ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ИСТИФОДАБАРИИ ҶАНГАЛ | 1994
Моддаи 180. Риоя накардани ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба ҷангал
Барои худсарона ба дигарон додани ҳуқуқи истифодаи ҷангал, инчунин бастани дигар аҳдҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлатиро ба ҷангал вайрон мекунанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои истифодаи ғайриқонунии қитъаи замини захираи давлатии ҷангал,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 182. Риоя накардани тартиби муқарраршудаи истифодаи захираи дарахтбурӣ, тайёр кардан ва кашонидани чӯб, ҷамъоварӣ намудани шираи дарахт, буттаю растанӣ ва шираи камол
1. Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи истифодаи захираи дарахтбурӣ, тайёр кардан ва кашонидани чӯб,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи гирифтани шираи дарахт, буттаю растанӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардан, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани шираи камол, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 183. Ғайриқонунӣ буридани дарахти тут ва дигар дарахту буттазор, несту нобуд кардани зироатҳои ҷангалу ниҳолзор ва расонидани зарар ба онҳо
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087)
1. Барои ғайриқонунӣ буридани дарахти тут ва дигар дарахту буттазор, несту нобуд кардани зироатҳои ҷангал, навниҳолҳои ҷангалзор, ниҳолу қаламчаи ниҳолхонаю плантатсияҳо ё расонидани зарар ба онҳо, инчунин расонидани зарар ба ниҳолҳои худрӯй ва кӯчатшуда дар майдонҳое, ки барои барқарор намудани ҷангал пешбинӣ шудаанд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051, аз 13.11.2024 № 2087),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
2. Барои баъди таъини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои бархилофи мақсаду талаботи дар иҷозатнома (ордер)-и барои дарахтбурӣ ё иҷозатномаи истифодаи ҷангал пешбиншуда истифода бурдани ҷангал,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 185. Риоя накардани қоидаҳои барқароркунии ҷангал ва беҳдошти он, истифодаи захираҳои дарахтони буриданбоб
Барои риоя накардани қоидаю дастурҳои барқарор кардан, беҳтар намудани ҳолат ва ҷинси дарахтони ҷангал, афзун гардонидани ҳосилнокии онҳо, инчунин риоя накардани қоидаи истифодаи захираҳои дарахтони буриданбоб,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои расонидани зарар ба алафзор ва чарогоҳҳои заминҳои захираи давлатии ҷангал,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 187. Худсарона киштукор кардан, даравидани алаф ва чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳосили меваю чормағзи худрӯй, занбӯруғ ва буттамева дар заминҳои захираи давлатии ҷангал
Барои дар ҷангалзор ва заминҳои бедарахти захираи давлатии ҷангал худсарона киштукор кардан, даравидани алаф ва чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳосили меваю чормағзи худрӯй, занбӯруғ ва буттамева,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 188. Риоя накардани мӯҳлати муқарраршудаи ҷамъоварии ҳосили меваю чормағзи худрӯй ва буттамева
Барои риоя накардани мӯҳлати муқарраршудаи ҷамъоварии ҳосили меваю чормағзи худрӯй, буттамева ва ғайра,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 189. Ҷамъоварии ғайриқонунӣ ё несту нобуд кардани растаниҳои ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда
Барои ғайриқонунӣ, бе иҷозати махсуси мақомоти ваколатдор ҷамъоварӣ, несту нобуд кардан ё бурида гирифтани реша, чидани гул ва меваи растаниҳое, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 190. Ба истифода додани объектҳои истеҳсолие, ки бо таҷҳизоти пешгирикунандаи таъсири зарарнок ба ҷангал таъмин карда нашудаанд
Барои ба истифода додани корхонаҳо, сехҳо, агрегатҳо, роҳҳои нақлиёт, объектҳои истеҳсолие, ки бо таҷҳизоти пешгирикунандаи таъсири зарарнок ба ҳолату афзоиши ҷангал таъмин карда нашудаанд,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 191. Расонидани зарар ба ҷангал ё ифлос намудани заминҳои захираи давлатии ҷангал бо оби партов, моддаҳои кимиёвӣ ва партовҳову пасмондаҳо
