ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ҚОНУНГУЗОРИИ АНДОЗ | 1994
Моддаи 599. Саркашӣ аз пардохтани андоз
1. Барои саркашӣ аз пардохтани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар пинҳон кардани объектҳои андозбандӣ ифода ёфтаанд ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳашт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои мавҷуд набудани баҳисобгирии муҳосиботӣ ё пешбурди он бидуни риояи тартиби муқарраргардида, таҳрифи баҳисобгирии муҳосиботӣ ё ҳисоботи андоз, пешниҳод накардани ҳисобот ва тавозуни муҳосиботӣ, ҳисобҳо, эъломияҳо, дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳисобкунӣ ва пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои риоя накардани қоидаҳои истеҳсол, рехтани маҳсулот ба зарфҳо (бастабандӣ) ва нигоҳдории маҳсулоти зераксизӣ бе ҳисобкунакҳои дорои хотираи фискалӣ (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесаду сӣ то сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои бе тамғаҳои аксизӣ фурӯш, нигоҳдорӣ ва ё интиқол додани моле, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда бояд дорои тамғаҳои аксизӣ бошад,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад фоизи арзиши бозории ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои иҷро накардани талаботи қонунии шахсони мансабдори мақомоти андоз,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳашт то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бисту панҷ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774)
1. Барои риоя накардани мӯҳлати муқарраршудаи пешниҳоди эъломияҳои андоз, ҳисоботи андоз ва (ё) дигар намудҳои ҳисоботи марбут ба андоз, яъне ба таъхир гузоштан дар муддати то 10 рӯзи корӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз бисту панҷ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда дар муддати аз 10 то 30 рӯзи корӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз чилу панҷ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда дар муддати зиёда аз 30 рӯзи корӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз навад то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои риоя накардани тартиби нигоҳ доштан ё нигоҳ надоштани андоз дар манбаи пардохт ва андозҳо аз ғайрирезидент, инчунин нигоҳ надоштан ё дар мӯҳлати муқарраргардида нагузаронидани андози нигоҳдошташуда (ҳисобкардашуда) ба буҷет ё фонди давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бисту панҷ то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз як саду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додани маблағҳои пулӣ барои пардохти даромад дар шакли музди меҳнат бе пешакӣ ба буҷет аз ҷониби андозсупоранда (агентҳои андоз) гузаронидани маблағи андоз аз даромад ва андози иҷтимоие, ки ба ҳамин маблағҳои пулӣ алоқамандаст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду шаст то як саду ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310).
1. Барои риоя накардани мӯҳлати бақайдгузорӣ дар мақомоти андози дахлдор дар муддати то 30 рӯз ба истиснои шахсоне, ки таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" қарор мегиранд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда дар муддати аз 31 то 90 рӯз,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда дар давоми зиёда аз 90 рӯз,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чилу панҷ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774) аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 603(1). Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774)
1. Барои ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ оид ба шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ вобаста ба қабули қарор дар бораи барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳӣ ва (ё) ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавҷудбуда, дар сурате, ки пешниҳоди чунин маълумот ҳатмист,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродӣ аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти бардурӯғ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ, ки пас аз анҷоми марҳилаи бақайдгирии давлатӣ ошкор гардидааст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродӣ аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳаштод, ба соҳибкорони инфиродӣ аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои фаъолият намудани шахсони ҳуқуқӣ бе ҳуҷҷатҳои таъсисии шакли муайяннамудаи қонунгузорӣ ва бидуни низомнома фаъолият намудани филиал ё намояндагии шахсони ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар мӯҳлати зиёда аз як моҳи баъди бақайдгирии давлатӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони ҳуқуқӣ ва филиал ё намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774, аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
5. Барои ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳод накардан, сари вақт пешниҳод накардан ва ё пешниҳод кардани маълумоти носаҳеҳ дар бораи молик-бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 604. Нишон надодан ё нодуруст нишон додани рақами ягонаи мушаххас ва рақами мушаххаси андозсупоранда дар эъломияҳои андоз ва гумрук, ҳисобнома-фактураҳо дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи Кодекси андоз
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774)
1. Барои нишон надодан ё нодуруст нишон додани рақами ягонаи мушаххас ва рақами мушаххаси андозсупоранда дар эъломияҳои андоз ва гумрук, ҳисобнома-фактураҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи кодекси андоз, ки дар рафти санҷиши андоз ошкор шудааст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду, ба соҳибкорони инфиродӣ аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои аз ҷониби шахси ваколатдор содир намудани амалҳо (аҳдҳо) бидуни риояи кардани талаботи моддаи 45 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр накардани рақами ягонаи мушаххас ва рақами мушаххаси андозсупоранда (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774),
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои анҷом додани амалҳои (амалиёти, аҳдҳои) муқаррарнамудаи қонунгузории андоз бе талаб намудани рақами мушаххаси андозсупоранда,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774, аз 20.06.2024 № 2051).
