ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ САНОАТ, ФАЪОЛИЯТИ МЕЪМОРИЮ ШАҲРСОЗӢ ВА СОХТМОН | 1994
Моддаи 405. Риоя накардани қоида, меъёр ва дастуруламалҳо марбут ба бехатарии кор дар объектҳое, ки таҳти назорати мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ қарор доранд
Барои риоя накардани қоида, меъёр ва дастуруламалҳо марбут ба бехатарии кор дар объектҳое ки таҳти назорати мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ қарор доранд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 406. Риоя накардани қоида, меъёр ва дастурамалҳо марбут ба нигоҳдорӣ, истифода ва баҳисобгирии мавод (манбаъҳо)-и тарканда ва радиоактивӣ дар саноат ва объектҳо
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477)
Барои риоя накардани қоида, меъёр ва дастурамалҳо марбут ба нигоҳдорӣ, истифода ва баҳисобгирии мавод (манбаъҳо)-и тарканда ва радиоактивӣ дар саноат ва объектҳо, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477, аз 20.06.2024 № 2051).
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 407. Риоя накардани қоидаҳои қабул ва ба истифода додани объектҳои дорои таҷҳизоти технологию саноатӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои қабул ва ба истифода додани объектҳои дорои таҷҳизоти технологию саноатӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 408. Риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ ва шартҳои техникӣ ҳангоми истеҳсол, таҳвил ва нигоҳдории маҳсулоти сохтмон, конструксияҳо ва дигар маводи сохтмон
(Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727)
1. Барои риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ ва шартҳои техникӣ ҳангоми истеҳсол, таҳвил ва нигоҳдории маҳсулоти сохтмон, конструксияҳо ва дигар маводи сохтмон,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз дусад то чорсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои ҷойгир кардан, бунёд ва ба истифода додани объектҳо бидуни ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқшуда, хулосаи мусбати экспертиза, қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва бидуни иҷозати мақомоти назорати давлатии сохтмон иҷро намудани корҳои сохтмонию васлкунӣ, инчунин риоя накардани дигар қоидаҳои сохтмони иншоот,
ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ба андозаи аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз сӣ то чил, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ба андозаи аз як саду панҷоҳ то дусаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 410. Сохтан, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо бо истифодаи масолеҳу конструксияи бесифати сохтмон, ки боиси паст шудани дараҷаи зилзилатобоварии биноҳо ва иншоот мегардад
1. Барои сохтан, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо бо истифодаи масолеҳу конструксияи бесифати сохтмон, ки боиси паст шудани дараҷаи зилзилатобоварии биноҳо ва иншоот мегардад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз дусад то чорсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 411. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи биноҳо, иншоот, аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ ва худсарона дигар кардани сохти онҳо
1. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи биноҳо, иншоот, аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ ва худсарона дигар кардани сохти онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то як саду шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду шаст то сесаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои содир намудани кирдорҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда бо риоя накардани меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳои меъморию шаҳрсозӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то шаст, ба шахсони мансабдор аз як саду шаст то сесаду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесаду бист то шашсаду чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Барои пешниҳод намудани маълумоти бардурӯғ дар бораи объекти меъморӣ ва шаҳрсозӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои саркашӣ кардан аз пешниҳоди маълумоти дахлдори вобаста ба фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се ва ба шахсони мансабдор аз бисту панҷ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 414. Риоя накардани қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои истифодаи ҳудуд, замин, сарватҳои зеризаминӣ, наботот, фазои муҳит, сатҳи об ҳангоми иҷрои корҳои таъмиру сохтмон
Барои риоя накардани қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои истифодаи ҳудуд, замин, сарватҳои зеризаминӣ, наботот, фазои муҳит, сатҳи об ҳангоми иҷрои корҳои таъмиру сохтмон,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё бо боздоштани фаъолият ҷазо таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 415. Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷро накардани ӯҳдадориҳои вобаста ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ (заминҷунбӣ, фурӯравии замин, сел ва ғайра)
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477)
