ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ҚОНУНГУЗОРИИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ | 1994

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650)
Моддаи 542. Аз мавқеи ҳукмфармо ё инҳисории худ дар бозор суиистифода намудани субъектҳои хоҷагидор, инчунин гурӯҳи шахсон
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1610)
Барои аз мавқеи ҳукмфармо ё инҳисории худ дар бозор суиистифода намудани субъектҳои хоҷагидор, инчунин гурӯҳи шахсон бо роҳи содир намудани кирдорҳое, ки қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон мекунанд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650, аз 8.08.2015 № 1220, аз 20.06.2019 № 1610, аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 543. Бастани аҳдҳои маҳдудкунандаи рақобат
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1610)
Барои аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) бастани шартномаҳо, қарордодҳо ё дигар намуди аҳдҳо ё анҷом додани амалҳои мувофиқашудае, ки ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ мухолиф буда, рақобатро маҳдуд менамоянд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650)аз 20.06.2019 № 1610)
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 544. Аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул кардани санад ё анҷом додани амали маҳдудкунандаи рақобат
(Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220, аз 20.06.2019 № 1610)
Барои аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул кардани санад ё анҷом додани амалҳои маҳдудкунандаи рақобат (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220)аз 20.06.2019 № 1610),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 545. Рақобати бевиҷдонона
1. Барои аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) амалӣ намудани рақобати бевиҷдонона, ки қонунгузории зиддиинҳисорӣ манъ намудааст (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650),
ба соҳибкорони иифиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони иифиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то як саду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз се ҳазор то панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз сад то як саду панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз як саду панҷоҳ то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз шаш ҳазор то ҳашт ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 546. Рекламаи бардурӯғ
Барои аз ҷониби рекламадиҳанда паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи истеҳсол ё фурӯши мол иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дошта, истифодабарандагони рекламаро гумроҳ месозад, инчунин барои рекламаи маҳсулоти ҳатман сертификатсияшавандае, ки сертификатсияи мутобиқат надорад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220),
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 547. Рекламаи номуносиб ва рекламаи мутақобил
(Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877)
Барои пахши рекламаи номуносиб, нодуруст, беодобона ва пинҳонӣ ё саркашӣ кардани субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) аз паҳн кардани рекламаи мутақобил (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877, аз 8.08.2015 № 1220),
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд аз ҳафтод то як саду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 548. Бе иҷозат паҳн кардани реклама дар бораи мол ва хизматрасонӣ
(Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877)
Барои бе иҷозати мақомоти дахлдор паҳн кардани реклама дар бораи мол иҷрои кор ва хизматрасонӣ (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877, аз 8.08.2015 № 1220),
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 549. Рекламаи молҳое, ки қонунгузорӣ манъ намудааст
(Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220)
1. Барои рекламаи спирти этилӣ ва машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку, маҳсулоти аудио, видео ва маводи чопии хусусияти фаҳшдошта, ғизои кӯдакон ва шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ), маккаку пистонак, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, доруворие, ки дар дорухати (ресепти) духтур дода мешаванд, инчунин дигар намудҳои молҳое, ки рекламаи онро қонунгузорӣ манъ намудааст,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз сад то як саду панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз як саду бист то як саду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони мансабдор аз як саду панҷоҳ то дусад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз як саду ҳаштод то дусаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз се то панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 550. Рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъйиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ)
(Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220)
Барои рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти тайъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ), инчунин рекламаи усулҳои табобат, профилактика, ташхис, солимгардонӣ ҳангоми набудани иҷозатнома ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳолати гирифтани патент барои ихтироот дар соҳаи мазкур,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 551. Фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонии ба реклама номувофиқ
(Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220)