5. Барои дарҷ накардани рақами мушаххаси андозсупоранда дар муросилот бо мақомоти андоз ва қарордодҳои (шартномаҳои) тиҷоратӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774, аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои аз тарафи андозсупоранда ё агенти андоз кам нишон додани маблағи андоз ё дигар пардохти ҳатмӣ дар эъломияҳо ё ҳисобҳо, дар қиёс бо маблағе, ки бояд дар эъломияҳо ё ҳисобҳо нишон дода шавад,
ба андозаи бисту панҷ фоизи маблағи кам нишондодашуда ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи чил фоизи маблағи кам нишондодашуда ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
Барои аз тарафи кормандони мақомоти андоз ва ё дигар санҷишгарон қасдан рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи андоз ва ё дигар пардохтҳо,-
ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1715, аз 20.06.2024 № 2051).
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774)
1. Барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни қайди андоз аз арзиши иловашуда, ба шарте, ки чунин қайд ҳатмӣ бошад,
ба андозаи бисту панҷ фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд барои тамоми давраи фаъолияти бе қайд ба буҷет пардохта мешуд, ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои нодуруст пешниҳод намудани ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, ки боиси кам нишон додани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ё зиёд нишон додани маблағи ба ҳисоб гирифташуда мегардад, ҳамчунин пешниҳод накардани ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774),
ба андозаи панҷоҳ фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда аз рӯйи ҳисобнома-фактурае, ки бояд вобаста ба ин муомилот пешниҳод карда мешуд, ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои пешниҳод намудани ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби шахсе, ки дар қайд аз рӯйи андоз аз арзиши иловашуда қарор надорад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774, аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи сад фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки дар ҳисобнома-фактура зикргар дида, аммо ба буҷет ворид нашудааст ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774, аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои аз ҷониби андозсупоранда риоя накардани тартиби навиштани ҳисобнома - фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз ҳар як ҳисобнома - фактураи нодуруст тартибдодашуда (навишташуда) ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
5. Барои ғайриқонунӣ пешниҳод ва қабул намудани варақаҳои ҳисобнома - фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, бе амалан анҷом додани амалиёти андозбандишаванда, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи панҷоҳ фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашудаи дар ҳисобнома - фактура зикргардида ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
6. Барои вайрон кардани тартиби нигоҳдории ҳар як бастаи ҳисобнома - фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои ҳисоботашон қатъӣ, ки боиси гум шудани онҳо гаштааст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як бастаи ҳисобнома - фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои гумшуда ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 607. Ба мақомоти андоз пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санади муқоисавии ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910)
Барои аз ҷониби андозсупоранда ва ё дебиторҳои он ба мақомоти андоз пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санади муқоисавии бо тартиби муқарраршуда ба расмият даровардашудаи ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 608. Аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ риоя накардани тартиби кушодани суратҳисобҳо ва мӯҳлати огоҳ намудани мақомоти андоз оид ба кушодани суратҳисобҳо
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910)
1. Барои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо ба шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозити) шахсони воқеӣ) бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақомоти андоз додани рақами мушаххаси андозсупорандаро тасдиқ мекунанд (мактуби ахборотии мақомоти андози маҳалли қайди соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ тибқи шакли тасдиқшуда),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ риоя накардани мӯҳлати огоҳ намудани мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ дар бораи аз ҷониби шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозити) шахсони воқеӣ),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 609. Аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ саривақт интиқол накардани маблағи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910)
Барои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ саривақт интиқол накардани маблағи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз рӯйи супоришномаҳои пардохти андозсупорандагоне, ки дар ин ташкилотҳо суратҳисоб доранд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910),
