ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ АЛОҚА ВА ИСТИФОДАИ ШАБАКАҲОИ ТЕЛЕКОММУНИКАТСИОНӢ | 1994

Моддаи 347. Риоя накардани қоидаҳои қабул ва ба истифода додани объектҳои алоқа
Барои риоя накардани қоидаҳои қабул ва ба истифода додани объектҳои алоқа, сарфи назар аз шакли моликият,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 348. Риоя накардани қоидаҳои насб, банақшагирӣ, ҷойгир кардан, сохтан, таҷдид ва истифодаи шабакаҳо, хатҳо ва иншооти алоқа
Барои риоя накардани қоидаҳои насб, банақшагирӣ, ҷойгир кардан, сохтан, таҷдид ва истифодаи шабакаҳо, хатҳо ва иншооти алоқа,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 349. Риоя накардани тартиби ҷобаҷокунии воситаҳои техникии алоқа
Барои риоя накардани тартиби ҷобаҷокунии воситаҳои техникии алоқа,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъиин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 350. Риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ, меъёр ва қоидаҳо ҳангоми истифодаи объектҳои алоқа ва хизматрасонии соҳаи алоқа
Барои риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ, меъёр, қоидаҳо ва талаботи дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи тартиби истифодаи объектҳои алоқа ва хизматрасонии соҳаи алоқа,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 350(1). Риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1611)
Барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то дусад, ба шахсони мансабдор аз чорсад то шашсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1611, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 351. Амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи алоқа бе сертификати мутобиқат
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1277)
Барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи алоқа бе сертификати мутобиқат (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1277),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҷазои боздоштани фаъолият ба мӯҳлати то се моҳ таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 352. Риоя накардани қоидаҳои коркард, истеҳсол, лоиҳакашӣ, сохтан (насб кардан), ба даст овардан, истифода бурдан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз хориҷа ворид намудани воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад бе иҷозати дахлдор
1. Барои риоя накардани қоидаҳои коркард, истеҳсол, лоиҳакашӣ, сохтан (насб кардан), ба даст овардан, истифода бурдан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз хориҷа ворид намудани воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад бе иҷозати дахлдор,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 353. Тайёр ё истифода намудани воситаҳои электротехникӣ, ки ба талаботи стандарти давлатӣ ё меъёрҳои сатҳи ҷоизи радиёихтилоот мувофиқат намекунанд
Барои тайёр ё истифода намудани воситаҳои электротехникӣ, ки ба талаботи стандарти давлатӣ ё меъёрҳои сатҳи ҷоизи радиёихтилоот мувофиқат намекунанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 354. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати иншооти алоқа
Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати иншооти алоқа,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 355. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати хатти алоқа
Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати хатти алоқа,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 356. Риоя накардани қоидаҳои пайвастшавии байнишабакавии шабакаҳои алоқаи барқӣ
1. Барои риоя накардани қоидаҳои пайвастшавии байнишабакавии шабакаҳои алоқаи барқӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1277, аз 20.06.2024 № 2051).
2. Барои фаъолият бидуни бақайдгирии шартномаҳои пайвастшавии байнишабакавии шабакаҳои алоқаи барқӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз си то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1277, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 357. Худсарона пайваст кардани таҷҳизоти интиҳоӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ
Барои худсарона пайваст кардани таҷҳизоти интиҳоӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 358. Интиқол ва фурӯши воситаҳои алоқа
Барои интиқол ва фурӯши воситаҳои алоқа, ки ба стандарти давлатӣ ва шартҳои техникӣ мувофиқат намекунанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 359. Расонидани зарар ба шабакаҳои алоқа
Барои расонидани зарар ба шабакаҳои алоқа (ҳавоӣ, ноқилӣ) ҳангоми иҷрои кор,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 360. Пешниҳод намудани маълумоти бардурӯғ дар бораи объекти алоқа ё хизматрасонии соҳаи алоқа
Барои пешниҳод намудани маълумоти бардурӯғ дар бораи объекти алоқа ё хизматрасонии соҳаи алоқа,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 361. Аз тарафи фармоишгар истифода бурдани объекти алоқа бе иҷозати мақомоти ваколатдор
Барои аз тарафи фармоишгар истифода бурдани объекти алоқа пас аз сохтмони нав, таҷдид ва таъмири асосӣ, бе иҷозати мақомоти ваколатдор,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 362. Расонидани зарар ба телефон-автоматҳо (таксофонҳо)
Барои расонидани зарар ба телефон-автоматҳо (таксофонҳо),
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 363. Худсарона пайваст шудан ба шабакаи телефонӣ
Барои худсарона пайваст шудан ба шабакаи телефонӣ,
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 364. Саркашӣ намудани корхонаҳои соҳаи нақлиёт аз бастани шартнома дар бораи ҳамлу нақли муросилоти почта дар самтҳои доимии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ
Барои саркашӣ намудани корхонаҳои соҳаи нақлиёт аз бастани шартнома дар бораи ҳамлу нақли муросилоти почта дар самтҳои доимии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 364(1). Сохтакории аломатҳои давлатии пардохти алоқаи почта ва ё истифодаи он
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1277)
Барои сохтакории аломатҳои давлатии пардохти алоқаи почта ва ё истифодаи он, ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳашт, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1277, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 365. Иҷро накардани амрнома ё қарори мақомоти ваколатдори давлатии назорат ва танзими соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ
Барои иҷро накардани амрнома ё қарори мақомоти ваколатдори давлатии назорат ва танзими соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 366. Беиҷозат истифода намудани басомад (каналҳо) ё риоя накардани қоидаҳои истифодаи алоқаи радиоӣ (басомадҳо)
Барои беиҷозат истифода намудани басомад (каналҳо) ё риоя накардани қоидаҳои истифодаи алокаи радиоӣ (басомадҳо),
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 367. Ворид намудан, тайёр, паҳн ва истифода кардани намудҳои гуногуни таҷҳизоту барномаҳое, ки барои дигаргун кардани маълумоти идентификатории воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ истифода мешаванд ва (ё) истифодаи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки маълумоти идентификаториашон дигар карда шудааст
(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1383)
Барои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр, паҳн ва истифода кардани намудҳои гуногуни таҷҳизоту барномаҳое, ки барои дигаргун кардани маълумоти идентификатории воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ истифода мешаванд ва (ё) истифодаи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки маълумоти идентификаториашон дигар карда шудааст,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1383, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 368. Монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои хизматии шахсони салоҳиятдори мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи алоқа ва иттилоот
Барои монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои хизматии шахсони салоҳиятдори мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи алоқа ва иттилоот,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 368(1). Истифодаи ғайриқонунии рақамгузории алоқаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё барои истифода ба шахсони дигар додани он
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1277)
Барои истифодаи ғайриқонунии рақамгузории алоқаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё барои истифода ба шахсони дигар додани он,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1277, аз 20.06.2024 № 2051).