1. Барои фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасоние, ки ба намудҳои дар реклама пешниҳодгардида ё нишондодашуда номувофиқанд, инчунин реклама ё пешниҳоди мол, кор ва хизматрасонӣ бе нияти амалӣ намудани онҳо,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,ба андозаи аз понздаҳ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз чил то шаст, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳаштод то як саду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 551(1). Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ноболиғон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани реклама
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1069)
Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ноболиғон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани реклама,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 551(2). Риоя накардани мӯҳлати нигоҳдории маводи рекламавӣ ва нусхаҳои онҳо
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1069)
Барои аз тарафи рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама риоя накардани мӯҳлати нигоҳдории маводи рекламавӣ ва нусхаҳои онҳо,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 551(3). Риоя накардани маҳдудиятҳо дар фаъолияти сарпарастӣ
(Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1445)
Барои дахолат кардани сарпараст ба фаъолияти кӯмакгиранда, сарпарастии реклама аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, инчунин сарпарастӣ ба барномаҳои ахбор оид ба воқеаҳои ҷорӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то шаст, ба шахсони мансабдор аз шаст то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1445, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 552. Сӯиистифода кардани фурӯшанда аз қобилияти манфиати худро ҳифз карда натавонистани истеъмолкунанда
1. Барои сӯиистифода кардани фурӯшанда аз қобилияти манфиати худро ҳифз карда натавонистани истеъмолкунанда бо сабаби маъюбӣ, бесаводӣ ё надонистани забони зимни фурӯши мол татбиқшаванда,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то си, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сад то як саду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 553. Пешниҳод накардани маълумот ё пешниҳод намудани маълумоти носаҳеҳ ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ
(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650, аз 8.08.2015 № 1220)
Барои бо талаби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ё бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ пешниҳод накардани маълумот, ҳуҷҷатҳои саҳеҳ, баёноти хаттию шифоҳӣ ва иттилооти дигар, ки барои иҷрои ваколатҳои мақомоти зиддиинҳисорӣ заруранд ва ё пешниҳод кардани маълумоти носаҳеҳ, таҳрифшуда ё нодуруст (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650, аз 20.06.2019 № 1610),
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 553(1). Пешниҳод накардани дархост ва аризаи дахлдор
(Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220)
1. Барои бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳод накардани дархост дар бораи додани розигии пешакӣ барои таъсис ва азнавташкилкунии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор, муттаҳидшавии шахси ҳуқуқӣ ё ҳамроҳ шудани шахси ҳуқуқӣ ба дигар шахси ҳуқуқӣ, таъсиси шахси ҳуқуқӣ ҳангоми пардохти сармояи оинномавии (шариконаи) он бо саҳмҳо (ҳиссаҳо) ё молу мулки дигар шахси ҳуқуқӣ, инчунин тақсимкунии (ҷудокунии) шахси ҳуқуқӣ, агар ин боиси ташкил шудани шахси ҳуқуқие гардад, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфарморо доро шавад,
ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод накардани дархост дар бораи мувофиқаи пешакии мақомоти давлатии зиддиннҳисорӣ оид ба аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) харид кардани саҳмияи (ҳиссаи) дорои ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъекти хоҷагидор, ки дар натиҷа чунин шахс (гурӯҳи шахсон) ҳуқуқи ихтиёрдории бештар аз бист фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳои) харидгардидаро пайдо мекунад, аз тарафи як субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) соҳиб шудан ба воситаҳои асосии истеҳсолот ё дороиҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори дигар ё мавриди истифода қарор гирифтани онҳо, агар арзиши тавозунии (балансии) молу мулки ташкилдиҳандаи мавзӯи аҳд аз даҳ фоизи арзиши тавозунии (балансии) воситаҳои асосии истеҳсолот ва дороиҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори ҷудокунандаи молу мулки зиёд бошад, аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) ба даст овардани ҳуқуқе, ки ба субъекти хоҷагидор имконият медиҳад, шароити амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории ҳамин шахсро (гурӯҳи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи мақомоти идоракунии онро иҷро кунад, инчунин пешниҳод накардани аризаи дахлдор баъди ба итмом расидани иҷрои аҳдҳои мазкур,
ба шахсони мансабдор аз сад то як саду бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз як саду бист то як саду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Эзоҳ:
1. Розигии пешакӣ барои иҷро намудани аҳдҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда нишон дода шудаанд, дар ҳолатҳое зарур мебошад, ки агар арзиши умумии тавозунии (балансии) дороиҳои шахсон аз дусад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд ё яке аз онҳо субъекти хоҷагидоре мебошад, ки ба феҳристи субъектҳои хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дохил карда шудааст ё харидор гурӯҳи шахсоне бошад, ки фаъолияти ҳамин субъекти хоҷагидорро назорат мекунад.
