ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚҲОИ ШАҲРВАНДОН БА МАНЗИЛ, ХОҶАГИИ КОММУНАЛӢ, ОБОДОНӢ | 1994

Моддаи 448. Риоя накардани тартиби ба навбат гирифтани шаҳрвандоне, ки барои манзили истиқоматӣ ва беҳтар кардани шароити зисти худ эҳтиёҷ доранд
Барои риоя накардани тартиби ба навбат гирифтани шаҳрвандоне, ки барои манзили истиқоматӣ ва беҳтар кардани шароити зисти худ эҳтиёҷ доранд, аз қайд баровардан, риоя накардани мӯҳлати маскун кардани шаҳрвандон дар бино ва манзилҳои истиқоматӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 449. Риоя накардани қоидаҳои истифодабарии биною манзили истиқоматӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои истифодабарии биною манзилҳои истиқоматӣ, нигоҳубини онҳо, таҷҳизоти муҳандисӣ, бесарусомон нигоҳ доштан, ғайримақсад истифода бурдан ва ё вайрон кардани биною манзилҳои истиқоматӣ, расонидани зарар ба таҷҳизоту объектҳои ободонии фонди манзил,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 450. Риоя накардани қоидаҳои нигоҳдошти ҳолати санитарии ҷойҳои истифодаи умум
Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдошти ҳолати санитарии ҷойҳои истифодаи умум, аз ҷумла зинапояҳо, лифтҳо, даромадгоҳҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва ҳудудҳои назди ҳавлӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 451. Риоя накардани қоидаҳои ободонии ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин
1. Барои риоя накардани қоидаҳои ободонии ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин риоя накардани қоидаҳои тозагӣ ва тартибот дар шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои аз сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин гузаштан, ба истиснои сабзазоре, ки бо мақсадҳои сайругашт ё истироҳату фароғат пешбинӣ шудаанд,
ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 №1814, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои дар ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин чаронидан ва ё беназорат гузоштани чорво ва навъҳои дигари ҳайвонот, инчунин нигоҳубини онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 №1814),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз бисту панҷ то сию панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 452. Партофтан ва сӯзонидани партовҳою ашёҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда
Барои партофтан ва сӯзонидани партовҳою ашёҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 453. Вайрон намудани тамомият шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти қубурҳои обгузар, корезу системаи гармидиҳии марказӣ
Барои бе иҷозати хадамоти дахлдор вайрон намудани тамомият шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти қубурҳои обгузар, корезу системаи гармидиҳии марказӣ, ки дар дохили биною манзилҳои истиқоматӣ мавҷуданд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 454. Дар зери об монондани хонаҳо, таҳхонаҳо ва ҳуҷраҳои хизматӣ
Барои дар зери об монондани хонаҳо, таҳхонаҳо ва ҳуҷраҳои хизматӣ, ки дар натиҷаи вайрон будани ҳолати техники асбобҳои санитарӣ, шабакаҳои обу корез ва гармидиҳӣ, иншоот ва дастгоҳҳои онҳо ба амал омадааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 455. Худсарона кушодани сарпӯши хатҳои обгузар, қубурҳои корезу гармидиҳӣ, чоҳҳо, танзими дастгоҳҳои тақсимкунанда ва расонидани зарар бапломбаҳо
Барои худсарона кушодани сарпӯши хатҳои обгузар, қубурҳои корезу гармидиҳӣ, чоҳҳо, танзими дастгоҳҳои тақсимкунанда ва расонидани зарар ба пломбаҳо, ба шарте дар натиҷаи он кори мӯътадили хатҳои таъминоти обу гармӣ халалдор шуда бошад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 456. Иҷро накардани амрномаҳои корхонаҳои таъминоти обу гармӣ
Барои иҷро накардани амрномаҳои корхонаҳои таъминоти обу гармӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 457. Худсарона пайваст шудан ба системаи оби гарм, инчунин рехтани об аз системаи гармидиҳӣ
Барои худсарона пайваст шудан ба системаи оби гарм, инчунин рехтани оби гарм бо мақсади баланд намудани ҳарорат дар дастгоҳҳои гармидиҳии марказӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 458. Худсарона пайваст шудан ба шабакаҳои обу корез ва гармидиҳӣ
Барои худсарона пайваст шудан ба шабакаҳои обу корез ва гармидиҳӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 459. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи лифтҳои мусофиркаш
1. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи лифтҳои мусофиркаш,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои расонидани зарар ба таҷҳизоти лифт ва шикастани онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).