ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ОБ | 1994
Моддаи 173. Вайрон кардани ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба захираҳои об
Барои худсарона тасарруф кардани объектҳои об ва иншооти хоҷагии об, худсарона истифода кардан ва тақсим намудани об, ба каси дигар додани ҳуқуқи истифодаи об, инчунин содир намудани дигар аҳдҳо, ки ҳуқуқи моликияти давлатиро ба захираҳои об вайрон мекунанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои аз меъёри муқарраршуда зиёд сарф кардани об, худсарона истифода бурдани об ва худсарона анҷом додани корҳои гидротехникӣ, ғайримақсаднок истифода бурдани об, риоя накардани қоидаҳои ҳисоби миқдори оби аз объектҳои об гирифташаванда ва ба объектҳои об ҷоришаванда, риоя накардани назорати сифати оби партов, ба об партофтани маводи ифлоскунанда, инчунин сохтани иншооти обгирӣ дар манбаъҳои обҳои рӯизаминӣ бе иншооту таҷҳизоти ҳифзи моҳиҳо, рад кардани пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ва саривақтӣ ё пешниҳод намудани маълумоти нодуруст дар бораи ҳолати истифодаи захираҳои об,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 175. Расонидани зарар ба иншооту воситаҳои хоҷагии об, риоя накардани қоидаҳои истифодаи онҳо
1. Барои расонидани зарар ба иншооту воситаҳои хочагии об,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи иншооту воситаҳои хоҷагии об,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани заминҳои захираи давлатии об ва минтақаҳои ҳифзи онҳо ба ғайр аз объектҳои обии табиӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 177. Бо партовҳои маишӣ ифлос кардани чашмаҳо ва дигар манбаъҳои об, ки дар заминҳои захираи давлатии об воқеанд
Барои бо пасмонда ва партовҳои маишӣ ифлос кардани чашмаҳо ва дигар манбаъҳои об, ки дар заминҳои захираи давлатии об воқеанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
1. Барои риоя накардани қоида ва меъёрҳои муқарраршудаи ҳифзи захираи об, тартиби баҳисобгирии миқдор ва сифати тақсимот, инчунин тақсимоти об бе риояи қоида ва меъёрҳои муқарраргардида,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои ба истифода додани корхона, объектҳои коммуналӣ ва ғайра бе сохтани иншооту таҷҳизоти пешгирикунандаи олудашавии об ё таъсири манфии онҳо ё бо иншооти тозакунии корношоям бе иншоот ва таҷҳизоти ҳифзи моҳӣ, инчунин содир намудани дигар кирдорҳое, ки мухолифи қонунгузории об ба шумор мераванд,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои бе иҷозати махсус истифода намудани объектҳои об,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Бе иҷозат иҷро кардани корҳои сохтмонӣ, гидротехникӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, пармакунии чоҳҳои амудии обёрикунанда ва чоҳҳои оби нӯшокӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).