ҳудудҳои дарахтзори манъкунандаи ҳамшафати дарёю наҳрҳо, атрофи кӯлҳо ва дигар обанборҳо ё расонидани зарар ба онҳо, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051, аз 13.11.2024 № 2087),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 243. Риоя накардани низоми муқарраршудаи истифодаи заминҳои таъйиноти муҳити зист
Риоя накардани низоми муқарраршудаи истифодаи заминҳои таъйиноти муҳити зист, солимгардонӣ, истироҳатӣ, таърихию фарҳангӣ, мамнӯъгоҳҳо, дигар заминҳое, ки тибқи шартҳои махсус истифода бурда мешаванд, инчунин заминҳои бо моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ ва бактериологӣ олудашуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 244. Расонидани зарар ба киштзор ва дигар заминҳо тавассути заҳролуд кардани онҳо
Барои расонидани зарар ба киштзор ва дигар заминҳо ё нобуд кардани қабати ҳосилхези онҳо тавассути заҳролуд кардани замин бо моддаҳои кимиёиву радиоактивӣ, ҳашаротҳои бактериологӣ ё бо ҳайвоноти бемор, партовҳои истеҳсолӣ, партовҳои дигар ва обҳои партов,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).