ба андозаи аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аммо дар ҳаҷми на камтар аз панҷоҳ фоизи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки саривақт гузаронида нашудаанд, ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 610. Иҷро накардан ё саривақт иҷро накардани фармоишҳои инкассавии мақомоти андоз дар хусуси рӯёнидани маблағҳои андозсупоранда аз суратҳисоби андозсупоранда ва ё суратҳисоби шахсони сеюм-дебиторҳои андозсупоранда
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774)
Барои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда кушода шуда, ба онҳо хизмат мерасонид ё аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои шахсони сеюм-дебиторҳои андозсупоранда кушода шуда, ба онҳо хизмат мерасонид, иҷро накардан ё саривақт иҷро накардани фармоишҳои инкассавии мақомоти андоз дар хусуси рӯёнидани маблағҳо аз суратҳисобҳои шахсони сеюм-дебиторҳои андозсупоранда (аз ҷумла аз суратҳисобҳои бонкии худи андозсупоранда ё суратҳисобҳои дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ, ки дар онҳо ба ҳамин андозсупоранда хизмат расонида мешавад) ба мақсади пӯшонидани қарзи андозсупоранда (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910),
ба андозаи аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои сари вақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, монеъ шудан ё рад кардани талаботи қонунии мақомоти андоз вобаста ба пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ё дигар иттилоот, ки барои гузаронидани санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ марбут аст,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
Барои ғайриқонунӣ монеъ шудан ба ворид шудани шахси мансабдори мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад ё дигар шахси ӯҳдадор ба ҳудуди корхона ё бинои ба андозсупоранда тааллуқдошта, ба истиснои биноҳои истиқоматӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 613. Риоя накардани тартиби соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдории молу мулке, ки аз ҷониби мақомоти андоз ба ҳабс гирифта шудааст
Барои риоя накардани тартиби соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдории молу мулке, ки аз ҷониби мақомоти андоз ба ҳабс гирифта шудааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 614. Таъмин накардани нигоҳдории ҳуҷҷатҳои вобаста ба истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ
Барои таъмин накардани нигоҳдории ҳуҷҷатҳои вобаста ба истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ, аз ҷумла лентаҳои назоратӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 615. Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ, терминалҳои электронӣ ва баҳисобгирии хазина
(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310)
1. Барои риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина (баҳисобгирии пули нақд), ҳамчунин анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо истеъмолкунандагон ҳангоми фурӯши мол ё хизматрасониҳо тавассути пули нақд бе додани пардохтнома (квитансия), чипта, талон, тамғаҳои маблағсупории почта ё дигар ҳуҷҷатҳои ба чекҳо баробаркардашудаи ҳисоботдиҳии қатъӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз як саду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбиникардаи қисми якуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз як саду ҳаштод то дусад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои пешбурди ҳисобу китоб тавассути пули нақд бо истеъмолкунандагон бе истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ, дар ҳолати ҳатмӣ будани истифодаи чунин мошинаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз як саду ҳаштод то дусад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то як саду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз як саду шаст то як саду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051).
Барои ба мақомоти андоз пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти дар моддаҳои 19, 27, 54, 56 ва 57 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, аз ҷумла тибқи дархости он мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад, ҳамчунин дигар гуна саркашӣ аз пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо ё дидаю дониста пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти нодуруст (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳашт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирии давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 774),-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафтод то ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1698, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як саду сӣ то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 04.07.2020 № 1698, аз 20.06.2024 № 2051).
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910)
Барои соҳибкории сохта, яъне таъсиси шахси ҳуқуқӣ ё ҳамчун иштирокчӣ ва ё саҳмдор ворид шудан ба шахси хуқуқӣ ва ё ба қайди давлатӣ гирифтани соҳибкори инфиродӣ бидуни мақсади пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бо мақсади бо роҳи саркашӣ аз пардохти андозҳо ба даст овардани фоида бе амалан анҷом додани амалиёти андозбандишаванда, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1310, аз 20.06.2024 № 2051),