ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ | 1994
Моддаи 375. Риоя накардани ҳуқуқҳои истисноии соҳиби патент
1. Барои ғайриқонунӣ тайёр кардан, татбиқ намудан, ворид кардан, нигоҳ доштан, ба фурӯш пешниҳод кардан, фурӯхтан ё ба таври дигар ба муомилоти хоҷагӣ дохил кардани моли дорои ихтирооти патентӣ, навъи фоидаовар ё намунаи саноатии дастовардҳои селексионӣ, инчунин ба кор бурдани усули бо патенти хурд ё патенти ихтироот ҳифзшаванда ё ба муомилоти хоҷагӣ дохил намудан ё барои ин мақсад нигоҳ доштани маҳсулоти бевосита бо тарзи патенти хурд ё патенти ихтироот тайёршуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду бист то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 376. Ғайриқонунӣ тайёр намудан, ворид кардан, фурӯхтан, ба кироя додан ва ба таври дигар истифода намудани нусхаи асарҳо ва фонограммаҳо
1. Барои ғайриқонунӣ тайёр намудан, ворид кардан, фурӯхтан, ба кироя додан ё ба таври дигари ғайриқонунӣ бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода бурдани нусхаи асарҳо ва фонограммаҳо, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, агар (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
- нусхаи асарҳо ё фонограммаҳо қалбакӣ (контрафакт) бошанд;
- дар нусхаи асарҳо ё фонограммаҳо дар бораи истеҳсолкунандагон ва ҷойи истеҳсоли онҳо маълумоти нодуруст, инчунин дигар маълумот ки метавонад истеъмолкунандаро гумроҳ созад, зикр ёфта бошад;
- дар нусхаи асарҳо ё фонограммаҳо нишонаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ё нишонаи ҳифзи ҳуқуқи вобаста ба муаллифӣ нобуд карда ё тағйир дода шуда бошад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 377. Истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ, ҳамчунин номи маҳалли истеҳсоли мол, тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонии ғайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабеҳ
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1928)
1. Барои истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ, ҳамчунин номи маҳалли истеҳсоли мол, тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонии ғайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабеҳ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то як саду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои истифодаи ғайриқонунии тамғагузории огоҳкунанда нисбат ба номи маҳалли истеҳсоли мол ё тамғаи молие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз ҳафтод то сад, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то як саду бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз як саду бист то як саду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1928, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 378. Саркашӣ аз пешниҳоди маълумоти зарурӣ ва ё пешниҳоди маълумоти нодуруст дар бораи даромадҳое, ки дар натиҷаи истифодаи объекти ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба даст омадаанд
1. Барои саркашӣ аз пешниҳоди маълумоти зарурӣ ба мақомоти дахлдор ва ё пешниҳоди маълумоти нодуруст дар бораи даромадҳое, ки дар натиҷаи истифодаи объекти ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба даст омадаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 379. Иҷро накардани ӯҳдадории бақайдгирии шартнома оид ба истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ва гирифтани шаҳодатномаи намунаи мувофиқ
1. Барои аз тарафи истифодакунандагони объекти ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он иҷро накардани ӯҳдадориҳои дар қонунгузорӣ пешбинишудаи бақайдгирии шартномаҳо барои ба таври дахлдор истифода намудани объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ва гирифтани шаҳодатномаи намунаи мувофиқ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 380. Риоя ё иҷро накардани талаботи муқарраршуда ҳангоми бастани шартнома барои баромад кардан дар намоишҳои консертӣ ва театрӣ
1. Барои аз тарафи соҳибони муассисаҳои намоишдиҳандаи намоишҳои консертӣ ва театрӣ риоя ё иҷро накардани талаботи муқарраршуда ҳангоми бастани шартнома барои баромад кардан дар намоишҳои консертӣ ва театрӣ бо гурӯҳҳои эҷодӣ ва ташкилкунандагони консертҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои саркашӣ кардани истифодабарандаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он аз пардохти ҳаққи қалами муаллиф бобати воқеан истифода бурдани асар ё риоя накардани мӯҳлати дар шартнома ё қонун муқарраршудаи пардохти ҳаққи қалам,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).