1. Барои аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷро накардани ӯҳдадориҳои вобаста ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ (заминҷунбӣ, фурӯравии замин, сел ва ғайра) ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 416. Вайрон кардани тамомияти ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳангоми истифода ва таҷдид
Барои вайрон кардани тамомияти ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳангоми истифода ва таҷдиди онҳо,
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 417. Риоя накардани нақшаи асосии тасдиқшуда, лоиҳаи банақшагирии ҷузъӣ, сохтмони иловагӣ, ансамблҳои меъморӣ, маҷмааҳо, биноҳо ва иншоот
Барои риоя накардани нақшаи асосии тасдиқшуда, лоиҳаи банақшагирии ҷузъӣ, сохтмони иловагӣ, ансамблҳои меъморӣ, маҷмааҳо, биноҳо ва иншоот,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 418. Таъмин накардани дараҷаи муқарраршудаи мустаҳкамӣ, бехавфӣ, устуворӣ, зилзилатобоварии бино, иншооти навсохташуда, таҷдидкардашуда ва мизонҳои истифодашавии онҳо
(Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727)
1. Барои таъмин накардани сатҳи муқарраршудаи мустаҳкамӣ, бехавфӣ, устуворӣ, зилзилатобоварии бино, иншооти навсохташуда, таҷдидкардашуда ва мизонҳои истифодашавии онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то як саду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду чил то чорсаду ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз як саду бист то дусаду чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсаду ҳаштод то нуҳсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Барои интишор ва истифодаи лоиҳаи меъморӣ бе розигии муаллифи лоиҳа, инчунин бе розигии муаллиф ворид намудани тағйирот ба лоиҳа,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 420. Худсарона таҷдид кардан ва тағйир додани нишонаи таъйиноти биноҳо, иншоот ва қисмҳои онҳо, инчунин тағйир додани ҷузъҳо, конструксияҳо, унсурҳои ороиш ва нақшу нигори намуди беруна
Барои худсарона таҷдид кардан ва тағйир додани нишонаи таъйиноти биноҳо, иншоот ва қисмҳои онҳо, инчунин тағйир додани ҷузъҳо, конструксияҳо, унсурҳои ороиш ва нақшу нигори намуди беруна,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои риоя накардани қоидаҳои давра ба давра қабул намудани объектҳо (иншоотҳо)-и сохташуда,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои риоя накардани тартиби ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз шаст то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477, аз 20.06.2024 № 2051).
Барои худсарона васеъ кардани қитъаи замини барои сохтмон ҷудошуда ё вобасташуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
(Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727)
1. Барои риоя накардани қоидаҳои мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсозӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2.Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 425. Амалӣ намудани сохтмон, таҷдид, таъмири асосии биноҳо ва иншооти ҷамъиятӣ, маъмурию маишӣ, саноатию истеҳсолӣ бе тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷот ё хулосаи дахлдори техникӣ
1.Барои амалӣ намудани сохтмон, таҷдид, таъмири асосии биноҳо ва иншооти ҷамъиятӣ, маъмурию маишӣ, саноатию истеҳсолӣ бе тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷот ё хулосаи дахлдори техникӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 426. Додани хулосаи мусбати ташхисӣ ба лоиҳаҳое, ки бе риояи меъёру қоидаҳои лоиҳакашии сохтмон иҷро карда шудаанд
Барои додани хулосаи мусбати ташхисӣ ба лоиҳаҳое, ки бе риояи меъёру қоидаҳои лоиҳакашии сохтмон иҷро карда шудаанд,
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои худсарона сохтани объектҳои таъйиноти мухталиф, аз ҷумла бунёди хонаи истиқоматии шахсӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони мансабдор аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Барои тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷот бе хулосаи экспертизаи давлатӣ ё бе риояи қоидаҳои мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 429. Риоя накардани қоидаҳои корҳои сохтмону васлкунӣ ва анҷом додани корҳои бесифати сохтмон
(Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727)
1. Барои риоя накардани қоидаҳои корҳои сохтмону васлкунӣ ва анҷом додани корҳои бесифати сохтмон,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то ҳаштод, ба шахсони мансабдор аз дусад то чорсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 430. Риоя накардани қоидаҳои қабулу баистифодадиҳии объектҳо, сохтмонҳои баитмомрасида, таҷдид, дигар кардани хусусияти бино ва таъмири асосӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои қабулу баистифодадиҳии объектҳо, сохтмонҳои баитмомрасида, таҷдид, дигар кардани таъйиноти бино ва таъмири асосӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз як саду панҷоҳ то сесад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 431. Аз тарафи фармоишгар ба истифода додани объекти сохтмони нав, таҷдид ва куллан таъмиргардида, ки комиссияи қабули давлатӣ онро қабул накардааст
Барои аз тарафи фармоишгар ба истифода додани объекти сохтмони нав, таҷдид ва куллан таъмиргардида, ки комиссияи қабули давлатӣ онро қабул накардааст,
ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои саркашӣ аз иҷрои амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба корҳои меъморию сохтмон,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Барои саривақт иҷро накардани амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба корҳои меъморию сохтмон,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Барои истифодаи маҳсулоти бесертификат дар фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз як саду панҷоҳ то сесад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Барои овардану фурӯхтани мавод, маҳсулот ва қисмҳои сохтмонии бесифат, ки ба стандарти давлатӣ ва меъёрҳои техникӣ мувофиқат намекунанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои бе иҷозати дахлдор ғайримақсаднок истифода бурдани ҳудуди объектҳои сохтмонашон нотамом,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 437. Риоя накардани тартиби гузаронидани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ
(Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 580)
1. Барои риоя накардани тартиб ва мӯҳлати гузаронидани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои қабул намудани қарори беасос дар бораи надодани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 580, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 437(1). Пешниҳод накардани шартҳои техникӣ оид ба имконияти пайвастшавии иншооти тарҳрезишуда ба шабакаҳои муҳандисию техникӣ
(Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 580)
Барои дар мӯҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби шахсони масъули ташкилоти дахлдори муҳандисию техникӣ пешниҳод накардани шартҳои техникӣ оид ба имконияти пайвастшавии иншооти тарҳрезишуда ба шабакаҳои муҳандисию техникӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 580, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 438. Аз тарафи ташкилотҳои истифодабаранда иҷро накардани қоидаҳои нигоҳубину назорати объектҳо ва ҳудудҳои ба онҳо тобеъ
Барои аз тарафи ташкилотҳои истифодабаранда иҷро накардани қоидаҳои нигоҳубину назорати объектҳо ва ҳудудҳои ба онҳо тобеъ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 439. Бархилофи тартиби муқарраршуда ва бе розигии истифодабарандагони замин ба каси дигар додани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини барои сохтмон ҷудошуда
Барои бархилофи тартиби муқарраршуда ва бе розигии истифодабарандагони замин ба каси дигар додани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини барои сохтмон ҷудошуда,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 440. Истифодаи объектҳо бе ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ҳангоми гузаштани ҳуқуқ ба қитъаҳои замин ва нигоҳубини онҳо
Барои истифодаи объектҳо бе ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда ҳангоми гузаштани ҳуқуқ ба қитъаҳои замин ва нигоҳубини онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 441. Риоя накардани мӯҳлати истифодаи қитъаҳои замини барои сохтмон ҷудошуда ва ба истифода додани объект
Барои аз тарафи ташкилоти фармоишгар риоя накардани мӯҳлати истифодаи қитъаҳои замини барои сохтмон ҷудошуда ва ба истифода додани объект,
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои риоя накардани талаботи ҳатмии санадҳои меъёрӣ дар соҳаи сохтмон ҳангоми иҷрои корҳои лоиҳавӣ, тадқиқотӣ, сохтмонӣ, васлгарӣ ва танзимгарию бакорандозӣ, ҳангоми истеҳсоли масолеҳи сохтмон, конструксия ва маснуот, агар ин вайронкунӣ боиси аз байн рафтани устуворӣ, мустаҳкамӣ, боэътимодии биноҳо, иморатҳо, иншоотҳо, қисмҳо ё ҷузъҳои алоҳидаи конструксияи онҳо шуда бошад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
(Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727)
1. Барои риоя накардани технологияи истеҳсолот, агар ин кирдор ба пастшавии сифати истифодаи объекти биношаванда таъсир расонда бошад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз сад то як саду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то ҳаштод, ба шахсони мансабдор аз як саду панҷоҳ то сесад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Барои бе иҷозат кофтани ҳудуди биноҳо, кӯчаҳо ва майдонҳо, наандешидани чора бобати ба ҳолати мақбул овардани ҷойҳои кандашуда, инчунин майдончаҳои сохтмон баъди ба анҷом расидани сохтмон ва корҳои таъмирӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 445. Риоя накардани қоидаҳои сохтумони бӯстонсаройҳо, инчунин ташкил ва пешбурди боғдорию полезкории дастаҷамъона
1. Барои бе лоиҳаи мувофиқашуда сохтани бӯстонсаройҳо, ё риоя накардани меъёри қонунгузорӣ ҳангоми оғози сохтмони онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои риоя накардани қоидаҳои ташкил ва пешбурди боғдорию полезкории дастаҷамъона,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
(Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727)
1. Барои бе риояи нақшаи генералии тасдиқшудаи меъморию шаҳрсозӣ қабул намудани қарор,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1727, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 447. Риоя накардани тартиби додани иҷозатнома ва сертификат дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон
1. Барои риоя накардани тартиби додани иҷозатнома ва сертификат дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),