Барои расонидани зарар ба ҷангал ё ифлос намудани заминҳои захираи давлатии ҷангал бо оби партов, моддаҳои кимиёвӣ, партовҳои саноатӣ ва коммуналию маишӣ, инчунин партовҳое, ки боиси хушк шудан ва ба касалӣ дучор гардидани дарахтони ҷангал мегарданд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳашт, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 192. Несту нобуд кардани ҷӯйборҳое, ки оби ҷангалро мехушконанд, системаҳои заҳбур ва роҳҳои заминҳои захираи давлатии ҷангал ё расонидани зарар ба онҳо
Барои несту нобуд кардани ҷӯйборҳое, ки оби ҷангалро мехушконанд, системаҳои заҳбур ва роҳҳои заминҳои захираи давлатии ҷангал ё расонидани зарар ба онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои несту нобуд кардани нишонаҳои маҳдудкунандаи ҷангал ва дигар нишонаҳои вобаста ба он ё расонидани зарар ба онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои несту нобуд кардани ҳайвоноти барои ҷангал фоиданок дар заминҳои захираи давлатии ҷангал,
ба шахсони вокеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Барои риоя накардани талаботи қоидаҳои аз сӯхтор эҳтиёт кардани ҷангал,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар натиҷаи оташ задан ё беэҳтиётона муносибат кардан бо оташ несту нобуд кардани ҷангал ё зарар расонидан ба ҷангал, инчунин риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷангал, ки боиси оташ гирифтани ҷангал ё паҳн шудани сӯхтор мегардад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 196. Расонидани зарар, нобуд кардан ё худсарона буридани дарахти тут ва дигар дарахтони ҷангалзор, ки дар шафати роҳҳои автомобилгард ва оҳан, наҳрҳо, обанборҳо, ҷӯйборҳо, сарҳадҳои майдони тухмипарварӣ қарор доранд
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087)
Барои расонидани зарар, нобуд кардан ё худсарона буридани дарахти тут ва дигар дарахтони ҷангалзор, ки дар шафати роҳҳои автомобилгард ва оҳан, наҳрҳо, обанборҳо, ҷӯйборҳо, сарҳадҳои майдони тухмипарварӣ қарор доранд(Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2087).
Моддаи 197. Заҳролуд кардани ҷангал бо моддаҳои радиоактивӣ, организмҳои зарарнок, бактериологию паразитӣ ва карантинӣ, ки боиси хушкшавӣ ё харобии он гаштааст
Барои заҳролуд кардани ҷангал бо моддаҳои радиоактивӣ, организмҳои зарарнок, бактериологию паразитӣ ва карантинӣ, ки боиси хушкшавӣ ё харобии он гаштааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 198. Риоя накардани қоида ва мӯҳлати шикор дар ҳудуди заминҳои захираи давлатии ҷангал ва минтақаҳои барои шикор ҷудошуда
1. Барои риоя накардани қоидаи шикор дар ҳудуди заминҳои захираи давлатии ҷангал ва минтақаҳои барои шикор ҷудошуда, бе иҷозат шикор кардан (варақаи шикор, роҳхат ва ғайра), инчунин шикор кардан дар мавриди мамнӯъ ва ё бо тарзу усулҳои манъшуда дар ҳудуди заминҳои захираи давлатии ҷангал ва минтақаҳои барои шикор ҷудошуда ё шикор кардани навъҳои мамнӯи ҳайвоноти ваҳшӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 199. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати ҷойи зист ва шароити афзоиши ҳайвоноти ваҳшию паррандаҳо дар ҳудуди заминҳои захираи давлатии ҷангал ва минтақаҳои барои шикор ҷудошудаи ҷангал
Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати ҷойи зист ва шароити афзоиши ҳайвоноти ваҳшию паррандаҳо (лона) дар ҳудуди заминҳои захираи давлатии ҷангал ва минтақаҳои барои шикор ҷудошудаи ҷангал,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 200. Итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони мақомоти мухофизати ҷангал ва назорати шикор
Барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони мақомоти муҳофизати ҷангал ва назорати шикор, ҳамзамон монеъ шудан барои саривақт, пурра ва воқеъбинона муайян намудани ҳолати парванда, таъмини иҷрои қарори қабулшуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳашт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 201. Худсарона тарошида гирифтани қабати болоии ҳосилхези хок, чимтол ва алафи заминҳои захираи давлатии ҷангал
Барои худсарона тарошида гирифтани қабати болоии ҳосилхези хок, чимтол, ҳамзамон нест кардани алафи заминҳои захираи давлатии ҷангал,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Барои таҳриф намудани маълумоти баҳисобгирӣ ва баҳодиҳии захираи ҷангал,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).