ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ | 1994

Моддаи 165. Риоя накардани ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба сарватҳои зеризаминӣ
Барои худсарона истифода кардани сарватҳои зеризаминӣ, ошкоро ё пинҳонӣ аҳд бастан, ки ҳуқуқи давлатро ба сарватҳои зеризаминӣ вайрон ё халалдор мекунад ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 166. Риоя накардани тартиби муҳофизат ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
1. Барои худсарона сохтани иморатҳо дар қитъаҳои дорои канданиҳои фоиданок, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бе ризоияти мақомоти ҳифзи табиат, риоя накардани қоидаҳои муҳофизати сарватҳои зеризаминӣ ва муҳити табиӣ, бино ва иншоот аз таъсири зарарноки корҳое, ки бо истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, нобуд ё вайрон кардани чоҳҳои таҳти низоми мушоҳидаи обҳои зеризаминӣ, инчунин нишонаю аломатҳои маркшейдерӣ ва геодезӣ марбутанд ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад ё фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ то се моҳ боздошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи интихобии қитъаҳои сермаъдани конҳо, ки боиси талафоти исрофкоронаи захираҳои мавзунии канданиҳои фоиданок, талафоти аз меъёр зиёд ва омехташавии аз ҳад афзуни канданиҳои фоиданок дар вақти истихроҷ, вайрон шудани конҳо ва дигар ҳодисаҳои риоя накардани қоидаҳои истифодаи оқилонаи захираи онҳо мегардад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад ё фаъолияти истифодаи сарватҳои зеризаминӣ то се моҳ боздошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои гум кардани ҳуҷҷатҳои маркшейдерӣ, иҷро накардани талаботи таъминкунандаи бехатарии аҳолӣ аз истифодаи конҳо ва чоҳҳои кандашудаи барҳамхуранда ва муваққатан басташаванда, инчунин иҷро накардани талаботи ҳифзи конҳо ва чоҳҳои пармашуда дар вақти муваққатан басташавии онҳо,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 167. Риоя накардани нигоҳдории обҳои зеризаминӣ ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Барои риоя накардани талаботи бе сабаб нигоҳдории обҳои зеризаминӣ ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, яъне кам ё ифлос намудани обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла обҳои гарми маъданӣ ва табобатӣ, ғайримақсаднок истифода бурдани об, нест кардан, расонидани зарар ё ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ таъмин накардани ҳифзи чоҳҳои гидрогеологие, ки барои истифодаи минбаъда коршоям мебошанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 168. Риоя накардани қоидаҳо ва талаботи иҷрои кор оид ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ
1. Барои риоя накардани қоидаҳо ва талаботи иҷрои кор оид ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, ки боиси нодуруст муайян кардани миқдори захираҳои кашфшудаи канданиҳои фоиданок ё шароити сохтмону истифодаи корхонаҳои истеҳсоли маъдан ва иншооти зеризаминии ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобастанабуда гардидаанд, гум кардани ҳуҷҷатҳои геологӣ, нусхаи намунаҳои канданихои фоиданок, ки барои омӯзиши минбаъдаи геологии маъдан ва ба кор андохтани конҳо заруранд,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда нишон дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 169. Риоя накардани технологияи истихроҷ ва коркарди ашёи хоми маъданӣ
1. Барои аз меъёри технологӣ кам ё барзиёд истихроҷ намудани захираҳои канданиҳои фоиданок, нигоҳ доштани маъдани истихроҷшуда дар худи чоҳ, истифодаи усули истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки хосият ва сифати табиии онро паст менамояд,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои иҷро накардани лоиҳаҳои муваққатан хобондан ва барҳам додани корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок, наандешидани тадбирҳои нарм кардани қисми болоии замин, ки дар натиҷаи корҳои геологию кӯҳкорӣ вайрон шудаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои риоя накардани технологияи истихроҷ ва коркарди маъдан, ки ба шароити табиии ҷойгиршавии захираҳо дар қаъри замин ва тавсифоти сифатии канданиҳои фоиданок мувофиқат намекунад,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 170. Риоя накардани қоидаҳои ҳисоб ва таъминоти геологию маркшейдерӣ ҳангоми азхудкунии сарватҳои зеризаминӣ
1. Барои риоя накардани қоидаҳои таъминоти гидрогеологӣ, геологӣ ва маркшейдерӣ ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, обҳои зеризаминӣ ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ барои мақсадҳои дигар, нобуд ё вайрон кардани ишораҳои маркшейдерӣ ва геодезӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳисоб ва таъминоти геологию маркшейдерӣ ҳангоми азхудкунии сарватҳои зеризаминӣ, ҳолат ва ҳаракати захираҳо, талафот ва камшавӣ, қоидаҳои пешбурди ҳисоб ва муайян намудани сифати обҳои партови сатҳи обу замин, ба мақомоти ваколатдори геология ва захираҳои маъданӣ пешниҳод накардани ҳисобот оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки кашфгардида ва захираҳои истихроҷшуда,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 171. Худсарона ҷамъоварӣ кардан ё фурӯхтани мӯмиё ва ашёи маъдании мӯмиёдор
1. Барои худсарона ҷамъоварӣ намудани мӯмиё, инчунин ашёи маъдании мӯмиёдор,
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои фурӯхтани мӯмиё ва ашёи маъдании мӯмиёдор дар сурати риоя накардани қоидаҳои муқарраргардида,
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 172. Саркашӣ намудан аз иҷрои амрномаи мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ
Барои саркашӣ намудан аз иҷрои амрномаи мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад ё фаъолияти онҳо ба мӯҳлати то се моҳ боздошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).