ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ АМАЛИЁТ БО КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК | 1994

Моддаи 559. Барориши ғайриқонунии коғазҳои қиматнок
Барои дар мӯҳлати муқарраргардида нагузаронидани барориши саҳмияҳо, вомбаргҳо ё дигар коғазҳои қиматнок, инчунин аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ риоя накардани тартиб ва мӯҳлати харида гирифтани саҳмияҳо,
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 560. Риоя накардани ҳуқуқи сармоягузорон дар хусуси гирифтани маълумоти пурра ва холисона дар бораи коғазҳои қиматнок
1. Барои дар тарҳи барориш (эмиссия) нишон додани маълумоти нодуруст ё ба таври оммавӣ пешниҳод кардан ё фурӯши коғазҳои қиматнок бе интишори муқарраргардидаи тарҳи барориш (эмиссия), инчунин ба сармоягузорон пешниҳод накардан ё дар ҳаҷми нопурра пешниҳод кардани маълумоте, ки ҳатман ошкор кардани он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст,
ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба эмитенти коғазҳои қиматнок ба андозаи аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Барои аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии шакли кушода интишор накардани ҳисоботи ҷойгиркунонии коғазҳои қиматнок (саҳмияҳо, вомбаргҳо, векселҳо)-и баровардашуда ва маълумоти тавозуни баҳисобгирии солона дар воситаҳои ахбори омма,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
4. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми сеюми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 561. Машғул шудан ба фаъолияти касбии марбут бо коғазҳои қиматнок бе шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси ҳуқуқи пешбурди амалиёт бо коғазҳои қиматнок
Барои анҷом додани амалиёти марбут бо коғазҳои қиматнок бе шаҳодатномаи тахассусии мутахассис барои ҳуқуқи пешбурди фаъолияти касбии марбут бо коғазҳои қиматнок, ки бо тартиби муқарраргардида дода мешавад,
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 562. Истифодаи бевиҷдононаи иттилооти хизматӣ
Барои аз ҷониби шахси мансабдори эмитенти коғазҳои қиматнок ба мақсаду манфиатҳои шахсӣ ё ба шахсони сеюм супоридани он истифода бурдани иттилооти хизматии марбут ба эмитент ё коғазҳои қиматнок, ки метавонад ба арзиши бозории коғазҳои қиматнок таъсир расонад,
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 563. Пешниҳод кардани иттилооти нодуруст
1. Барои ба шахси мансабдори мақомоти давлатии танзимкунандаи назорати фаъолият дар бозори коғазҳои қиматнок пешниҳод намудани иттилооту ҳуҷҷатҳои нодуруст (бардурӯғ) ё саркашӣ кардан аз пешниҳоди иттилооту ҳуҷҷатҳо,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои риоя накардани мӯҳлати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии тағйиру иловаҳо ба тарҳи барориши коғазҳои қиматнок, инчунин риоя накардани мӯҳлати пешниҳоди ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ вобаста ба коғазҳои қиматнок,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 564. Мамониат кардан ба фаъолияти мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок
Барои мамониат кардан ба фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, инчунин аз ҷониби шахси мансабдори эмитент ё иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок иҷро накардан ё бе баррасӣ гузоштани талаботи шахсони мансабдори мақомоти анҷомдиҳандаи назорати фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии онҳо,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Модаи 565. Риоя накардани тартиби гузаронидани фурӯш (обуна) - и озоди коғазҳои қиматнок
Барои аз ҷониби шахсони мансабдори эмитентҳо ва иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок риоя накардани қоидаю тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ дар бораи коғазҳои қиматнок оид ба барориш ва гузаронидани фурӯш (обуна) - и озоди коғазҳои қиматнок,
ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 566. Риоя накардани қоидаҳои пешбурди феҳристи коғазҳои қиматнок
1. Барои пешбурди феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок қоидаҳои муқарраргардидаи пешбурди онро риоя накардан ё набурдани феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок, радкунии беасоси дохил намудани сабт ба феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок, инчунин саркашӣ аз пешбурди он тибқи ҳолат ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо ҷалби иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок ва регистратори (бақайдгирандаи) махсусгардонидашуда,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои наандешидани чораҳои таъмини ҳифзи нигоҳдорӣ ва коркарди иттилооти дар феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок сабтшуда, ки боиси нобудшавӣ, ғорат ва ё дигар оқибатҳои расидани зарари моддӣ гаштааст, инчунин риоя накардани ҳуқуқҳои саҳомон, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1659, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 567. Рекламаи бевиҷдононаи коғазҳои қиматнок
Барои ба таври оммавӣ кафолат додани даромад аз коғазҳои қиматнок дар намуди суди саҳмия (дивидендҳо), фоизҳо ё пардохти даромадҳо ба тарзи дигар, ба шарте, ки чунин пардохтҳо тибқи шартҳои барориш пешбинӣ нашуда бошанд ё ба маълумоти доираи номахдуди сармоягузорони эҳтимолӣ расонидани иттилоот дар бораи ҳаҷми даромади эҳтимолии коғазҳои қиматнок бо роҳи баланд бардоштани арзиши номиналии он, инчунин додани иттилооти бардурӯғ ё нодурусте, ки сармоягузорони эҳтимолиро дар хусуси шартҳои хариду фуруши коғазҳои қиматнок гумроҳ карда бошад ё метавонад гумроҳ созад,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 568. Риоя накардани қоидаҳои бастан, ба расмият даровардан ва ба қайд гирифтани амалиёт бо коғазҳои қиматнок
Барои аз ҷониби шахсони мансабдор - ширкаткунандагони касбии бозори коғазҳои қиматнок риоя накардани қоидаҳои бастан, ба расмият даровардан ва ба қайд гирифтани амалиёт бо коғазҳои қиматнок,
ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 569. Риоя накардани тартиби пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар хусуси аз ҷониби муассисон иҷро гардидани пардохтҳо ба фонди ойинномавии корхонаҳои дорои сармояҳои хориҷӣ
Барои аз ҷониби муассисони корхонаҳои дорои сармояҳои хориҷӣ ба мақомоти давлатии ваколатдори пешбурди баҳисобгирии иҷрои фонди ойинномавии корхонаҳои дорои сармояҳои хориҷӣ пешниҳод накардан ё дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод накардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иҷрои фонди ойинномавӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).