ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ҚОНУНГУЗОРИИ ГУМРУК | 1994

Моддаи 570. Иҷро накардани амру талаботи қонунии шахси мансабдори мақомоти гумрук
Барои иҷро накардани амру талаботи қонунии шахси мансабдори мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни иҷрои вазифаҳои хизматии ӯ,
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 23.12.2021 №1813, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 571. Даст кашидани шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда бо сабаби риоя накардани қоидаҳои гумрукӣ ҷиҳати додан ё дар мӯҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод накардани молу ҳуҷҷатҳо ва дигар маводу иттилооти барои баррасии парванда зарур
Барои бе сабабҳои узрнок даст кашидани шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда бо сабаби риоя накардани қоидаҳои гумрукӣ ҷиҳати додан ё дар мӯҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод накардани молу ҳуҷҷатҳо ва дигар маводу иттилооти барои баррасии парванда зарур ба шахсони мансабдори мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ба бозрас (ревизор) ё мутахассиси бо супориши ӯ амалкунанда,
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1813, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 572. Мамониат барои гузаронидани санҷиши гумрукӣ ва саркашӣ кардан аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ
1. Барои мамониат кардан ба гузаронидани санҷиши гумрукӣ, ки бо қарори мақомоти гумрук таъин шудааст ё даст кашидан аз гузаронидани он, агар гузаронидани он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои саркашӣ кардан аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 573. Даст кашидан ё саркашӣ кардани коршинос аз додани хулоса, тарҷумон аз иштирок дар истеҳсолоти парванда, мутахассис аз гузаронидани санҷиши гумрукӣ ва барасмият дарории он
Барои бе сабабҳои узрнок даст кашидан ё саркашӣ кардани коршинос аз додани хулоса, тарҷумон аз иштирок дар истеҳсолоти парванда, мутахассис аз гузаронидани санҷиши гумрукӣ ва барасмият дарории он,
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 574. Даст кашидан ё саркаши кардани шахси мансабдори корхона, муассиса, ташкилот аз иҷрои қарор ё супориш оид ба гузаронидани экспертиза ё аз иҷрои талабот дар бораи даъвати мутахассис ё тарҷумон
Барои бе сабабҳои узрнок даст кашидан ё саркашӣ кардани шахси мансабдори корхона, муассиса, ташкилоте, ки ба онҳо қарор ё супориши мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани экспертиза ё талабот дар бораи даъвати мутахассис ё тарҷумон ҷиҳати иштирок дар гузаронидани санҷиши гумрукӣ ва барасмиятдарории он фиристода шудааст,
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 23.12.2021 №1813, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 575. Бе иҷозати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурдани молу мулке, ки ба он ҳабс гузошта шудааст ё риоя накардани талаботу маҳдудиятҳои чунин истифодабарӣ
Барои бе иҷозати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурдани молу мулке, ки ба он аз ҷониби ин мақомот ҳабс гузошта шудааст ё риоя накардани талаботу маҳдудиятҳои барои чунин истифодабарӣ муқаррарнамудаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 576. Таъсиррасонӣ ё дахолати ғайриқонунӣ бо мақсади таъсир расонидан ба қарорҳои қабулшаванда ва ё ба ҳаракатҳои амалишаванда
Барои аз ҷониби корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва дигар кормандони онҳо ғайриқонунӣ таъсир расонидан ё дар ҳар шакл дахолат кардан бо мақсади расонидани таъсир ба қарорҳои қабулшаванда ё ба амалҳои содиршавандаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси мансабдори он, инчунин таъсиррасонӣ ё дахолати шахсе, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст,
