ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ, МЕТРОЛОГИЯ, СЕРТИФИКАТСИЯ, АККРЕДИТАТСИЯ, САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНӢ | 1994

Моддаи 624. Риоя накардани қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ
1. Барои риоя накардани қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар корхонаю ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин аз ҷониби шахсони воқеӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 624(1). Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1069)
Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва дигар мақомоти давлатӣ, ки назорати сифат ва бехатарии молҳоро (кор ва хизматрасониҳоро) дар доираи ваколатҳои худ анҷом медиҳанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1069, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 625. Истеҳсол, фуруш, барориш, таҳвил, истифодаи маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки ҷавобгӯйи талаботи регламентҳои техникӣ, стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникӣ нестанд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843)
Барои истеҳсол, фурӯш, барориш, таҳвил, истифодаи маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки ҷавобгӯйи талаботи регламентҳои техникӣ, стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникӣ нестанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт, ба соҳибкорони инфиродӣ аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 626. Фурӯш, истеҳсол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки сертификатсияи ҳатмӣ надоранд
Барои фурӯш, истеҳсол, иҷрои кор ва хизматрасоние, ки сертификатсияи ҳатмӣ надоранд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 627. Фиреб додани истеъмолкунандагон
Барои фиреб додани истеъмолкунандагон бо роҳи кам чен кардан, кам бар кашидан ва зиёд ҳисоб кардан, ба фурӯш баровардани моле, ки мӯҳлати истеъмолаш гузаштааст, гумроҳ кардан оид ба хусусиятҳои истеъмолӣ ва сифати мол ё бо дигар роҳ фиреб додани харидорон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии фурӯшандаи мол ё хизматрасонӣ ба аҳолӣ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 628. Риоя накардани талаботи регламентҳои техникӣ, стандарт  ва шартҳои техникӣ, қоидаҳои сертификатсия ва хизматрасонӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843)
1. Барои риоя накардани талаботи регламентҳои техникӣ, стандарт ва шартҳои техникӣ, қоидаҳои сертификатсия ва хизматрасонӣ (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 843),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 629. Ба муомилот баровардани воситаҳои ченак бе тасдиқи навъи онҳо ё бе санҷиши (аттестатсияи) метрологӣ
Барои ба муомилот баровардани воситаҳои ченак бе тасдиқи навъи онҳо ё бе санҷиши (аттестатсияи) метрологӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 630. Баъди боздоштани фаъолият машғул шудан ба савдо (хизматрасонӣ)
Барои баъди боздоштани фаъолият машғул шудан ба савдо (хизматрасонӣ),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 631. Риоя накардани қонунгузории ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Барои беасос саркашӣ намудан аз додани кафолати мӯҳлати коршоямии асбобу ашёи фурӯхташуда, хизматрасонӣ, ивази моли пастсифати ғайриозуқаворӣ ба моли ҳаммонанди дорои сифати дахлдор ё баргардонидани арзиши он, иҷро накардани шартҳои иҷрои кор ва хизматрасонӣ, инчунин риоя накардани дигар талаботи қонунгузории ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 632. Ба харидор надодани чек
1. Барои ба харидор (мизоҷ) надодани чек ё додани чек бо нишон додани маблағи камтар аз пардохташуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбининишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 633. Начаспонидани нархномаҳо ба моли фурӯхташаванда ва пешниҳод накардани нархномаҳо барои хизматрасонӣ
1. Барои начаспонидани нархномаҳо ба моли фурӯхташаванда ва пешниҳод накардани нархномаҳо барои хизматрасонӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 634. Фурӯши мол бе ҳуҷҷатҳои дорои маълумот дар бораи истеҳсолкунанда, таҳвилгар ва фурӯшанда
1. Барои бе ҳуҷҷатҳои дорои маълумот дар бораи истеҳсолкунанда, таҳвилғар ва фурӯшанда ба аҳолӣ фурӯхтани мол аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии фурӯшандаи мол,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 635. Тамғазании ғайриқонунии маҳсулоте, ки сертификатсия нашудааст
Барои ғайриқонунӣ тамға задан ба маҳсулоте, ки сертификатсия нашудааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 636. Пешниҳод накардани маълумот дар бораи тағйир ёфтани реквизитҳои шахси ҳуқуқӣ
Барои бо тартиби муқаррарнамудаи қонун пешниҳод накардани маълумот дар бораи тағйир ёфтани реквизитҳои шахси ҳуқуқӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 637. Мамониат ба таҳвили мол ба бозори истеъмол ва боздоштани муомилоти он
Барои аз ҷониби таҳвилгарон, сарфи назар аз шакли моликият, қасдан ба таври сунъӣ камчин (дефитсит) кардани мол ё баланд бардоштани нарх, махдудкунӣ, қатъи беасоси таҳвил, дар ҳар шакл мамониат кардан ба таҳвили мол ба бозори истеъмол, боздоштани муомилоти он, аз ҷумла бо роҳи зиёда аз меъёр ва мӯҳлатҳои муқарраргардида нигоҳ доштани он,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 638. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1928)
Моддаи 639. Содирот ва фурӯши маҳсулоти тамоку ва машрубот бе тамғаҳои аксизӣ
Барои содирот ва фурӯши маҳсулоти тамоку ва машрубот бе тамғаҳои аксизӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 640. Савдо дар ҷойҳои муқаррарнашуда
1. Барои дар ҷойҳои муқаррарнашуда фурӯхтани ҳама намуди мол,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои хариду фурӯши сузишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар ҷойҳои муқаррарнагардида,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 641. Риоя накардани қоидаҳои истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯроки умумӣ
1. Барои риоя накардани қоидаҳои истеҳсол ва фурӯши маҳсулот дар ташкилотҳои хӯроки умумӣ, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин аз ҷониби шахсони ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 642. Риоя накардани қоидаҳои фаъолияти муассисаҳои видео
1. Барои бе иҷозати дахлдор кушодани муассисаҳои видео (нуқтаҳои кирои диску кассетаҳо, видеозалҳо, студияҳои сабт, студияҳои телевизиони кабелӣ) ё фаъолият кардани онҳо баъди қабули қарор дар бораи бастани онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 643. Бе муоинаномаи тиббӣ истеҳсол кардан ва фурӯхтани маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Барои бе муоинаномаи тиббӣ истеҳсол кардан ва фурӯхтани маҳсулоти хӯрокворӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои иҷозат додан бе муоинаномаи тиббӣ ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 644. Фурӯши ғайриқонунии мол
Барои фурӯши ғайриқонунии мол, ки тибқи қонунгузории амалкунанда фурӯши озоди он манъ ё маҳдуд карда шудааст,
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 645. Пинҳон кардани нуқсони мол
Барои пинҳон кардани нуқсони мол, саркашӣ аз иваз намудани моли дорои сифати номатлуб ҳангоми фурӯш ё бастани шартномаи хариду фурӯши мол,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба соҳибкорони инфиродӣ аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз бист то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 646. Ивазкуни, тағйирдиҳӣ, дигаргунсозӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои мол ва хизматрасонӣ
Барои ивазкунӣ, тағйирдиҳӣ, дигаргунсозӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои мол ва хизматрасонӣ (ҳисобнома-фактураҳо, борхатҳо ва ғайра) ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).