ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ | 1994

Моддаи 245. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизат ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизат ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 246. Касиф ва хароб кардани мероси таърихию фарҳангӣ
Барои касиф ва хароб кардани мероси таърихию фарҳангӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 247. Беасос шикастан, ба ҷойи дигар кӯчонидан ё тағйир додани мероси таърихию фарҳангӣ
Барои беасос шикастан, ба ҷойи дигар кӯчонидан, бе иҷозати мақомоти ваколатдор таъмиру тармим намудан, ғайриқонунӣ фурӯхтан ё тағйир додани мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин иншоотҳои ёдгорӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 248. Ғайриқонунӣ тасарруф кардани ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ
Барои ғайриқонунӣ тасарруф кардани ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).