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 577. Интиқоли ғайриқонунии мол ё воситаи нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои интиқоли мол ё воситаи нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз он, бо роҳи истифодаи махфигоҳҳо, роҳҳои дигаре, ки ошкор кардани молро душвор мегардонанд ё бо роҳи ба як мол додани намуди дигар ё ба мақомоти гумрук пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ҳуҷҷатҳои бо роҳи ғайриқонунӣ дастрасгардида, ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти нодуруст, ҳуҷҷатҳои ба мол ё воситаи нақлиёти дигар тааллуқдошта ё ҳуҷҷатҳои дигари беэътибор ё бо истифодаи воситаи баҳаммонандсозии қалбакӣ ё воситаи баҳаммонандсозии аслӣ, ки ба мол ё воситаи нақлиёти дигар тааллуқ доранд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то дукарата ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз ду то секаратаи арзиши мол ё воситаи нақлиёти аз сарҳади гумрукӣ ғайриқонунӣ интиқолгардида бо мусодираи ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1383, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 578. Пешниҳод накардани эъломия (декларатсия) ё нодуруст пешниҳод кардани эъломияи мол ва ё воситаи нақлиёт
1. Барои пешниҳод накардани эъломия (декларатсия) ё нодуруст пешниҳод кардани эъломияи мол ва ё воситаи нақлиёт, ки бояд дар шакли муқарраршуда (хаттӣ, даҳонӣ ё электронӣ) мавриди эъломиякунонӣ қарор гирад,
ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то дукарата ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то секаратаи арзиши мол ва ё воситаи нақлиёт, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 24.02.2017 № 1383, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз ҷониби декларант ё брокери гумрукӣ (намоянда) дар эъломияи гумрукӣ ё дар ҳуҷҷати шакли дигари муқарраршудаи эъломиякунонӣ баён кардани маълумоти нодуруст дар бораи номгӯй, микдор, арзиши гумрукӣ, кишвари истеҳсолкардаи мол ва ё воситаи нақлиёт, оид ба низоми гумрукии онҳо ё маълумоти дигар, ки барои қабули қарор дар бораи додани иҷозат (иҷозати шартӣ)-и баромадани мол ё воситаи нақлиёт, таҳти низоми гумрукии интихобшуда қарор додани онҳо ё ба рӯёндани пардохтҳои гумрукӣ таъсиррасонанда (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650),
ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то дукарата ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то секаратаи арзиши мол ва (ё) воситаи нақлиёт, ки ашёи ҳуқуқвайронунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 24.02.2017 № 1383, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои эълом доштани маълумоти нодурусте, ки ба қарорҳои қабулшавандаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интиқоли мол ва воситаи нақлиёти аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда ё ҷойгир кардани онҳо таҳти низоми гумрукии дархостшаванда ё андозаи пардохтҳои гумрукӣ таъсир намерасонанд,
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
 4. Барои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ эъломия накардан ё носаҳеҳ эъломия кардани пули миллӣ, асъори хориҷӣ ё воситаҳои гардони манзуршавандаи аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда, ки бояд ҳатман ва ба таври хаттӣ мавриди эъломиякунӣ қарор гирад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва ҳангоме, ки пули миллӣ, асъори хориҷӣ ё воситаҳои гардони манзуршавандаи эъломиянашуда ё носаҳеҳ эъломияшуда бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд бошад ё дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳои асосӣ ба даст оварда шуда бошад, инчунин бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Эзоҳ: Воситаҳои гардони манзуршаванда - коғазҳои қиматноки манзуршаванда (саҳмияҳо, вомбаргҳо, чекҳо, векселҳо, пардохтҳои пулӣ) ё коғазҳои қиматноки дигаре (чекҳо, уҳдадориҳо ва пардохтҳои пулии пур накарда), ки ҳуқуқ ба онҳоро бо пешниҳод намудан бе нишон додани номи гиранда медиҳад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1659).