2. Аризаи дахлдор баъди ба итмом расидани иҷрои аҳдҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда оварда шудаанд, зарур мебошад, агар арзиши умумии тавозунии (балансии) дороиҳои шахсон аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220).
Моддаи 554. Иҷро накардани қарор (амрнома)-и мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ
(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650)
Барои иҷро накардан, нопурра иҷро кардан ё саривақт иҷро накардан, инчунин саркашӣ аз иҷрои қарор (амрнома)-и мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650),
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд аз чил то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 554(1). Ошкор кардани маълумоте, ки сирри тиҷоратии субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродиро ташкил медиҳад
(Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220)
Барои аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ошкор кардани маълумоте, ки сирри тиҷоратии субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродиро ташкил медиҳад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз шаст то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 555. Беасос баланд бардоштани нархҳо
1. Барои беасос баланд бардоштани нархҳои танзимшавандаи давлатӣ (тарифҳо барои маҳсулот, мол ва хизматрасонӣ) ва ҳадди баландтарини даромаднокӣ, баланд бардоштани нархҳои фурӯши яклухти дар мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ зимни пешниҳоди эъломия бақайдгирифташуда, инчунин баланд бардоштан ё паст кардани нархи маҳсулоти интиқолшавандаи корхонаҳо тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ ба дигар давлатҳо (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650),
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои ҳисоб кардани изофа ва иловапулиҳои пешбинишуда ба нархҳо дар сурати мавҷуд будани нархҳои ниҳоии расман муқарраргардида, ба арзиши хизмат ворид намудани арзиши корҳои воқеан иҷронашуда ё корҳои ба таври пурра амалинашуда, ки бо назардошти арзиши ин хизматрасониҳо пешбинӣ шудаанд, инчунин барои истифода бурдани ашёи хоми нисбатан арзон ва дигар тағйироти технологӣ, ки боиси бе ризоияти истеъмолкунандагон (харидорон) арзон шудани маҳсулот ва афзоиши нархи маҳсулоте, ки бинобар норасоиҳои конструктивӣ ва техникии онҳо гардида, хусусиятҳои истеъмолии зимни мувофиқасозии дараҷаи ин хусусиятҳо қабулгардида (дар сурати мавҷуд будани хулосаи мақомоти стандартизатсия) ба даст наомадааст,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз шаст то ҳаштод, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳаштод то як саду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазору панҷсад то се ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 556. Ба буҷети давлатӣ нагузаронидани даромади (фоидаи) бе риояи қонунгузорӣ бадастовардашуда
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1610)
Барои ба буҷет нагузаронидани даромад (фоида)-и бе риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ бадастомада (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650),
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима" таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 557. Расонидани зиён (зарар) ба истеъмолкунандагон
Барои ба истеъмолкунандагон расонидани зиён (зарар) тавасссути мол (кор, хизматрасонӣ)-е, ки ба талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) ҷавобгӯ намебошанд,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз понздаҳ то бисту панҷ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъиин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1220).
Моддаи 558. Риоя накардани нарху тарифҳои муқаррарнамудаи мақомоти танзимкунандаи фаъолияти инҳисороти табиӣ ва ба он пешниҳод накардани дархост
Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1610)
1. Барои риоя накардани нархҳо ва тарифҳои аз ҷониби мақомоти танзимкунандаи фаъолияти инҳисороти табиӣ муқарраршуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1610),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз тарафи субъектҳои инҳисороти табиӣ ба мақомоти ваколатдори танзимкунандаи фаъолияти инҳисороти табиӣ пешниҳод накардани дархост оид ба додани ризоият дар хусуси анҷом додани амалҳо ва огоҳ накардани он дар бораи соҳиб гардидан ба шумораи овозҳое, ки қонунгузорӣ дар бораи инҳисороти табиӣ муқаррар намудааст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1610),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чор ҳазор то панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои аз тарафи шахс ё гурӯҳи шахсон огоҳ накардани мақомоти ваколатдори танзимкунандаи фаъолияти инҳисороти табиӣ дар хусуси соҳиб гардидан ба шумораи бештари овозҳо ё тағйири овозҳои ба онҳо тааллуқдошта, ки қонунгузорӣ дар бораи инҳисороти табиӣ муқаррар намудааст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1610, аз 20.06.2024 № 2051).