ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ | 1994
Моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.04.2025 № 2164)
Барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.04.2025 № 2164).
1. Барои риоя накардани низоми маҳдудияти истифодаи қувваи барқ ва иқтидори он, ки дар асоси қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар давраи норасоии иқтидор ва қувваи барқ аз тарафи корхонаи таъмини қувваи барқ муқаррар карда шудааст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 384. Монеъ шудан ба фаъолияти шахсони мансабдори корхонаи таъминоти қувваи барқ, нозирони давлатии мақомоти назорати энергетикӣ ва дигар мақомоти ваколатдор барои наздик шудан ба дастгоҳҳои барқӣ ё асбобҳои ченкунӣ ва баҳисобгирии истифодабарандагони захираҳои энергетикӣ
Барои монеъ шудан ба фаъолияти шахсони мансабдори корхонаи таъминоти қувваи барқ, нозирони давлатии мақомоти назорати энергетикӣ ва дигар мақомоти ваколатдор, барои наздик шудан ба дастгоҳҳои барқӣ ё асбобҳои ченкунӣ ва баҳисобгирии истифодабарандагони захираҳои энергетикӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати шабакаҳои барқии шиддаташон то 1000 волт (хатҳои ҳавоӣ, зеризаминӣ ва зериобии интиқоли барқ, асбобҳои интиқол ва тақсимкунанда), ки боиси қатъ гардидани таъминоти қувваи барқ ё ба хоҷагии халқ расонидани зарари дигар гардидааст ё мегардад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати шабакаҳои барқии шиддаташон зиёда аз 1000 волт, ки боиси қатъ шудани таъминоти қувваи барқ, зарар дидани шабакаи барқӣ ё ба хоҷагии халқ расидани зарари дигар гардидааст ё мегардад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи газ, яъне:
- бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ ба дастгоҳҳои навваслшуда сар додани газ;
- зиёда аз меъёри ҷудошуда истифода бурдани газ ё риоя накардани низоми муқарраршудаи истифодаи он;
- бе меъёри тасдиқшудаи масрафи газ бо дастгоҳҳои газзӣ истифода бурдани газ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои бидуни асбобҳои ба ҳисобгирии масрафи газ ё қувваи гармӣ ва маҳсулоте, ки бо истифодаи газ ҳосил мешавад, истифода бурдани дастгоҳҳои газӣ ё истифода набурдан (вайрон кардан)-и воситаҳои танзими автоматии раванди сӯзиши газ ё асбобҳои назорати техникии гармӣ ё таҷҳизоти партовтозакунӣ, ки истифодаи сарфакоронаю самарабахши газро таъмин менамоянд ва дар дастури дастгоҳи газистифодабарӣ пешбинӣ шудаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои ба кор омода накардани зарфҳои захиравӣ, маҳсулоти нафт ва газ, иншооту таҷҳизоти қабули ангишт, ки дар корхона, иттиҳодия, муассиса ва ташкилоти истифодабаранда пешбинӣ шудааст ё барои истифодаи сӯзишвории захиравӣ тайёр набудани дастгоҳҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои расонидани зарар ба қубурҳои интиқоли газ (ба ғайр аз шоҳқубурҳо) ва таҷҳизоти онҳо ҳангоми иҷрои корҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои риоя накардани низоми муқарраршудаи истифодаи қувваи барқ ва гармӣ (ҳаҷм, фишор, ҳарорати оби даврзанандаи шабакаҳо ва ғайра),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои аз тарафи истеҳсолкунандагон иҷро накардани вазифаҳои худ оид ба риояи қоидаҳои техникии истифодаи дастгоҳҳои барқӣ, инчунин иҷро накардани амри мақомоти давлатии назорати энергетикӣ, осеб расонидан ба таҷҳизот, дастгоҳҳо, шабакаҳои барқӣ, гармидиҳӣ, қубурҳои интиқоли газ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои бесамар масраф намудани захираҳои энергетикӣ бо риоя накардани талаботи мақаррарнамудаи стандарти давлатӣ ё дигар санадҳои меъёрӣ, дастурҳои технологӣ ва мушаххасоти лозимаи таҷҳизот, инчунин аз дараҷаи меъёр ва ҳаҷми муқарраршуда барзиёд талаф додани захираҳои энергетикӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои саривақт насб накардани асбобҳои