Моддаи 579. Интиқоли мол ё воситаи нақлиёт бидуни риояи кардани тадбирҳо доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маҳдудиятҳо
Барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани мол ё воситаи нақлиёт бидуни риояи кардани тадбирҳо доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми савдои хориҷии мол, ҳамчунин дигар махдудиятҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 580. Огоҳ накардани воридсозии мол ё воситаи нақлиёт ҳангоми гузаштан аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои аз ҷониби интиқолдиҳанда риоя нашудани талаботи қонунгузории гумрук оид ба огоҳонидани мақомоти гумрук дар бораи гузаштан аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид намудани мол ва ё воситаи нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 581. Риоя накардани низоми минтақаи назорати гумрукӣ
Барои интиқоли мол ё воситаи нақлиёт ва ё шахсон, аз ҷумла шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ (ба истиснои шахсони мансабдори мақомоти гумрук) тавассути минтақаи назорати гумрукӣ ва ҳудуди он, инчунин иҷрои фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратии дигар бе иҷозати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ё худ фаъолияти дигари вайронкунандаи низоми минтақаи назорати гумрукӣ,
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 582. Наандешидани тадбирҳо ҳангоми садама ё таъсири қувваи рафънопазир
1. Барои аз ҷониби интиқолдиҳанда ҳангоми садама ё таъсири қувваи рафънопазир наандешидани тадбирҳо доир ба таъмини муҳофизати мол ва воситаи нақлиётӣ ба маҳалли муайяннамудаи мақомоти гумрук расонидашаванда ё ба тариқи транзитӣ интиқолшаванда ё роҳ додан барои истифодаи онҳо, ки манъ карда шудааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои ба мақомоти гумруки наздиктарин хабар надодани интиқолдиҳанда оид ба вазъи баамаломада, маҳалли ҷойгиршавии мол ё воситаи нақлиёти ҷиҳати интиқол ба маҳалли муайяннамудаи мақомоти гумрук расонидашаванда ё ба тариқи транзитӣ интиқолшаванда ё таъмин накардани ҳамлу нақли онҳо ба мақомоти наздиктарини гумрук,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 583. Риоя накардани қоидаҳои интиқоли воситаи нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои аз ҷониби интиқолдиҳанда риоя накардани талаботи муқарраршуда ҷиҳати дар ҷойҳои муайяннамудаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштани воситаи нақлиёте, ки тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунад ё бе иҷозати мақомоти гумрук ба роҳ андохтани воситаҳои таҳти назорати гумрукӣ қарордоштаи нақлиёт аз таваққуфгоҳ, инчунин содир кардани амалҳои ба ин монанд, ки нисбат ба воситаҳои нақлиётӣ ҳамчун мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда иҷро мегарданд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 584. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310)
Моддаи 585. Бе иҷозати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон додани мол, воситаи нақлиёт, гум кардан ё ба мақомоти зикршуда нарасонидани ҳуҷҷатҳои марбут ба онҳо
1. Барои бе иҷозати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон додан, гум кардан ё ба маҳалли муайяннамудаи мақомоти зикршуда нарасонидани мол ва ё воситаи нақлиёте, ки таҳти назорати гумрукӣ - қарор дорад,
ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то дукаратаи арзиши мол ва ё воситаи нақлиёт, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои гум кардани ҳуҷҷатҳои марбут ба мол ва ё воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ қарордошта, ки ҷиҳати супоридан ба мақомоти гумрук қабул карда шудаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 586. Риоя накардани мӯҳлат ё хати ҳаракати таҳвили мол
Барои аз ҷониби боркашонанда риоя накардани мӯҳлат ва хати муқарраршудаи ҳаракати таҳвили моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта ба маҳалли таҳвил,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 587. Нобуд сохтан, вайрон намудан, гум кардан ё тағйир додани воситаҳои ҳаммонандкунӣ (идентификатсия)
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477)
