ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ | 1994
Моддаи 133. Риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то си нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 134. Саривақт напардохтани музди меҳнат, нафақа, идрорпулӣ, кӯмакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ
1. Барои саривақт напардохтани музди меҳнат, нафақа, идрорпулӣ, кӯмакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони масъул ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои баъди таъини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони масъул ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои аз тарафи корфармо риоя накардани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи меҳнат, яъне иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ӯҳдадорӣ, ки ба ташкил намудани шароити мусоиду бехатари кор, ҷорӣ намудани воситаҳо ва технологияи таъминкунандаи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва талаботи стандартҳо оид ба ҳифзи меҳнат вобаста аст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои аз тарафи корфармо напардохтани маблағи муқарраршудаи суғурта ё ёрдампулӣ ба шахсони дар истеҳсолот ҷабрдида,
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 137. Гум кардан, саривақт ба қайд нагирифтан ё аз нав ба қайд нагирифтани шаҳодатномаи шахси гуреза
1. Барои гум кардани шаҳодатномаи шахси гуреза,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои саривақт ба қайд нагирифтан ва ё аз нав ба қайд нагирифтани шаҳодатномаи шахси гуреза,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 138. Ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудан, ба кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва ё шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Барои ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудан ё ба кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудан ё ба кор гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои бе иҷозати махсус дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд,
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 139. Иҷро накардани амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи меҳнат
Барои аз тарафи корфармо дар мӯҳлати муқарраршуда иҷро накардани амрнома ва дастури мақомоти давлатӣ оид ба назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи меҳнат, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 140. Дидаю дониста додани маълумоти нодуруст ҳангоми таъин намудани кӯмакпулии иҷтимоии давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051)
1. Барои аз тарафи шахси ваколатдор ба шаҳрвандон дидаю дониста додани маълумоти бардурӯғе, ки боиси нодуруст таъин намудани кӯмакпулии иҷтимоии давлатӣ гардидааст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз си то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз тарафи шаҳрванд дидаю дониста пешниҳод намудани маълумоти бардурӯғ дар мавриди муроҷиат барои таъини кӯмакпулии иҷтимоии давлатӣ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051)