ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ | 1994
Моддаи 647. Ғайриқонунӣ анҷом додани фаъолияти аудиторӣ
1. Барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ва бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ,
ба аудиторони инфиродӣ ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба аудиторони инфиродӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои саркашӣ кардани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки бояд таҳти аудити ҳатмӣ қарор гиранд, аз гузаронидани он, инчунин мамониат кардан ба гузаронидани он,
ба соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).