ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН | 1994

Моддаи 141. Риоя накардани ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба замин
Барои худсарона истифода бурдан ва ё аз они худ кардани қитъаҳои замин, ки аз ин ҳуқуқи давлат ба замин халалдор мешавад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 142. Риоя накардани тартиби ҳифз ва истифодаи замин
Барои риоя накардани тартиби ҳифз ва истифодаи замин, яъне иҷро накардани чорабиниҳои ҳатмӣ вобаста ба бехдошти замин ва ҳифзи он аз бодлесшавию обшустагӣ, хароб намудани замини кишт, нобуд кардани қабати ҳосилхези хок ё пешгирӣ накардани дигар омилҳое, ки таркиби хокро бад мекунанд, инчунин истифода намудани замин бо усуле, ки боиси вайроншавии хок ва ҳолати экологии замин мегардад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 143. Истифодаи ғайримақсадноки замин
Барои истифодаи ғайримақсадноки замин,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 144. Риоя накардани талаботи низоми истифодаи замин
Барои риоя накардани талаботи низоми истифодаи заминҳои таъйиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, табиию мамнӯъгоҳӣ ва дигар заминҳое, ки таъйиноти махсуси истифода мебошанд, заминҳое, ки таҳти таъсири заҳролудшавии радиоактивӣ қарор гирифтаанд, инчунин бад кардани ҳолати экологии қитъаи замине, ки ба истифода дода шуда, дар ҳудуди муайян қарор дорад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 145. Лоиҳакашӣ, ҷойгир намудан, сохтан ва ба истифода додани объектҳое, ки ба ҳолати замин таъсири манфӣ мерасонанд
Барои лоиҳакашӣ, ҷойгир намудан, сохтан ва ба истифода додани объектҳое, ки ба ҳолати замин таъсири манфӣ мерасонанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 146. Напардохтани маблағи андози замин
Барои напардохтани маблағи андози замин,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 147. Ифлос кардани замин
Барои бо моддаҳои кимиёиву радиоактивӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва обҳои партов, организмҳои бактериологию паразитӣ ва зараррасон ифлос кардани замин ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бисту панҷ, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чилу панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 148. Истифодаи замин бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи он
Барои истифодаи замин бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи он,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 149. Риоя накардани тартиби ба истифода додани замин
Барои риоя накардани тартиби ба истифода додани замин,
ба шахсони воқеи ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 150. Пинҳон доштани маълумот оид ба мавҷудияти захираи махсуси замин
Барои пинҳон доштани маълумот оид ба мавҷудияти захираи махсуси замин,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 151. Худсарона иваз кардани қитъаҳои замин
Барои худсарона иваз кардани қитъаҳои замин,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 152. Риоя накардани тартиби муқарраршудаи аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани замин
Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани замин,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 153. Қабул намудани қарори ғайриқонунӣ дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин ва истифодаи он
Барои қабул намудани қарори ғайриқонунӣ дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин ва истифодаи он ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 154. Таҳрифи маълумоти кадастри замин
Барои таҳрифи маълумоти кадастри замин, аз ҷумла бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва баҳодиҳии замин аз тарафи шахсони мансабдор ё шахсони масъул, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 155. Пешниҳод накардан ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ дар бораи ҳолат ва истифодаи замин
Барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ дар бораи ҳолат ва истифодаи замин аз тарафи истифодабарандагони замин,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 156. Бе сабабҳои узрнок истифода набурдани қитъаи замин
1. Барои бе сабабҳои узрнок дар давоми ду сол истифода набурдани қитъаи замине, ки барои истифодаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал дода шудааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои бе сабабҳои узрнок дар давоми се сол истифода набурдани қитъаи замине, ки барои таъйиноти ғайрикишоварзӣ ва ғайрихоҷагии ҷангал дода шудааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои дар давоми як сол истифода набурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва боғдорию полезии коллективӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 157. Риоя накардани мӯҳлати супоридани заминҳои хокгардоннашуда ва заминҳои аз нав азхудкардашуда бар ивази заминҳое, ки ҷудо карда шудаанд
Барои риоя накардани мӯҳлати супоридани заминҳои хокгардоннашуда (култиватсиянашуда) ва заминҳои аз нав азхудкардашуда бар ивази заминҳое, ки ҷудо карда шудаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 158. Риоя накардани муҳлати баргардонидани замини муваққатан ишғолшуда ё мувофиқи таъйинот омода накардани он барои истифода
Барои риоя накардани мӯҳлати баргардонидани замини муваққатан ишғолшуда, иҷро накардани ӯҳдадории омода кардани замин барои истифода мувофиқи таъйинот ва риоя накардани мӯҳлати корам намудани қитъаи замин,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 159. Нобуд кардани ишораҳои муқарраршудаи марзӣ ва дигар аломатҳои маълумотӣ ё расонидани зарар ба онҳо
Барои нобуд кардани ишораҳои марзии замин ва дигар аломатҳои муқарраршудаи маълумотию марзии истифодаи замин ё расонидани зарар ба онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 160. Монеъ шудан барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ҷудо кардани қитъаи замин ва истифодаи он
Барои монеъ шудан ҷиҳати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ҷудо кардани қитъаи замин ва истифодаи он,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 161. Монеъ шудан ба анҷом додани барӯйхатгирии қитъаи замин
Барои монеъ шудан ба анҷом додани барӯйхатгирии қитъаи замин,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 162. Саркашӣ аз иҷрои дастур
Барои саркашӣ кардан аз иҷрои дастур, саривақт иҷро накардани он ё дигар санади марбут ба бартараф намудани камбудиҳое, ки ба масъалаҳои истифодаи қитъаи замин вобастаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 163. Саркашӣ аз бақайдгирии қитъаи замин
Барои саркашӣ аз бақайдгирии қитъаи замин дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 164. Ҷуброн накардани зарари истифодабарандагони замин ва талафоти маҳсулоти кишоварзӣ
Барои ҷуброн накардани зарари истифодабарандагони замин ва талафоти маҳсулоти кишоварзӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).