Барои нобуд сохтан, вайрон намудан, гум кардан ё тағйир додани воситаҳои аз тарафи мақомоти гумрук истифодашавандаи ҳаммонандкунӣ (идентификатсия) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони хуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 588. Риоя накардани мӯҳлатҳои пешниҳоди эъломияи гумрукӣ
Барои риоя накардани мӯҳлатҳои муқарраршудаи ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани эъломияи гумрукӣ, ҳуҷҷатҳо ё маълумоти иловагии барои мақомоти гумрук зарур,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 23.12.2021 №1813, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 589. Гузаронидани амалиёти боркашонӣ ё амалиёти дигар бидуни иҷозати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои бидуни иҷозати мақомоти гумрук ҳамлу нақл, бор кардан, фуровардан, аз нав бор кардан, ислоҳ кардани бастаҳои зарардида, аз нав бастан ё барои интиқол қабул кардани мол ё воситаи нақлиёт, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор дорад, гирифтани чошнӣ (проба) ва намунаи ин борҳо ё кушодани биноҳо ва ҷойҳои дигаре, ки мол ё воситаи нақлиёти зикргардида дар дохили онҳо ҷойгиранд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 590. Риоя накардани тартиби ҷойгиркунии мол барои нигоҳдорӣ, тартиби нигоҳдории он ё тартиби гузаронидани амалиёт бо он
Барои риоя накардани талабот ва шартҳои муқарраршудаи ҷойгиркунии мол дар анборҳои гумрукӣ, анборҳои нигоҳдории муваққатӣ ё анборҳои озод, тартиб ё мӯҳлати нигоҳдории он, инчунин тартиби гузаронидани амалиёт бо он бе иҷозати мақомоти гумрук, ба шарте, ки чунин иҷозат ҳатмӣ бошад, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои дигари ин боб пешбинишуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 591. Пешниҳод накардани ҳисобот ба мақомоти гумрук ва риоя накардани тартиби баҳисобгирӣ
Барои пешниҳод накардан ё саривақт пешниҳод накардани ҳисобот ба мақомоти гумрук дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории гумрук ё риоя накардани тартиби муқарраршудаи баҳисобгирӣ, инчунин пешниҳоди ҳисоботи нодуруст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 592. Наандешидани чораҳо ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ ё содироти мол ва ё воситаҳои нақлиёти таҳти нигоҳдории муваққатӣ қарордошта
Барои аз ҷониби шахси интиқолдиҳандаи мол ё воситаҳои нақлиёт дар мӯҳлати муқарраргардида наандешидани чораҳои муайяннамудаи қонунгузории гумрук ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ ё иҷозат додан барои баровардани мол ва ё воситаи нақлиёти таҳти нигоҳдории муваққатӣ қарордошта, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои дигари боби мазкур пешбинишуда,
ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз даҳ як нисф то яккаратаи арзиши мол ё воситаи нақлиёте, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 593. Иҷро накардани талаботи низоми гумрукии содирот
1. Барои иҷро накардани талаботи низоми гумрукии содирот дар хусуси ба ҳисоби бонкҳои ваколатдор гузаронидани даромади арзӣ аз содироти мол ё дар хусуси ба таври ҳатмӣ ворид намудани мол, кор ва хизматрасонӣ ё натиҷаҳои фаъолияти зеҳние, ки арзиши онҳо ба арзиши моли содиршуда баробар аст,
ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то яккарата ва шахсони ҳуқуқӣ аз як то дукаратаи арзиши моле, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи иҷрои талаботи низоми гумрукии содирот дар бораи ба ҳисоби бонкҳои ваколатдор гузаронидани даромади арзӣ аз содироти мол ё дар хусуси ба таври ҳатмӣ ворид намудани мол, кор ва хизматрасонӣ ё натиҷаҳои фаъолияти зеҳнии арзиши онҳо ба моли содиршуда баробар,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 594. Берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон набаровардан ё ба ин ҳудуд барнагардондани мол ё воситаи нақлиёт
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418, аз 2.01.2018 № 1477)
1. Барои берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон набаровардани мол ё воситаи нақлиёти қаблан воридшуда, ба шарте, ки баровардани он ҳатмӣ бошад ё ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барнагардондани мол ва ё воситаи нақлиёти қаблан содиршуда, ба шарте, ки баргардондани он ҳатмӣ бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418),
ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то яккарата ва шахсони ҳуқуқӣ аз як то дукаратаи арзиши мол ё воситаи нақлиёте, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар мӯҳлатҳои муқарраршуда берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон набаровардани мол ё воситаи нақлиёти қаблан воридшуда, ба шарте, ки баровардани он ҳатмӣ бошад, ё бидуни риоя кардани мӯҳлати муқарраршуда ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани мол ва ё воситаи нақлиёти қаблан содиршуда, ба шарте, ки ворид кардани он ҳатмӣ бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то бисту панҷ, ба шахсони мансабдор аз бисту панҷ то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 595. Амалиёти ғайриқонунӣ бо мол ё воситаи нақлиёти таҳти низоми муайяни гумрукӣ қарордошта
1. Барои риоя накардани талабот (шартҳо, маҳдудиятҳо)-и низоми гумрукӣ дар мавриди гузаронидани амалиёт бо мол ё воситаи нақлиёт, яъне тағйир додани ҳолати чунин мол ё воситаи нақлиёт, истифода ё ихтиёрдории чунин мол ё воситаи нақлиёт бархилофи талаботи низоми гумрукӣ, ки чунин мол ё воситаи нақлиёт таҳти ин низом қарор дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 601 ва 607 Кодекси мазкур пешбинишуда,
ба шахсони мансабдор ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то дукаратаи арзиши мол ё воситаи нақлиёт, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои анҷом додани амалиёти низоми гумрукӣ бидуни риоя кардани мӯҳлати муқарраршуда,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 596. Риоя накардани тартиби истифода ё ихтиёрдории мол ё воситаи нақлиёти шартан иҷозатдодашуда
Барои бе иҷозати мақомоти гумрук, ғайр аз мақсадҳое, ки барои мол ё воситаи нақлиёти шартан иҷозатдодашуда имтиёз дода мешавад, бо мақсадҳои дигар истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ намудани мол ё воситаи нақлиёти шартан иҷозатдодашуда, ки барои он бобати супоридани пардохтҳои гумрукӣ имтиёз дода шудааст,
ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то дукаратаи арзиши мол ё воситаи нақлиёт, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 597. Харидани мол ё воситаи нақлиёте, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риоя кардани қоидаҳои гумрукӣ ворид карда шудаанд
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418)
Барои харидан, нигоҳ доштан, ҳамлу нақл, истифодабарӣ, ихтиёрдории мол, мусоидат намудан ба фурӯши мол ё воситаи нақлиёте, ки бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз чунин назорат ё бо истифодаи ҳуҷҷатҳо ё воситаҳои ҳаммонандсозии қалбакӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд ё эъломиянашуда ё нодуруст эъломияшуда, ё барасмиятдарории гумрукии онҳо анҷом наёфтааст, инчунин харидани мол ё воситаи нақлиёте, ки нисбати онҳо вобаста ба супоридани пардохтҳои гумрукӣ имтиёз дода шудааст, ё мол ва воситаи нақлиёте, ки нисбати он тибқи шартҳои воридот ё низоми гумрукии арзшуда барои ихтиёрдорӣ ва истифодабарӣ махдудият муқаррар шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418),
ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то секаратаи арзиши мол ё воситаи нақлиёт, ки ашёи ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ мебошад, ҷарима таъин карда мешавад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 24.02.2017 № 1383, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 598. Риоя накардани мӯҳлати супоридани андоз ва пардохтҳое, ки вобаста ба интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пардохта шаванд
Дар мӯҳлатҳои муқарраршуда насупоридани андоз ва пардохтҳое, ки бояд вобаста ба интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шаванд, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 №1813).
Моддаи 598(1). Рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи пардохтҳои гумрукӣ ва ё дигар пардохтҳо
Барои аз тарафи кормандони мақомоти гумрук ва ё дигар санҷишгарон қасдан рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи пардохти гумрукӣ ва ё дигар пардохтҳо,
ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1715, аз 20.06.2024 № 2051).