متاسفانه قانون پیدا نشد
ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ КАЙҲОН, ГЕОДЕЗИЯ, ХАРИТАСОЗӢ ВА ТОПОГРАФИЯ | 1994
Моддаи 676. Пешбурди фаъолияти тадқиқотӣ, муҳандисию геодезӣ бе экспертизаи техникии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, ки мақомоти ваколатдори назорати давлатии геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ накардааст
1. Барои пешбурди фаъолияти тадқиқотӣ, муҳандисию геодезӣ бе экспертизаи техникии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии тасдиқнакардаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ё кредити давлатӣ маблағгузорӣ мешавад,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои пешбурди фаъолияти тадқиқотӣ, муҳандисию геодезӣ бе экспертизаи техникии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии тасдиқнакардаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ маблағгузорӣ мешавад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои аз тарафи шахси масъул риоя накардани қоидаҳои истифодаи таҷҳизоти геодезии аксбардорӣ ва харитасозӣ бо қабулкунакҳои радифии GPS (системаи радифии позитсионикунонӣ),
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 678. Истифодаи беқайди таҷҳизоти геодезӣ бо қабулкунакҳои радифии GPS (системаи радифии позитсионикунонӣ)
Барои истифодаи беқайди таҷҳизоти геодезӣ бо қабулкунакҳои радифии GPS (системаи радифии позитсионикунонӣ),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 679. Расонидани зарар ва нобуд кардани нуқтаҳои давлатии геодезии гурӯҳҳои I-IV, дараҷаҳои 1 ва 2
1. Барои расонидани зарар ба нуқтаҳои давлатии геодезии гурӯҳҳои I-IV, дараҷаҳои 1 ва 2,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои нобуд кардани нуқтаҳои давлатии геодезии гурӯҳҳои IIV, дараҷаҳои 1 ва 2,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесаду панҷоҳ то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 680. Риоя накардани ҳуҷҷатҳои ҳатмии меъёрӣ (меъёр ва қоидаҳо) оид ба геодезия, харитасозӣ, топография ва кадастр
Барои риоя накардани ҳуҷҷатҳои ҳатмии меъёрӣ (меъёрҳо ва қоидаҳо) оид ба геодезия, харитасозӣ, топография ва кадастр,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 681. Таҳрифи нақшакашии ҷадвалӣ дар харитаҳо, атласҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои таҳрифи нақшакашии ҷадвалӣ дар харитаҳо, атласҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 682. Иҷро накардани амрномаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои иҷро накардани амрномаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).