ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТӢ | 1994
Моддаи 619. Пешбурди фаъолияти иқтисодӣ бидуни ба қайд гирифтан дар мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ
Барои пешбурди фаъолияти иқтисодӣ бидуни ба қайд гирифтан дар мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бисту панҷ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 620. Дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод накардани ҳисобот ва саривақт напардохтани андози иҷтимоӣ
1. Барои дар мӯхдати муқарраргардида пешниҳод накардани ҳисобот ва саривақт напардохтани андози иҷтимоӣ,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд ва шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз як саду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои кам нишон додан ва ё пинҳон кардани андози иҷтимоӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
Барои ғайримақсаднок истифода бурдани маблағи андози иҷтимоӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба соҳибкорони инфиродӣ аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои иҷро накардани талаботи қонунии шахсони мансабдори мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои беасос рад ё саркашӣ кардан аз пардохти андози иҷтимоӣ,
ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),