ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ | 1994
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1517)
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1517)
1. Барои риоя накардани меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, қабул ва ба истифодабарӣ супоридан, истифодабарӣ, таъмир, таҷдид, маҳфуз доштан ва аз истифодабарӣ баровардан,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1517, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 404(2). Монеъ шудан ба воридшавии шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба иншоотҳои гидротехникӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1517)
Барои монеъ шудан ба воридшавии шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба иншоотҳои гидротехникӣ, шинос шудан бо маводи вобаста ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва ташкили назорати техникӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1517, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 404(3). Дар муҳлати муқарраршуда аз тарафи молик ё истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ пешниҳод накардани эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1517)
Барои дар муҳлати муқарраршуда аз тарафи молик ё истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ пешниҳод накардани эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1517, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 404(4). Пешниҳод накардани маълумот ба мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1517)
Барои аз тарафи молик ё истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ пешниҳод накардани маълумот дар бораи таҳдиди садамаи иншоотҳои гидротехникӣ ё пинҳон доштани чунин маълумот ё додани маълумоти бардурӯғ ба мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ё дар ҳолати таҳдиди бевоситаи рахнашавии ҳудуди зери фишори об қарордошта, хабар надодан ба кормандони иншоотҳои гидротехникии дар ҳолати садамавӣ қарордошта, аҳолӣ ва ташкилотҳои дар минтақаҳои имконпазири зериобмонӣ воқеъбуда,