ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ҚОНУНГУЗОРИИ БОНКӢ | 1994

Моддаи 535. Риоя накардани қоидаҳои пешниҳоди ҳисобот ва иттилоот дар бораи фаъолияти бонкӣ
1. Барои риоя накардани қоидаҳои пешниҳоди ҳисобот ва иттиллоот дар бораи фаъолияти бонкӣ, инчунин иҷро накардани амрномаҳои ҳатмии мақомоти давлатии ваколатдор,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои ба таври мунтазам пешниҳод накардан ё пешниҳод кардани иттилоот, ҳисобот ё маълумоти нодуруст дар бораи фаъолияти бонкӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 536. Рекламаи ошкоро бардурӯғи хизматрасонии бонкӣ
(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1335)
Барои ба таври оммавӣ паҳн кардани маълумот дар бораи амалиёт ё хизматрасониҳои бонкӣ, ба шарте ки чунин амалиёт (хизматрасониҳо) бо иҷозатномаи бонкӣ пешбинӣ нашуда бошад ё он метавонад мизоҷонро гумроҳ намояд ё ба онҳо зарар расонида бошад ва ё метавонад зарар расонад,
ба шахсони мансабдори бонк ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 537. Пешниҳод накардани маълумот дар бораи тавозуни (баланси) пардохт
1. Барои пешниҳод накардан ё саривақт пешниҳод накардани маълумот оид ба таркиби нишондиҳандаҳо барои таҳияи тавозуни (баланси) пардохт,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 538. Ба қайд нагузоштани суратҳисобҳо ва амонатҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашаванда
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418)
1. Барои ба қайд нагузоштани суратҳисобҳо ва амонатҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 539. Беасос саркашӣ кардан аз қабули асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои беасос саркашӣ кардан аз қабули асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 540. Барои реклама истифода кардани тасвирҳои пулҳои коғазии асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Барои реклама истифода кардани тасвирҳои пулҳои коғазии асъори миллӣ ё ҳама гуна маҳсулоти нимтайёри ин тасвирҳо (бо як ё якчанд ранг), ки аз рӯйи хусусиятҳояшон (ҳаҷм, ранг, тасвир) дар муомилот мумкин аст ба сифати пулҳои қоғазии аслии асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1335),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 541. Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ
Барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи хариду фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1308, аз 20.06.2024 № 2051). 
Моддаи 541(1). Риоя накардани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024, № 2019)
Барои аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ гирифтани пули нақд, ки таъиноти он ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намуди дигари хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, инчунин аз ҷониби онҳо истифодаи кортҳо ва воситаҳои дигари электронии шахсии пардохт бо ин мақсад,
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2019, аз 20.06.2024 № 2051).