ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ | 1994

Моддаи 249. Поймол намудани киштзор, несту нобуд кардани ҳосили расида ё ҷамъоваришуда, осеб расонидаи ба ниҳолзор
1. Барои поймол кардани киштзор, несту нобуд кардани ҳосили расида ё ҷамъоваришудаи зироатҳо, осеб расонидан ба ниҳолзори муҳофизатии киштзор, дарахтони мевадиҳанда ва дарахтони дигар (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои бо аспу ароба убур кардан аз майдони киштзор ё ниҳолзор,
ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои бо автомобил, трактор, комбайн ва дигар воситаҳои нақлиёт убур кардан аз майдони киштзор ва ниҳолзор,
ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 2491. Поймол намудани тутзор, несту нобуд кардани баргҳои расида ё ҷамъоваришудаи дарахтони тут, осеб расонидан ба дарахти тут
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087) 
1. Барои поймол намудани тутзор, несту нобуд кардани баргҳои расида ё ҷамъоваришудаи дарахтони тут, осеб расонидан ба дарахти тут,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Барои бо аспу ароба ва чорво поймол кардани тутзор,-
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
3. Барои худсарона бо воситаи нақлиёти автомобилӣ, трактор, комбайн ва дигар воситаҳои нақлиёт поймол кардани тутзор,-
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
4. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешбинишуда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 250. Расонидани зарар ба чарогоҳҳои табиӣ ва алафзори боғот, сарфи назар аз истифодабарандагони замини ин мавзеъ
1. Барои расонидани зарар ба чарогоҳҳои табиӣ ва алафзори боғот, сарфи назар аз истифодабарандагони замини ин мазеъ, бо роҳи чаронидани ҳайвонот дар чарогоҳҳои табиӣ, ки мувофиқи қоидаҳои истифодабарии чарогоҳ барои дамдиҳӣ ҷудо шудааст, инчунин рондани ҳайвонот тавассути чарогоҳҳои табиӣ ва алафзори боғот бе иҷозати дахлдор,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои бо автомобил, трактор, комбайн ва дигар воситаҳои нақлиёт убур кардан аз ҳудуди чарогоҳҳои табиӣ ва алафзори боғот, сарфи назар аз истифодабарандагони заминҳои ин мавзеъ,
ба андозаи аз панҷ то ҳашт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 251. Аз нуқтаҳои сарҳадӣ интиқол додани маводи аз кишварҳои хориҷӣ воридшуда, ки аз санҷиши карантинӣ ва санҷиши дахлдор нагузаштаанд
Барои аз нуқтаҳои сарҳадӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, автовокзалҳо, фурӯдгоҳҳо ва дигар маҳалҳои сарҳадӣ интиқол додани маводи аз кишварҳои хориҷа овардашуда, ки аз санҷиши карантинӣ ва санҷиши дахлдор нагузаштаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 252. Риоя накардани қоидаҳои назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, инчунин объектҳои таҳти карантин қарордошта,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 253. Монеъ шудан ба татбиқи чорабиниҳо доир ба таъмини карантини растанӣ
Барои монеъ шудан ба шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии фитосанитариро ба ӯҳда доранд ё ба тарзи дигар таъсир расонидан ба фаъолияти онҳо бо мақсади тағйир додани қарорҳое, ки онҳо қабул менамоянд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 254. Риоя накардани қоидаҳои карантини растаниҳо ҳангоми истеҳсол, захира, нигоҳдорӣ, коркард, истифода ва фурӯш
Барои риоя накардани қоидаҳои карантини растаниҳо ҳангоми истеҳсол, захира, нигоҳдорӣ, коркард, истифода ва фурӯши маҳсулоти таҳти карантин қарордошта,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 255. Риоя накардани қоидаҳои кушодани воситаҳои нақлиёт ва контейнерҳои дорои маҳсулоти таҳти карантин қарордошта, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418)
Барои риоя накардани қоидаҳои кушодани воситаҳои нақлиёт ва контейнерҳои дорои маҳсулоти таҳти карантин қарордошта, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, шустану тоза кардани воситаҳои нақлиёти дорои маҳсулоти таҳти карантин қарордошта ҳангоми интиқоли онҳо, инчунин дар ҷойҳои барои ин кор муқаррарнагардида (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 256. Воридот ва содироти маҳсулоти таҳти карантин қарордошта бе сертификати фитосанитарӣ ва иҷозати карантинӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои воридот ва содироти маҳсулоти таҳти карантин қарордошта бе сертификати фитосанитарӣ ва иҷозати карантинӣ, ки аз тарафи мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дода мешавад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 257. Риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва истифодаи мошинҳои таъйиноти кишоварзӣ, роҳсозӣ ва мелиоративӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ, ҳаракат дар роҳ, талаботи агротехнологӣ, истифодаи техникии тракторҳо, ядакҳо, комбайнҳо, мошинҳои роҳсозӣ ва мелиоративӣ, таҷҳизот, воситаҳои вазнсанҷ, сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва дигар мавод, ки метавонанд боиси зарар расонидан, аз кор баромадани техника, паст гаштани нигоҳдории он ва сифати маводу маҳсулот, ҳосилнокии кишт, инчунин харобшавии хок ва заҳролудшавии муҳити зист гарданд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 258. Иҷро накардани амрномаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии техникӣ ва истифодаи мошинҳои таъйиноти кишоварзӣ, роҳсозӣ ва мелиоративӣ
Барои иҷро накардани амрномаи мақомоти назорати давлатии ҳолати техникӣ ва муҳандис - нозири техники давлатӣ оид ба техникаи бехатарӣ ва истифодаи мошинҳои кишоварзӣ, роҳсозӣ ва мелиоративӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 259. Наандешидани чораҳои мубориза зидди алафҳои бегона
1. Барои аз тарафи истифодабарандагони замин наандешидани чораҳои мубориза бар зидди алафҳои бегона,
огоҳӣ дода мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди додани огоҳӣ наандешидани чораҳои мубориза бар зидди алафҳои бегона,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 260. Наандешидани чораҳо барои нобуд кардани растаниҳои худрӯйи нашъадор