баҳисобгирии масрафи захираҳои энергетикӣ, иҷро накардани дастур ва кандани пломбаҳои насбкардаи нозирони мақомоти давлатии назорати энергетикию ташкилотҳои таъминкунандаи энергия,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони захираҳои энергетикӣ иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ ва талаботи муқарраркардаи қоидаҳои истифодаи захираҳои энергетикӣ, ҳамчунин худсарона шинондан ва истифода бурдани таҷҳизоти ғайристандартӣ, аз ҷониби истеъмолкунандагон бо мақсади ғаразнок худсарона бе риояи меъёрҳои бо тартиби муайян тасдиқкардашудаи сарфи онҳо истифода бурдан дар истеҳсоли ҳар як воҳиди маҳсулот, ҳаҷми кор ва хизматрасониҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бисту панҷ то сию панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми сеюми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 395. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои истифодабаранда ва тавлидкунандаи қувваи барқу гармӣ
Барои риоя накардани қоидаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунанда оид ба истифодаи дастгоҳҳои истифодабаранда ва тавлидкунандаи барқу гармӣ бидуни ба роҳ мондани ҳисоби истифодаи энергия, инчунин бе асбоб (ё асбоби вайрон)-и танзимкунандаи нишондодҳои қувваи гармӣ, ки метавонад боиси истифодаи бесамари захираҳои энергетикӣ гардад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати шабакаҳои газ ва гармӣ (ҳавоӣ, заминӣ), ки метавонанд боиси қатъ гардидан ё эҳтимолан қатъ гардидани бо гармӣ таъмин шудани муштариён ва зарар дидани хоҷагии гармидиҳанда гарданд ва ё гардидаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 397. Риоя накардани қоидаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунанда оид ба истифодаи таҷҳизот, асбобҳо ва дастгоҳҳои барқию гармидиҳанда
Барои риоя накардани қоидаҳои ба истифода додан ва минбаъд истифода намудани таҷҳизот, асбобу дастгоҳҳои барқию гармидиҳанда, ки метавонанд боиси вайрон шудани онҳо ё истифодаи бесамари захираҳои энергетикӣ гарданд ва ё гардидаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 398. Риоя накардани қоидаҳои таъмини устувори гурӯҳҳои алоҳидаи истифодабарандагон бо қувваи барқу гармӣ ва газ
Барои риоя накардани қоидаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи таъмини устувори гурӯҳҳои алоҳидаи истифодабарандагон бо қувваи барқу гармӣ ва газ, ки боиси қатъ гаштани қувваи барқу гармӣ ва газ гардидааст ё метавонад гардад ё боиси расонидани зарар ба таҷҳизот, биноҳо, иншоот ё саломатии одамон гардидааст ва ё метавонад гардад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои расонидани зарар ба шабакаҳои гармидиҳӣ (ба ғайр аз қубурҳои буғдиҳӣ), таҷҳизоти онҳо ва кабати муҳофизатии гармӣ ҳангоми иҷрои корҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои расонидани зарар ба шабакаҳои барқӣ (ҳавоӣ, заминӣ) ва таҷҳизоти онҳо ҳангоми иҷрои корҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 401. Риоя накардани талаботи сифати таъминоти барқ аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ
Барои риоя накардани талаботи сифати таъминоти барқ аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои қатъи таъминоти қувваи барқ, ки бо айби ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ба амал омадааст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 403. Пешниҳод накардани маълумот ё пешниҳод кардани маълумоти бардурӯғ аз тарафи корхонаҳои комплекси энергетикию сӯзишворӣ
Барои аз тарафи корхонаҳои комплекси энергетикию сӯзишворӣ пешниҳод накардани маълумот ё пешниҳод кардани маълумоти бардуруғ, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика зарур аст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои риоя накардани қоида ва меъёрҳои муқарраршудаи муҳофизати шоҳқубурҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).