Барои наандешидани чораҳо ҷиҳати нобуд кардани бангдонаи худрӯй ва кӯкнор дар майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзорҳо, ниҳолхонаҳо, дар шафати роҳҳои мошингард ва оҳан, шабакаҳои обёрӣ ва ирригатсионӣ, қароргоҳҳои шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, корхонаҳои ҷангал, қитъаҳои замини сокинони шаҳрҳо, шаҳракҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин дар заминҳои захираи давлатии ҷангал ва об, заминҳои захираи давлатии ба хоҷагиҳо, дигар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо вобасташуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 261. Парвариши ғайриқонунии зироатҳои нашъадор
Барои парвариш, яъне кишт ё ногоҳубини ғайриқонунии зироатҳое, ки дорои маводи нашъадоранд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 262. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи техникии мошинҳои кишоварзӣ ва техникаи бехатарӣ аз тарафи механизаторон
Барои дағалона риоя накардани қоидаҳои истифодаи техникии тракторҳо, комбайнҳо, дигар мошинҳои худгарди кишоварзӣ ва риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ аз тарафи механизаторон,
ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 263. Риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории мошинҳои кишоварзӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории мошинҳои кишоварзӣ (трактор, комбайн ва дигар таҷҳизот), инчунин дар ташкилоту хоҷагиҳо ба қисмҳо ҷудо намудани онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 264. Риоя накардани меъёрҳои пешбурди кори зотпарварӣ
Барои риоя накардани меъёрҳои пешбурди кори зотпарварӣ, яъне:
- риоя накардани тартиби фурӯхтан, ба моликияти шахси дигар додан, инчунин истифодаи насли ҳайвоноти зотие, ки сертификат ё шаҳодатномаи зот надорад;
- барои такрор истеҳсоли насли ҳайвоноти зотӣ истифода бурдани ҳайвоноти наринаи аслаш номуайян, ки боиси гум шудани арзиши зот мегардад;
- риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии истифодаи ҳайвоноти наринаи аслаш номуайян, фурӯхтан, ба моликияти шахси дигар додан, ихтиёрдорӣ ва истифодаи насли ҳайвоноти зотӣ, инчунин нодуруст муайян намудани арзиши зоти онҳо;
- саривақт наандешидани чораҳои пешгирӣ ва табобатӣ, инчунин дигар чораҳои муқаррарнамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани ҳайвоноти зотӣ, паст ё гум шудани арзиши онҳо, ҳалок ё талафи насли ҳайвоноти зотӣ мегарданд;
- риоя накардани қоидаҳои пешбурди омори насли ҳайвоноти зотӣ ё пешниҳод накардани маълумоте, ки дар китобҳо (феҳрист)-и давлатии насли ҳайвоноти зотӣ бояд сабт гарданд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 265. Риоя накардани қоидаҳои истеҳсол ва фурӯши маводи тухмӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои истеҳсол ва фурӯши маводи тухмӣ (тухми шинондашаванда)-и зироат ва растаниҳои ороишӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 265(1). Монеъ шудан ба фаъолияти Бозрасии назорати давлатии тухмӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717)
Барои монеъ шудан ба фаъолияти Бозрасии назорати давлатии тухмӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз хафт то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 265(2). Риоя накардани қоидаҳои кишт, захира ва нигоҳдории маводи тухмӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717)
Барои риоя накардани қоидаҳои кишт, захира ва нигоҳдории маводи тухмӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 265(3). Риоя накардани қоидаҳои истифодаи мақсадноки гурӯҳҳои тухмӣ ва коркарди тухмӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717)
Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи мақсадноки гурӯҳҳои тухмӣ ва коркарди тухмӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони хуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 265(4). Риоя накардани қоидаҳои парвариши ниҳолҳо дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва фурӯши ниҳолҳои ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717)
Барои риоя накардани қоидаҳои парвариши ниҳолҳо дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва фурӯши ниҳолҳои ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 265(5). Иҷро накардани амрнома ва дастури Бозрасии назорати давлатии тухмӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717)
Барои иҷро накардани амрнома а дастури бозрасии назорати давлатии тухмӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист,
ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 266. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи чарогоҳҳо ва мавзеъҳои алафдарав
Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи чарогоҳҳо ва мавзеъҳои алафдарав,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 267. Риоя накардани қоидаҳои низоми махсуси карантини фитосанитарӣ дар минтақаи карантини фитосанитарӣ эълонгашта
Барои риоя накардани қоидаҳои низоми махсуси карантини фитосанитарӣ дар минтақаи карантини фитосанитарӣ эълонгашта,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 268. Ворид ва содир намудани борҳои таҳти карантин қарордошта ва ба тариқи транзит интиқол додани онҳо аз минтақаҳои карантинӣ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди он
Барои ворид ва содир намудани борҳои таҳти карантин қарордошта ва аз минтақаҳои карантинӣ ба тариқи транзит интиқол додани онҳо ба ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди он бе сертификати фитосанитарӣ, ки мақомоти давлатии кишвари содиркунанда оид ба карантин медиҳад ва бе иҷозати карантини воридотӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 269. Истифодаи заминҳои заҳролудшуда
1. Барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намудани заминҳои бо моддаҳои кимиёвӣ, пестисидҳо, партовҳои истеҳсолӣ ва обҳои партов заҳролудшуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).